,
Шанбе, 15-ноябр
(Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бахшида мешавад)
Боиси ифтихор ва саодати бузург аст, ки имрӯзҳо мо-мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони азиз, дар фазои сулҳу суботи комил, бо баҳрагирӣ аз дурахши хуршеди истиқлол дар остонаи ду рӯйдоди ниҳоят муҳими сиёсиву таърихии кишвар, яъне солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳамчунин зикри ин нукта зарур мебошад, ки маҳз ин ду рӯйдоди муҳим саҳифаҳои равшани таърихи давлатдории навини моро оро медиҳанд ва ҳамчунин силсилаи сабақҳои пурарзишу илҳомбахш барои тақвияти худогоҳӣ, боло бурдани масъулиятшиносии шаҳрвандӣ ва таҳкими пояҳои ватандӯстӣ миёни наслҳо нақши бунёдӣ доранд. Агар ба моҳияти ин дастовардҳо бо дидаи таҳлил бингарем, ба хубӣ равшан мегардад, ки онҳо бозтобандаи иродаи мардум, нишонаи барҷастаи расидан ба орзую ормонҳои дерини миллат ва рамзи ягонагиву ҳамбастагии халқу давлат мебошанд. Таҷлили ин рӯйдодҳо моро водор месозад, ки нисбат ба арзишҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ ва дастовардҳои бузурги солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҳисси баланди садоқат, арҷгузорӣ ва омодагӣ барои ҳифзу густариши онҳо муносибат намоем. Ин санаҳои воқеан ҳам таърихӣ имкон медиҳанд, то ҳар шаҳрванди кишвар дарк кунад, ки посдорӣ аз истиқлолу озодӣ масъулияти азалӣ, рисолати шаҳрвандӣ ва паёми ниёгони фарҳехтаву оламгир аст, ки моро ба ваҳдат, муттаҳидӣ, меҳнатдӯстӣ ва эътимод ба ояндаи дурахшони давлату миллат ҳидоят мекунад.
Таърихи давлатдории навини мо гувоҳ аст, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як рӯйдоди тақдирсоз ва наҷотбахш замоне баргузор гардид, ки пояҳои давлатдории навбунёди халқи тоҷик таҳти таъсири буҳрони ниҳоят шадиди сиёсӣ ва парокандагии ҷомеа қарор гирифта буданд. Дар замони ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва шароити фурӯпошии сохторҳои идорӣ, афзоиши ҷудоиандешӣ, доман густурдани даргириҳои дохилӣ ва аланга задани оташи ҷангу низоъҳо баргузории ин иҷлосия қадами устуворе гардид, ки аз иродаи матини мардум барои ҳифзи давлатдории тоҷикон шаҳодат медиҳад. Иҷлосия аҳамияти таърихӣ пайдо кард, тадбирҳои дар он андешидашуда тавонист муҳити бесарусомониро ба фазои ташкили давлатдории қонунӣ табдил диҳад, роҳи ислоҳ, субот ва эҳёи низоми конститутсиониро муайян намояд. Он дар марҳилаи нави таърихӣ ҳамчун минбари барқарории давлат ва эҳёи сохтори сиёсӣ нақши сарнавиштсоз гузошт.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақш ва ҷойгоҳи Иҷлосияи тақдирсоз дар ҳаёти мардуми мо таъкид мекунанд: “Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи таърихии XVI сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад. Чунки он ба марҳалаи тaҳкими истиқлолияти миллӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пояҳои давлату давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамдигарбахшӣ ва оштию сарҷамъии миллат заминаи мустаҳкам гузошт”.
Аз таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бараъло маълум мегардад, Иҷлосияи XVI дар марҳилаи пуртаниши сиёсию иҷтимоӣ ба он мушарраф шуд, ки заминаи воқеии ризояти миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро ба даст орад. Ҷавҳари санадҳову қарорҳо ва муҳокимарониҳои ин анҷумани таърихиро коҳиш додани пояҳои ихтилофу душмании дохилӣ ва ҷон бахшидан ба рӯҳияи бахшандагӣ, ба созиш омадан ва таҳаммулпазирӣ дар бар мегирифт. Маҳз ҳамин ғоя тадриҷан ба ташаккули андешаи ваҳдати миллӣ асос гузошт, ки баъдан ҳадафи стратегии сиёсати давлат қарор гирифт.
