,
Шанбе, 06-декабр
Ашурова Нодира-доктори илмҳои филология, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ориф, мутафаккир ва шоири тавонои адабиёти форс-тоҷик буда, имрӯз бо осори бегазанду андешаҳои баланди мардумписанди худ на танҳо дар байни халқҳои Машриқзамин, бахусус эронитаборон, балки дар майдони адабу фарҳанги ҷаҳонӣ шуҳратёр аст ва маҳбубияти алоҳида дорад. Осори бадеии ин адиби тавонову суханпардози номдор қариб ҳашт асри сипаридашуда аст, ки дар байни ҳамзабононаш даст ба даст мегардад ва нусахи шеъри баландпарвози ӯро мардум чун армуғон ҳадяи якдигар мекунанд. Ӯ аз орифони бузург мебошад, ки бо забони зебои форсӣ сухансароӣ кардааст.
Бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро чун гиромидошти дигар мутафаккирони бузург, метавон меваи пурбори истиқлолияти давлатии тоҷикон ва сарварии кишварро ба уҳда доштани шахсияти волои илму фарҳанг, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Гувоҳи ин бо номи Ҷалолуддини Балхӣ унвонгузорӣ кардани ноҳия, таҷлили рӯзи мелоди ӯ, бозчопи осори пурбаҳо ва омӯзиши зиндагӣ ва эҷодиёташ дар муассисаҳои мактабӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфтаанд, ки «Орифи бузург Мавлонои Румӣ дар тамоми Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст».
Вақте ки Созмони милали муттаҳид соли 2007 бузургдошти Мавлонои кабирро ихтисос дод, кишварҳои ҷаҳон мисли Туркия, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Италия ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ҳаштсадумин солгарди мелоди суфии покманиш баргузор намуданд. Хурсандиовар аст, ки ин барномаҳо то ба ҳол идома доранд ва ин силсилабарномаҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои фарҳангию адабии ҷаҳон доир мешаванд.
Дар мавриди мақому манзалати баланд доштани Ҷалолуддини Балхӣ донишманди Эрон Забеҳуллоҳи Сафо дар асараш “Таърихи адабиёт дар Эрон” чунин овардааст: “Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ, ки дар китобҳо аз ӯ ба номҳои “Мавлонои Рум”-у “Мавлавӣ” ва “Мавлои Рум” ёд кардаанд, яке аз бузургтарин ва тавонотарин гӯяндагони мутасаввифа ва аз орифони номовар ва ситораи дурахшандаву офтоби фурӯзандаи осмони адаби форсӣ, шоири ҳассоси соҳибандеша ва аз мутафаккирони боломунозеи олами ислом аст”.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ бо эҷоди асарҳое, ба монанди “Девони Шамс” ва “Маснавии маънавӣ” тавонист шавқҳое ба дили маъюс ангезад, савдоҳои сархуше ба сарҳои саргардон ворид созад ва гармиҳои зиндагибахше ба ҷонҳои сарду афсурда бахшад. Агар ба саросари мавзуву муҳтавои осори гаронбаҳои зиқимати ин адиби ориф ворид шавем, мебинем, ки бо фикри волову кору талоши мусанниф ва ёрони ҳамфикраш гӯшҳо шунаво, чашмҳо соҳиббасират, забонҳо гӯё, дил моломоли шавқи озодӣ шуданд. Вақте ба “Девони Шамс”-у “Маснавӣ” ва ҷараёни зиндагию осори Мавлоно назари амиқ меафканем, ба ин натиҷа мерасем, ки бузургтарин дарди ӯ дарди дину мазҳаб ва мардум буда.
Чунонки адабпажуҳ Муҳаммад Алии Хуросонӣ дар пешгуфтори асари бузурги шоир “Маснавии маънавӣ” оварда: “Ӯ (Ҷалолуддини Балхӣ - А.Н.) ҳам мардумашро мешинохту ҳам дину мазҳабашро ва ҳам дарди муштараки худ ва ҷомеаро”.
Ҳамин аст, ки мавзуи асосии шеъри Мавлоно ин мавзуи ваҳдату ваҳдатсароӣ ва дар тифоқу дӯстӣ ва оромию осоиштагӣ ба сар бурдани инсонҳо буда, дар сартосари осори пурбаҳояш шоир аз ҳама намояндагони ҷомеа, новобаста аз дину мазҳабу мавқеи иҷтимоӣ доштанашон даъват ба амал меорад, ки байни худ ҳамдилию ҳамраъйӣ ва якдигарфаҳмиро фароҳам оранд. Дар осори шоир, ба вижа дар “Маснавӣ” бардоштҳои мафкуравӣ, низоъҳои миллӣ-қавмӣ ҷонибдорӣ карда намешавад.
