, Ҷумъа, 14-ноябр

НАЗАРЕ БА ТАШКИЛИ НИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


НАЗАРЕ БА ТАШКИЛИ НИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ниҳоди президентӣ таърихи инкишоф ва ташаккули худро дошта, бори нахуст истилоҳи «Президент» дар Конститутсияи ИМА аз соли 1787 истифода шудааст, ки дар асоси он ҳокимияти иҷроия ба як шахси мансабдор - Президент вогузор шудааст, ки дорои салоҳияти зиёд ва мавқеи пешсафиро дар низоми сиёсии ҷомеа ишғол мекунад. Баъдтар дар байни давлатҳои Аврупо Фаронса ва Швейтсария (соли 1848) аввалин ҷумҳуриҳои президентӣ гардиданд. Дар идомаи садаи асри XX, дар шаклҳои гуногун, ниҳоди президентӣ дар дигар кишварҳо ҷойгоҳи худро пайдо кард.

То имрӯз дар зиёда аз 150 давлат ниҳоди президентӣ таъсис ёфтааст, ки он ба ҳамаи давлатҳои муосири шакли идораи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хос аст. Зимнан, бо вуҷуди ягонагии маъноӣ, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ номҳои мухталифи ин ниҳод вуҷуд дорад. Масалан, дар Франция истилоҳи «Президенти Ҷумҳурии Фаронса» (President de la Republique Francaise), дар Перу - «Президенти ҷумҳурӣ» (presidente de la republica), дар Германия - «Президенти федералӣ» (Бундеспрасидент) истифода мешавад.

Дар бораи ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон қобил ба  ёдоварист,  ки  дар  иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Тоҷикистон  дар  шаҳри Хуҷанд институти президентӣ аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз ин ҷо, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳои гуногун оид ба  ин  ниҳод пайдо шуданд.  Мухолифини институти президентӣ  дар  он  ақида буданд,  ки  дар Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парламентӣ мувофиқ аст. Ин андеша ба даврони шӯравӣ, ки идораи коллективона рӯи кор буд, такя мекард. Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд, дар гурӯҳи корӣ ду лоиҳа  яке «Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ»  ва дигаре «Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ» таҳия гардид. Дар натиҷаи муҳокимаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ андеша оид ба лоиҳаи «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» тарафдорони бештаре пайдо кард ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. 

Бояд ёдовар шуд, ки  дар  ин  ҷо нақши Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад.  Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ ӯ ақидаи худро оид  ба  институти президентӣ иброз намуда,  бо асосу далелҳои воқеӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур будани ниҳоди президентиро исбот кард. Гузашта аз ин, дар  иҷлосияи XIX Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ӯ таъкид карда буд, ки «шакли мувофиқ ва бо эътимоде, ки имрӯз ба шароити мушахасси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президентӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси Тоҷикистон мебошад» 31 -  соли  амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурустӣ ва  ба  шароити мамлакат созгар будани ниҳоди президентиро собит  кард.

Конститутсияи соли 1994 бори аввал дар таърихи Тоҷикистон мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ кард. Тибқи моддаи 64 Конститутсия Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст. Барои амалӣ намудани ваколатҳои ҳокимияти иҷроия дар соҳаҳои иқтисод, сиёсати хориҷӣ, мудофиа, амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар соҳаҳои идоракунии давлатӣ дар назди Президент Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ба Президент ваколат дода шуд, ки низоми ҳокимияти иҷроияро роҳбарӣ намуда, ҳамкории онҳоро бо мақомоти намояндагӣ таъмин намояд, шахсони мансабдореро, ки вазифаи масъулиятноктарини давлатро ишғол мекунанд, таъин намояд. Дар баробари ин, муқаррароти Конститутсияи соли 1994 имкон медиҳад, ки меъёрҳои он таносуби кофии манфиатҳои шохаҳои гуногуни ҳокимиятро барои суботи сиёсиву иқтисодии давлат таъмин, чунки салоҳиятҳо байни шохаҳои ҳокимият тақсим карда шуда, нақши Сарвари давлат дар таъмини ҳамкории мутақобила ва кори ҳамоҳангшудаи онҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон бо мақсади таъмини нуқтаҳои асосии «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар тағйиру иловаҳои соли 1999 муҳлати ваколати Президент аз 5 ба 7 сол зиёд карда шуд. Таҳияи минбаъда ва мушаххаси вазъи ҳуқуқии ниҳоди Президентӣ дар Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27.07.1994, №1042, «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14.11.2016, №1357 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.07.2006, №192 ифодаи худро ёфтааст, ки дар асос ва бо риояи меъёрҳои конститутсиони кабул шудаанд.

Дар Конститутсия талабот нисбати номзадҳои президентӣ, ки Конститутсия муқаррар кардааст, нигоҳ дошта мешавад. Дар баробари талаботи қаблан пешбинишуда, нисбат ба номзадҳо ба мансаби президентӣ талаботи нав муқаррар карда шуд, аз ҷумла синну сол ба мансаби Президент ба 30 сол оварда шуд. Илова бар ин, барои боз ҳам мушаххастар гардионидани ин ниҳод соли 2016 дар банди 2-и моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи Тоҷикистон Президентӣ нишон дода шуд.

Талаботи шаҳрвандӣ аз рӯи таваллуд ва тахассуси иқомат дар меъёрҳои конститутсионии давлатҳои хориҷӣ дида мешаванд, аз ҷумла, барои номзад ба мақоми раисиҷумҳури ИМА, Булғористон, Юнон, Финландия, Қазоқистон, Мексика, Муғулистон талаби зода будан, на шаҳрванди натуралӣ гузошта шудааст. Дар Иёлоти Муттаҳида номзад ба мақоми президентӣ бояд на камтар аз 14 сол дар ин кишвар ва дар Қазоқистон на камтар аз 15 сол зиндагӣ кунад.

Номзадҳо ба мансаби Президентро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо на камтар аз 5 фоизи имзои интихобкунандагон пешбарӣ мекунанд. Моддаи 65-и Конститутсия инчунин пешбинӣ мекунад, ки президентро бевосита аз ҷониби аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати ҳафтсол интихоб мекунанд.

Ҳамин тариқ, принсипи муҳими демократии гузаронидани интихоботи умумии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Бар хилофи Конститутсияи мо, дар баъзе давлатҳо интихоботи президентӣ ғайримустақим сурат мегирад, ки ин ҳуқуқи интихоботии фаъоли шаҳрвандонро то андозае маҳдуд намуда, ба ифодаи бевоситаи иродаи онҳо монеъ мешавад. Масалан, дар ИМА президентро Коллегияи интихоботӣ интихоб мекунад; дар Юнон, Венгрия, Чехия, Исроил - аз тарафи парламент; дар Италия - коллегияи махсуси интихоботӣ (маҷлиси), ки дар баробари аъзоёни парламент, инчунин аз намояндагони ҳудудҳое, ки давлат ба онҳо тақсим шудааст, иборат аст.

Конститутсия вазифаҳои муҳимтарини Президентро вобаста ба асосҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа муқаррар намуда, ӯро на танҳо Сарвари давлат, балки ҳамчун кафили Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шахрванд эълон намудааст. Президент ягонагии халқро таҷассум карда, татбиқи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва беруниро кафолат медиҳад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Президент барои ҳифзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти миллӣ ва тамомияти арзии он чораҳо меандешад, суботи сиёсию иқтисодӣ, муттасилӣ ва ҳамкории мақомоти давлатиро таъмин менамояд.

Функсияи Президент ҳамчун кафили Конститутсия, таъмини ҳамкории самарабахши мақомоти давлатӣ барои татбиқи амалии принсипи тақсими ҳокимияти давлатӣ, ки дар моддаи 9-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Тибқи Конститутсия Президент дар низоми ҳокимияти давлатӣ мавқеи махсусро ишғол мекунад. Нақши Президентро дар низоми тақсимоти қудратҳо равобити ӯ бо шохаҳои гуногуни ҳокимият равшантар нишон медиҳад, ки мисоли он шуда метавонад моддаи 69-и Конститутсия.

Бояд гуфт, ки Президент дар тамоми давраи рушди ниҳоди худ низоми мақомоти ҷумҳуриявиро мавриди баррасӣ қарор дода, вазифаҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро бо назардошти мутобиқати онҳо ба равандҳои тағйирёбандаи иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мушаххас намуд.  Дар роҳи ба тартиб андохтани низоми мақомотҳои ҷумҳуриявии хокимият, кам кардани шумораи умумии онҳо аз низоми сезинаи мақомотҳои давлатии давраи Шӯравӣ (вазоратҳо, комитетҳои давлатӣ, комитетҳои назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон) ба дузинаи дунизоми зинавӣ (вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ) нақши назаррас гузошт. 

