, Панҷшанбе, 27-ноябр

АЗ ДИРАФШИ КОВИЁН ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


АЗ ДИРАФШИ КОВИЁН ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз замонҳои қадим сар карда Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номуси ҳар як миллату халқият маҳсуб меёфт. Парчам таърихи беш аз 4-ҳазорсола дорад ва нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ бори аввал Коваи оҳангар пешдомани чармини худро ҳамчун парчам ба муқобили Заҳоки хунхор истифода намуда, ба пирӯзи ноил мегардад ва аз ҳамин давр сар карда то имрӯз мо парчамро ҳамчун рамзи пирӯзӣ истифода мебарем.

Тарҳи Парчами Ориён (Порсҳо, Суғдиён, Бохтариён) дар деворнигораҳои шаҳри Помпей, Рум (асрҳои II-I то милод) кашида шудааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки онро «Ахтари Ковиён» низ хондаанд ва он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ маҳсуб меёфт.

"Дирафш" аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст. Вожаҳои "ахтар" ва "дирафш"-ро дар замонҳои пешин чун “нишон” ва “парчам” ба кор мебурданд. Дар фарҳангҳои форсӣ "ахтар"-ро ситора навиштаанд, ситораи бахту толеъ, бахту иқбол ва аламу роъяту парчам низ гуфтаанд.

Дирафши Ковиён то замон сукунати давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болоӣ таҷассуми парандаи зарин - мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббои он қадимтарин сангҳо насб мегардиданд.

Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри VII мансубанд, тасвири парчами Суғдиёнро метавон мушоҳида кард. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафари онҳо парчамҳои зардранги сегӯшагуна дида мешавад.

Чунонки дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст. Дар расмҳое, ки дар асрҳои миёна дар китобҳои ашъори шоирони классик ва дар «Шоҳнома» кашида шудаанд тасвири парчам зиёд ба чашм мерасад. Дар «Шоҳнома» сурати саҳнае аз лашкари Кайқубод бо Афросиёб омадааст. Ин ҷо дар болои паскулоҳи сарбозон, парчамҳои сегушаи рангашон сурху зард тасвир шудааст.

Баъди аз байн рафтани давлати пуриқтидори тоҷикон-Сомониён, парчами миллӣ низ аз байн рафт. Дар давоми қариб ҳазор сол дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла Аморати Бухоро давлати Темуриён ҳукумрон буд ва парчами давлатӣ парчами сулолаи манғитиён ба ҳисоб мерафт. Бо шарофати инқилоби сотсиалистии Октябр сулолаи манғитиёнро парчамашон аз байн рафт. Давлати миллии тоҷикон аз нав тавлид шуд ва дар шакли Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон барқарор гардид.

Парчами аввалини давлати миллии сотсиалистии Тоҷикистон баробари таъсисёбии Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ (СССР соли 1922) аз нав эҳё гардид. Конситутсияи соли 1924-и  Иттиҳоди Ҷамоҳири  Шуравӣ парчами сурхи (1:2)-ро ки дар кунҷи боло тасвири путку дос ва дар болои он ситораҳои панҷгуша доштаро қонуни гардонид.

Моҳи феврали соли 1947 Президенти Шурои олии Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатӣ ба парчамҳои Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ шабеҳдоштаи худро қабул кунанд. Парчами Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон 20 марти соли 1953 охирон бор таҳрир шуд. То ин дам парчами сурхи путку досдор бо навиштаҷоти тоҷикии РСС. Тоҷикистон ва Таджикская ССР (дар кунҷи чапи боло) истифода мешуд.

Дар солҳои вуҷуддории сохти сотсиалистӣ парчам дар баробари рамзи давлати мустақил буданаш рамзи шаъну шараф, ғолибият, пешравӣ, мувафақиятҳо дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолоту ҳаёти ҷамъиятӣ низ ба ҳисоб мерафт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар як армия, двизия парчами худро дошт ва он муқаддас ҳисобида мешуд. Қувваҳои ҳарбӣ бо командирашон парчам дар даст ба душман ҳуҷум мекарданд. Мувофиқи қонунҳои ҳарбӣ агар парчам ба дасти душман меафтид ё бе сабаб гум мешуд, номи он қисми ҳарбӣ аз байн мерафт.

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ташкил ёфтани давлати мустақили ҳуқуқбунёду дунявӣ парчами нави миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Дар эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон 24 августи соли 1991 бори нахуст зикр гардид, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Прачам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчамро рамзи давлатӣ эъон кард.

Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон, соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷасумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Бо ифтихори баланд афрохтани парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷонисориҳои халқи тоҷик, барои озодию истиқлол, илҳомбахшу кору фаъолияти фоидакоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳноми мардуми кишварамон ба суи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодати хеш раҳнамо аст.

Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадаи соҳибистиқлоли дар назди мо иҷрои вазифаҳои бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгу ба манфиатҳои халқу кишвар меистад.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардида ба суи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарури доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзи кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам қабул карда шуд. Мо имрӯз он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем. Зеро барои мо аввалин рӯзҳои сахти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешволи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон ба кодеси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъғирот ворид намуда, 20 ноябри соли 2009  24-уми ноябрро ҳамчун рӯзи парчам эълон намуд, ки ин санаи муқаддасро мо ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хоса ва дар сатҳи баланд таҷлил менамоем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати Рӯзи парчам иброз намуданд, ки: «Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

Парчами давлатиӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъи, нангу номус, ватандустиву ватанпарастӣ, ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, балантарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён» - и аҷдоди Ориёнаҷодамон бо тобиши се ранг ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – озодиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда дар баробари Конситутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб меёбад.

Аз он рӯзҳое, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатии ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтаанд. Давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Миллати Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ гардида, имрӯз парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст.

Парчами давлатӣ бар фазои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти кишвар, Маҷлиси олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо,  намояндаҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо доимо афрохта шуда, парафшон мекунанд.

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарғиби насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Мо ифтихор аз он мекунем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешволи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ватани азизи мо 30 августи соли 2011 баъди ду соли эълон гардидани 24 ноябр рӯзи парчам дар маркази шаҳри Душанбе парчами бузурге парафшон гардид, ки баландтарин манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил мекунад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тули матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноияш ба 30 метр баробар буда, ба китоби гинес дохил карда шудааст.

Дар паёми табрикии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешволи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили дуюмин солгарди рӯзи парчам пешниҳод карда буд, ки ба хотири эҳтиром ва арҷгузории парчами миллӣ, инчунин бо дар назардошти нақшу моҳияти он тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум яке аз майдонҳои пойтахти мамлакат ба номи парчами миллӣ номгузорӣ карда шавад.

Моро лозим меояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро бо фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша хотирнишон карда истем.

Мо ҷавонон кӯшиш менамоем, ки дар атрофи парчами миллии ватанамон муттаҳид гардида, баҳри осоиштагӣ, гулгулшукуфии мамлакатамон ва халқу миллати пурифтихорамон софдилона ва ба тамоми қувваю қобилиятамон меҳнат намуда дар сохтмони ҷамъияти демократию шаҳрвандии ҷумҳуриамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар охир орзумандам, ки Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба ватани ободу соҳибихтиёр зери роҳбарии сарвари хирадманди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад парафшон бошад.

Лоиқов Парвиз - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!