, Шанбе, 01-ноябр

ЁДЕ АЗ МУАРРИХИ ТАВОНО-АХМЕДОВ ПАРТОВ


ЁДЕ АЗ МУАРРИХИ ТАВОНО-АХМЕДОВ ПАРТОВ

Имсол аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 80 сол пур шуд. Басо рамзист, ки ин ҷашни таърихӣ ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Воқеан ҳам, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҷумҳурӣ яке аз муассисаҳои таълимии олии касбӣ ба шумор меравад. Донишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ барои қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ, коллеҷҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии соҳа дар кишвар нақши муассир дорад. Айни замон дар донишгоҳ шуъбаи магистратура аспирантура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), Шурои диссертатсионии дифои рисолаҳои илмӣ фаъолият дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самараи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Эҳтирому арҷгузорӣ ба мақоми муаллим яке аз умумиятҳои тамоми миллату давлат буда, бо забонҳои гуногуни олам дар ситоиши омӯзгору устод садҳо ҳазор сипоснома дар қолаби шеъру таронаву достону роман эҷод гардидааст. Дар ин гуфтор мехоҳам бо зикри чанд фазилати яке аз омӯзгорони шинохтаи ҷумҳурӣ андешаи худро баён намоем.

Аҳмедов Партов (тав. 10 майи соли 1940, деҳаи Лангари ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон - ваф. 7 майи соли 2012, шаҳри Кӯлоб) шахси маъруф ва омӯзгори пуртаҷриба буд. Ӯ аз хонадони кандакорон буда, тамоми умри худро ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли ҷавон бахшидааст.

Пас аз хатми мактаби миёна (солҳои 1948-1958), Партов Ахмедов таҳсилашро дар факултети забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) идома дода, соли 1968 онро бо муваффақият хатм намуд.

Фаъолияти меҳнатии ӯ аз омӯзгорӣ оғоз ёфта, солҳои зиёд дар соҳаҳои гуногуни маориф ва идоракунии давлатӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1968-1974 ӯ ҳамчун омӯзгор ва муаллими калони кафедраи таърих ва коммунизми илмии ИДПК кор кард. Минбаъд, солҳои 1974-1977 дар Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон фаъолият бурда, сипас барои таҳсил ба Мактаби олии партиявии шаҳри Тошкент фиристода шуд (1977-1979).

Пас аз бозгашт, солҳои 1979-1988 ба ҳайси мудири бойгонии партиявии назди Кумитаи ҳизбии шаҳри Кӯлоб кор кард. Солҳои 1988-1992 ӯ мудири шуъба ва ёрдамчии Кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб буд.

Пас аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, солҳои 1993-2000 Партов Ахмедов ба фаъолияти омӯзгорӣ баргашта, директори мактаби миёнаи №19 ноҳияи Муъминобод ва ҳамзамон муаллими фанни таърих буд. Аз соли 2000 то поёни умр (2012) ҳамчун муаллими калони кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намуд.

Партов Ахмедов омӯзгори соҳибтаҷриба, инсони меҳнатдӯст ва шахсияти босадоқат буд, ки дар тарбияи даҳҳо мутахассисони соҳаи таърих ва маорифи кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Бо медали «Ветерани меҳнат» (1989) сарфароз гардидааст.

Муаллифи беш аз 112 мақолаҳои илмӣ ва публисистӣ доир ба таърихи вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлобро дастраси хонандагон гардонидааст.

Асару мақолаҳои  Ахмедов Партов дорои арзишҳои волои илмӣ-омӯзандагӣ ва тарбиявӣ-таълимӣ буда, барои пешрафти илми тоҷик ва таъриху тамаддуни он як саҳми бузурге доранд.

Мусаллам аст, ки дар як матлаби чандсаҳифаӣ имкони дар бораи фаъолияти корӣ ва илмии Ахмедов Партов ба таври васеъ маълумот додан бисёр маҳдуд аст, лекин умедворем, ки ин навиштаи мухтасар шаммае аз рӯзгори ибратомӯзи устоди зиндаёд аст. Устод то дами марг дониши бузург, муоширати воло ва нодирро доро буд ва дар хурдтарин рафтору гуфтораш аз маърифат лабрез буд.

Шахсияте, ки буданаш ва зистанаш дар замони мо боиси ифтихори ҳамагон буд ва баъд аз маргашон мо бо номи устод ифтихор мекунем.

Руҳу равони устод шод бод!

Раҷабова Дилбар, ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!