,
Панҷшанбе, 11-декабр
(бахшида ба рӯзи байналмилалии кӯҳ – 11 декабр)
Кӯҳҳо яке аз шаклҳои муҳимми сатҳи хушкӣ ба ҳисоб рафта, офаридаи бузурги табиат маҳсуб меёбад. Ба таҳқиқи кӯҳҳо илми геоморфология машғул мебошад.
Кӯҳҳо дар кураи Замин нобарор ҷойгир шудаанд. Дар маҷмӯъ, кӯҳҳо 40%-и сатҳи хушкиро ташкил медиҳанд. Ба ибораи дигар кӯҳҳо 59 миллион километри мураббаи ҷаҳонро дар бар мегирад. Ин нишондиҳанда дар қитъаҳои олам ва материкҳо фарқ мекунанд. Масалан, кӯҳҳо дар қитъаи Осиё 64%, Австралия 26%, Африқо 16%, дар материкҳои Амрикои Ҷанубӣ 45% ва Амрикои Шимолӣ 39% - ро ташкил медиҳанд.
Кӯҳҳои дарозтарини олам - Анд буда, тӯлаш ба 9000 км мерасад. Кӯҳҳои васеътарини дунё – Коордилер аст, ки паҳноиаш ба 1600 км мерасад. Дар ҷаҳон 14 қуллаи ҳаштҳазора (яъне аз 8000 м баланд) мавҷуд аст. Аз ҷумла, 11 қуллааш дар қаторкӯҳҳои Ҳимолой ва 3 қуллаи дигараш дар силсилакӯҳҳои Қароқурум ҷойгир шудаанд. Теъдоди қуллаҳое, ки аз 7000 м баланданд, ба 94 адад мерасанд.
Дар адабиёти ҷуғрофӣ кӯҳҳоро вобаста ба баландиашон аз сатҳи баҳр ба се қисм ҷудо мекунанд:
Кӯҳҳои паст. Аз 500м то 1000м баландӣ дошта, майдони онҳо ба 27 млн. км2 баробар аст.
Кӯҳҳои баландиашон миёна. Аз 1001м то 2000м буда, масоҳати онҳо ба 24млн. км2 мерасад.
Кӯҳҳои баланд, беш аз 2000м – ро дар бар гирифта, майдони онҳо 16 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки ин гурӯҳбандӣ таҷдиди назар мехоҳад, зеро ки дар ҳар як 100 м боло баромадан ҳарорати ҳаво 0,60 паст мегардад. Вобаста ба ин, унсурҳои дигари табиат низ тағйир меёбанд. Ба ақидаи мо, аз ҷиҳати баландӣ кӯҳҳоро ба чунин гурӯҳҳо тақсим намудан ҷоиз аст:
Кӯҳҳои паст – аз 500 м то 1000 м;
Кӯҳҳои миёна - аз 1001 то 2000 м;
Кӯҳҳои баланд - аз 2001 то 4000 м;
Кӯҳҳои баландтар - аз 4001 то 6000 м;
Кӯҳҳои баландтарин - аз 6000 м зиёд.
Тибқи маълумоти мавҷуда дар минтақаи кӯҳҳои паст 12%, дар кӯҳҳои миёна 7% ва дар кӯҳҳои баланд 1%-и аҳолии ҷаҳон маскунанд. Дар маҷмӯъ, дар ноҳияҳои кӯҳистони ҷаҳон беш аз 20%-и аҳолии сайёра умр ба сар мебаранд.
Чунин нишондиҳанда дар қитъаҳои олам фарқ доранд. Чунончӣ, дар Аврупо 7%, Австралия 9%, Осиё 21%, Африқо 44%, Амрикои Ҷанубӣ 43% -и аҳолӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд. Дар кишварҳои алоҳида масалан, дар Боливия (Амрикои Ҷанубӣ) 75% - и аҳолӣ дар баландии зиёда аз 3700м умр ба сар мебаранд.
Пайдоиши кӯҳҳо раванди мураккаби геологӣ буда, миллионҳо солро фаро мегиранд. Дар пайдоиш ва инкишофи кӯҳҳо ду омил нақши асосӣ дорад. Яке равандҳои эндогенӣ (қувваҳои дохилии замин) ва дигаре омилҳои экзогенӣ (қувваҳои берунии замин). Равандҳои эндогенӣ боиси бардошташавии кӯҳҳо мегарданд, қувваҳои берунии замин бошанд, релефи кӯҳҳоро паст ва валангор мегардонанд. Барои пайдоиши кӯҳҳо миллионҳо сол лозим аст ва онҳо дар натиҷаи ҳодисаҳои тектоникӣ ба вуҷуд меоянд. Вобаста ба ин, кӯҳҳоро ба ду қисм тақсим мекунанд: кӯҳҳои ҷавон ва қадима. Ҳамин тариқ, қӯҳхо тадриҷан тағйир меёбанд.
Бо дарназардошти хусусиятҳои релеф мамлакатҳои ҷаҳонро ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мекунанд:
1.Кишварҳои ҳамвор: 2. Кишварҳои кӯҳсор.
