, Ҷумъа, 14-ноябр

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН


НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард.

 Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳифз ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи давлату миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.

Маҷлиси вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони гурӯҳҳои мухолиф ва фармондеҳони саҳроӣ, ки аз 16-уми ноябри соли 1992 то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардид. Дар Иҷлосия аз 230 нафар вакили халқ 193 нафар иштирок доштанд ва дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 2 муроҷиатнома қабул карданд.

Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳимме, ки дар Иҷлосия баррасӣ карда шуданд: тадбирҳо барои эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳои кишвар, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ кардани он, таъсиси артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ барои пурзӯр кардани ҳифзи сарҳадди давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонӣ аз дастовардҳои истиқлолият, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва аз буҳрон баровардани кишвар, интихоби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйин намудани сарвазири мамлакат, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар бораи ба Тоҷикистон фиристондани нерӯҳои сулҳдӯст, ба ҷои муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон, тасдиқ намудани аъзои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳукумати иттифоқи (коалитсионӣ)-и он давр нуфузи худро танҳо дар пойтахт ва баъзе ноҳияҳои гирду атрофи он нигоҳ медошт: минтақаи Кӯлоб ва қисми зиёди шимоли ҷумҳурӣ аз фаъолияти он начандон розӣ буданд. Қувваҳои сулҳхоҳи ИДМ аз ворид кардани қувваҳояшон даст кашиданд. Ягона роҳи халосӣ аз вартаи беҳокимиятӣ ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ даъвати Иҷлосияи Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосия умеди бузург дошт.

Дар Иҷлосия вакилони мардумӣ истеъфои Президент Раҳмон набиевро тасдиқ карда, 19-уми ноябри соли 1992 186 вакил ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва ӯ раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳбари давлат интихоб гардид. Дар Иҷлосия раиси тозаинтихоб гардид. Дар Иҷлосия Раиси тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буд: «Ба хотири истиқрори сулҳ пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ бо қабул намудани Муроҷиатнома ба сарварони гуруҳҳои мусаллаҳ роҷеъ ба имзои созишномаи барои истиқрори сулҳ ва ягонагӣ, таъмини истиқлол иқдоми нахустин гузошт. Дар санади тақдирсоз аз ҷумла изҳор шуда буд: «Бо мақсади таъмин намудани ягонагӣ ва муттаҳидии ҷумҳурӣ Шуморо даъват менамоем, ки 25-уми ноябри соли 1992 дар соати 14 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Ҳукумати Тоҷикистон иштирок намоед. Ҳукумати Тоҷикистон ба бехатарии Шумо кафолат медиҳад». Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ раҳмон сарварони тарафҳои муқобилро ба иштирокдорони иҷлосия муаррифӣ карда, таъкид кард: «Ин Иҷлосия тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди ба ҷойҳои худ рафтан яроқро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем». Пас аз суханронии раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони халқ ва сарварони гуруҳҳои силоҳбадаст иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи афви умумӣ»-ро қабул намуд.

Бо қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26-уми ноябри соли 1992 Рӯзи Сулҳ ва Ҳамраъйии халқҳои кишвар эълон гардид. Дар ҷойи намоёни Қасри Арбоб чунин шиор намоён буд: «Намояндагони муҳтарам! Шумо ба ин ҷо бо мақсаде омадед, ки хунрезӣ хотима гузоред. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад!».

Бо ибтикори муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон 20-уми ноябри соли 1992 ду ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ: «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо. Созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расид. Вакилони мардумӣ 25-уми ноябри соли 1992 бо фармондеҳони саҳроии тарафҳои муқобил вохӯрда, барои вазъияти кишвар ва ояндаи миллату давлати тоҷикон суҳбат оростанд.    

Дар Иҷлосия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид шуданд, аз ҷумла, барои якҷо кардани вилоятҳои Кӯлобу Қурғонтеппа қарор қабул шуда, ин воҳиди нави маъмуриро «Вилояти Хатлон» номгузорӣ карданд; низоми дунявии давлат муқаррар шуд. Иҷлосия дар мавриди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои муайян қабул кард. Аз ҷумла, муайян кардани шарикони стратегии кишвар хеле муҳим буд (Федератсияи Руссия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғ.). Иҷлосия ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи ИДМ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, дар вазъи фавқулода, набудани артиши миллӣ бо мақсади ҳимояи аҳолӣ ва объектҳои ҳаётан муҳим аз амалҳои террористӣ, харобкорӣ, барқарор намудани сулҳ ва тартиботи ҳуқуқӣ аз роҳбарони мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) - иштирокдорони мулоқоти Алма-ато (ноябри соли 1992) муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки ба Тоҷикистон нерӯҳои маҳдуди сулҳҷӯёнаро фиристонанд. Дар моҳи декабри соли 1992 иҷлосияҳои Шурои Олии Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо мақсади амалӣ гардонидани хоҳиши Парламенти Тоҷикистон ва дар бораи таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ва фиристодани теъдоди маҳдуди нерӯи ҳарбӣ қарор ба тавсиб расониданд.

