,
Шанбе, 08-ноябр
(Ба ифтихори хотираи некуи устоди зиндаёд профессор Салимов Рустам Давлатович бахшида мешавад)
Абдуллоҳи Ансорӣ фармудааст: “Накӯӣ намудан ба дилҳо раҳ ёфтан аст ва дилнавозӣ кардан ба хушнудӣ шитофтан аст”.
Дар воқеъ, номи некро он нафаре дар зиндагӣ сазовор мешавад, ки дар хизмати халқу ватанаш қарор дошта, мудом кӯшиш намояд, ки некиаш ба мардум расаду пуштибони адолату кору пайкори нек бошад. Танҳо дар ин сурат сазовори номи пуршарафи одамӣ мегардад. Ба ин масъалаи бисёр муҳим шоири мумтоз Тошхоҷаи Асирӣ таваҷҷуҳ намуда, дар шоҳбайти зерин чунин фармудааст:
Одамият чист? – Худро дур аз шар (р) доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.
Барои он ки инсон аз фалсафаи ҳастӣ, ҳақиқати зиндагӣ, неку бади ҷаҳон, асрори коинот воқиф шавад, ӯро мебояд, ки рӯ сӯйи илму дониш биёрад. Чунки илму дониш рӯшании чашмони хираду сафои қалб аст. Маҳз ба ҳамин хотир ҳазрати Муҳаммад (с.) дар ҳадиси муборакашон фармудаанд: “Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй”. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки инсон барои беҳбудии зиндагӣ аз даврони тифлӣ то ба камоли пирӣ ба илму дониш ниёз дорад. Дар баробари ин ниёзмандӣ дониш барои дар гуфтору кирдор нисбат ба атофиён афзалият пайдо кардан мусоидат мекунад. Ҳаким Фирдавсӣ барҳақ фармудааст:
Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Ба гуфтору кирдор беҳтар бувад.
Воқеан, дар ҳама давру замон илму дониш ҳамчун ганҷинаи безавол эътироф шуда, олимону донишмандон ба шарофати андухтани ин неъмати бебаҳо соҳибэҳтирому азизи баҳру бар гаштаанд.
Сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Рӯдакӣ рӯшании қалбро ба анвори дониш вобаста дониста, дар айни замон онро ба ҷавшан ташбеҳ додааст, ки донишварро аз ҳаводиси рӯзгор эмин медорад:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Маҳз ҳамин фазилату баракати дониш аст, ки аҳли илму адаб ба ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки аз шаҳди он коми ҷонашон лаззат барад. Яке аз чунин шахсони бофазлу дониш забоншиносони маъруфи тоҷик Салимов Рустам Давлатович мебошад, ки бо фаъолияти пурсамари илмӣ ва осори мондагорашон дар миёни донишмандони соҳа шинохтаву эътироф шудааст. Ному насаб ва номи падарии ин олими фарҳехта ба дунёи ботинии ӯ тавъам афтода, бо табъи салим ва давлати нодири фазлу дониш дар роҳи илм руста ба камол расидааст.
Устод Салимов Рустам Давлатович 7-уми ноябри соли 1955 дар оилаи зиёӣ дар шаҳри Кӯлоби Вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1972 баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ш. Кӯлоб ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб (айни ҳол Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) дохил шуда, онро соли 1977 бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус хатм намудааст.
Салимов Рустам Давлатович айёми донишҷӯӣ худро ҳамчун донишҷӯӣ закӣ, ташнаи илму дониш ва иштиёқманди забону адабиёти рус нишон дода, дар аснои корҳои эҷодӣ (навиштани корҳои курсӣ ва дипломӣ) бо истеъдоди фитрӣ ва табиати фавқулоддааш ҳамсабақону устодонашро дар ҳайрат гузошта буд. Ин буд, ки маҳсули эҷоди ӯ ҳанӯз дар давраи донишҷӯиаш аз ҷониби устодони раҳнамояш сазовори таҳсину афаринҳо гашта буд. Маҳз ҳамин дилбастагии зиёд ба кори эҷодӣ ва дунёи нурбори илм Рустам Давлатовичро водор намуд, ки барои идома додани корҳои илмиву эҷодӣ дар донишгоҳ монад. Яъне, соли 1977 бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон дар кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба сифати ассистент ба кор қабул шуд. Дар кафедраи мазкур муддати се сол ба корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмӣ машғул буд. Азбаски шуру валвалаи илму дониш дар дилаш туғён дошт, соли 1981 Салимов Рустам Давлатовичро дар Институти илмӣ-таҳқиқотии ЗРММ-и Академияи илмҳои педагогии СССР чун муҳаққиқ-коромӯз пайи кашфи уфуқҳои нави илм мебинем. Устод Салимов Р. Д. Дар ин боргоҳи илм тули 5 сол ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шуда, дар ин муддат рисолаи номзадиашро омода намуда, соли 1986 дар институти мазкур зери роҳбарии профессор Городилова Г. Г. онро бомуваффақият дифоъ карда, сазовори унвони номзади илмҳои педагогӣ гардид.