Мавлоно ба ин маънӣ мегӯяд:
Руҳро бо илму бо ақл аст кор,
Руҳро бо тоҷику туркӣ чӣ кор?
Дарвоқеъ, устод Саид Нафисӣ мулоҳизае дорад ишора бар он, ки орифони доное чун Мавлоно инсонҳоро ба мазҳабҳо фасл намекарданд: «... ҳанӯз дар Ҳиндустон, ки тасаввуф нерӯмандтар ва зиндатар аз Эрон аст, мусалмону ҳинду, ҳар ду дар тариқати тасаввуф бародару баробаранд».
Хирадманди бузург фасл гардидани мусалмононро ба «72 миллат» бехабарӣ аз ҳамдигар арзёбӣ карда ба сурати рамз корбурди гунагунитасбеҳро аз ҷониби аҳли тасаннун ваташайуъ мавриди истеҳзо қарор додааст:
Балки ҳафтоду ду миллат ҳар яке,
Бехабар аз якдигар в - андар шаке.
Чун ду нотиқро зи ҳоли ҳамдигар,
Нест огаҳ, чун бувад девору дар?
***
Ҳаст сунниро яке тасбеҳи хос,
Ҳаст ҷабриро зиди он дар манос.
Суннӣ аз тасбеҳи ҷабрӣ бехабар,
Ҷабрӣ аз тасбеҳи суннӣ беасар.
Дар ин ҷо шоиста аст гуфтаҳои диншиноси барҷастаи Фаронса, Жан Гитон (1901 - 1996), бузургтарин файласуфи масеҳӣ, ки аслан аз мазҳаб католик буда, вижагиҳо ва бартариҳои дини исломро ба таври олӣ тавсиф кардааст, ба ёд оварем. Жан Гитон (Jean Guiton), фармудааст: «Вақте ман ба нонвоӣ меравам, моилам нонво нони хубе ба ман бидиҳад. Чӣ кор дорам ӯ чӣ тавр фикр мекунад, ҳоло ӯ масеҳист, ё мусалмон, ё бовар ба дини дигаре дорад...».
Биниши Жорж Гитон бо Ҷалолуддини Балхӣ ҳамсон аст, зеро аз масалҳо ва намодҳои офаридаи орифи ҷаҳонбин ин андеша бармеояд, ки «мешавад мусалмон буд, вале ба ақоиди дигарон низ эҳтиром гузошт».
Барои Мавлоно равшан аст, ки бадкирдориҳоро наметавон комилан аз рӯи олам решакан кард, аммо орифи бузург бар он аст, ки бо некандешӣ ва дурнигарӣ метавон сарчашмаи онро дар дили худ хушк кард. Барои расидан ба ин ҳадаф инсон ниёз ба хирад (ақл) дорад.
Ва Мавлоно ҳамоқати шахси маҳруми ақлу хирадро, бо суханони дурушт баён намудааст:
Ақл мегуфташ ҳамоқат бо ту аст,
Бо ҳамоқат аҳдро ояд шикаст.
Ақлро бошад вафои ақлҳо,
Ту надорӣ ақл, рав, эй харбаҳо.
Ақлро ёд ояд аз паймони х(в)ад,
Пардаи насён бидарронад хирад.
Чунки ақлат нест, нисён мири туст,
Душману ботилкуни тадбири туст .
Ҳамчунон дар қиссаи Мусо ва Фиръавн омадааст:
Ақл зидди шаҳват аст, эй паҳлавон,
Он ки шаҳват метанад, ақлаш махон.