Дарвоқеъ, ин рӯйдоди таърихӣ дар роҳи ба саодатрасии мардуми тоҷик нақши муассир дошта, бо дастовардҳои беназири худ аз аҳамияти вижа бархурдор аст. Яке аз дастовардҳои муҳими Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ интихоби роҳбари қонунӣ буд, ки ба Тоҷикистон имконият дод, то дар миёни гирдобҳои ҷанги шаҳрвандӣ сари роҳи наҷотро пайдо кунад. Ин Иҷлосияи тақдирсоз сиёсатмадори ҷавону пурғайрат, фарзанди ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуда, ба кишвар Роҳбари дурандешу фидоиро ба армуғон овард. Аз самари интихоби дуруст дурнамои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона тарҳрезӣ гардида, заминаҳои эъмори низоми нави идориву ҳуқуқӣ гузошта шуда, ҳадафҳои ормониву ҳазорсола тадриҷан амалӣ гаштанд. Иҷлосияи сарнавиштсози миллат тавонист асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлатро дубора эҳё намуда, фалаҷшавии ҳокимиятро бартараф созад ва ба идомаи давлатдорӣ тавону нерӯи тоза бахшад. Роҳбари тозаинтихобу боғайрат бо шоистагиҳои сарварӣ ва фазилатҳои Худодӣ дар раванди баргузории Иҷлосия бо иродаи қавӣ нишон дод, ки манфиати умумимиллӣ аз манфиатҳои гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва фурсатталабона боло меистад ва барои наҷоти кишвар ҳамгироии тамоми қувваҳо зарур аст. Дар ҳамин замина фарҳанги нави сиёсӣ бар пояи ҳамдигарфаҳмӣ ва дурӣ ҷустан аз хушунат шакл гирифт. Воқеан ҳам бо сипарӣ шудани зиёда аз се даҳсола аз замони баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарнавиштсоз будани он барои миллату давлати соҳибистиқлоламон гаштаву баргашта собит мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар он рӯзгори ноумедиҳо Иҷлосияи XVI заминаи барқароршавии сулҳи пойдорро сабаб шуд ва мардуми кишварро ба роҳи бунёдкориву офариниш раҳнамун сохт, ки арзиши бузурги таърихии ин рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз низ дар ҳамин таҷассум меёбад. Кӯшишҳои баъдии Роҳбарияти олӣ ва ҳиммати мардуми кишвар, ки аз ин иҷлосия маншаъ гирифта буданд, дар ниҳоят 27 июни соли 1997 ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ оварда расонд. Имрӯз боиси ифтихор ва шарафи бузурги мардуми тоҷик аст, ки СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун модели беназир эътироф намуданд, ки ин худ натиҷаи хираду вижагиҳоии сиёсии иҷлосия ва Роҳбари кишвар буд. Бо рақам задани ин рӯйдод дар кишвар марҳалаи нави худшиносӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, суботи устувор ва рушди давлатдории тоҷикон ба таври шоиставу сазовори таҳсин оғоз шуд, ки то имрӯз бо низом ва дастовардҳои рӯзафзун идома дорад.
Шодиовар аст, ки бо густариш ёфтани фазои истиқлолу озодӣ ва таҳким гардидани суботи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар, барои мардуми шарафманди тоҷик дар партави сиёсати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилае фаро расид, ки арзишҳои милливу фарҳангии ниёгон аз нав эҳё гардида ва ҳамчунин дар ин радиф ба чеҳраҳои барҷастаи таърихӣ ва фарзонафарзандони миллат ба таври шоиставу ифтихорӣ арҷ гузошта шавад. Сиёсати инсонмеҳваронаву фарҳангпарваронае, ки Роҳбарияти давлат пайгирона татбиқ менамояд, шароити воқеан мусоидеро фароҳам овард, ки дар он наслҳои имрӯзу фардо битавонанд аз сарчашмаҳои худшиносии таърихӣ, маънавӣ ва адабӣ озодона баҳра гирифта, қудрати фарҳангии миллатро ҳамчун неруи муттаҳидсозанда эҳсос намоянд. Маҳз дар ҳамин замина давлат имкон пайдо кард, ки равандҳои арзишофарини миллӣ, аз эҳёи рамзҳо то гиромидошти чеҳраҳои фарҳангу сиёсат, ба марҳалаи таҳким ва такомули нав роҳ ёбанд.
