, Шанбе, 06-декабр

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ


ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ

Мусаллам аст, ки тарбияи ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои таҳкими шуури миллии ҷавонон ва омили асосии боло бурдани маънавияти наслҳои миллат ба ҳисоб меравад. Дар шароите, ки ҷаҳони муосиру мутамаддин дониш, касбият ва худшиносии миллиро ҳамчун қувваи пешбаранда мешиносад, тарбияи ватандӯстӣ заминаи устувор барои бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ ва иродамандии наврасону ҷавонон мегардад. Дарвоқеъ, ҷомеае, ки фарзандонаш ба Ватан содиқанду таъриху тамаддуни худро медонанд, ба рушду суботи пойдор ноил мегардад.

Ин нукта маълум аст, ки дар ҷаҳони имрӯза рақобати шадиди сиёсиву иқтисодӣ байни абарқудратҳо афзоиш ёфта истодааст. Ин раванд ба дигар кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои рӯ ба тараққӣ низ таъсир мерасонад. Дар чунин вазъият қавӣ гардидани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳайси омили муҳими ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад мекунад.

Авҷгирии манофеи геополитикӣ ва фишорҳои идеологӣ боиси он гардидааст, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон фаъолиятҳои худро тақвият диҳанд. Ифротгароён бо истифода аз фазои маҷозӣ, камбудиҳои иҷтимоӣ ва нодонии ҷавонон талош доранд, ки онҳоро ба доми худ кашанд. Аз ин рӯ, масъулияти волидайн, омӯзгорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоми сохторҳои давлатӣ дар афзун намудани огоҳии ҷавонон басо муҳим аст.

Дар ин росто роҳи беҳтарини пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ-ҷалби онҳо ба омӯзишу касби донишҳои наву замонавӣ, таҳкими ҷаҳонбинии солим ва фароҳам овардани шароит барои рушди истеъдоду дониши ин қишри ҷомеа аст. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи ин миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шароитро муҳайё намудааст. Дар робита ҷавонон бояд донанд, ки гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ на танҳо зиндагиро бенуру равшанӣ мекунанд, балки ояндаи тамоми миллатро зери хатар мегузоранд.

Ҷавонони мо бояд хуб дарк намоянд, ки неъмити Истиқлолу озодӣ беҳтарин имкон барои сохтану бунёд намудани давлати миллӣ, амалигардорнии армонҳои ҳазорсолаи ниёгони тамаддунофар аст. Дар ин радиф имкононти фароҳамовардаи давлату ҳукумат бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар шаҳрванди кишвар талаб мекунад, ки ба омӯзиши фанҳои муосир, касбҳои зарурӣ ва донишҳои техникиву иқтисодӣ рӯ оварад. Ҷавонони донишманд метавонанд дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар саҳм гузоранд. Дониш ва маърифат неруест, ки инсонро аз гумроҳӣ нигоҳ медорад ва ба зиндагии босифат ҳидоят мекунад.

Қобили қайд аст, ки маънавият ва худогоҳии миллӣ пояҳои устувори ватандӯстиро ташкил медиҳанд. Шиносоӣ бо таърихи пурғановати халқ, қаҳрамониҳои ниёгон ва омӯзиши адабиёти классикиву муосир дар ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ нақши калидӣ мебозад. Ҷавоне, ки таърихи худро медонад, ҳеҷ гоҳ фирефтаи идеологияҳои бегона намегардад.

Бо дарки аҳаммияти ин масъала, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои охир як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул намуда, барномаҳои давлатӣ барои тарбияи ватандӯстиро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», инчунин барномаҳои тарбияву маърифат, дастгирии ҷавонон ва рушди тарбияи зеҳниву маънавӣ аз механизмҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон мебошанд.

Дар ин баробар, ҳамасола дар кишвар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ мегарданд, ки ҳадаф аз онҳо боло бурдани ҳисси миллӣ, маърифатнокӣ ва донишандӯзии ҷавонон мебошад. Аз ҷумла, озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” ва даҳҳо чорабиниҳои дигар дар тарғиби фарҳанги мутолиа ва бедории фикрии ҷавонон саҳми назаррас доранд. Дар соли 2026 инчунин баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба нақша гирифта шудааст, ки нақши муҳим дар таҳкими худшиносии миллӣ хоҳад дошт.

Бояд зикр намоем, ки давлатдорӣ танҳо бо иқтидори иқтисодӣ ё захираҳои табиӣ устувор намешавад. Пояи асосии давлатдорӣ-мардумест, ки ба Ватан садоқат доранд. Ватандор будан маънои ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеаро дорад.

Хулоса, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои геополитикӣ ва идеологӣ рӯз то рӯз зиёд мегардад, тарбияи ватандӯстӣ на танҳо як вазифаи тарбиявӣ, балки эҳтиёҷ ва зарурати миллист. Агар мо тавонем дар ҷавонони худ ҳисси масъулият, худшиносӣ, донишандӯзӣ ва ифтихори миллиро парвариш диҳем, пояҳои давлатдорӣ устувор мемонанд. Ватани азизро маҳз ҷавонони донишманд, солимфикр, боирода ва меҳанпараст ба ояндаи дурахшон мебаранд.

Мирзоева Арафа, муаллими калони кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!