Аз соли 1987 то соли 1992 дар кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб дар вазифаҳои омӯзгор, саромӯзгор ва мудири кафедра фаъолият кардааст. Аз соли 1992 то соли 1996 ба ҳайси дотсенти кафедраи забони муосири рус, мудири кафедраи маданияти нутқ, декани факултети 2-юми Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон (дар ш. Душанбе) кор кардааст.
Соли 1996 дар маркази ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бо ташаббуси роҳбарони ду кишвари бо ҳам дӯст – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъди як соли фаъолият устод Салимов Рустам Давлатовичро дар баробари дигар мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ барои фаъолият намудан ба донишгоҳи мазкур ба кор даъват карданд. Ӯ аз соли 1997 то сли 2009 дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дар вазифаҳои дотсент, мудири кафедраи забони русӣ ва забоншиносии умумӣ пайи фаъолият қарор дошт.
Салимов Рустам Давлатович ҳамчун омӯзгори ботаҷриба, сазовори эҳтироми хосу ом ва меҳнатқарину нусратшиор буданаш дар доираи ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ муддати як сол (с. 2008-2009) дар факултети тарҷумонии Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуда, дар ҳамкорӣ бо олимони қазоқ, кирғиз, ӯзебек, рус ва чин барои омода намудани маҷмуаи таълимӣ-методӣ барои Ташкилоти ҳамкории Шанхай ширкат варзидааст. Ӯ дар баробари аз назокату фасоҳати забони тоҷикӣ ва русӣ дар сатҳи хеле баланд огоҳӣ доштанашон бо забони ҷопонӣ низ озод суҳбат мекард.
Баъди як соли фаъолияти пурсамар ва андухтани таҷрибаи бой роҳбарияти Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон соли 2010 Рустам Давлатовичро барои идора кардани факултети филология (ҳоло филологияи рус, журналистика ва медиатехнология) ҳамчун роҳбари арзанда муносиб дониста, ӯро декани факултети номбурда таъйин намуданд. Дар ин вазифаи пурмасъулият муддати 10 сол пайи фаъолият қарор дошт.
Соли 2010 барои олими воқеъбин, муаллими асил ва роҳбари адолатпарвар – Рустам Давлатович соли муваффақияти беназир ҳисобида мешуд, чунки ҳамин сол ин олими пухтакор рисолаи докториашро дар мавзуи “Типологияи муқоисавии забонҳои русӣ ва тоҷикӣ” дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори унвони доктори илмҳои филологӣ шуд.
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ фармудааст:
Хотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.
Салимов Рустмам Давлатович илмро ҳамчун ҷавҳари асосии ҳастии инсон дарёфта, дар ин ҷода солики роҳ буданро мақсаду мароми роҳрави ин дунёи зебо медонад. Ин аст, ки устоди равшанзамиру олими борикбин Рустам Давлатович бо азми қавӣ ва иродаи матин тавонистааст, ки бо дастовардҳои арзишманди илмиаш дар миёни донишмандону забоншиносони ватаниву хориҷӣ ҳамчун олими ҳирфаии соҳаи забоншиносӣ шинохта шавад.