Илова бар ин, Президент сохтори мақомоти давлатӣ ва шумораи кормандони онҳоро пайваста такмил медиҳад.

Бо мақсади таъмини мустақилият ва беғаразӣ дар иҷрои вазифаҳо инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ дар Тоҷикистон як қатор мақомоти махсуси давлатӣ, ки бевосита ба Президент итоат мекунанд, таъсис дода шуданд, аз ҷумла Агентиҳои назди Президентӣ.

Масъалаҳои такмили низоми судӣ ва иҷрои адолат низ дар маркази таваҷҷуҳи Президент қарор доранд. Асосҳои чунин такмил дар Паёмҳои ҳарсолаи Президент инъкоси худро ёфтаанд, аз ҷумла қабули чандин барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳост.

Ба Президент бинобар мақоми махсуси конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ ваколатҳои муайян дода шудааст, аз ҷумла Президент Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Раиси Шурои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад. Илова бар ин, Президент ҳамчун Сарвари давлат масъалаҳои қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъ ва додани паноҳгоҳро ҳал мекунад ва ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо ба ӯ додаанд, амалӣ менамояд.

Президент дар асоси Конститутсия ва мувофиқи Конститутсия фармонҳо ва амр мебарорад, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд. Дар рушди муносибатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат санадҳои дорои хусусияти стратегӣ – дастурҳо – фармонҳои дорои хусусияти барномавӣ аз ҷониби Сарвари давлат бо мақсади ҳалли мунтазами масъалаҳои афзалиятноки сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аҳамияти калон доранд, қабул карда мешаванд. Онҳо самтҳои стратегии рушди давлатро дар самти таъмини амният ва интизоми ҷамъиятӣ, дебюрократизатсияи дастгоҳи давлатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, амнияти иқтисодӣ, рушди ташаббуси соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳуриро муайян менамоянд.

Шакли муҳими ҳамкории Президент бо аҳолии кишвар ва намояндагони он (парламент) Паёми солонаи Президент ба халқи тоҷик мебошад, ки вазъи кунунии кишварро баҳо дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, барои ояндаи наздик вазифаҳои мушаххас мегузорад.

Бояд гуфт, ки яке аз нишондиҳандаҳои самаранокии сиёсати пешгирифтаи давлат сатҳи эътимоди мардум ба ниҳодҳои ҷумҳуриявии ҳокимият мебошад, ки дар байни онҳо Президент мақоми хосаеро ишғол менамояд. Тибқи натоиҷи пурсишҳои сершумори сотсиологӣ, аксарияти кулли аҳолии кишвар ба Президент эътимоди калон доранд.

Барои бевосита таъмин намудани фаъолияти Президент, иҷрои ваколатҳои ӯ Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ таъсис дода шудаанд. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ваколатҳои Президентро дар соҳаи ҳуқуқ, кадрҳо, сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва хориҷӣ, идеология, инчунин дигар вазифаҳоро дар соҳаҳои гуногун таъмин менамояд.

Дар доираи салоҳиятҳои Президент дар соҳаи амнияти миллӣ ва мудофиа фаъолияти Президентро Котиботи давлатии Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Умуман, ниҳоди президентӣ на танҳо мақоми ҳакамро дар байни мақомоти гуногуни давлатӣ, балки ба он бо салоҳиятҳои воқеӣ барои муайян намудани сиёсати давлатӣ ва татбиқи онро дар бар мегирад. Тарзи нави ҳаёти ҷамъиятӣ, ба вуҷуд омадан ва инкишоф ёфтани муносибатҳои бозорӣ, зарурати ислоҳоти қонунгузорӣ ҳамкории мутақобилаи тамоми низоми мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, инчунин қабули қарорхои асосноки сиёсиро талаб мекунад. Дар марҳалаи тараққиёти ибтидоии Тоҷикистони сохибихтиёр институти президент заминае гардид, ки ҳамкории самарабахши шохаҳои гуногуни ҳокимиятро таъмин мекунад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки институти президентӣ сарфи назар аз таърихи кӯтоҳи мавҷудият ва рушдаш дар давлати мо, ташаккули худро ба итмом расонидааст ва ҷузъи таркибии низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ мебошад ва яке аз рамзҳои муҳимтарини он буда, ягонагии халқи Тоҷикистонро ифода мекунад

Назаров Бахтиёр Ҳасанович-сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!