,
Ҷумъа, 08-ноябр
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар фарорасии фасли баҳор рамзист, зеро бедоршавии табиат ба ҳаётбахшии модар шабоҳат дорад. Дар ин рӯзи муборак инсонҳо бояд ба аёдати модарону хоҳарон биёянд. Хотири онҳоро болида намоянд ва анъанаи неки ниёгонро гиромӣ доранд.
Нақши занон дар ҷомеа хеле бузург аст. Бар замми он ки зан модар аст, ҳамчунин хизматчии давлатӣ, олим, муаллим, ҳуқуқшинос ва муҳандису духтур мебошад. Бузургтарин шахсиятҳои таърих — арбобони давлативу сиёсӣ, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятгирандаи модар буданду ҳастанд. Ҳоло ҳар яки мо шоҳиди онем, ки дар кишвар барои фаъолияти ҳамаҷонибаи занон имкониятҳои мусоид фароҳам аст ва ҷалби онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамеша дар мадди назар қарор дорад.
Аз ин лиҳоз, занони кишварро лозим аст, ки зарурати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи сиёсати гендерии давлатро дарк намоянд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар арсаи ҷаҳон давлати демократӣ ва дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар собит сохт. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ — иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак заминаи мусоид фароҳам овард, Модар нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинии фарох мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид». Модар, ғайр аз ин ки ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, инчунин хислатҳои накутарини инсониро дар сиришти ӯ бо шири поки худ ҷой медиҳад. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳорро ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо "Рӯзи Модар" эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқй мондааст.
Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.
Модар - калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд.
Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Муродов ШАХБОЗ, ассистенти кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