,
Якшанбе, 02-ноябр
«Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Эмомалӣ Раҳмон
Давраи нави инкишофи конститутсионии Тоҷикистон бо марҳилаи бозсозии ҷамъияти шӯравӣ, ҷараёни тайёр кардани лоиҳаи шартномаи нави иттифоқӣ ва дар асоси он коркардабароии лоиҳаи консти¬тутсияи нави ИҶШС рост меояд.
Тақозои замон чунин буд, ки кори тайёр кардани лоиҳаи конститутсия бо ташаббуси мақомоти олии ҳизби коммунистӣ cap шуда, дар зери назорати онҳо давом мекард. Ин дафъа ташкилотчии ин кор дастгоҳи KM ҲK Тоҷикистон буд. Фақат баъди интихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум (феврал-марти соли 1990) ин кор ба ӯҳдаи кумитаи қонунгузории Шурои Олии Тоҷикистон гузошта шуд.
Қадами аввал барои амали гардонидани ин мақсад қабули Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 гардид. Дар он истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва чораҳои амали гардонидани он эълон карда шуданд. 9 сентябри соли 1991 Эъломияи мазкур бо ҳолатҳои наве ғани гардонида шуд, ки онҳо заминаҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар ҳайати ИҶШС боз ҳам васеъ гардониданд. Баъди барҳамхӯрии иттиҳоди ҶШС ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳое дароварда шуданд, ки онҳо соҳибихтиёрии пурраи ҳуқуқии Тоҷикистонро ба расмият дароварданд.
Мувофиқи қарори Шурои Олии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 комиссияи конститутсионӣ оид ба тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи нави Тоҷикистон бо сардории Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Қ. Маҳкамов дар ҳайати 53 нафар ташкил ёфт.
Бо ташаббуси кумитаи қонунгузории Шурои Олии Тоҷикистон дар назди кумитаи конститутсионӣ гурӯҳи кори иборат аз 25 нафар, асосан аз шумори олимони намоёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисодиёт, илму фарҳанг ва ғайра ташкил ёфт.
Тобистони соли 1991 онҳо вариянти аввали лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он аз муқаддимаи мухтасар, 7 фасл, ки баъзеи онҳо ба бобҳо ҷудо мешуданд, иборат аз 150 модда тайёр карданд. Давоми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон моҳиятан ба сабаби барҳам хӯрдани ИҶШС мавқуф гузошта шуд.
Давраи дуюми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди барҳамхӯрии ИҶШС ва дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун давлати соҳибихтиёр сар шуд. Мувофиқи қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3- юми январи соли 1992 ба ҳайати коммисияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд. Раиси комиссия Президент Р. Набиев тасдиқ гардид. Мувофиқи амри Президент аз 10-уми феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ дар ҳайати 9 нафар ташкил ёфт.
Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрели соли 1992 дар матбуот барои муҳокима интишор гардид. Муҳлати ҷамъбасти муҳокима 1-уми июли соли 1992 муқаррар шуд. Лоиҳаи мазкур аз муқаддимаи мухтасар, 7 фасл, ки баъзеи онҳо ба бобҳо ҷудо мешуданд, аз 12 боб ва 136 модда иборат буд.
Саршавии давраи сеюми кори тайёр кардани лоиҳаи Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарори Иҷлосияи 17-уми Шурои Олӣ аз 26 июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати камиссияи конститутсионӣ алоқаманд аст. Мувофиқи қарор раиси комиссияи конститутсионӣ Эмомалӣ Раҳмонов - Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 4-уми сентябри ҳамон сол якумин маҷлиси ин комиссия барпо гардид ва дар он зарурияти аз нав cap кардани кор оид ба лоиҳаи Конститутсия қайд гардид. Супориш дода шуд, ки гурӯҳи кории нав ташкил карда, лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуди тайёр карда шавад.
