, Душанбе, 22-декабр

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-РОҲНАМО БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН


ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-РОҲНАМО БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

16 декабри соли 2025 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ироа намуданд. Паёми солона ҳамчун санади муҳимтарини сиёсӣ ва барномавӣ самтҳои асосии рушди кишварро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Паёми Пешвои миллат на танҳо гузориши солона, балки роҳнамои амалӣ барои тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа мебошад. Он нишондиҳандаҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро ҷамъбаст намуда, нақшаи рушди устувори кишварро барои солҳои минбаъда муайян мекунад.

Паём ҳамчун оинаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ. Дар Паёми имсола масъалаҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври возеҳ ироа гардиданд. Пешвои миллат натиҷаҳои фаъолияти яксолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъбаст намуда, дар баробари ин вазифаҳои навро барои сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа муайян карданд. Паём на танҳо гузориши сиёсӣ, балки нақшаи амалӣ барои идоракунии давлат ба ҳисоб меравад.

Эътирофи байналмилалии фарҳанг ва таърихи тоҷикон. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки бо ташаббус ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат таърих ва фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардидааст. Дар Паём ба ҷаҳонишавии як қатор анъанаҳо ва ёдгориҳои таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик ишора карда шуд. Пазируфта шудани якчанд ёдгориҳо ва арзишҳои фарҳангӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Вазъи демографӣ ва иҷтимоии кишвар. Пешвои миллат дар Паём ба нишондиҳандаҳои муҳими иҷтимоӣ ва демографӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки аҳолии Тоҷикистон дар соли 2025 ба 10,7 миллион нафар расидааст. Ин афзоиш натиҷаи сиёсати дурусти иҷтимоӣ, беҳбуди соҳаи тандурустӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Ҳамзамон, давомнокии умри аҳолӣ дар даҳ соли охир аз 70 ба 77 сол расидааст. Ин нишондиҳанда гувоҳи беҳтар гардидани хизматрасониҳои тиббӣ ва шароити иҷтимоӣ дар кишвар мебошад.

Энергетика-пояи истиқлолияти давлатӣ. Яке аз самтҳои калидии Паём масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ буд. Пешвои муаззами миллат бо итминон эълон намуданд, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми НБО «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлолияти энергетикии кишвар пурра таъмин мегардад.

Дар ин замина таъкид шуд, ки аз соли 2027 қатъшавии неруи барқ пурра бартараф хоҳад гардид. Ин дастовард на танҳо мушкили деринаи мардумро ҳал мекунад, балки барои рушди саноат, кишоварзӣ ва иқтисоди миллӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои корӣ. Дар Паём рушди саноат ҳамчун омили асосии пешрафти иқтисодӣ таъкид гардид. Танҳо дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 400 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шудааст. Дар маҷмӯъ, дар даҳ соли охир беш аз 2600 коргоҳу корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, 87 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардид.

Ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо даврони гузашта хеле назаррасанд. Дар 75 соли давраи шӯравӣ ҳамагӣ 350 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият мекарданд. Ин муқоиса равшан нишон медиҳад, ки сиёсати саноатикунонии кишвар натиҷаҳои воқеӣ ба бор овардааст.

Илм, маориф ва захираҳои зеҳнӣ. Пешвои муаззами миллат ба рушди илм ва ҳифзи захираҳои зеҳнӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Бо мақсади нигоҳ доштани олимону муҳаққиқон дар кишвар барои онҳо стипендияҳои махсус ҷудо гардидаанд. Ин тадбир ба пешгирии муҳоҷирати зеҳнӣ ва рушди илмҳои миллӣ мусоидат мекунад.

Эълон гардид, ки солҳои 2025–2034 ҳамчун даҳсолаи илмҳои криосфера эълон шудаанд, ки аҳамияти бузурги байналмилалӣ дорад.

Дар соҳаи маориф низ вазифаҳои муҳим гузошта шуданд. Тибқи таҳлилҳо, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба 4 миллион нафар мерасад. Аз ин рӯ, супориш дода шуд, ки омодагӣ ба гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло таъмин карда шавад.

Дастгирии иҷтимоӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагӣ. Дар Паём тасмимҳои мушаххаси иҷтимоӣ эълон гардиданд. Аз ҷумла, аз 1 сентябри соли оянда маоши кормандони соҳаи маориф 25 фоиз, маоши дигар соҳаҳои буҷетӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақали музди меҳнат низ ба 1300 сомонӣ бардошта мешавад.

Ин тадбирҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ равона шудаанд.

Ҳувияти миллӣ ва тамаддуни ориёӣ. Дар масъалаи арзишҳои миллӣ Пешвои миллат мавқеи равшан баён карданд, таъкид намуданд, ки ҳувияти динӣ ва миллӣ аз худи ҷомеа вобаста аст. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки Маркази байналмилалии тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе бунёд карда шавад, ки барои омӯзиш ва муаррифии тамаддуни тоҷикон аҳамияти бузург дорад.

Хулоса Паёми Пешвои муаззами миллат санади сарнавиштсоз буда, самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муайян мекунад. Иҷрои босифат ва саривақтии супоришҳои дар Паём ироагардида кафолати пешрафти устувори кишвар ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон хоҳад буд.

Бобоев Худобахш - магистранти курси якуми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!