, Шанбе, 14-декабр

АЗ ТАЪРИХИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 04.03.2023 248

АЗ ТАЪРИХИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Имрӯз терроризм ва эктремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бисёре аз муҳаққиқон ва сиёсатшиносон давраи инкишофи терроризм ва экстремизмро ба 3 марҳила ҷудо кардаанд.

  1. Аз асрҳои миёна то аввалҳои давраи Эҳё;
  2. Аз давраи Эҳё то асри ХIХ;
  3. Аз асри ХIХ то ба имрӯз.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун як зуҳуроти зишттарин дар ҷомеаи инсонӣ таърихи дуру дароз дорад. Он дар охири асри XX, дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ва рушд ёфта, алҳол барои аксар кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз хатарҳои мудиҳштарин табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти номатлуб минтақаҳои зиёди оламро валангор сохта, одамони зиёдро аз ҷои зисти аҷдодии худ маҳрум намуда, амалҳои пасттарину зишти номатлубро ба насли инсон раво мебинад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар ҳар як суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша ин зуҳурот ва ё пешаи аҳриманиро, ки дар аксари минтақаҳои Осиёву Африка ва Аврупову Амрико доман густурда, ба мисли вабои сироятбор ҳамарӯза ҳудуди маргбори худро паҳн мегардонад, маҳкум намуда, аз ҷаҳониён даъват ба амал меоранд, то бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд. Аз ҷумла дар Паёми имсолаашон низ ба Маҷлиси Олии ҶТ иброз доштанд, ки: “Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҷоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст.”

Дар ҳаққиқат, агар ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, метавонанд сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халалдор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида, фарҳанги минтақаҳои гуногунро коста гардонанд. Тоҷикистон барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои умумиҷаҳонӣва баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори муносибатҳои дохиливу хориҷии худ тадбиру чораҳои муассир меандешад.

Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд 25-уми майи соли 2018 дар Душанбе «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез» доир гардид, ки меҳмонони зиёде аз хориҷи кишвар дар он ширкат доштанд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэтимоди байналмилалӣайни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ташкилоти террористӣ амал мекунанд, ки дорои шабакаи фаромилӣ ва муташаккили сохторӣ буда, ҳамасола дар соҳаи терроризм ва экстремизм аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад.

Мувофиқи маълумот дар дунё аз соли 1968 то соли 1980 зиёда аз 6700 амалҳои террористӣ амалӣ шудааст, ки дар онҳо 3668 нафар ҳалок гардиданд.

Дар солҳои 1982 то 2002 дар ҷаҳон наздики 300 амалҳои террористӣ аз ҷониби террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудааст, ки дар натиҷа беш аз 3000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар соли 2011, дар маҷмӯъ дар 70 давлати ҷаҳон зиёда аз 10000 амалҳои террористӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи онҳо зиёда аз 12500 ҳазор одамон ҷон бохтаанд.

Дар соли 2005 дар ҷаҳон 11111 амалиёти террористӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 16600 нафар кушта шудаанд.

Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм ҳамарӯза домани нопок ва ғаразноки худро васеъ намуда истодааст.

Он ҳодисаҳои нохуше, ки аз ҷониби террористон анҷом дода шудааст, аз ёди аҳли башар ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд, дар мисоли он ки 14-15-уми майи соли 1974 амали террористӣ дар Исроил, ки боиси марги 25 нафар ва захмдоршавии 66 нафар гардид; 24-уми марти соли 2001 дар сарҳади Русияву Чеченистон автомобил тарконида шуд, ки дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва 100 нафар захмӣ гардиданд; 26-уми ноябри соли 2008 дар Ҳиндустон (Тоҷмаҳал) амали террористии хеле даҳшатнок рух дод, ки дар натиҷа тақрибан 166 нафар фавтида, зиёда аз 600 нафар захмӣгардиданд; 16-уми декабри соли 2014 дар Пешавар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, дар муассисаи таълимӣамали террористӣ анҷом дода шуд, ки дар натиҷа 147 нафар кушта шуд ва аксари онҳоро кӯдакон ташкил медоданд; амали террористии рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 дар ИМА баамаломада дар таърих яке аз даҳшатноктарин мебошад, ки дар натиҷаи он зиёда аз 2993 нафар ҷони хешро аз даст доданд ва тақрибан 8900 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Боиси таассуф аст, аъзоёни бузургтарин гурӯҳҳои террористӣ ва эктремистии сатҳи ҷаҳонӣ зиёдтар аз номи поки дини мубини ислом баромад намуда, ҷавонони гумроҳи камсавод ва онҳое, ки фарҳанги пасти динӣ доранд, ба тарафи худ ҷалб намуда, ба онҳо ваъдаи пулу моли бардурӯғ дода, фатво медиҳанд, ки гӯё бар ин амалҳои зишташон дохили ҷаннат мегардида бошанд, ҳол он ки дохили ҷаннат ва ҷаҳаннам шудани кадом инсонро Худо худ медонаду бас, вале онҳо дар асл номи поки дини исломро доғдор месозанду халос, зеро дини ислом худ шиканҷа ва куштори одамони бегуноҳро маҳкум месозад.

Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи таълимоти дини ислом ва китоби бузурги он «Қуръон» куштани инсон ва рехтани хуни ноҳақ бисёр гуноҳи азим аст. Чунон ки Худованд мефармояд: «Ҳар инсоне, ки барқасдона инсонеро мекушад, ҷояш ҷаҳаннам буда, дар он ҷо то абад хоҳад монд. Аллоҳ бар ӯ ғазаб ва лаънату нафрин карда, барояш азоби алимро муқаррар мекунад». (Қуръон 4, 93).

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин бора чунин иброз доштаанд: «Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳама гуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти глобалии имрӯза, аз қабили терроризм ва эктремизм мебошад».

Боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби кам доштани донишу фаҳмиш, заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ба доми чунин навкарони шайтон-аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро шӯр месозанд. Агар пеши роҳи чунин кирдорҳо гирифта нашавад, оқибатҳои нохубро дар пай доранд.

Дар шароити имрӯз якчанд масъалаҳое ҳастанд, ки баъзан сабабгори шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, умуман гурӯҳҳое, ки характери таҷовузкорона доранд, мегардад. Яке аз чунин масъалаҳои ҳалталаб тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи идеалҳои олии истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Албатта, дар шароити имрӯза як қатор монеаҳо ва мушкилоте ҳастанд, ки садди роҳи ҷараёни тарбия мегарданд. Новобаста ба ин, фикр мекунем, ки тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ метавонад садди роҳи шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ гардад.

Мушкили дигаре, ки сабаби шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад, ин нобаробарии дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданияти сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки қисме аз шаҳрвандони мо ба моҳияти истиқлолият, худшиносӣва ваҳдати миллӣ сарфаҳм нарафта, ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии террористӣ мепайванданд.

Дар ин набард моро зарур аст, ки дар раванди тарбияи шаҳрвандон бар он муваффақ гардем, то дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии ҳар як шаҳвандро баланд бардорем, чунки ҳама мардуми Тоҷикистон ба моҳият ва мазмуни истиқлолият, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ сарфаҳм рафта тавонанд. Дар чунин ҳолат вазифаҳои ҷомеаи демократӣ, адолати иҷтимоӣ ва равандҳои асосии эҳёи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ то рафт мустаҳкам мегардад ва ҳеҷ як гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар мубориза бо мо муваффақ шуда наметавонанд.

Ман пешниҳод менамоям, ки чунин корҳоро анҷом додан барои садди роҳи шаҳрвандонро гирифтан аз пайвастшавӣ ба ташкилотҳои террористӣ муҳим аст:

- Давра ба давра зиёд намудани ҷойҳои корӣ, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣва варзишӣ, барои ҷавонону наврасон;

- Роҳандозӣнамудани чорабиниҳои тарбиявӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни волидайн;

- Ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар кардани фаъолияти хадамоти муҳоҷират, омода намудани муҳоҷирони корӣ ба талаботи бозори меҳнат;

- Мубориза бо фасодкорӣ ва ришвахурӣ дар ҳама сохторҳои давлатӣ, махсусан дар муассисаҳои таълимӣ;

- Баланд бардоштани масъулияти падару модар ва назорати ҷиддӣ аз болои фарзандон;

- Назорати ҷиддӣ аз болои фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ;

- Ҳамкории аҳолӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва эътимод байни онҳо;

-  Ҳамоҳангсозии тарбияи ахлоқии ҷомеа бо тарбияи ҳуқуқӣ;

- Муборизаи тамоми қишри ҷомеа алайҳи терроризм ва экстремизм;

- Баланд бардоштани сатҳи дониши дунявӣ, динӣ ва маърифати ҳуқуқӣ;

- Дуруст ба роҳ мондани тарбияи оилавӣ;

- Мукаммал гардонидани фарҳанги иттилоотии аҳолӣ.

Халқи тоҷик аз азал халқи дорои таъриху фарҳанги ғанидошта маҳсуб ёфта, дар ягон давру замон истиқлолият ва ваҳдати ҳеҷ давлатеро халалдор насохтааст. Тоҷикон ҳамеша баҳри пос доштани таъриху фарҳанг ва ҳифзи истиқлолияту ваҳдат ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро мебояд, ки ҳамеша бар ин ватану ин меҳан содиқ бошем ва ҳамеша бар зидди зуҳуроти имрӯза-терроризм ва эктремизм мубориза барем. Чунки терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои шуми замони муоссир ба шумор рафта, ба бақои одаму олам таҳдид мекунанд.

Исфандиёр БАДАЛОВ, докторанти PhD-и факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат