,
Шанбе, 15-ноябр
Ба бахти халқи Тоҷикистони азиз фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити басо сангину норавшан бар арсаи сиёсат ворид гардид. Маҳз санъати бузурги роҳбарӣ, хиради воло, таҷрибаи рӯзгор ва рӯҳи шикастнопазир боис гардид, ки чунин як мактаби бузӯрги роҳбарӣ бунёд гардад. Нақш ва мақоми Мактаби ифтихори миллӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву худогоҳии халқи тоҷик, ба хусус ҷавонон хеле бузӯрг аст. Зарфияти он дар муттаҳид намудан ва пойдории сулҳу суббот дар кишвар, инчунин ҷарраёни ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони навин бо номи фарзанди баруманди халқи тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон маънидод карда мешавад. Маҳз бо талошҳои пайваста ва хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки худшиносии миллиро ба унвони масъалаи ҳаёти ҷамъиятӣ ташхис дода ва роҳу равиш густариш ва такомули онро муайян намуд. Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Роҳбари давлат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодию истиқлол маънидод кардааст. Инчунин эҳсоси худшиносии миллӣ халқи Тоҷикро дар марҳилаи гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки Ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ҳуқукбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт ва ба истиқлолияти комил расид.
Сарвари тоҷикони олам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннатҳои давлатдории гузаштагони худ-аз Қуруши Кабир то Исмоили Сомониро бо анъанаҳои далатдории ҷаҳони муосир тавъам сохта, бори дигар онҳоро эҳё намуданд. Ва ҳамин тариқ сиёсати хирадмандона, ҳиси баланди ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллии хешро собит намуданд: “То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мо падид наояд" зикр мекунад Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, "-то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем”.
Воқеан баъди талошу заҳматҳои зиёд, тавонист давлати комилан демократӣ ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намояд. Ва ин ҳама натиҷаҳо нишонае аз мактаби сарварӣ ва худшиносии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд. Аз ин ру, шинохтани ӯ ба сифати Пешвои миллат, Асосгузори давлати навини тоҷикон аз рӯи адолати иҷтимоӣ буда, аз чорчӯбаи сунатҳои давлатдории ҷаҳони муосир берун нест. Ичунин ҳамаи рӯйдодҳои сарнавиштсозе, ки дар тули чаҳоряк аср дар Тоҷикистон рӯй додаанд бо номи сиёсатмадори барҷаста, абармарди сулҳофарин, Пешвои эътирофшудаи миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳисси масъулият дар пеши имрӯзиён ва наслҳои оянда давлати мардумсолор эъҷод намуда, ба ин васила халқи куҳанбунёди тоҷикро дар пеши ҷаҳониён соҳиби обурӯюу манзалат намудааст, пайванди ногусастанӣ дорад.
Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали сардори давлати тоҷикон интихоб шуданашон чунин сухани воло гуфта буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам».
Аввалин армуғоне, ки дар мақоми роҳбарии давлат ба мардуми тоҷик овард ин паёми сулҳ буд. Дар таълимоти Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон категорияҳои “Ватандӯстӣ”, “Ваҳдати миллӣ” ва “Худшиносии миллӣ” маънои тавъам доранд, зеро иттиҳоди одамон фақат дар заминаи огоҳи аз мавқеву мақоми шахсият ва дарки умумияти нажоду фарҳангӣ ва таърихию иҷтимоӣ сурат мегирад. Бо фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамари худ ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки Тоҷикистон талош варзида, мардуми шарафмандро беш аз пеш ба масоили худшиносю худогоҳӣ ва инсондӯстию ватанпарастӣ даъват менамоянд. Ба андешаи Роҳбари давлат:”Афрӯхтани шӯълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад...”.
Сарвари давлат ватандӯстию худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодию истиқлол маънидод мекунад ва нишон медиҳад, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи Тоҷикро дар марҳилаи гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Таъкид менамояд, ки бедории сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстии мардум буд, ки Ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.
Бо дарназардошти чунин воқеят масъалаи мазкур аввал ба души давлат ва сипас ба зиммаи равшанфикрон ва аҳли зиёи миллат вогузор карда шуд. Воқеан зиёиён метавонанд ғояи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой карда, халқро ба якдигарфаҳмӣ ва меҳанпарастӣ омода созанд.