Боиси ифтихору шодмонист, ки дар пайи ин рӯйдодҳои рӯҳафзову ҳастибахш, дигаргуниҳои сиёсиву маънавӣ, дастовардҳои фарҳангиву маърифатӣ Парламенти кишвар бо дарназардошти нақши таърихофарӣ, давлатсозӣ, барқарорсозии сохтори сиёсии кишвар, сулҳоварии Пешвои миллат дар таъмини ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро қабул намуд. Лозим ба таъкиди хос аст, ки қабули ин санади дорои аҳамияти воло воқеияти таърихӣ, яъне нақши беназири фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадоре, ки давлатро аз вартаи нобудӣ ба соҳили созандагӣ расонд, ба таври ҳуқуқӣ мустаҳкам карда ба он арзиши таърихӣ бахшид.
Дар ҳошияи ин рӯйдоди нусратбахш бо дарки он ки рушди давлатдорӣ ба неруи созандаи ҷомеа, фарҳанги худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон, арҷгузориву гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ робитаи ногусатанӣ дорад, ба тақвими расмии ҷашнҳои давлатӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иқдоми фарҳангӣ ворид гардид.
Мавриди ёдоварист, ки ҷашнгирии Рӯзи Президент дар давлатдории ҷаҳон таърихи пешина дорад. Ҳанӯз соли 1782 бошандагони иёлоти Вирҷинияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зодрӯзи Президенти нахустини ИМА Ҷорҷ Вашингтонро ҷашн гирифтанд. Ҳамон сол дар як қатор иёлоти дигари Амрико зодрӯзи Президенти аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидаи мардум Авраам Линколнро ҷашн гирифтанд. Аз ибтидои асри XIX ин ҷашн хусусияти умумиллӣ пайдо карда, рӯзи истироҳат эълон карда шуд ва дар ин ҷашн сайру гаштҳои саросарӣ доир мегардид. Соли 1970 Конгресси ИМА таъсиси Рӯзи Президентро эълом кард ва аз он ба баъд ҳар сол ин сана бо як тантанаи ба худ хос ҷашн гирифта мешавад.
Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ моҳи декабри соли 2011 парламенти кишвари Қазоқистон хизматҳои шоёни Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба назар гирифта 10 декабрро Рӯзи Президенти Қазоқистон эълон кард.
Соли нуҳум аст, ки мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 14-уми майи соли 2016 дар саросари Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол, санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи кишвар ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ ва баҳрамандӣ аз мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд ба он аст, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд.
Месазад гуфт, ки ҷашни мазкур дар радифи қадршиносӣ ба фарзанди фарзонаи миллат, дар худ паёми умед, ваҳдат, эҳтироми арзишҳои давлатӣ ва масъулияти шаҳрвандиро таҷассум намуда, наслҳоро ба пайравӣ аз рӯҳияи созандагӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад. Ин санаи таърихӣ имрӯз ба унвони омили асосии худшиносии миллии тоҷикон ва ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги давлатдорӣ маънидод мегардад.
Ҳаминтавр, таҷлили Рӯзи Президент ва ёдоварӣ аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ин на танҳо эҳтиром ба шахсияти таърихӣ, балки нишони шукргузорӣ аз сулҳ, ваҳдат ва давлати озоду соҳибистиқлоли мост. Мо, устодону донишҷӯён ва зиёиёни кишвар бояд аз мактаби давлатдории Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ватандориву худшиносӣ омӯхта, бо эҳсоси баланди масъулият дар таҳкими ваҳдату субот, тарбияи насли ватандӯст ва рушди ҷомеаи муосир саҳмгузор бошем.
Таманнои онро дорем, ки давлати соҳибистиқлоли мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам шукуфон, мардумамон сарбаланд ва Тоҷикистони азизамон ҳамеша ободу зафарманд бошад!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Иҷлосияи тақдирсози миллат мубораку фархунда бод!
Сафарзода Мунир Ватан, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент