,
Чоршанбе, 12-ноябр
Зеҳну хотираҳои мо он рӯзгорро ҳеҷ аз хотир набурдаву намебарад. Рӯзгори бас сангину вазнину даҳшатбор буданд. Ҳанӯз пеши назар ҷилвагарамон аст. Мо он рӯзгорро надидаем, фақат шунидаем, аз рӯзномаҳову маҷаллаҳо хондаем ва борҳову борҳо филмашро дидаем.
Замоне ки мардум осуда набуд. Хуршед ба оҳистагӣ тулӯъ кард. Ҳар лаҳза ҳар соат хавф дошт. Аммо хавфи оддӣ набуд, хавфи парокандагӣ буд, хавфи якпорчагӣ буд, хавфи аз байн рафтани миллату давлат буд.
Дида мешуд, ба дурустӣ бас дида мешуд, аҷнабиён чӣ қадар шоданд, чӣ қадар осудаанд, чӣ қадар табли шодӣ мезаданд. Оре! Ҳис мекарданд ва гумон доштанд, ки миллате ба номи тоҷик дигар боқӣ нахоҳад монд. Умед доштанд номи ӯро аз аз харитаи ҷаҳон пок мекунанд. Чун хонаҳо сухтанду хароб карда буданд. Чун мардум бехона гардида буданд. Чун садои тир бо садои кӯдакон омехта гардида буд. Мардум бо даҳшату ҳаяҷони зиёд фирор мекарданд. Умед ба давлати ҳамсоя баста буданд. Гаҳвораҳои холиву бекӯдаку хунолуд паёми бад дошт...
Паём аз бадбахтӣ медод...
Паём аз ҷанги шаҳрвандӣ медод...
Паём аз сиёҳӣ медод...
Паём аз бародаркӯшӣ медод...
Гӯристонҳо пур аз кӯдакон буданд...
Гӯристонҳо пур аз ҷавонон буданд...
Гӯристонҳо пур аз занон буданд...
Гӯристонҳо пур аз пирону мардон буданд.
Мардум дигар умед надошт. Умедҳояшон барбод рафта буд. Аз касе дар он замон имдод хоста намешуд. Гушнагӣ, бехонагӣ, ғамро болои ғам меафзуд. Роҳбари давр аз тарс аризаи рафтанашро навишта буд. Мардум дар ин ҳолат рӯ ба Худо меоранд, бо сидқ рӯ меоранд, бо зикр рӯ меоранд ва талаб мекунанд дуояшон шунида шавад, дуо мекунанд то роҳбари хуб насибашон гардад, дуо мекунанд то Пешвое насибашон гардад.
То наҷоташон диҳад...
То сулҳ орад...
То ҳар як гурезаро баргардонад...
То ҳамдамашон бошад...
То марҳамашон бошад.
Дар охир дуо мустаҷоб гардид. Ӯ роҳбар интихоб гардид. Ҷавон буд, бас ҷавон буд, ҳамагӣ чиҳил сол дошт. Дар он вазъе ки давлату миллат қарор дошт, касе ҷуз ӯ ин вазифаи сангинро ба уҳда намегирифт. Аммо дуои халқ буд, аммо лутфу иноят аз Худо буд ва ӯ қабул кард. Оре! Зимоми роҳбариро ба уҳда гирифт. Бешак пеш аз ман дарк кардӣ ки кист! Бале, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...
Ҳамоне ки ваъда дод “То охирон гурезаро барнагардонам, орому осуда нахоҳам шуд” ва баргардонд.
Ҳамоне ки мо шоҳид будем дар қабули Парчами миллӣ онро бӯсид ва ашк рехт. Бо эҳтиром назди ин муқаддасоти миллӣ сар фуруд овард.
Ҳамоне ки харобиҳоро обод сохт.
Ҳамоне ки дидем, ҳамаи ин сулҳ туфайли ӯ ба даст омад, аммо онро аз худ намедид: “Таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, хизмати бузурги мардуми солору сарбаланд ва хирадманди тоҷик мебошад”.
Диданд, ки ҷавон аст, диданд, ки мардум дӯсташ медоранд, диданд, ки лутфи Худо бо ӯст, диданд, ки охирон гурезаро баргардонд, хостанд ҷисман нобудаш бисозанд ва даст ба ин амали нангин ҳам заданд. Ӯро дар миёни мардум тир заданд. Аммо шуҷоъ буд, дардашро пинҳон мекарду мегуфт: “Душманони миллат ба мақсуд нарасиданд ва ҳеҷ гоҳ намерасанд”.
Дар тӯли роҳбарии ӯ давлат эҳё гардид. Хонаҳои хароб дубора сохта шуд. Иқтисод рушд кард, ба таври босуръат рушд кард. Маориф рушд кард. Чи рушди хубе, ки имрӯз чӣ дар дохид ва чӣ дар хориҷи кишвар махсус занону духтарони мо имконияти таҳсил, хондан ва кор карданро доранд.
Биноҳо, донишгоҳу донишкадаҳо сохта шуд. Тамоми шароит муҳайё гардид. Пушида нест, ки нигоҳ доштани давлат аз ба даст овардани он мушкилтар аст. Аммо ин фарзанди фарзонаи миллат тавонист ва зиёдтар аз 33 сол аст, ки ин далатро дар ҳоли рушд ва пешрафти рӯзафзун нигоҳаш медорад. Маҳз дар ҳамин шароит, дар шароите ки дунё гирифтори ҷаҳонишавист, дар шароите ки роҳбарони пурқудрати давр то ба ҳол аз уҳдаи рисолати худ намебароянд, вале ӯ баромад.
Имрӯз ин Иҷлосияро- Иҷлосияи сарнавиштсоз гуфтаанду мегӯянд. Чун ин рӯз як рӯйдоди неки таърихӣ аст. Имрӯз ва минбаъд ҳам, яъне 16-уми ноябр дар сатҳи баланд таҷлил мешуду мешавад. Пешвои муаззами миллат барҳақ иброз доштааст: “Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”.
Ҳамидзода Зебунисо, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