, Панҷшанбе, 30-октябр

УСТОДИ ШАРАФМАНДУ КОМЁБ


УСТОДИ ШАРАФМАНДУ КОМЁБ

Агар устод Бозоров Хушбахтро равшангари шомҳои шогирдон ва нуре бидонем, ки чашмони онҳоро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкилиҳоро осон мегардонад, хато нахоҳем кард.

Ӯ сарчашмаи таҳкурсии таҳсилоти ибтидоӣ ва асоси ободии мактабҳост. Маҳз омӯзгороне мисли Бозоров Хушбахтанд, ки бо заҳмати содиқона ва дилсӯзӣ кадрҳои баландихтисосро ба воя мерасонанд. Қаҳрамони асили мо вазифаи ниҳоят масъулиятнок ва душворро бар дӯш дошта, дар роҳи таълиму тарбия ва расондани донишҷӯён ба қуллаҳои баланди илму маърифат ҷонфидоӣ менамояд.

Омӯзгор, дар мисоли устод Бозоров Хушбахт, ба қавли бузургон «муҳандиси рӯҳи инсон» аст. Тавре муҳандис нақшаи кореро месозад, устоди мо низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солим ва пурмаънои оянда омода менамояд.

Бозоров Хушбахт 20 феврали соли 1955 дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминобод дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Соли 1976 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)-ро бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ хатм намудааст. Солҳои 2006-2009 дар аспирантураи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо муваффақият анҷом додааст ва соли 2012 рисолаи номзадии худро дифоъ кардааст.

Солҳои 2018-2021 дар вазифаи мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолият кардааст. Аз соли 2021 инҷониб ҳамчун дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо фаъолият мекунад. Соли 2021 ба унвони илмии дотсент сарфароз гардида, соли 2025 ба дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ мушарраф шудааст.

Устоди гиромӣ роҳнамо, ҳидоятгар, созанда ва ибратомӯзи ҳақиқии инсонҳост. Ӯ ҳамеша бо хислати наку, масъулияти баланд ва меҳри беандозааш нисбат ба донишҷӯён маъруф аст. Ба шогирдон на танҳо илму дониш, балки ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ ва одоби неку муошират меомӯзад.

Ӯ мунис ва ғамхори донишҷӯён, дӯсти беғараз ва ислоҳгари камбудиву норасоиҳои онҳо буда,  омӯзандаи сухани нек ва таҷассумгари ростию росткорӣ мебошад.

Сари таъзим меорам ба номат ман,

Ки аз ту гаштаам шогирди доное.

Ки аз ту гаштаам умре ба қиммат дар хама ҷое,

Ки аз ту фахр дорам ман, ки буди солхо омӯзгори меҳрафзое.

Бо эҳтирому сипоси самимӣ, устод Бозоров Хушбахтро бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона табрик мегӯем. Бигзор ҳамеша саломату сарбаланд ва дар ҳалқаи ҳамкорону шогирдон ҳамчун ситораи дурахшони илму маърифат нур афшонад.

Мирзоева Бунафша, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!