,
Чоршанбе, 05-ноябр
Аз дидгоҳи сиёсӣ, Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар вазъияти бӯҳрони шаддид қудрат пайдо кард, ки зимоми давлатдориро ба даст гирад ва роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намояд, ки пеши роҳи харобиро гирад. Аз инрӯ солҳо турнасо мегузаранду мардуми мо онро бо номи Иҷлосияи сарнавиштсоз ёд мекунанд, зеро ин иҷлосия дар марҳилае баргузор шуд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва ҳазорон ҳамватанони мо хонаҳои ободу Ватани биҳиштосои авлодиро монда бо дидаҳои гирёну дили сӯзон ба кишварҳои гуногуни дунё ҳиҷрат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар таърихи ҳаёти сиёсии аксар мамлакатҳои ҷаҳон ҳодисаҳое руй медиҳанд, ки ояндаи тараққиёти онҳоро муайян месозанд. Ба қатори чунин рӯйдодҳо бешубҳа, иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, метавон дохил намуд.
Бояд тазаккур дод, ки баъди ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи мушкили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, ба инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва танзими самарабахши ҳуқуқии онҳо халал мерасонд. Бо дахолати нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, ба бунёдҳои иҷтимоию давлатӣ ҳисороти бузурги сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ расонида шуд, ки кишвар бо оқибатҳои он то ҳол мубориза мебарад. Ин ҷанги хонумонсӯз тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишварро фаро гирифта, сабаби риоя нагардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ гардид, ки дар натиҷа тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гардида, бӯҳрони иқтисодию иҷтимоӣ тамоми ҷумҳуриро фаро гирифта буд.
Дар чунин шароит бо мақсади такмили ҳокимияти давлатӣ, нигоҳдорӣ ва рушди истиқлолият, инчунин муайян намудани самтҳои минбаъдаи инкишофи давлати нав зарурати гузаронидани Иҷлосияи ХVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) пеш омад.
Дар шароити ба вуҷудомада халқи тоҷик ҳамчун барандаи соҳибихтиёрӣ ва ягона сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ таҳдидеро, ки барои кишвар фаро мерасид, дарк намуда, азму иродаи бузург нишон дода, сарфи назар аз муносибати душманонаи баъзе давлатҳо барои истиқрори сулҳу осоиш дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи иҷтимоъию сиёсӣ азми бузург нишон дод. Қувваҳои ватандӯстӣ дохилӣ ва берунӣ, ки баҳри ба эътидол, вазъияти давлат мекӯшиданд, ба воситаи намояндагони интихобкардаи худ ба ин иҷлосияи тақдирсоз ноил гардиданд.
Табиист, ки Иҷлосияи ХVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик марҳалаи тақдирсозест, ки ба поёни ҷанги шаҳрвандӣ, ҳифзи давлатдории тоҷикон, ба эътидол овардани бӯҳрони сиёсӣ таъсири назаррас расонда, ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид.
Вазъи иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистонро дар арафаи ин иҷлосия тавсиф карда, метавон гуфт, ки дар охири солҳои 80-уми садаи гузашта дар Тоҷикистон оид ба масоили фарҳангӣ, умдатан забони тоҷикӣ баҳсҳо оғоз шуд. Нерӯҳои сиёсӣ пайдо шуданд, ки аз мавқеъҳои миллӣ-фарҳангӣ амал мекарданд. Дар ин солҳо мубориза барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ cap шуд.
Дар пасманзари ин ҳама, дар охири соли 1989 тазоҳуроту ҷамъомадҳои зиёиён бо талаби қабули қонун дар бораи мақоми забони тоҷикӣ шиддат гирифт. Гузашта аз ин, дар ин давра дар ноҳияҳои гуногуни Точикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пайдо шуданд, ки ба фаъолияти онҳо муаллимони мактабҳои олӣ, миёна ва махсус, мактабҳои маълумоти умумӣ, коркунони маданият, матбуот, савдо ва хизматрасонӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ҳамин замина бояд хотиррасон кард, ки дар он айём вазъият хеле душвор буд, зеро фаъолияти сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ комилан фалаҷ шуда буд. Мамлакат ба майдони муқовимат байни гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳи ғайриқонунӣ табдил ёфта буд. Дар чунин шароит ҳокимияти давлатӣ наметавонист ба таври бояду шояд фаъолият карда, барои ба эътидол овардани вазъи кишвар ва таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳо андешад.
Дар ҳамин замина бояд тазаккур дод, ки пас аз гуфтушуниду мубоҳисаҳои дуру дароз бо гуруҳҳои гуногуни мусаллаҳона, мақомоти давлатӣ, намояндагони сарони ИДМ Президиуми Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон 9 ноябри соли 1992 қарор кард: Иҷлосияи ХVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.
Воқеан, Иҷлосияи ХVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва рушди ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон аҳамияти ҳалкунанда доштанд. Таҳлили онҳо нишон медиҳад, ки онҳо чунин меъёрҳои мушаххасеро дар бар мегиранд, ки ба берун рафтани кишвар аз бӯҳрони хатарнок, пеш рафтани он бо роҳи рушди муосир, ба давлатдории демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ, ки ба принсипи тақсими қудрат асос ёфтаанд, мусоидат карданд. Вазифаи асосии иҷлосия аз он иборат буд, ки ноороми хотима ёбад, дар ҷумҳури роҳбарияте таъсис додашавад, ки қобилияти халқро аз паси худ бурда тавонад.
Чуноне ки рӯйдодҳои таърихии баъдӣ нишон доданд, ба унвони Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи давлатдории тоҷикон ва муттаҳидсозии мардуми тоҷик нақши барҷаста бозид. Сифатҳои баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садоқат ба кор, қобилияти пайдо кардани ҳамфикрӣ бо рақибони сиёсӣ имкон доданд, ки дар як муддати кӯтоҳ миёни мардум обрӯю эътибор пайдо кунад. Ин сифатҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияти сиёсӣ, Пешвои хирадманд ва Пешвои воқеии халқи тоҷик тавсиф мекунанд. Ҳамаи ин ба ӯ имкон дод, ки бо такя ба дастгирии васеи халқ, бо назардошти ҳифзи манфиатҳои мамлакат, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ қарорҳои иҷлосияи ХVI -уми Шурои Олии ҷумҳуриро тадриҷан ба ҳаёт татбиқ намояд.
Бо ташаббус ва талошҳои шахсии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ва пошхӯрии давлат қатъ гардида, ба ҷудоии миллати тоҷик аз рӯйи тақсимоти этникӣ хотима дода шуд, гурезагон ба макони зисти худ баргаштанд, тамомияти арзии кишвар нигоҳ дошта шуд. Идеяи сулҳу ваҳдати миллӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат ба миён гузошта шуда буд, аз ҷониби тамоми миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурии мо дастгирии васеъ пайдо кард.
Чунин ба назар мерасад, ки, аз гузашти солҳои таърихие, ки дар роҳи истиқлолият, ба роҳ мондани сохти нави давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳот ва рушди иқтисодиёт сипарӣ шуданд, бо итминон метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ба пояи дастовардҳои ояндаи халқи тоҷик ва давлатдории он хиштҳои аввалин гузоштааст. Ҷомеа аз кинояҳои хатарноки ҷудоӣ дур шуда, ба роҳи бунёдкоронаи ояндаи таърихӣ равона карда шуд.
Аз назари мо муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, албатта, аввалин қарорҳо ва қонунҳои қабулшударо номидан мумкин аст, ки дар қалби миллионҳо нафар тоҷикон умеди рафъи ҳарчи зудтари буҳронро бедор карданд. Пеш аз ҳама, ин қарорҳо дар бораи фавран бас кардани оташфишонӣ дар мамлакат, қонун дар бораи авф барои иштирокчиёни муқобала, супурдани яроқи оташфишон, ба ҷои истиқоматии доимии худ, баргаштани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ мебошанд.
Файзов Рамазон, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Кучаров Алихон-муаллими калони кафедра