, Душанбе, 15-декабр

ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР ВА МУБОРИЗА БО ОН


ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР ВА МУБОРИЗА БО ОН

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлубест, ки тамоми сайёраро ба ташвиш овардааст. Махсусан дар асре, ки инсон ба кайҳон меравад, инсон зеҳни сунъӣ месозад, зиндагиву тараққиёт рӯ ба авҷ аст ва ҳатто то ҳафтум осмон парчами илмро парафшон мекунад, аммо мутаассифона, ҳолиё ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд оташи ҷанг бештар афрӯхта шавад, дӯстиву бародарӣ аз миён биравад ва ҳатто бародарон дар симои якдигар душмани ҷони худро бубинад, чӣ басо хонаҳо сӯхта шаванд ва кӯдакон кушта. Ин амали нангинро онҳо барои шараф медонанд ва бе ягон фикру андеша ба он даст мезананд. Барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба силоҳи ҳастаӣ монанд кардаанд, ки агар истифода бишавад, ҳеҷ касро зиндаву саломат намегузоранд.

Воқеан ҳам масъалаи терроризм ва экстремизм имрӯз ҳамчун падидаи номатлуби ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Тамоми кишварҳои дунё даст ба ҳам дода барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мубориза мебаранд. Ҳолиё ин нерӯи тахрибкор аз номи дину мазҳаб фаъолияти худро пеш бурда истодаанд.

Гарчанд ки борҳову борҳо ниқоб аз рӯи онҳо афтидааст, вале ҳамоно ба ташфиқу тарғиби худ ҷавононро, хосатан, шахсони беилму дониш ва гумроҳро ба сӯи худ ҷалб мекунанд. Афтодану дохил шудан ба ин дом бисёр хатарнок аст, чун онҳо амали мағзшӯиро анҷом медиҳанд ва ин андешаро тавлид менамоянд, ки дигар роҳи раҳоӣ наҷӯянд.

Дар ин роҳ бераҳмона ба куштор даст мезананд.

Дар ин роҳ даст ба террор мезананд.

Дар ин роҳ чи басо хонаҳо сӯзонда мешавад.

Дар ин роҳ чи басо мавзеъҳои таърихиро хароб месозанд

Дар ин роҳ аз номи динну Худо ҳарф мезананд…

Дар ин роҳ ба хоҷагони зархариди хеш содиқона хизмат менамоянд ва хешро дар биҳишти анбарсиришт тасаввур мекунанд.

Чӣ андешаву тасаввуре? Чӣ ақидаи ғалате! Чӣ гумроҳие?

Кадом дин гуфта одам бикуш?

Кадом мазҳаб гуфта хонаҳоро бисӯз?

Кадом қавм гуфта даст ба ғорат бизан?

Кадом ойин гуфта ба бераҳмӣ ба биҳишт бирав?

Баръакс хирадманд, сиёсатмадори дурандеши давр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: “Терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Пас моро месазад, ки аз гирифтор шудан ба ин варта ҳушёр бошем.

Мо бояд асолату рисолати инсонии хешро бишиносем.

Мо бояд даст ба дасти ҳам дода бар зидди онҳо мубориза барем.

Мо бояд ба мардум ҳушдор бидиҳем, чӣ хатари ҷиддӣ моро пешорӯ аст.

Мо бояд чеҳраи аслии онҳоро нишон бидиҳем.

Мо бояд дар шинохту шиносонидани онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Агар мо ин масъулиятеро, ки дорем иҷро накунем, аввал худ, сипас тамоми сайёраро ба нобудӣ рӯ ба рӯ месозем.

Оре, давлат, миллат, Ватан, сарзамин, сайёра аз дастамон меравад.

Оре! Сайёрае бо номи Замин дигар арзи ҳастӣ намекунад.

Пас моро зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва бо як ҳисси милливу ғурури миллӣ тарбия намоем.

Сарвари давлат барҳақ иброз медоранд: “Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем”.

Ҳамидзода Зебунисо-ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!