Пешвои миллат омӯзиш ва фарогирии таърихро аз сарчашмаҳои муҳимтарини густариши худшиносӣ миллӣ ва ифтихори огоҳонаи ватандорӣ арзёбӣ намуда, таъкид мекунад, ки “...рӯ овардан ба таърих ва омӯзиши он маҳз барои худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллати мо басо ногузир аст.Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақте ба ҷову шоиста аст, ки онро донӣ дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ шавӣ вагарна ифтихорат пучу бепоя паст ва ба ҷуз саргарангию гумроҳӣ ҳосиле нахоҳад дошт”.
Дар воқеъ хизматҳои барҷастаи Сардори давлат ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқиёси байналмилалӣ мақому манзалати баланд дорад. Масалан, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин чунин қайд кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз ин шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меорад ва дар қиёс бо нуқтаҳое, ки вазъиташон муташанниҷ аст ин комёби ба худ назир надорад. Ҳар он чи дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».
Маврид ба зикр аст, ки мақсади аз ҳама муҳими миллати тоҷик ин ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ буд, ки мо онро соҳиб шудем. Аз ин ру метавон ба ифтихор изҳор намуд, ки истиқрори сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз бо талошу ҳамбастагии мардуми бофарҳанги тоҷик ва азму хидматҳои беохири Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат,Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳилаи тозаеро оғоз намуда, ба эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вусъати тоза бахшид.
Воқеан кишвари мо таҳти роҳбарии оқилонаи сарвари мамлакат дар давоми 34 соли охир мустақил тарақӣ ёфта мушкилотҳои ҳаёти худро бо мувафақият ҳал карда, дар сохтмони давлатӣ ва эҳёи миллӣ комёбиҳои бузӯрг ба даст овард. Ҳамзамон вазъи сиёсии он ором буда, иқтисодиёти он муттасил тараққӣ мекунад, шароити зиндагии мардум торафт беҳтар мегардад ва равобити берунии мамлакат бештар вусъат меёбад.
Инчунин баргузор намудани чорабинҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бахшида ба ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ (5-сентиябри соли 1994);
-Маҷлиси ботантана бахшида ба ҷашни 680-солагии олим ва мутафаккири бузурги шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (4 сентиябри 1995);
- Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 675- солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ (сентиябри соли 1996);
- Семинари байналмилалии илмии “Саҳми ҳади Сомониён дар пешрафти мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ” (15 июни соли 1998);
- Маҷлиси ботантана бахшида ба 90-солагии Бобоҷон Ғафуров (21 декабри соли 1998);
- Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён (Санкт- Петербург, 28 апрели 1999);
- Чорабиниҳо бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён (сентиябри соли1999);
-Ҷашнгирии 960-солагии Умари Хайём (26 октиябри соли 2000);
- Конфронси илмӣ бахшида ба 2700-солагии китоби “Авесто” (1-2 ноябри соли 2001);
- Конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба 5-умин ва 10-умин солгарди ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон(17 июни соли 2002, 25 июни соли 2007);
- Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (8 сентиябри соли 2006);
- Конфронси байналмилалии илмӣ “Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо” ва Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (сентиябри соли 2007)-ро метавон ҳамчун нишони худшиносӣ ва худогоҳӣ аз мактаби ватандӯстӣ ва ифтихори миллии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Рӯ овардан ба таърихи миллат, расму оин ва зуҳуроти анъанаҳо бояд дар доираи арзишҳои ҷомеаи мутамаддин ва нигоҳи навини бунёдгар бошад. Тадбиру ибтикорҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он овард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдусту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст. Аз тарафи дигар, Роҳбари давлат дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлатӣ, ва миллии Тоҷикистонро дар мадди аввал гузошта, тавассути хиради воло дар робитаҳо бо кишварҳои мухталифи дунё тавонист истиқлолияти воқеии ҷумҳуриро таъмин намояд.
Ҳамин тавр роҳи тайкардаи ин шахсияти таърихӣ барои халқи тоҷик аз бисёр ҷиҳат роҳи бунёдгарони давлатҳои миллиро дар замони муосир мемонад. Дар масири давлатдориву давлатсозии тоҷикон дар марҳилаи нав хизматҳои шабонарӯзии Роҳбари олии кишварро ба назар гирифта, месазад, ки ӯро чун Пешвои тоҷикони олам эътироф намоем.
Абдуллоев Насрулло, дотсент, сардори шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