Пас аз дифои рисолаи докторӣ айни ҷӯшу хурӯш ва авҷу мавҷи корҳои эҷодӣ, яъне пажӯҳиши илмии Рустам Давлатович оғоз шуд. Устод дар як қатор конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва байнидонишгоҳӣ доир ба масъалаҳои мубрами муоширати байнифарҳангӣ, типологияи муқоисавии забонҳо, забони русӣ ва дидактикаи забоншиносии рус дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар: Амрико, Ҷопон, Россия, Белорус, Озорбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон бо маърузаҳои илмӣ ва пешниҳодҳои муътамад баромад намудааст. Моҳи ноябри соли 2003 ва феврали 2004 муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи “Филологияи кишварҳои Шарқи Дур”-и Донишгоҳи гуманитарии Бишкек (Ҷумҳурии Қирғизистон) буд. Аз моҳи июл то моҳи август дар Ҷопон аз курси такмили ихтисос доир ба омӯзиши забони ҷопонӣ гузаштааст. Дар семинари омода намудани дастуру китобҳои дарсии забони хитоӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилашон бо забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Халқии Чин (Чампин, август ва Пекин, октябри соли 2011) ва Ҷумҳурии федералии Олмон (11-25-уми апрели соли 2015) иштирок кардааст. 2-4-уми ноябри соли 2014 дар Ассаблеяи 8-уми Дунёи рус (Русский мир) дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ширкат варзидааст.
Натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии устод Салимов Рустам Давлатович дар осори илмии ӯ бараъло инъикос ёфтаанд. Асару мақолаҳои илмии ин олими улуми лисонӣ ба 80 адад расида, мавзуи асосии баҳси таълифоти Рустам Давлатовичро мушкилоти забони адабии рус, типологияи муқоисавӣ, забоншиносии иҷтимоӣ, методикаи таълими забони русӣ фаро мегиранд.
Тули солҳои декании Салимов Р. Д. давраи шукуфоии факултети филологияи ДСРТ маҳсуб ёфта, маслиҳату машварат, пешниҳоду ёрмандии ин устоди варзидаву дилбохтаи соҳаи мактабу маориф ва дастгирии роҳбарияти донишгоҳ заминаи модӣ ва техникии факултет, махсусан кафедраҳои зертобеи факултет беҳтар шуда, имконияти гузаронидани дарсҳои кушод, баргузории конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва мизҳои мудаввар фарохтар шуданд.
Бо талошҳои устод дар доираи шартномаву ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ бо як қатор донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии федералии Олмон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон устодону шогирдони факултети филология барои таҳсил дар зинаи бакалавриат, магистратура, гузштани такмили ихтисос, дифои рисолаҳои номзадӣ ба давлатҳои номбурда сафар намуда, як фазои солими ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро ба роҳ монданд. Дар доираи ҳамин шартномаву ҳамкориҳо донишҷӯёни Ҷумҳурии Халқии Чин, Корея ва Ҷопон барои таҳсил намудан дар зинаи бакалавриат, магистратура ва аспирантура ба ДСРТ дохил шуда, соҳиби диплом гаштаанд. Мутахассисони соҳаи забоншиносӣ ва тарҷумонӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии федералии Олмон, Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Ҷопон барои хондани курсҳои лексия ба донишгоҳ ҷалб шудад.
Як бахши муҳимми кори устоди зиндаёд Рустам Давлатовичро дар донишгоҳ фаъолияти омӯзгорӣ ташкил мекард. Азбаски устод дар оилаи аҳли маориф ба дунё омадаву аз нони ҳалоли омӯзгорӣ ба воя расида буд, ин касби пуршарафро бо майли том ва иштиёқи тамом интихоб кардаву меҳрашро дар мағзи ҷонаш бо ҳазор умеду орзу мепарварид. Маҳз ҳамин садоқату вафодорӣ ба ин касби пурифтихор буд, ки устод дар зарфи 48 соли фаъолияти пурсамари омӯзгориаш ҳатто дар хаёлаш ягон маротиба фикри дигар кардани касбашро накардааст. Чи тавре ки худи устод доимо мегуфтанд: “Саодати зиндагии ман, бахту иқболи баланди ман ба касбам вобастагии қавӣ дорад. Касби пешакардаам маро бо ҷаҳону аҳли ҷаҳонро бо ман шинос кард. Ба туфайли ин пешаи муқаддас ман ними ҷаҳонро гаштаву бо мардуми касбу корашон гуногун шинос шудаву риштаи дӯстӣ барқарор кардаам”.