Дар тӯли ду соли истиқлол (1991-1992) ду президент, чанд раиси Шурои Олӣ ва ҳукумати ба ном «Муросои миллӣ» иваз шуданд, шахсиятҳои таҷрибадор бо ақидаву афкори мухталиф ба сари ҳокимият омаданд, вале ба ҳеч кадоме аз онҳо идораи ҳокимияти давлатӣ муяссар нашуд. Дар ин маврид раиси нави Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати худ чунин изҳор дошт: «Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст овардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ба мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар Иҷлосия иштирок намоед». Дар Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем».

Дар воқеъ, ин таъкиди ӯ баъд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфт ва шакли қонунӣ гирифт. Ҳамзамон дар Иҷлосия нишона (атрибут)-ҳои давлатӣ низ муайян шуданд. Иҷлосия нахустин тадбири сиёсие буд, ки дар он тарафҳои мухолиф иштирок ва суханронӣ карда, барои сулҳу оштӣ иқдом намуданд. Масъалаи афви умумӣ ҳам ба масъалаҳои асосии рӯзномаи Иҷлосия дохил шуд. Иҷлосия қарор кард, ки шахсоне, ки аз 27-уми марти соли 1992 то 25-уми ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок карда, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир намуда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида намешаванд. Ҳукумати нав 11-уми декабри соли 1992 ба шаҳри Душанбе ворид гардид ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин фармонҳоро барои супоридани яроқу таъмини озуқаворӣ ба тасвиб расонд.

Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Иҷлосия барои ба ҳам омадани тарафҳои даргир бунёди устувор гузошт, ки бо роҳҳои ҳалли низои байни тоҷикон ва то ҷое дар ташаккули ғояи «Гуфтугӯи тамаддунҳо» низ замина фароҳам кард. Ҳамчунин Иҷлосия заминаи муҳим барои истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар гузошт. Аҳаммияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид. Дар нахустин гузориш худ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем…». Иҷлосия нақши бузурги созандагию бунёдкорӣ дошта, якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва таҳқими сулҳи Тоҷикистон аз он оғоз мегирад. Иҷлосия исбот кард, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварда метавонад. Аҳаммияти таърихии Иҷлосия барои дарки худшиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон арзиши бузурги таърихие дорад, ки имрӯз мояи ифтихор аст. Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ ва иқдоми муҳимми сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Бо мақсади қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини ватанамон, аз ҷониби Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:

  1. Вобаста ба марҳалаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат муваққатан дар байни Раисони Шурои Олӣ, Шурои Вазирон ва Раёсати Шурои Олӣ тақсим карда шуданд. Роҳбарии Шурои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шурои Олӣ гузошта шуд ва Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми олии иҷроия ва амрдиҳанда, асосан, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид;
  2. Фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо фалаҷ шуда буд ва дар як қатор маҳаллу минтақаҳо ҳокимияти иҷроия комилан аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон ва гуруҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд. Бо туфайли иҷлосия ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми манотиқи мамлакат барқарор гардид.
  3. Масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд. Бо ин мақсад ба Конститутсияи соли 1978 ва қонунҳои мавҷуда як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
  4. Масъалаи таъсис додани артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳаддӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлол буд.

Санади муҳиме қабул гардида ва қабули Қонун «Дар бораи гурезаҳо», ки дар қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ қабул гардида буданд, ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохт, ки роҳбарияти нави ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Дар  Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милитсиа, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсиа аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва сохти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам намудани  сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешида шуд.

Бо туфайли Иҷлосия-16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар иқлими сиёсии Тоҷикистон беистисно тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати  бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта барои амалӣ намудани ин иқдомҳо диққати махсус доданд.

Дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Вакилони мардумӣ камолоти сиёсии худро нишон дода, дар вазифаҳои худ  бомасъулият ва дурандешона  амал намуда, барои ҳалли муаммоҳои сиёсию  иҷтимоӣ ва иқтисодиву  маънавӣ дар кишвар тамоми донишу таҷрибаи худро равона сохтанд. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд, барои амалӣ намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ, сохтмонҳои бузурги аҳамияти байналмилалидошта шароит фароҳам оварда шуд. Гузаронидани маъракаҳои муҳими ҷаъиятию сиёсиро имконпазир сохта, боиси Ваҳдати воқеии халқи Тоҷикистон гардид, ки мисоли равшани он бо сарварии Президенти кишвар таъсисёбии ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон мебошад.

Дар паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон воқеаи бузурге буд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик бе ҳамто аст мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл  намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмӯъ, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Мирзоева Маҳтовбӣ Мустафоевна-номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!