,
Панҷшанбе, 13-ноябр
Рӯзи Президент-ин ҷашни муҳимми миллӣ ва рамзи эҳтирому миннатдорӣ ба шахсияти барҷаста, давлатсоз ва мардумпарвари тоҷик-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин сана на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба хидматҳои Сарвари давлат, балки ифодаи сиёсати хирадмандонаи ӯст, ки дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дар баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, таҷассум ёфтааст.
Аз рӯзҳои аввали истиқлолият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи нақши зан дар ҳаёти давлату ҷомеа, сиёсати хосаеро дар самти дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон роҳандозӣ намуданд. Он замон кишвар ба созандагӣ ниёз дошт ва Пешвои миллат хуб дарк мекарданд, ки бе иштироки фаъолонаи занон эҳёи Ватан имконнопазир аст.
Имрӯз, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат, занони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз маорифу тандурустӣ то илм, фарҳанг, соҳибкорӣ ва идоракунӣ нақши фаъол доранд.
Президенти мамлакат борҳо таъкид кардаанд, ки «бе иштироки фаъоли занон татбиқи ҳадафҳои миллӣ ғайриимкон аст». Ин гуфтаҳо танҳо шиор нестанд - онҳо ба амал табдил ёфтаанд.
Имрӯз занон дар сохторҳои давлатӣ, парлумон, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ фаъолият намуда, шарики баробарҳуқуқ дар қабули қарорҳо мебошанд.
Дар заминаи сиёсати Пешвои миллат қонунгузории кишвар барои ҳифзи ҳуқуқи занон такмил ёфта, дастгирии давлатӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла таҳсил, соҳибкорӣ, саломатӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ таъмин гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолати баробарии ҳуқуқ ва имкониятҳои мардону занон” яке аз мисолҳои равшани сиёсати амалии давлат дар ин самт мебошад.
Имрӯз занони тоҷик на танҳо дар оила ва ҷомеа, балки дар сатҳи давлатӣ низ мавқеи устувор доранд. Тибқи маълумотҳо, тақрибан 30 фоизи вакилони парлумон занонанд, ки дар сатҳи минтақа нишонаи пешрафт ва намунаи устувори баробарии гендерӣ ба ҳисоб меравад.
Дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати дастгирии занон дар сатҳи идоракунӣ ва намояндагӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати Пешвои миллат нисбат ба занон на танҳо сухан, балки амали воқеист.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки зан модар, мураббӣ ва нигаҳдорандаи фарҳангу суннатҳои миллӣ мебошад. Маҳз тавассути зан муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба бузургон ва масъулият дар дили наслҳои нав парвариш меёбад.
Бо дастгирии давлат, занони тоҷик имрӯз дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва ҳунарҳои миллӣ фаъолона саҳм мегиранд ва дар муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳу зебоӣ нақши созанда доранд.
Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон сиёсати инсондӯстона, ватанпарварона ва дурбинона мебошад. Он ба таври ҳамзамон: ҳуқуқу озодиҳои занонро ҳифз мекунад: имкониятҳои баробарро фароҳам меорад ва занонро ҳамчун қувваи асосии рушду суботи ҷомеа муаррифӣ менамояд.
Рӯзи Президент барои ҳар як бонуи тоҷик рӯзи ифтихору сипосгузорӣ аз он шахсияти таърихист, ки мақому арзиши занро дар ҷомеа эҳё ва таҳким бахшид.
Имрӯз ҳар як зану модари тоҷик бояд бо ҳисси ватандӯстӣ, бо масъулият ва садоқат ба Ватану Пешвои миллат амал намояд, то дар роҳи пешрафти давлат, тарбияи насли нав ва нигоҳдории ваҳдат саҳми шоиста гузорад.
Шарифзода Одинамо Пирназар - дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубадуллоҳи Рӯдакӣ