Кишвари азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати ниҳоят кӯҳсор буда, 93 дарсади сатҳи онро кӯҳ фаро гирифтааст. Ин нишондиҳанда дар минтақаҳои гуногуни кишвар фарқ мекунанд. Масалан, кӯҳҳо дар Помир 97%, дар минтақаи Кӯлоб бошад, 87 % - ро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон 32 қаторкӯҳи асосӣ мавҷуд аст. Беш аз нисфи қаламрави ҷумҳурӣ дар баландии 3000 м воқеъ мебошад. Тоҷикистон дорои 3 қуллаи 7000 метра ва 12 қуллаи беш аз 6000 метр мебошад. Қуллаи баландтарини Тоҷикистон – Исмоили Соминӣ (7495 м) буда, дар қаторкӯҳи Академияи илмҳо мавқеият дорад. Қуллаи Исмоили Сомонӣ аз ҷиҳати баландии мутлақ дар ҷаҳон дар ҷойи 50-ум қарор дорад. Вобаста ба пайдоиш кӯҳҳои Тоҷикистон ба се силсилакӯҳҳо (системаи кӯҳӣ) ҷудо мешавад: Ҳисору Олой; Тиёншон ва Помир.
Кӯҳҳои Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни геологӣ ба амал омадаанд. Қаторкӯҳи Қурама ва кӯҳи Муғул қадима буда, 300млн. сол пеш пайдо шудаанд. Қаторкӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Шарқӣ нисбатан ҷавонанд. Дар айни замон кӯҳпайдошавии алпӣ идома дорад.
Дараҷаи баландшавии кӯҳҳо дар ҳама ҷо як хел нест. Тибқи маълумоти академик Р.Б. Баротов қаторкӯҳҳои Помири Ғарбӣ, Пётри Якум ва Ҳисор нисбат ба дигар қаторкӯҳҳои ҷумҳуриамон тезтар баланд шуда истодаанд.
Кӯҳҳо дар табиат ва ҳаёти инсоният нақши муҳим доранд. Кӯҳҳо манбаи сарватҳои зеризаминианд. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон маъданҳои гуногун ва сангҳои қиматбаҳо воқеъ гаштаанд, ки ин пешрафти саноати кишварро таъмин месозанд.
Кӯҳҳо макони пайдоиши барфу пиряхҳои Тоҷикистон аст. Дар қаторкӯҳҳои ҷумҳурӣ 8492 пирях ба қайд гирифта шудааст. Пиряхҳо аз баландии 3800 м то 5200 м воқеъ гаштааст. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 475 км3 об мавҷуд аст. Қаламрави Тоҷикистон ба ду ноҳияи яхбандӣ тақсим мешавад: яке Тоҷикистони Марказӣ ва дигаре Тоҷикистони Шарқӣ.
Ногуфта намонад, ки 60 фоизи майдони пиряхҳои Осиёи Миёна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Аз пиряхҳои кишвар дарёҳои бузург – Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Варзоб, Бартанг, Зарафшон ва ғайраҳо ибтидо гирифта, ба водиҳо ҷорӣ гардида, ба миллионҳо нафар одамон ҳаёт мебахшанд.
Иқтидори гидроэнергетикии дарёҳои кӯҳии Тоҷикистон ба 527 млрд. квт/соат мерасад, ки дар айни замон қариб 5 дарсади он истифода карда мешавад. Дар айни замон азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои кӯҳӣ босуръат идома дорад. Бо ин мақсад дар дарёҳои кишвар нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург бунёд шуда истодаанд.
Дар Тоҷикистон 1300 кӯл мавҷуд буда, қариб ҳамаи онҳо дар ноҳияҳои кӯҳистон воқеъ гаштаанд. Кӯлҳо асосан дар Тоҷикистони Марказӣ ва Помир ҷойгир шудаанд. Онҳо дар баландии 2000 – 5000 м аз сатҳи баҳр воқеанд.
Кӯлҳо манбаи оби ошомиданӣ ба ҳисоб рафта, аз онҳо намак ва лойқаи шифобахш (рапа) мегиранд. Ҳамчунин, кӯлҳои зебоманзари Тоҷикистон мавзеъҳои муҳимми рекреатсионӣ ва сайёҳӣ маҳсуб меёбанд. Сарватҳои биологии кӯҳҳо ниҳоят бой ва мухталиф аст. Алалхусус, минтақаи кӯҳистон макони рустаниҳои шифобахш мебошанд. Дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон беш аз 1500 намуди набототи шифобахш мерӯянд. Ин боиси инкишофи соҳаи дорусозӣ дар мамлакат хоҳад шуд.
Ҳамчунин, қариб тамоми майдони ҷангалзорҳои ҷумҳурӣ (2 фоиз) дар мавзеъҳои кӯҳистон воқеъ гаштаанд. Дар ҷангалзорҳои кӯҳӣ беш аз 200 хели дарахтону буттаҳо мерӯянд, ки онҳо дар табиат ва ҳаёти одамон нақши муҳим доранд.
Олами ҳайвоноти ноҳияҳои кӯҳсор рангоранг ва ба худ хос аст. Дар ин ҷо ҳашарот, хазандагон, парандагон ва ширхӯрони зиёде сукунат доранд, ки аз олами ҳайвоноти ҳамвориҳо ба куллӣ тафовут доранд.
Захираҳои сайёҳию рекреатсионии кӯҳҳо низ фаровонанд. Масалан, 80 дарсади сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон меоянд маҳз ба тамошои кӯҳҳои осмонбӯси Помир мераванд. Илова ба он, кӯҳҳо яке аз омилҳои иқлимҳосилкунанда, мавзеи хуби чарогоҳ ва водиҳои байникӯҳӣ макони дӯстдоштаи зиндагии одамон мебошанд.
Ҳамин тариқ, табиат ва сарватҳои табиии ноҳияҳои кӯҳистон бою рангоранг буда, ояндаи пешрафти мардуми Тоҷикистон маҳз ба истифодаи оқилонаи бойгариҳои кӯҳистон марбут аст. Аз ин лиҳоз, бояд мо табиату ганҷҳои кӯҳистонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва афзун гардонем.
Гадоев Шералӣ-номзади илмҳои география, дотсент, мудири кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