, Ҷумъа, 14-ноябр

ХОМӮШИЕ, КИ САДОИ МУҲАББАТ ДОРАД


ХОМӮШИЕ, КИ САДОИ МУҲАББАТ ДОРАД

(Агар умр вафо мекард, имрӯз ӯ 29 сола мешуд)

Баъзе инсонҳо на бо зиндагии тулонӣ ва умри дароз, балки бо ҳузури комили инсонӣ, муомилаи шарифона, арҷ гузоштан ба одамияту инсоният дар замони начандон мадиди зиндагӣ то абад дар ёдҳо мемонанд ва ному ёдашон аз саҳифаҳои хотири одамӣ зудуда намешавад. Бародари азаизи мо, ҷавонмарди асилу инсони шариф ва худогоҳу қадршинос-Ҷамил Муродов, аз зумраи он шахсиятҳое буд, ки бо шукӯҳу ҳиммати мардона, бо ҷасорату далерӣ, садоқату фидокорӣ аз худ дар қалбҳои пиру барно нишона гузошт.

Ҷамил ҷавоне буд, ки вуҷуди ӯ пур аз фазилат ва хислатҳои неку шоиста буд. Ӯ бо одоби баланд ва хоксории беназир миёни ёру дӯстон ва ҳамкорон шуҳрат дошт. Рафтору гуфтораш нишон аз тамкину поядор будани маънавиёташ буд. Ҳар суханаш бо андеша гуфта мешуд ва ҳар қадамаш бо ҳушёриву фаросат гузошта мешуд. Дар муомила бо дигарон инсони мулоимгуфтор, хушсухан ва накуаҳвол буд. Ӯ ба эҳтироми хурду бузург арҷ мегузошт, бо табассуми самимӣ ва чеҳраи боз ба дидори ҳар кас мешитофт. Шахсе набуд, ки нисбат ба дарди дигарон бетараф бошад, раҳмдилию дилсӯзии ӯ намунаи олии инсондӯстӣ буд. Ба кумаки эҳтиёҷмандон мешитофт, суханони таскинбахш мегуфт ва ҳамеша талош дошт, ки ғам аз чеҳраи дигарон дур гардад. Ҷамил дар зиндагӣ ба меҳнат ва масъулият бовар дошт. Ӯ ҳар корро бо виҷдони пок анҷом медод ва аз ноодилӣ дурӣ меҷуст. Аз рӯйи покию самимият дӯст медошт, ки муҳити атрофиёнро бо нексириштӣ ва меҳрубонӣ, ки ҷавҳари ҳастии инсонро зиннат бахшидаанд,  равшан созад.

Ҷамил ба ниёзмандон ҳамеша кумаки худро дареғ надошта, ба ғамгину дилшикастагон оромиш тақдим мекард, ки инро танҳо дилҳои бузург доранд.

Тобистони соли 2023 буд, бо Ҷамил якҷоя дар комиссияи қабули донишгоҳ кор мекардем, соат тақрибан аз 15 мегузашт. Модаре аз  ноҳияҳои дурдаст духтарашро барои супоридани ҳуҷҷатҳояш ба назди утоқи кори комиссия оварда буд. Баъд аз суҳбат маълум гардид, ки онҳо бо худ маблағи шартномаи таҳсил ва баъзан ҳуҷҷатҳояшонро ноаварда буданд. Баъд аз хиҷолатзадагӣ ва тамос гирифтан бо пайвандонашон маълум гардид, ки он тараф ҳуҷҷатҳоро пагоҳ  имкони фиристодан доранд. Ба онҳо гуфтем, ки то фардо дар шаҳри Кӯлоб истанду ҳуҷҷатҳояшонро дуруст карда супоранд, вале он модар бо озурдадилӣ гуфтанд, ки дар ин шаҳр касеро намешиносад ва ҷои зист ҳам надорад. Ин ҳолатро Ҷамил мушоҳида намуда, бо як виқори мардонаву лутфи фарзандона гуфт: “ҳеҷгап не модарҷон, ман дар хобгоҳи омӯзгорон иқомат дорам, Шумо ҳамроҳи духтаратон шаб дар ҳуҷраи ман хоб мекунед. Бе дудилагӣ, ҷавоби радро қабул надорам”.  Аз баски утоқи хоби Ҷамилҷон аз  як ҳуҷра иборат буд, ӯ ба модар таклиф кард: “Шумо бо духтаратон мемонед, ман рафта дар хонаи яке аз рафиқонам шабро рӯз мекунам”. Он модар, ки дар ҳолати ночорӣ буд чунин як муносибати инсонпарваронаи Ҷамилро дида пешниҳоди ӯро қабул карада, шаб ҳамроҳи духтараш дар ҳуҷраи Ҷамил монд. Саҳар пайвандони он модар пули шартонаи таҳсилро ба ҳамёни электории Ҷамил гузарониданд.  Ҷамил ин корро аз таҳи дил бо шарофати инсонӣ иҷро намуда, маблағи шартномаи таҳсили донишҷӯро пардохт карда, ҳуҷҷатҳои ӯро дуруст намуд. Модар дар ҳақи ин ҷавонмарди шариф дуои хайр кард. Баъди иҷрои расмият ва имзо гузоштани донишҷӯ дар варақаи бақайдгирӣ, Ҷамил бо муҳаббати самимии инсонӣ онҳоро гусел намуд. Ин яке аз ҳазорҳо амали шарафмандонаву ҷавонмардонаи бародари азаизи мо буд.