Дар аввали моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи конститутсияи навро дар ду вариант: лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии президентӣ; лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии парлумониро гурӯҳи кории комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард. Комиссияи конститутсионӣ баъди омӯхтану муҳокимаи онҳо ба муҳокимаи мардум пешниҳод кардан варианти лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии президентиро тавсия кард.
Шурои Олӣ бо қарори худ аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаро интишор кард ва ба комиссияи конститутсионӣ супориш дод, ки таклифу эродҳои мардумро оид ба такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирад ва ба лоиҳа тағйиротҳои лозимӣ дароварда, то якуми июли соли 1994 онро ба Раёсати Шурои Олӣ пешниҳод намояд. Лоиҳаи конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардид ва муҳокимаи он оғоз ёфт. Лоиҳа иборат аз муқаддимаи мухтасар, 10 боб ва 100 модда буд. Дар он бисёр меъёру ҳолатҳои лоиҳаи соли 1992 ба муҳокимаи мардум пешниҳод гардида инъикос ёфта буд. Баробари ин, баъзе меъёрҳои ҳислати демократӣ дошта аз он партофташуда, меъёрҳо дар хусуси вазъи ҳуқуқии ВМКБ умуман аз матни ин лоиҳа берун монда буд. Ва фақат баъди таклифҳои боисрори намояндагони ВМКБ ва аъзоёни комиссияи конститутсионӣ ба лоиҳа боби 7 дар бораи ВМКБ дохил карда шуд. Дар нимаи аввали моҳи июли соли 1994 комиссияи конститутсионӣ варианти ислоҳшудаи лоиҳаро маъқул дониста ва барои ба Шурои Олӣ тавсия кардан ба Раёсати он пешниҳод намуд. 21-22 июл Конститутсия дар Иҷлосияи 19-уми Шурои Олӣ муҳокима гардида, ба раъйпурсӣ тавсия карда шуд.
Лоиҳаи ба раъйпурсӣ пешниҳод гардидаи Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат буд. 7 сентябри соли 1994 иҷлосияи 20-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати анҷоми раъйпурсиро аз 25-уми сентябр то 6 ноябр дароз кард.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Натиҷаи расмии раъйпурсӣ чунин буд: дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 нафар 94,4% ширкат варзиданд. Ба тарафдории Конститутсия 2352554 нафар, ё ки 87,59%, муқобили Конститутсия 105300 нафар, ё ки 3,92% овоз доданд. Бо ҳамин натиҷа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 маъқул дониста шуда, ба амал даромад.
Бо дарназардошти инкишоф ва пешрафти ҷомеа, рушди забони давлатӣ, боз ҳам демократикунонии давлат, баланд бардоштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба инобат гирифтани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак» ба Конститутсия даврони соҳибистилолии кишвар 3- маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Бори аввал 26-уми сентябри соли 1999 буд, ки ба 29-моддаҳои Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Бори дуюм 22-юми июни соли 2003 буд, ки ба 54-моддаҳои Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Бори сеюм 22-юми майи соли 2016 буд, ки дар ин давра ба зиёда аз 32-моддаҳо ва 47-бандҳои дахлдори Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Ин тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридкардашуда имрӯзҳо дар баланд бардоштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ саҳми боризи худро гузошта истодаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар фазои идона ва дастовардҳои бузурги меҳнатӣ, рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пешвоз гирифтани ҷашни 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест. Зеро Конститутсия ин ифодаи иродаи халқи тоҷик буда, орзуву омоли ҳазорсолаҳои гузаштагони халқи мо дар роҳи расидан ба истиқлолият комили давлатдорӣ, боандеша ва арзишҳои миллӣ ва арзишҳои пазируфташудаи байналмилалӣ бунёд намудани давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудонашавадаи ҷомеа ҷаҳонӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор эътироф намуда, мақсад ва вазифаҳои таърихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар эълон намуд. Ин санади муҳими сиёсӣ ва эътибори олии ҳуқуқӣ дошта принсипҳои асосии бунёди давлати миллӣ, пешбурди давлатдорӣ ва низоми онро бо нақш ва ҳузури се шохаи ҳокимияти давлатӣ танзим намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф карда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир ҳисоб намуд.
Барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бори нахустин дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии кишвар се шохаи ҳокимияти давлатиро ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимият пазируфта, онро бо якдигар дар баробарӣ аз ҳамдигар эълон кард. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши созанда ва офарандаи Конститутсияи мамлакат, иброз доштанд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тоза истиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Мавриди зикр аст, ки бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ҳамчун самти стратегии фаъолияти давлати Тоҷикистон низ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, чунон чи тибқи қисми дувуми моддаи 1 Конститутсия: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Вобаста ба ин, Конститутсия дар баробари дигар соҳаҳои муҳими ичтимоӣ ба илму маориф низ бетафовут набуда, дар моддаи 41-и худ ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони мамлакатро ба таҳсил эълон доштааст. «Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррар намудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад».
Дар баробари ин бо мақсади мустаҳкам намудани меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионӣ ва баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои давлат дар самти илму маориф дар заминаи Конститутсия якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба ин санадҳо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ», Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» ва садҳо санадҳои зериқонунӣ дар ин самт мисол шуда метавонанд.
Ҳар сол дар буҷаи давлатӣ зиёд шудани маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудогардида, ки ба ин намуди таҷриба дар ягон давлатҳои пасошӯравӣ рӯ ба рӯ шудан имкнонопазир аст. Ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар кишварҳои аврупоӣ, қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ аз дастовардҳои муҳими соҳаи маориф арзёбӣ мегарданд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи мамлакат барои рушд ва таҳкими минбаъдаи мактаб ва маориф шароити муҳими сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Дар баробари ин, рушди бонизом ва босифати соҳаи мактабу маорифро бе шахси онро ба амал бароранда низ тасаввур кардан мумкин нест ва дар маркази ислоҳоти соҳаи мактабу маориф бояд омӯзгор қарор дошта бошад. Танҳо аз сатҳи баланди фаъолияти омӯзгор мо метавонем дар оянда ба кадрҳои баланд ихтисоси барои давлату миллат манфиатбахш умед бандем. «Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад» - таъкид доштани Роҳбари давлат аввалан аз дарки ҷой ва нақши омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон дарак диҳад, баъдан он шаҳодати аз ҷиҳати касбӣ боз ҳам боло бардоштани мактаб, маориф ва илм мебошад. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи омӯзгор дар маҷлиси ҳукумат муҳокима карда ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд (соли 2025).
Татбиқи амалии муқаррароти Конститутсияи мамлакат, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои ҳамешагии Роҳбари давлат дар соҳаи маориф аз масъулини соҳаи мактабу маориф, махсусан омӯзгорони кишвар муносибати ҷиддиро нисбати норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ тақозо дорад. Зеро вақти он расидааст, ки корҳои назарраси дар ин соҳа ба анҷом расида, аз қабили: сохтмон ва бунёди мактабҳои нави замонавӣ, сол аз сол афзудани таъминоти моддию техникии муссисаҳои таълимӣ, махсусан таҷҳизонидани онҳо бо техналогияи нави муосир, боло рафтани сатҳи ичтимоии омӯзгорон бояд дар таълим ва тарбияи насли наврас нақши назаррас дошта бошанд.
Ин ду раванд, яъне афзоиши бемайлони таъминоти базаи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи мактабу маориф ва боло рафтани сатҳи ичтимоии омӯзгорон аз як тараф, аз тарафи дигар баланд гаштани сифати таълим ва тарбияи насли наврас бояд бо ҳам алоқаи ногусастанӣ дошта, давоми мантиқии ҳамдигар бошанд. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем аз сатҳ ва сифати мактабу маориф ва таълим дар кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, муқаррароти Конститутсияи мамлакатро дар соҳаи мактабу маориф ва таъмини ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба дараҷаҳои гуногуни таҳсилот ба амал барорем.
Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 31 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Абдуллоев Маҳмуд Холович-профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