Ақидаҳои Мавлони Ҷалолуддини Балхӣ асосан дар чаҳорчӯбаи фаҳмиши тасаввуфӣ бар он аст, ки «Асоси ҳастӣ Худои таъоло аст ва боқӣ мавҷудот дар баробари ҳастии ӯ вуҷуд доранд». Ақидаи «Ваҳдати вуҷуд» бар ин поя аст, ки Худои таъоло вуҷуд кулл аст ва ҳеҷ чиз ғайр аз ӯ вуҷуди воқеӣ надорад ва ҳастии ашё вобаста бар ҳастии ӯст ва ба сони сояест аз меҳри вуҷуди ӯ, ки бақояш баста ба нур аст. Ин баробарии Холиқу Махлуқ ишора медиҳад, ки инсон иборат аз зарраи бемиқдоре нест, балки дорои иродаи мухтор ва озоди амал аст ва аз ин рӯ масъули аъмолу кирдори хеш аст ва бояд дар тарбияи нафс бошад, ки он дар натиҷаи сулуки тариқат ба даст меояд. Он сулуки душвору ранҷоварест, ки ба воситаи пиру муршиди руҳонӣ роҳнамоӣ мешавад. Ин сулук дар роҳи васл аз душвориҳову фазилатҳое ба монанди тавозуъ, бурдборӣ, ҳамдардӣ ба даст меояд, ки сипас метавон худро ба васли Ҳақ бирасонад.
Ба ақидаи Мавлоно одамӣ аз марҳилаҳои гиёҳу ҳайвонӣ гузашта ба марҳилаи инсон расидааст ва пас аз марг аз ин марҳила ҳам тараққӣ меҷӯяд то ба мақоми малакут ва марҳилаи камол бирасад ва дар вуҷуди Бори Таъолло ба ваҳдат ноил гардад.
Ҷалолуддини Балхӣ тариқати расидан ба ин мартабаро дар “Маснавии маънавӣ” бо мисолҳои ҷолибе ба тасвир мерасонад, ки кас аз маъниҳои тасаввуфӣ, метавонад бардоштҳои хикматомези зиндагӣ дошта бошад. Ончуноне ки дар баёни ҳамдилии аҳли тасаввуф барои расидан ба ваҳдати вуҷуд, достони чор касоне ки яке араб, дигаре форс севвум юнонӣ ва чаҳорум турк буданд ва байни худ баҳс доштанд, ки форс мегуфт меваи “ангур” ширин аст, араб иддао дошт, ки “на, инаб” ширин аст, турк мегуфт “узум” ва юнонӣ “ истофил” ширин аст.
Онҳо байни худ пархош доштанд, то замоне, ки пири хирадманде аз он ҷо гузашта, барояшогн мефаҳмонад, ки шумо ҳарчор як чизро мехоҳед, вале дар забони гуфтори шумо он мева бо номҳои гуногун ёд мешаванд.
Чор касро дод марде як дирам,
Он яке гуфт: “Ин ба ангуре диҳам”.
Он яке дигар араб буд, гуфт “Ло,
Ман инаб хоҳам на ангур, эй дағо!”
Он яке турке буду гуфт : “Ин банум,
Ман намехоҳам инаб, хоҳам узум”.
Он яке румӣ бигуфт: “Ин қилро,
Тарк кун, хоҳем истофилро”.
Дар танозуъ он наффар ҷангӣ шуданд,
Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.
Мушт бар ҳам мезаданд аз аблаҳӣ,
Пур буданд аз ҷаҳлу аз дониш тиҳӣ.
Ва Мавлоно дар ин ҷо чунин хулоса мекунад:
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст,
Эй, басо ҳиндуву турки ҳамзабон,
Эй, басо, ду турк чун бегонагон.
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Ғайри нутқу ғайри имову сиҷил,
Садҳазорон тарҷумон хезад зи дил.
Ё ҷои дигар:
Офарин бар ишқи кулли устод,
Садҳазорон зарраро дод иттиҳод.
Мавлоно аз ҷумлаи бузургони адаби форсӣ- тоҷикист ки мансуб ба як кишвар, миллат, маҳдудаи ҷуғрофиёӣ набуда, бо баҳрагирӣ аз манобеи шариат ва тариқат ҳамвора рӯй бар сӯйи ҳақиқати илоҳи оварда ва ойину динҳову мазҳабҳои дигар миллалро ситоиш, эҳтиром ва тақдир кардааст ва дарк намудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз Мавлоно серхондатарин шоири форсигӯ ва осораш сернусхатарин китоб дар Амрикост. Ва чанд сол пеш осори Мавлоно дар Амрико Китоби Сол эълом гардида буд. Чунин нақле аз донишманди Эрон Атоуллоҳи Тадаюнӣ аст, ки вақте тобути Мавлоноро ба мазораш мебурданд, аз пушти тобут габру тарсо, яҳудиву мусалмону бутпарастон гирёну нолон рафта, ӯро аз худ медонистанд. Имрӯз даъвати руҳонии Мавлоноро, ки ба ваҳдати вуҷуд мехонад, ба ваҳдати миллии тоҷикон ташбеҳ додан лозим аст.