Ин ҷо мехоҳам доир ба шиносоӣ, ҳамкорӣ ва пайвандиам бо устод Рустам Давлатович чанд сухане гуфта бошам. Соли 2004 каминаи камтарин донишҷӯи соли панҷуми факултети филологияи тоҷики (ҳоло филологияи тоҷик ва журналистика) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ будам. Баъди супурдани санҷишу имтиҳоноти ҷории нимсолаи дуюм, яъне сессияи тобистона мо, хатмкунандагон, барои супоридани имтиҳоноти давлатӣ омодагӣ гирифтем. Рӯзҳо ноайён паси ҳам гузаштанду имтиҳоноти давлатӣ сар шуданд. Мо аз се фан – забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик ва методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик имтиҳони давлатӣ месупоридем. Пеш аз саршавии имтиҳоноти давлатӣ дили мо, хатмкунандагонро, тарсу ҳарос фаро гирифта буд, ки дар назди устодон, махсусан раиси имтиҳоноти давлатӣ чӣ гуна имтиҳон месупурда бошем. Устодон мегуфтанд, ки раиси имтиҳони давлатӣ н.и.ф., дотсент Салимов Рустам Давлатович аз пойтахт – шаҳри Душанде даъват шудааст. Шахси донишманд, серталаб ва бисёр ҷиддӣ мебошанд. Бинобар ин, бачаҳо кӯшиш намоед, ки дониши дар зарфи панҷ сол андӯхтаатонро ба кор бареду ба саволҳои билетҳои имтиҳонӣ ва саволҳои иловагӣ ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда диҳед. Аз рӯйи маслиҳату машваратҳои устодонамон ба имтиҳони давлатӣ тайёрӣ дидем.
Рӯзи имтиҳони якуми давлатӣ фаро расид. Декани факултетамон устоди равоншод н.и.ф., дотсент Саидҷаъфаров Шовалӣ раиси имтиҳони давлатиро ба мо муаррифӣ карданд. Пас аз шиносоӣ бо раис имтиҳони якуми давлатӣ шуруъ шуд. Мо, донишҷӯён, бо ҳаяҷон бо навбат чорнафарӣ ба имтиҳон даромадем. Баъди супурдани имтиҳон маълум шуд, ки раиси имтиҳони давлатӣ шахси донишманд, хоксору фурутан ва ҳалиму меҳрубон будааст. Мо се имтиҳони давлатиро дар назди ин устоди мушфиқу меҳрубон бомуваффақият супурдем. Дар ҷараёни имтиҳоноти давлатӣ айён шуд, ки устод Салимов Рустам Давлатович, гарчанде ки мутахассиси забон ва дабиёти рус аст, лекин аз эҷодиёти адибони классику муосири тоҷик дар сатҳи зарурӣ воқиф будааст. Махсусан дар ҷараёни баргузории имтиҳони фанни адабиёт устод баробари донишҷӯён аз эҷодиёти шоирони классик шоҳбайтҳои зиёдро барои тақвияти суханони донишҷӯён бадоҳатан мисол меоварданд. Дар баробари ин устод ба суханони ҳар як донишҷӯ бодиққат гӯш дода, доир ба ҳусну қубҳи баромадашон малеҳона фикрашонро баён мекарданд.
Аз ҳамон рӯзгор банда устод Рустам Давлатовичро мешиносам. Банда баъди хатми донишгоҳ бо роҳхати Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба сифати ассистент ба кор қабул шудам. Соли 2010 ба аспирантураи ДМТ дохил шуда, соли 2014 рисолаи номзадиамро бомуваффақият дифоъ намудам. Баъди дифои рисолаи номзадиам ба кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи (ҳоло факултети филологияи рус, журналистика ва медиатехнология) ДСРТ ба ҳайси омӯзгор қабул шудам. Он вақт декани факултет д.и.ф., профессор Салимов Р.Д. буданд. Соли 2017 бандаро бо пешниҳоди декани факултет бо фармони ректори донишгоҳ ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети номбурда таъйин карданд. Бо устод тули чор сол дар факултет ҳамчун ҷонишин фаъолият намудам. Дар тӯли фаъолияти кориам дар деканат бо устод наздиктар шинос шудам. Устод ҳамчун роҳбар, олим, омӯзгор барои банда намунаи олии ибрат (идеал) буданд.
