, Шанбе, 08-ноябр

ХОТИРОТЕ АЗ МАРИЯ ГАВРИЛОВНА КАБИНА-ДОТСЕНТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ МУОСИРИ РУС ВА ЗАБОНШИНОСӢ


ХОТИРОТЕ АЗ МАРИЯ ГАВРИЛОВНА КАБИНА-ДОТСЕНТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ МУОСИРИ РУС ВА ЗАБОНШИНОСӢ

Махфират Хидирзода, доктори илмҳои фалсафа, профессор

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ даргоҳест, ки аз баракати он имрӯз ҳазорҳо нафар хатмкунандагонаш соҳибном шуда, дар ҷодаҳои гуногуни ҷомеа содиқона фаъолият намуда истодаанд. Ин ҳама аз шарофати меҳнати он устодонест, ки рисолати омӯзгорию тарбиятгарии худро бо дарки масъулияти баланд иҷро кардаанду шогирдонро барои интихоби масири зарурӣ дар ҳаёт роҳнамоӣ кардаанд.

Барои ман шараф ва ифтихори бузург аст, ки хатмкунандаи ин боргоҳи бузурги илму маърифат ҳастам ва ҳар дафъа мегӯям, ки агар ба ҷойе расида бошем, аз баракати маҳз ҳамин боргоҳи муқаддас аст.

Солҳои таҳсил дар факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳ солҳои 1991-1995 солҳое буданд, ки дар вазъи мушкили сиёсӣ ва амниятӣ қарор доштем. Ҷанги шаҳрвандӣ, бесарумонӣ, ҳазорҳо гурезаҳо ва дигар мушкилиҳо пайваста ҷомеаро пайгир буданд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда устодон раванди дарсро дар Донишгоҳ қатъ намекарданд. Сидқан ва бо дарки баланди масъулияти касбӣ ба раванди таълим муносибат мекарданд, серталабӣ мекарданд. Ин ҳама моро водор мекард, ки муносибатамон ба раванди дарс ҷиддӣ бошад. Яке аз устодони сахтгиру дорои фитрати баланди инсонӣ Мария Гавриловна Кабина буданд.

Мария Гавриловна табиатан зани оромтабиат, накухислат, ҳамзамон ҷиддӣ, серталаб ва нафаре буданд, ки аз фанни таълимии «Синтаксис» ба мо дарс мегуфтанд. Бисёр ором сухан мегуфтанд, ҳамин буд, ки ҳангоми дарсашон аудитория пурра хомӯш буд.

Синтаксис ҳамчун як қисмати забоншиносӣ хусусиятҳои хоси худро дорад, ки Мария Гавриловна пайваста инро таъкид мекарданд. Схемаи ҷумлаҳои мураккабро тартиб медоданд ва донистану тартиб додани ин схемаҳоро аз ҳамаи мо шогирдон талаб мекарданд. Агар даҳ маротиба мегуфтӣ, ки нафаҳмидам, оромона фаҳмонида медод. Агар ҳамдарсонам дар фаҳмиши ин фан мушкилӣ мекашиданд, Мария Гавриловна бо ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ кор мекард. Ӯро дар доираи устодону донишҷӯён «модари синтаксис» унвон мекардем, зеро дар ин соҳа воқеан ҳам ҳирфаӣ буданд.

Ман шахсан аз ин зани донишманду ҷиддӣ бисёр чизҳоро омӯхтам. Мария Гавриловна роҳбари кори дипломиам буданд. Баъд аз маслиҳату машваратҳои зиёд тавсия доданд, ки дар мавзуи «Вазифаҳоии синтаксии масдар» кори дипломиамро тасдиқ намоям. Он замон ман, дар баробари донишҷӯйӣ, дар кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии факулта дар ним басти корӣ ба ҳайси лаборанти калон фаъолият мекардам. Ин бошад имконияти фарохтареро барои машғул шудан ба пажуҳишу омӯзиш фароҳам оварда буд. Дар назди кафедра китобхонаи соҳавӣ, яъне махсус оид ба забоншиносӣ ва забони муосири рус мавҷуд буд, ки аз он истифода мебурдам. Як соли машғул шудан ба навиштани кори дипломӣ