Мушоҳидаҳо нишон медод, ки агар касеро дар иҷрои коре маъюс медид, зуд ба ёрии ӯ мешитофт. Агар аз ӯ пурсон мешудем, ки чӣ кор кардӣ? Бо як афсурдаҳоливу раҳмдилӣ баён мекард, ки  нафаре дар аҳволи бад буд (ҳеҷ шахсияти мухотабашро маълум намекард) ба ӯ кумак кардам (дӯстон хуб медонанд).  Ҳангоми чунин гуфтан агар ба чеҳраи Ҷамил назар мекардӣ дар чашмонаш ҳалқа задани ашкро медидӣ. Ин раҳмдиливу фурутанӣ ва хислатҳои ҳамидаву шоистаи инсонӣ инсонияташро ба маротиб шариф мегардонид.

Бо вуҷуди ҷавон будан, бисёр марди фарҳангиву меҳнатдӯст буд. Омӯзгороне, ки дар хобгоҳ ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекараданд, нағз медонанд, ки ӯ ҳуҷраи зисти худашро, ки бисёр фарсуда буд, зебову тоза карда, ҳатто дар назди ҳамон ҳуҷраи худаш дар дохили сангпораҳо хок андохтаву кабудӣ корид то омӯзгорон дар хобгоҳ аз он кабудиҳо истифода кунанд.

Ҷавони самимӣ, масъулиятшинос Ватандӯсту худшинос ва худогоҳу  ботамкин буд.

Соли 2019 айёми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон буд, он вақт банда масъулияти роҳбарии магистрантони донишгоҳро дар шуъбаи ТАКИП бар душ доштам. Даъвати ҷавонон ба сафи артиш бисёр муназзаму ҷоннок роҳандозӣ гардида буд.

Бегоҳе баъди хуроки шом андаке машғули корҳои илмӣ будам, ки аз гӯшиам садо баланд шуд. Дидаму Ҷамил занг мезанад. Бо шавқ бардоштаму шухикунон гуфтам, ки дар нимашаб чӣ мегӯӣ, ки бо овози паст гуфт: «Ака, маро ба хизмат мебаранд». Ман гуфтам: «Ту дар зинаи магистратура таҳсил мекунӣ-ку?» Гуфт: «Ака, биёям як гувоҳномаам намедиҳӣ?» Чун Ҷамил касеро ба иҷрои коре не намегуфт, ман ҳам ба ӯ не нагуфтам.

Дар нимашаб ба ҳуҷраи корӣ рафтаму барояш гувоҳнома додам, то хидмати ҳарбиаш ба таъхир гузошта шавад. Вале саҳари барвақт дарамро касе бо меҳр мекӯбад. Замоне, ки баробари «марҳамат, дароед» гуфтанам, дидам - Ҷамил чун ҳарвақта бо даҳони пур аз ханда ва рӯҳи болида, «ака»-гӯён даромад. Андаке оғӯшам кард ва гуфт: «Ака, як дуои нек кунед, чун ба хизмати Модар-Ватан меравам». Гуфтам: «Ман туро шаби гузашта гувоҳнома дода будам, магар раҳоят накарданд?» Гуфт: «Ако, раҳоям карданд, аммо имшаб бо худ фикр кардам, ки бояд ба хидмати ҳарбӣ рафта, дифоъ аз марзу буми кишвар кунам ва баъди хидмати ҳарбӣ омада кору таҳсиламро идома медиҳам». Ва худи ҳамон рӯз ба хидмати ҳарбӣ рафт ва баъди як соли хидмат бо сари баланд баргашт.

Ин хислати Ҷамил нишон аз ватандӯстист, ки барои ҷавонони имрӯза намунаи ибрат хоҳад буд.

Ӯ сари тавозуъ хам мекард, вале рӯҳи баланд дошт. Зодаи муҳаббат буд - муҳаббат ба инсон, ба зиндагӣ ва ба ҳақиқат. Ва шояд маҳз ҳамин муҳаббат буд, ки ӯро дар дилҳо ҷовидона нигоҳ медорад.

Мутаассифона, ин ҷавони нексиришт дар синни 27-солагӣ, шаби 5-уми ноябри соли 2024 аз ин олам чашм пӯшид. Вале ёди неки ӯ дар қалби ёру дӯстон ҳамеша зинда хоҳад монд. Ӯ бо ахлоқи ҳамида ва рӯҳи покаш пайванди ҷовидона бо ёди ҳамагон пайдо намуд. Ҷамил на танҳо ному нишони худро боқӣ монд, балки маънии воқеии инсони комилро бо зиндагии кӯтоҳ, вале пурмаъно нишон дод. Ҷамил дар айни ҷавонӣ аз миёни мо рафт, вале рӯҳи ӯ дар ҳавои меҳрубонӣ то абад боқї хоҳад монд.

Рӯҳу равонат шод ва манзили охиратат обод бод, бародари азизу ҷавонмаргам-Ҷамил!

Бадалов Исфандиёр, ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!