, Чоршанбе, 05-ноябр

КОНСТИТУТСИЯ НИШОНАИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИСТ


КОНСТИТУТСИЯ НИШОНАИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИСТ

Дар ҷодаи давлатдорӣ нақш ва мавқеи Конститутсия хеле муҳим аст, зеро он муайянкунандаи салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ, иқтидори сиёсӣ ва кафолатдиҳандаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Бинобар ин баъд аз мустақил гардидан барои муайян намудани шакл ва низоми идоракунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур буд, ки Конститутсияи нав қабул намояд. Новобаста аз вазъияти бисёр ҳассосу душвори солҳои аввали навадуми асри гузашта, бо азму ирода ва заҳматҳои беандозаи Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни асосиро омода ва пешниҳод намуд. 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдорӣ бори аввал бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишвар қабул гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини дунё эътироф намуд.

Бисту се сол қабл зарурати қабули нахустин Конститутсияи давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро кадом заминаҳо фароҳам оварданд? Яке аз заминаҳои асосӣ соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардани он буд, зеро Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ мебошад. Бе Конститутсия давлатдориро тасаввур кардан номумкин аст. Ҳамчунин зарур буд, ки мақсади давлати соҳибистиқлол, ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, дар Қонуни асосӣ сабт гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, дар Конститутсия ва қонунҳои дигар принсипҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, озодона кору зиндагӣ кардани инсонҳоро тарҳрезӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшиш мекунад. Тоҷикистон қонунҳои худро ба талаботи Конститутсия ва муносибатҳои зикршуда мутобиқ намуда, ин раванд идома дорад.

Бо дарназардошти дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ дар кишвар, солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Инчунин моҳи феврали соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва ҷиҳати иҷрои он соли 2012 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш барномаи давлатии инкишофи соҳаҳои гуногуни қонунгузорӣ барои солҳои 2012–2015 таҳия ва тасдиқ шуданд.

Маҳз ба шарофати Иҷлосияи таърихии ХVI дар Қасри Арбоб, ки сохтори конститутсионӣ барқарор ва қонунияту тартибот ҷорӣ шуд, имкон фароҳам омад, ки кор дар самти таҳияи лоиҳаи Конститутсия оғоз гардад. Бо қарори Иҷлосияи XVII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Сарвари давлат - Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов таъсис ёфт ва моҳи ноябри соли 1993 гурӯҳи корӣ аз ҷониби Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия гурӯҳи корӣ шароиту хусусиятҳои мамлакат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро пурра ба инобат гирифт.

Конститутсия ба шумули Қонуни олии давлат дар низоми қонунҳое қарор дорад, ки дар сатҳи олӣ меистанд ва меъёрҳои он муносибатҳои бунёдии ҷомеаро танзим менамоянд. Дар моддаи даҳуми он таъкид шудааст, ки «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд китоби рӯимизии ҳар нафар бошад. Барои беҳтар аз худ кардани меъёрҳои Конститутсия зарур аст, ки китобу ҷузваҳо ва дигар васоити иттилоотӣ омода ва интишор карда, дастраси ҳама гардонида шаванд. Ба таври дигар гӯем, таблиғоти омӯзиши Конститутсияро ҷоннок бояд кард.

Ҳаёт босуръат пеш меравад. Аз ин рӯ, соҳаҳои зиндагӣ, ба вижа заминаҳои ҳуқуқии он, бояд ба раванди ҷаҳонии муосир ҳамқадам бошад. Зиндагии орому осоиштаи мардум ва вазъи муътадили сиёсию иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд, ки сифати қонунҳои кишвар ва ҳамзамон корбасти онҳо дар сатҳи хуб қарор доранд. Қонун бояд инсонҳоро ба роҳи нек ва кирдори шоиста раҳнамо созад, ба тарбияи ахлоқиву ҷисмонии онҳо мусоидат кунад. Дину оин, ёдгориҳои таърихӣ, забону фарҳанг ва дигар суннатҳои миллӣи гузаштаву имрӯзаи мардумро танзим ва ҳифз намояд, ба хислат, гуфтору рафтори неки гузаштагони мо такя намуда, насли наврасро дар рӯҳияи ростӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ ба камол расонад.

Бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон амру фармон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ таҳия, қабул ва роҳандозӣ шудаанд, ки ба бештару хубтар аз бар кардани қонунҳо, бархӯрдор гардидани шаҳрвандон аз меъёрҳои онҳо ва камшавии қонуншиканӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд.

Татбиқу истифодаи дурусти қонунҳо ҳам барои мардум ва ҳам барои ниҳодҳои давлатӣ, шахсони мансабдор ва умуман барои ҷомеа муфид буда метавонад. Аз ин рӯ, ҳангоми омода намудани лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи ҳаёт шарт аст, ки вазифаҳои онҳо ба назар гирифта шавад. Пазируфтану корбасти дурусти қонунгузории кишварҳои пешрафта ба ҷалби сармоя, сайёҳон ва рушди соҳаҳои гуногуни кишвар мусоидат хоҳад кард.

Таҳия ва қабули Конститутсия дар Тоҷикистон низ таърихи рангину басо пурбор дорад. Воқеан ҳам, бо Конститутсияи демократӣ ва башардӯстонаашон тоҷикон ҳаёти худ ва Ватани худро марҳила ба марҳила ободу пешрафта намуданд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёд, сулҳдӯст ва ҷонибдори ҳамкории осоишта, дӯстӣ ва рафоқат муаррифӣ карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба Конститутсияи мамлакат, аз ҷумла чунин иброз доштанд:

«Раванду рӯйдодҳои замони муосир тақозо мекунанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дар маҷмӯъ меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳо ҳамчун воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ ҳамеша кӯшиш намояд. Зеро дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ва таъсири торафт афзояндаи равандҳои ҷаҳонишавӣ мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки тадбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем».

Дар ҳақиқат, ҳар як сокини мамлакатро мебояд, ки Конститутсияи ҷумҳуриро амиқ биомӯзад, онро эҳтиром намояд ва аз он ифтихор кунад.

Шарифова Ҳанифа - ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!