ва ҳамкории зич бо Мария Гавриловна имкон дод муаллимаи азизро аз ҳама пахлӯ омӯзам. Пеш аз ҳама ман қоил ба сатҳи дониш ва касбияти ӯ дар масъалаҳои синтаксис шудам. Ин соҳаи забоншиносиро муаллима дар сатҳи олӣ медонистанд. Баъзан конструксияҳои мушкили забониро ончунон содда карда мефаҳмонданд, ки баъдан худат шарм мекардӣ, ки ҳаминро надонистаӣ. Забондони ҳирфаӣ, устоди сахтгиру серталаб ва ҳамзамон некхоҳ буданд. Баъзан ҳамдарсонамон бо ташвишу тарс дар дарс менишастанд, агар ба дарс омода намебуданд. Одати сарзаниши сахт кардану ба шахсияти донишҷӯ расиданро надоштанд, вале як нигоҳи хоси бомаъно доштанд.

Дар давраи омода намудани кори дипломӣ мо бо ҳам ончунон наздик шуда будем, ки ҳамдарсон баробари дидани ӯ ба ман мегуфтанд, ки «модарат омад». Дар ҳақиқат ҳам муаллима модарвор меҳрубону сахтгир буд.

Раванди омода намудани кори дипломӣ барои ман марҳилаи муҳимми дарки моҳияти кори илмӣ гашт. Баъзан мешуд, ки то 10-12 саҳифа навишта меовардам, Мария Гавриловна гирифта мехонду баъди муддате оварда медод. Ҳолати шуд, ки аз даҳ саҳифаи навиштаи ман он кас ҳамагӣ як мисолро (намунаи вазифаи синтаксии масдарро аз асари кадом шоир ё нависандаи рус) бо қайчӣ бурида, ба ман дод. Ман бо ҳайрат нигоҳ кардам. Он кас табассуме карданду гуфтанд: «Махфират, ты не обижайся если я все вычеркивала. Ну что делать, они по содержанию не подходят. Это же наука, она такая трудоемкая, сложная. Но зато результат у тебя будет отличный». Ин суханони муаллима доимо дар гушам садо медиҳанд. Имрӯз, ки худ дар шоҳроҳи илм қадам мондам, ба мантиқу маъно ва арзиши ин суханон ба хубӣ сарфаҳм меравам.

Мария Гавриловна дилгир намешуданд, ки ман ба масъала дер сарфаҳм рафта истодаам ё ин, ки маводи кориамро дертар пешниҳод мекардам. Дар охир рисолаи хатмро омода кардем ва ҳангоми ҳимоя комиссияи имтиҳонӣ аз он васф карданду ба ман тавсия доданд, ки онро идома дода, рисолаи номзадӣ омода намоям. Ман то ҳол хурсандӣ ва шаррари чашмони Мария Гавриловнаро баъди ин суханҳо дар ёд дорам. Маро ба оғуш кашиду гуфт: «Я же сказала, ты сможешь, результат будет отличным. Так и получилось».

Ман имрӯз эҳсос мекунам, ки ҳамчун роҳбари илмӣ муаллима доимо маро руҳбаланду дилбардорӣ мекарданд. Ба илму пажуҳиш муносибати самимӣ доштанро талқин мекарданд, аз ноомадиҳо рӯҳафтода нашуданро меомӯзониданд. Некбин буданду некбиниро дар шогирдон тарбия мекарданд. Худро хушбахт меҳисобам, ки аз мактаби чунин устодони бузургу донишманд сабақ гирифтаам.

Руҳи Мария Гавриловнаи азиз шод бошад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!