, Чоршанбе, 17-декабр

ПАЁМИ ПЕШВО - САНАДИ ТАҚДИРСОЗ ДАР МАСИРИ СОЗАНДАГӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ


ПАЁМИ ПЕШВО - САНАДИ ТАҚДИРСОЗ ДАР МАСИРИ СОЗАНДАГӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони биҳиштосост, ки ҳамасола дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ Паёми роҳбари хирадафзои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардум “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа мегардад. Паёми навбатие, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба аҳли зиё ва мардуми шарифи Тоҷикистон пешниҳод шуд, натиҷаҳои фаъолияти яксолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта, ҳамаи самтҳои ҳаётан муҳимро ба таври амиқ таҳлил ва баррасӣ намуданд.

Хотирнишон намудан лозим аст, ки Паём барои рушду инкишофи кулли соҳаҳои фаъолияти Ҳукумату давлат ва мардуми Тоҷикистон нигаронида шуда, ҳамчун роҳнамо барои мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат менамояд. Он ҳисоботи солонаи давлату ҳукумат буда, дар он пешрафту дастовардҳои иқтисодию сиёсии кишвар дар солҳои охир, пешваривиҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, мушкилот дар ин самт баён шуда, дастуру вазифаҳо барои солҳои минбада муайян карда мешавад.

Зимни ироаи Паём Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди тасъсири ҷаҳонишавӣ ва вазъи нохуби ҷомеаи ҷаҳон соли 2025 бо дастовард ва рушди бесобиқаи тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихиву хотирмон буд. Ҳамзамон бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилгардида, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми мамлакат мебошад. Бинобар ин, ба тамоми мардуми шарафманди мамлакат барои заҳмати аҳлона сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ аз як қатор дастовардҳои байналмилалӣ ва фарҳангии ҷониби Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ассамблеяҳои СММ қабул гардидаанд, ёдовар шуданд.

Ёдрас шудан аз эълони соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», соли 2027 соли маърифати ҳуқуқӣ ва қабули  қатънома оид ба даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018–2028», амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ) солҳои 2025-2034, ин эътирофи шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Воқеан ҳам зикри ин нуктаҳо аз ҷониби Пешвои хирадафрӯзи миллат дар ҷаҳони имрӯза, ки таҳдидҳои иқлимӣ шиддат гирифта, хатари обшавии пиряхҳо ва нестшудани онҳо ба миён омадааст, барои аҳли кишвар муҳим ва саривақтӣ буда, собит менамояд, ки он натанҳо идомаи мантиқии ташаббусҳои таърихӣ ва бемисли ҷониби Тоҷикистон бо сарварии Роҳбари муаззамии миллат дар масири ҳифзи муҳити зист аст, балки посухи воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи ҳаёти инсон дар рӯи замин аст.

Дар паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкоронро дар рушду нумуи кишвар ва бунёду азнавсозии биноҳои маишиву хизматрасонӣ, роҳу пулҳо басо назаррас хонда, иброз доштанд, ки "Ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро чӣ гуна дастгирӣ накунем? Бисёр шаҳрвандон хонаҳои худро таъмир накарда, дар бунёди кӯчаҳо муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабҳо ҳиссагузорӣ мекунанд. Вазифаи мову шумо, мансабдорон, ба ин мардуми бонангу номус содиқона хизмат кардан мебошад".

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Пешвои маҳбуби миллат дар робита ба ин иброз доштанд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунам. Зеро медонам, ки пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз рушди илму маориф вобаста мебошад. Ғамхорӣ ба ин соҳаро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони кишвар ва бақои давлат мешуморам”. Роҳбари давлат дар идома намуданд, ки “Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз буҷет 14 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ин нишондиҳанда нисбат ба даҳ сол пеш 5,5 баробар зиёд мебошад".

Ёдоварии ин нукта муҳим аст, ки Пешвои маърифатафзои миллат таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятнок меҳисобад, ки рушди устувори кишвар бидуни такя ба захираи инсонӣ ғайриимкон аст. Афзоиши назарраси маблағгузории давлатӣ ба ин соҳа аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат маорифро на ҳамчун хароҷот, балки ҳамчун воситаи стратегӣ барои таъмини пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ арзёбӣ мекунад. Ин раванд имкон фароҳам меорад, ки сифати таълим боло рафта, инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ тақвият ёбад ва заминаи воқеӣ барои навоварӣ, худшиносии миллӣ ва омодасозии насли ояндасоз ба вуҷуд ояд. Дар маҷмуъ, чунин сиёсати оқилона маорифро ба муҳаррики асосии рушди ҷомеа ва кафили суботи дарозмуддати давлат табдил медиҳад.

Роҳбари давлат бо таъкид бар зарурати омӯзиши илм ва густариши тафаккури илмӣ, онҳоро ҳамчун омили асосии пешгирӣ аз хурофот арзёбӣ намуда, роҳи воқеии пешрафти давлатро нишон доданд. Хурофот тафаккурро маҳдуд карда, ташаббус ва навовариро заиф месозад, дар ҳоле ки илм заминаи асосии рушд, худшиносии зеҳнӣ ва рақобатпазирии ҷомеа мебошад. Таваҷҷуҳ ба дониш, омӯзиш ва ақлгароӣ метавонад бо арзишҳои маънавӣ ҳамоҳанг шуда, шахсиятҳои огоҳ, масъул ва созандаро ба воя расонад. Аз ин рӯ, рушди давлат дар сурате имконпазир аст, ки ҷомеа ба илмомӯзӣ, тафаккури солим ва донишҳои муосир такя менамояд.

Дар ҳақиқат, Паём сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад.

Мо шоҳиди он гардидем, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолааш тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро ниҳоят шод гардонид. Пешниҳоди 25% зиёд намудани музди маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи таълимӣ, 20% зиёд кардани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, ҳамчунин нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ аз 1 сентябри соли 2026 дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз индексатсия кардани нафақаву пардохтҳои суғуртавӣ бори дигар умеду боварии ҷомеаи Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшони ватан, ба сарсабзию шукуфоӣ ва расидан ба як ҷомеаи мутамаддин боз ҳам зиёдтар ва мустаҳкамтар мегардонад.

Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми кишвар маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои болозикр, инчунин оид ба ободӣ, оромӣ ва суботи Тоҷикистони азиз низ рӯ оварда, ободиву осоиштагии ватанро дар замони истиқлол таъкид доштанд. “Вақте амнияту оромӣ таъмин аст, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, нафақаю маош зина ба зина таъмин шуда истодааст. Агар суботу оромӣ набошад, ягон нақшаи нек амалӣ намешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро бо садоқат ба давлату халқ иҷро кунанд.”, иброз доштанд Пешвои миллат.

Пешвои милат бо қаноатмандӣ ва ҳисси мамнуният иброз доштанд, ки “Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон итминони комил дорам. Мо бо мардуми заҳматкаш тамоми нияту мақсадҳои некамонро дар ояндаи наздик амалӣ менамоем ва Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафтаву сарсабз табдил медиҳем”.

Дар Паём Пешвои миллат соли 2026-ро ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ - Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд.

Моро мебояд дар тақвияти Паём ва эълон гардидани соли 2026-соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ дар паҳлуи Пешвои хирадпарвари миллат қарор гирифта, сиёсати давлату Ҳукуматро ҷонибдорӣ намуда, онро дар ҳаёти рӯзмарраи худ татбиқ намоем.

Алишери Абдумалҷид-дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!