Сифатҳои неки роҳбарии устод дар он зоҳир мегашт, ки ӯ тамоми мушкилоти пешомадаро бо маслиҳатҳои судманду машваратҳои файзбахш ҳаллу фасл менамуд. Бо тамоми зердастон, ҳамкорон, хурду бузург, пиру барно як хел муносибат мекард. Барои устод шахсияти зердаст, ҳамкор, корманд, донишҷӯ дар мадди аввал меистод. Устод кӯшиш мекарданд, ки ҳурмату иззати тамоми мардумро новобаста ба вазифаи ишғолнамудааш дар ҷомеа ба ҷо оварад. Ҳамин хислати наҷиби инсониро ба мо – зердастон талқин мекарданд. Пайваста таъкид мекарданд, ки вазифаи ҷонии мо хизмат ба халқу давлат аст. Бинобар ин, мо бояд беғаразона дар таълиму тарбияи насли ҷавони миллат иштирок намуда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштани арзишҳои миллӣ саҳми арзишманди худро гузорем. Зеро пойдории давлату ҳукумат ба рушду инкишофи соҳаи маориф вобаста аст.
Дар бораи фаъолияти илмии устод дар боло зикр намудем. Ин ҷо мехоҳам, як масъалаи бисёр муҳимро арз намоям. Вақте ки банда соли 2014 ба донишгоҳ барои фаъолият намудан ба кор омадам. Ба аризаам, мудири кафедра н. и. ф., дотсент Табаров Хайрулло Назарович имзо карданду барои ризоияти декани факултетро гирифтан маро ба деканат фиристоданд. Ба деканат омада, устодро сари мизи кориашон машғули иншои мақолае дидам. Устод ризоияташро дода, ба аризаам имзо гузоштанд. Солҳо гузаштанд. Банда, ки бо амри тақдир ҷонишини декан таъйин шуда будам, устодро чун пештара доимо сари мизи кориашон машғули эҷод медидам. Тули 11 сол ин манзараи зеборо назора намуда, завқам меомаду ба худ меандешидам, ки дар ҳақиқат устод олими воқеӣ ва шефтаву шайдои оламаи маонист. Охир, кас танҳо дар сурати ишқи поку самимӣ доштан ба касбу кораш метавонад ба касбаш монои Рустам Давлатович содиқ бошад. Дар ин бора бузургмарде фармудааст:
Мерасад аз завқ ҳар коре ба меъроҷи камол,
Ба умеди корфармо кор кардан мумкин аст.
Муваффақияти устод дар ҷодаи омӯзгорӣ дар он таҷассум меёфт, ки барои Рустам Давлатович донишгоҳ макони муқаддас буд. Ӯ пайваста мекӯшид, ки дарсҳояш пурмазмун, манфиатбахш ва дар сатҳи баланд гузаранд. Ӯ дар миёни забоншиносони ватаниву хориҷӣ ҳамчун устоди варзидаи яке аз соҳаҳои муҳимтарини забоншиносӣ – наҳв шинохта шуда буданд ва пайваста кӯшиш мекарданд, ки назокати ин қисмати забоншиносиро ба шогирдон фаҳмонад. Устод ба донишҷӯён, магистрантон, аспирантон дарс медоданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки саҳми устод дар тарбия намудани кадрҳои илмӣ назаррас аст. Ӯ роҳбарии аспирантон ва унвонҷӯёнро ба дӯш доштанд ва зери роҳбарии ӯ зиёда аз 10 муҳаққиқи ватаниву хориҷӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, сазовори дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гаштаанд.
Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи шогирдон устоди гиромиқадр Салимов Рустам Давлатович ба унвони аълочии маорифи ҶТ ва Корманди ифтихории мактабҳои олии Федератсияи Россия сазовор гашта буд.
Дар як мақола имконият даст намедиҳад, ки ба пуррагӣ доир ба ҷавонмардӣ, инсондӯстӣ, ҳимматбаландиву адолатпешагӣ, фазлу дониш, мушкилписандиву меҳнатқаринии устоди муътабар Салимов Рустам Давлатович маълумот диҳем. Бинобар ин, бо байти зерин ин ҷо иктифо менамоем:
Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.
Руҳатон шод ва хонаи охирататон обод бод, устоди иззатманд!!!
Амлоев Аминҷон Ятимович – дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи рус, журналистика ва медиатехнологияи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон