,
Панҷшанбе, 30-октябр
Ибодов Маҳмадулло Орифович, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фалсафа
Таърихи таъсисёбии кафедраи фалсафаи Донишгои давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чун таърихи донишгоҳ ду давраро дарбар мегирад:
Давраи Шуравӣ
Фалсафаи замони Шуравӣ новобаста аз баъзе норасогиҳои ҷойдошта, барои ошноии зиёиёни тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла зиёиёни тоҷик бо фалсафаи ҷаҳони муосир аз манфиат холӣ набуд. Дар он давра, фалсафа ва илмҳои таркибии он: мантиқ, этика, эстетика, таърихи дин, фарҳангшиносӣ, фалсафаи табиатшиносӣ ва ғайра бемайлон рушд меёфтанд. Ин натиҷаи мададу ҳамкориҳои тамоми ҷомеашиносони давраи Шуравӣ буд ва онро беэтибор донистан аз рӯи инсоф нахоҳад буд.
Ташаккул ва рушди фалсафаи муосири тоҷик асосан аз солҳои баъд аз Ҷанги дуюми ҷахон оғоз гардида буд. Дар солҳои баъдиҷангӣ таъсисёбии донишкадаҳо, филиалҳо, омӯзишгоҳҳо, кафедраҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ сурат гирифта буд. Аз ҷумла, 15-уми августи соли 1945 Ҳукумати Тоҷикистон қарори махсусро «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб» қабул намуд, ки 80-солагии онро моҳи октябри соли 2025 ботантана ҷашн гирифтем.
Дар соли таҳсили 1947-1948 нахустин бор кафедраи «Асосҳои марксизм - ленинизм» таъсис дода шуд, ки таълими фанҳои фалсафа низ дар дохили он ба роҳ монда шуда буд. Аввалин мудири он Ҳоҷибобо Ортиқов ва аъзоёнаш А.Сиддиқов, Б.Ғ. Боғиров, Б. Шарифзода буданд. Кафедраи мазкур дар рушди донишҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ ва тарбияи маънавии омӯзгорону донишҷӯён саҳми арзанда гузоштааст. Дар бойгонии донишгоҳ дафтари фармони аввалин ректори донишкада Раҳмон Каримов таҳти №82, аз 1-октябри соли 1947 «Оид ба муайян намудани сарбории устодон ва омӯзгорони донишкада дар соли хониши 1947-1948» нигоҳ дошта шудааст, ки дар он масъалаҳои ба низом даровардани раванди таълим, муайян намудани сарбориҳои нимсола ва солонаи аъзоёни 5 кафедра, аз ҷумла, кафедраи «Асосҳои марксизм - ленинизм» дарҷ гардидаанд, ки ин аз қадамҳои аввалини фаъолияти кафедраҳои навтаъсис гувоҳӣ медиҳад.
Дар соли таҳсили 1949-1950 дар асоси замина ва имкониятҳои баамаломада, кафедраи «Асосҳои марксизм- ленинизм» ба ду кафедра: «Асосҳои марксизм - ленинизм» ва «Таърихи халқҳои ИҶШС» ҷудо гардид. Аз ноябри 1950 то феврали 1951 мудирии кафедраи «Асосҳои марксизм - ленинизм»-ро Б.Т. Абдураҳимов ба ӯҳда дошт. Дар кафедраи мазкур чеҳраҳои шинохтаи ҳамон давра X. Маҳмадназаров, А. Сиддиқов, Ғ. Ятимов, М. Шукуров, Ҳ. Боғиров кор ва фаъолият менамуданд. Онҳо дар донишкада ва байни аҳолӣ дар сафи пеши паҳнкунандагони донишҳои идеявӣ-сиёсӣ, фалсафӣ ва фарҳангӣ қарор доштанд. Хизматҳои онҳо бо ордену медалҳо, ифтихорномаҳои гуногун қадр карда шудааст. 19 феврали соли 1951 мудири кафедраи «Асосҳои марксизм - ленинизм» Б.Т. Абдураҳимов муовини директор оид ба таълим таъйин мегардад ва аз вазифаи мудирии кафедра озод карда мешавад. Роҳбарии кафедраро муваққатан X. Маҳмадназаров, ки директори донишкада буд, иҷро менамояд. Дар ин давра, дар ҷодаи такмили ҷараёни таълиму тарбия, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ ва кадрии донишкада натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, шумораи омӯзгорону донишҷӯён афзуд, кафедраҳо, лабораторияҳо, кабинетҳои нав таъсис дода шуданд. Бо дархости раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишкада ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлуи донишкада, ҳоло кӯчаи ба номи Сангак Сафаров-16 ду бинои дуошёна сохта ба истифода дода мешавад, ки ин барои даъват намудани кадрҳои унвони илмидошта ба донишкада ба таври воқеъӣ мусоидат намуд. Натиҷаи чунин ғамхорӣ буд, ки аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, вилоятҳои Суғд ва Бадахшон олимон ва мутахассисони варзида ба кор омаданд. Аз ҷумла, иқтидори кадрии кафедраи «Асосҳои марксизм-ленинизм» бо ташрифи олимони намоёни ҷумҳурӣ М. Назаршоев ва Қ. Собиров пурқувват гардид. Онҳо дар тайёр намудани омӯзгорони ҷавони маҳаллӣ дар соҳаи фанҳои ҷомеашиносӣ, аз ҷумла таъриху фалсафа саҳми арзанда гузоштаанд. Масалан, яке аз олимони таърихшиноси донишгоҳи мо, доктори илми таърих М. Абдуллоев шогирди М. Назаршоев мебошад, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни маъмурии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ софдилона адои вазифа намуда истодааст.
Дар солҳои 1951 - 1953 талаботи мактабҳои собиқ вилояти Кӯлоб ба кадрҳои омӯзгорӣ рӯз то рӯз меафзуд ва маълум мегардид, ки Донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунӣ ин талаботро пурра қонеъ карда наметавонад. Бо назардошти ин ҳолат, раёсати Донишкада, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи шаҳр ва собиқ вилояти Кӯлоб, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба мақомоти болоии собиқ Ҳукумати ИҶШС оид ба Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ табдил додани Донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунӣ борҳо таклифу дархостҳо ирсол намуда буданд. Хушбахтона, ин таклифу дархостҳо аз ҷониби роҳбарони собиқ Ҳукумати ИҶШС дастгирӣ ёфтанд ва 7 августи соли 1953 фармони Вазорати маорифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти №1373 «Дар бораи барҳам додани Донишкадаи муаллимтайёркунии дусолаи шаҳри Кӯлоб ва дар заминаи он ташкил намудани «Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ» баромад ва директори он мудири кафедраи «Асосҳои маркизм - ленинизм» Ашраф Сиддиқов таъйин гардид. Вобаста ба ин тағйироти муҳими маъмурӣ, зарурати кушодани факултетҳо, кафедраҳо, ихтисосҳо, лабораторияҳо, кабинетҳои нав, таҳия намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ, зиёд намудани теъдоди адабиёти илмӣ, таълимӣ, методӣ ва тарбия намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба миён омад. Аз ҷумла кафедраи «Асосҳои марксизм - ленинизм» чун қисми таркибии донишкада, ки дар давоми солҳои тӯлонии мавҷудияти худ дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ саҳми арзандаро гузошта буд, ба кафедраҳои мустаъқили фалсафа, таърихи иҷтимоӣ - сиёсӣ, коммунизми илмӣ, иқтисоди сиёсӣ ҷудо мегардад.
Чунонки аз таҳлили дар боло зикргардида муайян гардид, кафедраи фалсафа таърихан дар соли таҳсили 1947-1948 бо номи «Асосҳои марксизм-ленинизм» таъсис ёфта ва то соли 1966 арзи вуҷуд дошт. Дар ин давра, ба он педагогҳои шинохтаи ҷумҳурӣ Ҳ. Ортиқов, Т. Абдураҳимов, А. Сиддиқов, X. Маҳмадназаров, К. Собиров, М. Назаршоев роҳбарӣ намуда буданд. Саҳми онҳо дар мустаҳкам намудани заминаи таълимӣ, методӣ ва илмии кафедра боиси таҳсин мебошад. Онҳо асосгузори аввалин маҷаллаи илмии донишгоҳ буданд, ки дар он мақолаҳои устодону омӯзгорон ва донишҷӯён рӯйи чоп бароварда шуда буданд. Ба омӯзгорони ҷавони кафедра дар ҷодаи омодагӣ ба дарсҳо, азхуд намудани маводи таълимӣ, тарзу усулҳои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ёрии ҳамаҷониба мерасониданд. Натиҷаи чунин заҳмат ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи онҳо буд, ки дар кафедра омӯзгорони ҷавони умедбахш дар соҳаи фалсафа ва дигар фанҳои ҷомеашиносӣ ба камол расиданд.
Мутаассифона, соли 1960 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб барҳам дода шуда, ба филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ) табдил дода мешавад, ки ин дар таърихи донишгоҳ хатогӣ ва қафоравии ҷиддӣ буд. Дар натиҷаи чунин амали кутоҳандешонаи роҳбарони ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, заминаи моддӣ-техникӣ, таълимӣ ва кадрии донишкада коста гардид. Аз ҷумла, олимону устодони намоёни ҷумҳурӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ А.Л. Спектр, Д.Г. Резник, Н. Кириленко, психологи маъруф М.Г. Ярошевский, М. Назаршоев, А. Асроров, номзади илми фалсафа, дотсент Қ. Собиров ва бисёр дигарон ба дигар донишгоҳу донишкадаҳо ба кор гузаштанд.
Хушбахтона, ин хатогӣ дар таърихи донишгоҳ дуру дароз давом накард, чунки хиради солим воло баромад ва моҳи июли соли 1962 филиали дар ш. Кӯлоб будаи Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ) аз нав ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб табдил дода шуд ва ректори он олими шинохта ва роҳбарӣ кордон Т.У. Умаров таъйин гардид. Дар давраи роҳбарии ӯ заминаи моддӣ- техникӣ, илмӣ ва таълимии донишкада нисбат ба давраи филиал буданаш мустаҳкам гардид ва дар қатори дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ қомат афрӯхт.
Дар раванди ин дигаргуниҳо, фаъолияти мустаъқилонаи кафедраи фалсафа чун қисми таркибии Донишкада бо номи «Кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсӣ» дар соли таҳсили 1966-1967 оғоз мегардад ва аввалин мудири он номзади илмҳои иқтисодӣ Б. Қурбоналиев ва аъзоёни он омӯзгорони ҷавон А. Раҳимов, Т. Раҳмонов, Н. Ашуров, Б. Файзиев, А.Л. Ашуров, Т. Нозимов, С. Шарифов буданд. Таҳти роҳбарии мудири кафедра Б. Қурбоналиев омӯзгорони ҷавони номбурда мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии худро муайян намуда, машғули навиштани рисолаҳои номзадӣ гардиданд. Аз соли 1970 cap карда ба кафедра омӯзгорони ҷавони болаёқату умедбахш А. Абдулвоҳидов, Қ. Расулов, М. Ибодов, Р. Назаров, К. Қодиров, М. Садуллоев, А. Шамолов, А. Қурбонов, А. Самадов ва чанде дигарон ба кор омаданд ва заминаӣ кадрии кафедра ва донишгоҳро мустаҳкам намуданд.
Дар соли таҳсили 1973-1974 ба вазифаи ректори донишкада олим ва ходими сиёсӣ И.Д. Хушвахтов таъйин мегардад. Роҳбарии ӯ солҳои 1973-1980 дар бар гирифтааст. Саҳми ӯ дар пешрафти фаъолияти илмӣ-таълимӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии донишкада боиси кайд мебошад. Дар давраи роҳбарии ӯ ҷиҳати ҳамаҷониба дастгирӣ намудани омӯзгорони ҷавон, фиристонидани онҳо ба курсҳои такмили ихтисос, аспирантура, коромӯзӣ ва олимони ҷавон ба докторантура тадбирҳои маъмурии судманд андешида мешуданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар соли охири роҳбарии ӯ (1980) шумораи номзадҳои илм ва дотсентҳо ба 35 нафар, муаллимони калон 72 нафар, муаллимон ва ассистентҳо ба 120 нафар расида буданд. Аз ҷумла, дар кафедраи фалсафа номзадҳои илм Т. Раҳмонов, М. Ибодов, Н. Ашуров, Б. Файзиев, А. Абдулвоҳидов, К. Қодиров, Р. Назаров, А. Қурбонов, М. Садуллоев ва дигарон кор ва фаъолият доштанд.
Бояд ёддошт намуд, ки дар давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мутобиқи нақшаи Вазорати маориф омӯзгорони ҷавони кафедраҳои ҷомеашиносӣ ба муҳлати 5 моҳ ва кафедраҳои тахассусӣ ба муҳлати 4 моҳ ба шаҳрҳои Москва, Ленинград, Киев, Минск, Новосибирск, Тошканд ба курси баланд бардории ихтисос фиристода мешуданд. Ин барои омӯзгорони ҷавон яке аз воситаҳои самарабахши ташаккули ҷаҳонбинӣ, пайдо намудани шиносоӣ бо олимони намоён, муайян намудани роҳбарони илмӣ ва мавзуъҳои илмӣ таҳққиқотии худ ба шумор мерафт. Аз ҷумла, дар солҳои 70-ум омӯзгорони ҷавони кафедра Н. Ашуров, Б. Файзиев ва А. Самадов ҳангоми гузаштани курси такмили ихтисос дар Университети давлатии омӯзгории ш. Москва бо мудири кафедраи ин донишгоҳ, сармуҳаррири маҷаллаи «Философкие науки» профессор В.С. Готт шинос гардида, баъдан зери роҳбарии ӯ дар муҳлати муайянгардида рисолаҳои номзадии хешро бомуваффақият дифоъ намуданд. Ҳамчунин файласуфони ҷавон М.Ибодов ва М. Садуллоев барои таҳсил ба курси аспирантура ба ш. Москва, Институти фалсафаи АИ Россия фиристода шуданд. Онҳо низ яке аз файласуфони маъруфи муосир, сармуҳаррири маҷаллаи «Вопросы философии», академик В. А. Лекторскийро ба ҳайси роҳбари илмӣ интихоб намуда, баъдан дар давоми таҳсил бо дастгирӣ ва роҳбарии беғаразонаи ӯ пеш аз муҳлат рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, ба кафедраи азизи хеш баргаштанд. Дар ҳамин давра, аъзои ҷавони кафедра К. Қодиров зери роҳбарии файласуфи маъруфи тоҷик, академик М. Диноршоев ва профессор М. Баротов рисолаи номаздии худро дифоъ менамоянд. Дере нагузашта ду нафар аъзои ҷавони кафедра Р. Назаров ва А. Қурбонов дар ш. Душанбе рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа мегарданд.
Ҳамин тавр, солҳои 70-умро дар таърихи кафедраи фалсафа давраи камолоти кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва мустаҳкам гардидани заминаи таълимӣ-педагогии он шуморидан дуруст меояд. Агар дар солҳои 60-ум дар кафедра шумораи номзадҳои илм ҳамагӣ 2 нафарро ташкил дода бошад, он гоҳ дар солҳои 70-ум ин нишондод ба 8 нафар мерасад, ки боиси таҳсин мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз соли таҳсили 1966-1967 фанни коммунизми илмӣ (ҳоло сиёсатшиносӣ) то соли таҳсили 1978-1979 ба қатори фанҳои кафедраи таърихи ҲКИШ дохил буд. Дар соли таҳсили мазкур кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсӣ ба ду кафедраи мустаъқил, кафедраи фалсафа ва кафедраи иқтисоди сиёсӣ ҷудо карда мешавад. Соли 1978 фанни коммунизми илмӣ (ҳоло сиёсатшиносӣ) бо мутахассисонаш Ш.Сафаров, Н. Шамсов, X. Азамов, Т. Раҳмонов, А. Маҳмадов, М. Хидирова, Р. Ҳакимов ва дигарон аз кафедраи таърихи ҲКИШ гирифта шуда, ба ихтиёри кафедраи фалсафа дода мешаванд ва кафедра номи фалсафа ва коммунизми илмӣ (ҳоло сиёсатшиносӣ)-ро мегирад. Мудири кафедраи мазкур номзади фанни фалсафа А. Шоқулиев, ки аз Ҷумҳурии Туркманистон ба кор омада буд, таъйин мегардад.
Рушди кафедра дар даврони муосир ва истиқлол (аз соли 1991 то ба имрӯз)
Истиқлоли миллӣ ва истиқлоли фикрӣ ин ду арзиши бебаҳое мебошанд, ки яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Чунонки таърих гувоҳ аст, барои дилхоҳ миллат аз ин ду арзиш дида, дигар неъмати авлотаре нест. Хушбахтона, баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, 9 сентябри соли 1991 ду арзиши номбурда насиби халқу миллати тоҷик гардид ва мо ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ расидем. Аз саодату пирӯзиҳои истиқлолияти миллӣ Донишкадаи давлатии Кӯлоб сарфарозу ифтихорманд гардид. Дар таърихи навини донишкада тағйироти муҳими маъмурӣ рӯй дод, 24-уми июли соли 1992 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №235 «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб табдил додани Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб» қабул гардид, ки дар он Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зинаҳои тобеи он вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳи навтаъсис тадбирҳои ҳамаҷониба андешанд. Нахустин ректори он тариқи овоздиҳии пинҳонӣ М. Маликов интихоб гардид ва то моҳи сентябри соли 1993 роҳбарии донишгоҳро ба уҳда дошт. Пас аз М. Маликов моҳи ноябри соли 1993 ба вазифаи ректори донишгоҳ олими шинохта, С. Каримов таъйин гардид. Ӯ ҳамчун олим, шахси ташаббускор ва роҳбари кордон дар 12 соли роҳбарии хеш (1993-2005) новобаста аз мушкилиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, таълимӣ ва тарбиявии ҷойдошта, тавонист робитаҳои донишгоҳро бо мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ афзун гардонад.
Баъдан солҳои 2005-2012 кафедраи фалсафа таҳти роҳбарии ректорони кордону ташаббускор рушду нумуъ ёфтааст:
Соли 1993 бо сабаби аз нақшаҳои таълимӣ ихтисор гардидани фанни коммунизми илмӣ ва ба ҷои он ҷорӣ гардидани фанни сёсатшиносӣ, ба кафедра номи фалсафа ва сиёсатшиносӣ дода шуд ва мудири он номзади илми таърих, дотсент X. Азамов (баъдан солҳои 2005 - 2009 ректори донишгоҳ) таъйин гардид. Бо назардошти баланд гардидани мақоми фанни сиёсатшиносӣ дар даврони истиқлолияти миллӣ, соли 1990 кафедраи фалсафа алоҳида ва кафедраи сиёсатшиносӣ алоҳида мустақил гардиданд. Ба кафедраи фалсафа профессор М. Ибодов ва ба кафедраи сиёсатшиносӣ дотсент X. Азамов мудир таъйин гардиданд. Дар давраи роҳбари профессор М. Ибодов, заминаи кадрӣ, илмӣ, таълимӣ-методии кафедраи фалсафа нисбат ба солҳои пешин пурқувват гардид. Аз ҷумла, аъзои кафедра К. Қодиров (баъдан солҳои 2009 - 2010 ректори донишгоҳ) зери роҳбарии узви вобастаи АИ Россия В.В. Соколов дар мавзуи «Проблемаи сабабият дар фалсафаи арабзабони асримиёнагии Шарқ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Номзадҳои илм А. Қурбонов, А. Шамолов ба докторантура фиристода шуданд ва онҳо низ рисолаҳои доктории хешро бомуваффақият дифоъ намуданд. Ҳамчунин дар ҳамин давра, самараи маҳсули дастовардҳои илмӣ-эҷодии устодону омӯзгорони кафедра дар шакли монография, китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмӣ-методӣ «Аз Авесто то Ҳамадонӣ», «Экология ва маданият», «Экология ва ҷаҳонбинӣ», «Маданият ва тамаддун», «Направленность и прогресс в эволюции живой природы», «Манзараи илмии Олам», «Проблемаи одам дар фалсафа», «Тарбияи экологии донишҷӯён», «Масъулияти инсон дар назди муҳити зист», «Оила ва ҷомеа», «Такмили ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ» рӯйи чоп баромадаанд. Пас аз профессор М. Ибодов, роҳбарии кафедраи фалсафаро шахсони зерин ба уҳда доштанд: К. Қодиров (солҳои 1994-1995), А. Қурбонов (солҳои 1995-1998), X. Азамов (солҳои 1998 - 2002), А. Абдулвоҳидов (солҳои 2002-2003), М. Салуллоев (солҳои 2003 - 2004), Б. Файзиев (солҳои 2004-2005), П. Назаров (солҳои 2005-2009), А. Абдулвоҳидов (солҳои 2009-2012), Н. Абдуллоев (солҳои 2012-2023), Ғаюров Л.Ш. (солҳои 2023-2025) ва моҳи октябри соли 2025 Ҳасанов Маҳмадсаид Маҳмадюсупович. Аз соли таҳсили 2018-2019 инҷониб дар муассиса қабули докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва аз соли таҳсили 2023-2024 қабули довталабон аз рӯйи ихтисоси фалсафа ба роҳ монда шуд. Қобили қайд аст, ки дар соли 2023 ду омӯзгори ҷавону боғайрати кафедра Камолов Ш.В. ва Ғаюров Л.Ш. рисолаҳои илмии худро бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа гардиданд. Саҳми мудирони номбурда дар пешрафти корҳои илмию таълимии кафедра ва донишгоҳ, тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон қобили қайд мебошад.
Ҳоло дар кафедра 1 доктор, профессор, 4 номзади илм, дотсент, 4 муаллими калон, 10 муаллим, 2 аспирант, 3 докторанти PhD, 1 мудири кабинет кор ва фаъолият доранд.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра аз рӯйи равияҳои манзараи илмии Олам ва принсипи антропӣ, проблемаи таҳаввулотгароии глобалӣ дар фалсафа ва илми муосир ба роҳ монда шудааст.
Дар кафедра аз рӯйи 1 мавзуи фармоишӣ «Проблемаи таҳаввулотгароии глобалӣ дар фалсафа ва илми муосир» таҳти роҳбарии профессор М. Ибодов ва иҷрокунандагон Камолов Ш.В., Ғаюров Л.Ш. корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар назди кафедра маҳфилҳои «Ҷаҳони андеша» ва «Ҷомеаи ва ҷаҳон» амал менамояд. Дар ҷаласаҳои онҳо донишҷӯёни пешқадами ихтисосҳои гуногуни факултетҳо таҳти роҳбарии устодони кафедра роҷеъ ба мавзуъҳои ҳалталаби фалсафаи муосир бо маърузаҳои илмӣ баромад менамоянд. Беҳтарин маърӯзаҳои онҳо ба конференсияҳои илмӣ- назариявӣ, навиштани мақолаҳо ва барои чоп тавсия карда мешаванд.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки соли таҳсили 2025-2026-ро маъмурият, ҳайати профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон дар вазъяте оғоз намуданд, ки ҷашни 80 - солагии Донишгоҳи азиз фаро мерасад. Аз ин хотир, аҳли коллективи донишгоҳро ҳалли масоили муҳими илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ дар пешанд.