,
Душанбе, 10-ноябр
Муродова Гулчеҳра, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Таърихи сиёсии мамлакатҳои гуногун борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва хеле пуртазод буда, ҳар як марҳалаи инкишофи он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин марҳалаҳо метавонанд орому сокит ва ё баръакс муташанниҷу ноором ҷараён гирифта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.
Аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории миллии худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд.
Нимаи дуюми асри ХХ ба халқи тоҷик муяссар гашт, то баъди гузашти ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад. Вале ин туҳфаи тақдир имтиҳони ҷиддиеро назди миллати мо гузошт. Надоштани таҷрибаи давлатдории ҷадиду мустақилона, паст будани фарҳанги сиёсии ҷомеа,ба ҳисоб нагирифтани хусусиятҳои давраи нави инкишоф, боло гузоштани манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ аз манфиатҳои умумимиллию умимидавлатӣ ва дахолати қувваҳои манфиатдори беруна кишвари тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ бузургтарин хатарро ба сари халқу давлати тозаистиқлоли мо овард. Авҷ гирифтани қувваҳои ба ном «демократӣ», вазъи муташанниҷи сиёсӣ, тақсими ғайрирасмии минтақаҳои мамлакат, авҷи аълои маҳалгароӣ ва зӯроварӣ, бесарусомонию саргардонӣ кишвари тинҷу ороми моро ба минтақаи фоҷиабору ҷангзада табдил дода буд.
Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Дар он вақт танҳо Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХVI муайян кард. Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Э.Ш. Раҳмонов интихоб намуд. Маҳз Э.Ш. Раҳмонов ҳамчун Раиси Шурои Олии ҶТ ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.
Новобаста аз баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.
Иҷлосияи ХVI масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Ба шарофати роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва бо мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шуданд. Эълон шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда буд. Дунявият ҳамчун иродаи мардум эътироф гардид ва бояд зикр кард, ки ҳамин омил яке аз сабабҳои асосии сар задании ихтилоф дар кишвар маҳсуб меёфт. Интихоботи Президенти ҶТ ва вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ, таъсиси ҳукумат, ки идомаи мантиқии қарорҳои дар Иҷлосияи ХVI қабулгардида мебошанд, ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд.
Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар Иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамин Иҷлосия ҳукумати нав таъсис ёфта, аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ содиқ будани худро ба аслҳои башардӯстона нишон дод. Яке аз аввалин изҳороти Э. Раҳмон, Раиси Шурои Олии мамлакат, оид ба баргардонидани гурезаҳо буд. Ин бори дигар собит месохт, ки Сарвари давлат муҳимияти масъаларо бо тамоми ҳастияш эҳсос намуда,ба хубӣ дарк мекард, ки маҳз тавассути сарҷамъии мардум метавон ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Баргардонидани гурезаҳо инчунин яке аз омилҳои муҳими таъмини ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик маҳсуб меёфт.
Нишонаи дигари ба аслҳои башардӯстона содиқ будани ҳукумати нав қабули «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» буд. Маълум аст, ки авзои ноороми сиёсӣ, ки дар натиҷаи бархӯрди қувваҳои гуногун ба миён омада буд, якеро дидаю дониста, дигареро аз рӯи нофаҳмӣ, сеюмиро аз рӯи ғараз, чорумиро бо мақсади муҳофизати молу мулк ва оилаи худ ба майдони даргирию қонуншиканиҳо кашид. Дар чунин вазъ гуноҳи якеро исбот намудану бегуноҳии дигареро тасдиқ кардан ғайриимкон буд. Бинобар ин ҳукумати тозатаъсис бо дарки масъулияти баланд ва риояи принсипҳои башардӯстона ҳамаи онҳор авф намуд. Дар баробари ин, таҷрибаи зиндагӣ собит намудааст, ки хунро набояд бо хун шуст, зеро чунин амал кинаю хусуматро бештар намуда, садди роҳи сулҳу созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ мешавад.
Имрӯз оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризояти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии қарорҳои ҳамин Иҷлосия ва талошҳои Э. Ш. Раҳмонов дар ин роҳ аст. Роҳбарии хирадмандона, рӯҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба сарвари давлат аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои Иҷлосияи ХVI Шурои Олии ҶТ мусоидат намуданд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва парламенти кишвар, ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишнома ифодаёфта сулҳи бебозгашро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд. Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби СММ ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шуд.
Дурустии роҳи Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии ҶТ ва роҳбарияти мамлакат буд, ки сарони давлату парламентҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва аксарияти кишварҳои минтақаю ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рӯзҳои душвортарин моро дастгирӣ карданд ва ба мо кӯмакҳои амаливу беғаразона расониданд. Инчунин ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, хусусан СММ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба мо ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекарданд.
Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии ҶТ инчунин ба ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ замина гузошт. Истиқлолият, ягонагӣ, ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа арзишҳое эътироф гаштанд, ки асоси фарҳанги нави сиёсиро ташкил доданд. Акнун ба тарафҳои мухолиф лозим буд ба хотири таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва таҳкими давлатдории миллӣ бо назари дигар ба воқеият баҳо дода, таҳаммул ва созиш, гузашт ва бахшидани гуноҳи якдигарро чун пояи устувори фарҳанги нави сиёсӣ эътироф намоянд.
Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI инчунин дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни он ба миён омада буд. Пайдоиши ин идея худ як зарурияти таърихӣ ба ҳисоб мерафт, ки қодир буд халқи парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ созад. Идеяи ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон сокинони дилозурда ҷой гирифта, заминаи бунёди сулҳро гузорад.
Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-рӯз, аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 идома ёфт. Дар кори он намояндагони давлатҳои Узбекистон, Қазоқистон, сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва намояндагони СММ иштирок доштанд.
Аз 74 санадҳои ҳуқуқие, ки дар Иҷлосия қабул шуданд, зиёда аз 30 қарору ҳуҷҷатҳои расмӣ барои ба эътидол овардани Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозидаанд.
Воқеан ҳам ин анҷумани таърихӣ, ки мо дар арафаи 33-солагии таҷлили он қарор дорем, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бениҳоят бузург дорад. Маҳз ҳамин анҷуман оғози наҷоти давлатдории миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гашта, тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик- таҳаммулпазирию башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит созад.
Бояд тазаккур дод, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Мухимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.
Имрӯз метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Ҳамин тариқ Иҷлосияи XVI Шурои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаи таърихии худ бомуваффақият баромад.