,
Чоршанбе, 05-ноябр
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ-миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шуда, кафолат дода шудааст.
Аз ин рӯ, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадафи стратегии давлати тозабунёди Тоҷикистон гардид. Маҳз бо мақсади қабули қонунҳои нав ва дар ин замина таъмин намудани тағйироти куллии ҷомеа ва давлат дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки таърихи қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ба давраи басо ҳасосу муракаби солҳои 90-уми қарни гузашта, ки Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро барои бунёди давлати соҳибистиқлол ва аркони давлатдории миллӣ мегузашт, рост омад, он барои мустаҳкам намудани пойдевори андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.
Конститутсия на танҳо қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии хуқуқӣ ва махсусияти худ аз дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фарқ мекунад, ки ин хусусиятҳо ҳамчун сарчашмаи ягонаи қонунгузории Тоҷикистон мебошад. Бидуни Конститутсияи нав, ки асоси қонунҳои навро ташкил медиҳад, эҷоди қонунгузории нави давлати демократии ҳуқуқбунёд имконнопазир буд.
Бояд гуфт, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳадафҳои волои Конститутсия амалӣ шуда, барои аз байн бурдани хавфе, ки ба Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзиши кишвар ва ниҳоят ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, роҳи сулҳу субот боз гардид. Аз ин хотир метавон гуфт, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти миллиро доро мебошад пурра ҷавобгӯи талаботи нави замон буда, дар асл қонуни ваҳдати миллӣ ва рушду нумуи халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва роҳбарияти давлат, ба хусус Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамон солҳо эҳсос намуда буданд, ки бидуни сулҳу оромии ҷомеа, бе ваҳдати миллӣ, амният ва устувории ҷомеа ҳалли вазифаҳои муҳими давлат дар бобати гузариш ба давраи нави таърихӣ ғайриимкон буд.
Аз ин хотир метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ қонуни ваҳдати миллӣ ва рушднамои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Солҳои татбиқи минбаъдаи меъёрҳои Конститутсия нишон доданд, ки ҳадафҳо ва мазмуни Конститутсия пурра ҷавобгӯи талаботи нави замон буда, инкишофи ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро дар самтҳои мухталиф дар заминаи ҳуқуқӣ таъмин намуданд.
Қабули ин санади олӣ дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёдии давлати тозабунёди тоҷикон, шакли иродаи ҳуқуқи ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ мебошад ва ҳар қадар солҳо моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебарад ҳамон қадар муҳимияти таърихии он дар эҳёи давлатдории миллӣ ва пойдории ҳокимияти конститутсионӣ воло мегардад.
Гуфтаҳои боло далели онанд, ки Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон барои таъмини ваҳдати миллӣ, якпорчагии ҳудуди миллӣ, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, амният, адолати конститутсионӣ, иқтидори мудофиавӣ, фарҳангӣ-миллӣ ва анъанаҳои тамаддунӣ нақши ҳаётан муҳим дорад. Конститутсияи нахустин ҳуҷҷати миллии тоҷикон мебошад, ки ба суннатҳои миллӣ такя намуда, аз ваҳдат, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ пуштибонӣ менамояд.
Ин санади олӣ манфиатҳои миллии мардуми бошарафи Тоҷикистонро дар худ таҷассум намуда, аз конститутсияҳои қаблӣ, ки дар таърихи низоми идоракунии давраҳои мухталифи кишварамон солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 қабул гардиданд, тафовути куллӣ дорад. Бинобар он, ки арзиши Конститутсияи имрӯза дар пойдори давлати мустақили мо беҳамто мебошад ва бо гузашти солҳо мазмуну моҳияти навро касб мекунад, ки онҳо барои рушди Тоҷикистон соҳибистиқлол ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд.
Пеш аз ҳама, тафовути муҳим аз конститутсияҳои қаблӣ дар он аст, ки орзуву омоли гузаштагони мо, ки солҳои тулони мустақилияти комил ва рамзҳои давлати миллиро интизор буданд, ҷомаи амал пушид. Зеро барои расидан ба истиқлоли комил халқи мо роҳи тулонии таърихиро паси cap намуда, ба роҳи ин фазоили шукуҳманди таърихӣ бо чашми умед нигарон буд ва имрӯз ҳодисаҳое, ки дар ҷаҳони мутамаддин рух дода истодаанд, шаҳодати онанд, ки дар ин масири таърих вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як халқу миллати худшинос ин ҳамаҷониба эмин нигоҳ доштани падидаи муқаддас ба ном истиқлол ва давлати миллӣ мебошад.
Қабули Конститутсия навин ба истиқлолияти комил мушараф гардидани мо хусусияти хосса дод, ба низоми муайяни арзишҳо таъсири босазое гузоштааст. Ба ҳар як давлату миллат дар масири таърих ба ворид шудан ба раванди ҷаҳонишавӣ ташаккулу рушд кардан ҳамчун давлати миллии муосир душвор буда, дар ин раванд хоҳ нохоҳ ба омезиши фарҳангҳои гуногун ба фарҳанги миллӣ дучор мегардад, ки ин албата ба мафкураву фаҳмиши ҳар як инсон таъсири худро мегузорад. Мо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ки тамоми кувваю нерӯи зеҳнии хешро барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, арзишҳои фарҳангу суннатҳои миллӣ сарф намоем ва ҳамеша дӯстдори давлату миллати хеш бошем.
Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Мирзоев Субҳон – омӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байнамилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