, Шанбе, 21-декабр

МОДАР - ОЛИҲАИ МЕҲР...

 07.03.2023 435

МОДАР - ОЛИҲАИ МЕҲР...

Модар, чӣ калимаи муқаддас аст, ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбати ба фарзанд бемисл аст.

Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст. Шоир беҳуда нагуфтааст.

Як шаба он ранҷ, ки Модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Модар худаш намехӯраду фарзандашро мехӯронад, дили софу беолоиш дорад. Аз ин рӯ, мо низ фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст. Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд, ҳофизон онҳор ба оҳанг дароварда супоридаанд. Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро хушбахт созем. То ҳастем барояш хидмат кунем. Кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад. Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад. Дар дунё ғайр аз модарам касеро то ин дараҷа дӯст намедорам. Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ ғамхор, дӯстдорандаи   фарзанд танҳо модар аст.

Дар Тоҷикистон мо 8-уми мартро ҳамчун рӯзи модарон эълон кардаанд, дар ин рӯз тамоми он нафароне, ки модар доранд, тӯҳфа ба даст гирифта ба аёдати модар мераванд. Ҳар нафар кушиш мекунад, ки тӯҳфааш боарзиш бошад, модарро хурсанду хушбахт дидан мехоҳанд. Лекин тамоми ин тӯҳфаҳо дар назди модар ночиз аст. Мо як умр агар хидматашро кунем ба як шаби бедорхобие, ки модар барои фарзанд мекашад баробар шуда наметавонад. Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд.

Модар! Бароям хуршеди анвару моҳу ахтарӣ бароям бахту иқболӣ ва ёвару раҳбар низ ва ниҳоят, бароям чашмаи ҳаётӣ. Оре, ҳамаи ин зебоиву меҳрубониҳоят бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Аё модар бо ин ҳама бузургӣ агар ман ризояти туро нагирам вориди ҷаннат мегашта бошам?

Модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Ҳар кас симои дилчаспу меҳрубононаи модарро мебинаду рӯҳаш тоза мешавад  ва мехоҳад равшании шоми модар сарбаландии модар бошад.

Оре, модар ҳаст, ки бо туфайли  ӯ дунё ободу зебо аст. Ҷаҳон бояд бо модари ғамхору солори мо, бо суруди “Алла”- и ӯ ки саршор аз меҳру муҳаббат аст, фахр кунад ва ҳамагон ӯро, ки гули хушкнашавандаи ҳаёт аст, ҳурмату эҳтиром кунанд.

Ҳар ки бошад соҳиби ақлу тамиз,
Модарашро доимо дорад азиз.

Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде, ки қиммати модарро  донад бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.

Модар, модар, каси баҳимат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат боҳад.
Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешад сар фурур меоранд.

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум муёбад, ки  ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанада ва ба камолрасондаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанши миллӣ мебошад.

Такя ба вуҷуди ҷахону инсонофарини модар, такя бар Яздони пок аст. Модар  ягона офарандаи инсони комил аст. Ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад.

Хуршед ниҳам ном туро ё ки ҷаҳонтоб?
Модар, зи бузургӣ сару пои тy нигин аст.
Бар гӯш расад аз тy садое хушам он рӯз,
Эй хуш, бувад он рӯз садоят ба танин аст.

Хулоса, азизон, волидон беҳтарин ганҷинаҳои ноёбу нотакроранд. Онҳо беҳтарин дороии ҳаётанд, ки барои ба дунё омадану ба камол расидани насли оянда хизмати арзанда доранд.

“Модарҷон, ман шуморо дӯст медорам”.      

Фирдавси ШЕРАЛӢ, ассистенти кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат