, Чоршанбе, 29-октябр

80 СОЛИ ПУРШАРАФ


80 СОЛИ ПУРШАРАФ

Абдуллоев Маҳмуд Холович, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

 Солҳои 30-юми асри гузашта дар назди мактабҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вазифаҳои нав гузошта шуда буд. Дар ин солҳо, алалхусус, Қарорҳои Кумитаи Марказии ВКП (б) дар бораи ташкил намудани кори таълим ва тартиботи дохилӣ дар мактабҳои ибтидоӣ, миёнаи нопурра ва миёна, инчунин ҷорӣ намудани маълумоти ҳатмии умуми ибтидоӣ дар системаи Комиссариатҳои халқии маориф вазифаю дастурҳои асосӣ буданд. Қарорҳои мазкур масъалаи боз ҳам беҳтар намудани ҷараёни таълиму тарбия ва ба ин кор ҷалб намудани мутахассисони баландихтисосро заруру ҳатмӣ мешумурд.

Дар давоми панҷсолаҳои пеш аз ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони мактабҳо ва мустаҳкам кардани заминаи таълимӣ-моддии онҳо корҳои бисёре ба анҷом расонида шуда буд. Алалхусус, маблағгузорӣ барои эҳтиёҷоти маорифи халқи ҷумҳурӣ хеле афзуд. Соли таҳсили 1931-1932 аввалин донишкадаҳои олӣ - институтҳои педагогӣ дар шаҳрҳои Сталинобод ва Ленинобод ба кор шуруъ карда, дар тайёр намудани муаллимони баландихтисос нақши калон бозиданд. Ин ба амалӣ гаштани таълими умумии ҳатмии ибтидоӣ барои баланд гардонидани дараҷаи маданияти халқи тоҷик ва барои ҳал намудани проблемаи кадрҳо дар аксарияти соҳаҳои хоҷагии халқ мадади калон расонд. Дар тамоми гушаю канори ҷумҳурӣ барои таъсис додани мактабҳо дар зинаҳои гуногун ғамхорию чорабиниҳои зиёд ба сомон расонида шуда бошанд ҳам, тамоми мактабҳоро бо кадрҳои баландихтисос пурра таъмин намудан кори заҳматталабу мушкил буд. Аз ин рӯ, барои аксари мактабҳои қисмати ҷануби Тоҷикистон «…омӯзгорон аз шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканду Хуҷанд… фиристода мешуданд».

Бинобар сабаби нарасидани омӯзгорони баландихтисос (дорои таҳсилоти олӣ) дар шаҳру ноҳияҳои нафақат вилояти Кӯлоб, балки тамоми ҷануби кишвар, 23 августи соли 1940 Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Институти давлатии муаллимии шаҳри Кӯлоб дар заминаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб қарори махсус қабул намуд.

 Мутаассифона, саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 - 1945) дар пешрафту тараққии иқтисодиёт ва маданияти халқҳои мамлакат, аз ҷумла, барои соҳаи маорифи халқ мушкилиҳои зиёдеро ба миён овард. Дар ин солҳои басо мушкил дар мамлакат ҳама чиз ба мақсади олӣ - барои ҳимояи Ватан нигаронида шуда буд. Барои мактабҳо ва кори муътадили онҳо шароити вазнин ба амал омада буд. Мактабу маориф дар тамоми иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои ҷанг имтиҳони шадиди ҳаётро аз сар мегузаронид. Нарасидани маблағҳои молиявӣ, ҷамъ карда натавонистани миқдори даркории довталабон бо низоми ҳарбӣ даровардани тамоми фаъолияти корхона ва муассисаҳои давлатӣ, зарурати бештар таъсис додани омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ ва ғайра ба фаъолияти Институти муаллимии шаҳри Кӯлоб имкон надоданд.

Аз ҷумла, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр хонандагони синфҳои болоӣ ба сафи Артиши Сурх даъват шуданд, ба корхонаҳо, сохтмон, колхозу савхозҳо ба кор рафтанд. Танҳо дар давоми соли таҳсили 1941-1942 10 ҳазор нафар хонандагон аз мактаб баромада рафтанд. Шумораи муаллимон бениҳоят кам шуд, аз 22 июни соли 1941 то 25 октябри соли 1942 қариб панҷ ҳазор муаллим ба ҷанг фиристода шуданд.

Фаъолияти пурсамари муассисаи таълимӣ ҳама вақт ба кадрҳои баландихтисоси дорои маълумоти кофӣ вобаста аст. Дар ибтидои фаъолият ва ташкили раванди таълим, ин омили бештар нақш мебозад. Барои ҳамин ҳам пас аз анҷоми ҷанг ва саршавии барқароркунии хоҷагии халқ тибқи қарори Вазорати маданияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз 15 августи соли 1945 таҳти №1373 дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, ки дар гузашта номҳои «Курси педагогӣ» (1931-1934), «Техникуми педагогӣ» (1934-1935), «Комбинати педагогӣ» (1935-1938) ном доштааст, Институти дусолаи муаллимии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфт, ки дар он солҳо дорои факултаҳои таърих ва забону адабити тоҷик, физика-математика, табиатшиносӣ ва ҷуғрофия буд.

Институти дусолаи муаллимии Кӯлоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳорумин ва дар Ҷануби Тоҷикистон нахустин боргоҳи илму маърифат ба шумор мерафт.

Институти муаллимӣ аз соли 1945 то соли 1953 фаъолият менамояд. Сипас, фармони Вазорати маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи барҳам додани Институти давлатии муаллимии шаҳри Кӯлоб ва дар заминаи он таъсис додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» аз 7 августи соли 1953 ба тасвиб мерасад, ки ин марҳилаи дувуми фаъолияти донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Соли 1960 Институти давлатии педагогии Кӯлоб барҳам ва ба филиали Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) табдил дода шуд. Филиали мазкур низ аз соли 1960 то соли 1962 пурра фаъолият кардааст.

Бо хоҳишу дархостҳои пайвастаи устодону омӯзгорон ва меҳнаткашони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дастгирӣ ва саъю талошҳои шахсони алоҳидаи бономуси миллат-собиқ ректори ИДПД Ҳотам Солибов, мудири шуъбаи илм ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ Рустамбек Юсуфбеков ва директории филиал Ниёз Сафаров ва тибқи қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС (августи соли 1962) ба Институти соҳибихтиёр ва мустақил табдил меёбад.

Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» аз 24 июни соли 1992 таҳти рақами 235 қарор қабул мекунад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, таҳти рақами 263 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ мегардад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ донишкада ба муваффақиятҳои хеле калон ноил мегардад. Саҳифаи дурахшонтарини солномаи донишгоҳ дар солҳои соҳибистиқлолӣ вохӯрии авввалини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли донишгоҳ дар маъракаи пешазинтихоботӣ ба ҳайси номзад ба мақоми Президентӣ (соли 1994) ва маъракаи райъпурсии умумихалқӣ оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мояи ифтихор ва саодатмандии бениҳоятест, ки дар ҷашни 70-солагии Донишгоҳи Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамзамон бинои таълимии боҳашаматеро ба донишгоҳ туҳфа намуд.

Дар муддати 80 соли мавҷудияти хеш ин боргоҳи илму маърифат тавонист, ки теъдоди донишҷӯёнро аз 48 нафар қариб ба 10 ҳазор нафар, шумораи устодону муаллимонро аз 9 ба 470 нафар, миқдори кадрҳои дараҷа ва унвони илмидорро аз 5 номзади илм ба 145 нафар ва докторони илму профессоронро аз сифр ба 10 расонад.

Ҳоло Донишгоҳ дорои қариб 10 ҳазор нафар донишҷӯ, 10 факулта, 38 кафедра буда, аз рӯи 63 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахассисони дорои таҳсилоти олиро тайёр менамояд.

Айни замон дар Донишгоҳ 470 нафар устодону омӯзгорон ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд.

Донишгоҳ на танҳо ҳамчун маркази асосии тарбияи мутахассисони соҳаи маориф ва риштаҳои дигари хоҷагии халқ маъруф гардид, балки як зумра дастпарварони он ҳамчун арбобони сиёсӣ ва давлатӣ, олимону донишмандони номӣ, ҳунармандону адибони мумтоз, журналистони варзида симои ҳақиқии донишгоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин вазъ муаррифӣ намоянд. Алҳол донишгоҳи мо бо номи узви вобастаи АИ ҶТ Маъруф Раҷабӣ, докторони илм, профессорон Абдулло Раҳимов, Раҳмат Акбаров, Абдураҳмон Маҳмадов, Абдулло Табаров, Махфират Хидирзода, Иноят Арабов, Ҷумъа Шарифов, Абдулҳамид Паҳлавонов, Раҳим Саидов, Искандар Икромов, Саидқул Сабзаев, Тағайбобо Шукуров, Маҳмуд Абдуллоев, Абдулҳамид Нозимов, Нуралӣ Солеҳов, Рустам Салимов, Абдукарим Ҳалимов ва дигарон ифтихор доранд. Боиси сарфарозии бузург аст, ки шоирону нависандагони машҳури кишвар Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Абдулҳай Қаландар, Саид Раҳмон, Сафар Амирхон, Карим Давлат, Хосият Вализода, Наср Бобо ва дигарон номи донишгоҳи азизи хешро ба қуллаҳои баланди шуҳрат бардоштаанд. Ҳунарманди мардумӣ Одина Ҳошим ва Ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Азизов ва Ҷумахон Сафаров, ки фаъолияташон таҷассуми санъати асили гузашта ва имрӯзаи мардуми тоҷик аст, дар оғуши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парвариш ёфта, аз ҳамин даргоҳи муқаддас то ба ҷодаи камолоти ҳунар гомҳои устувор бардоштаанд.

Аз байни хатмкунандагони ин боргоҳи илму маърифат бо ифтихор номҳои ходимони намоёни давлатию сиёсӣ Нусратулло Абдулҳақов, Султон Мирзошоев, Лақай Қармишев, Исмоил Қурбонов, Абдураҳмон Азизов, Саймумин Ятимов, вакилони мардумӣ Асо Расулов, Рӯзигул Солеҳова, Садбарг Набиева, Савсан Кабирова, Махфират Хидирзода, Амирхон Сафаров, генералҳо Нуралӣ Назаров, Давлат Бобоев, Шариф Салимов, Исроил Маҳмудов, Ҳабибулло Раҳимов, Назриҷон Миров, Латофат Насриддинова, Исмонқул Субҳонов, Султон Валиев, Раъно Мирзоева, Кенҷамо Маҷидова, Соҳибназаров Амирхӯҷа, Хуҷамурод Фазлиддинов ва дигаронро метавон ёд кард.

Феълан дар миёни хатмкардагони донишгоҳ як зумра олимони хушсалиқа, Кормандони шоистаи Тоҷикистон ва аълочиёни маорифи Тоҷикистон, амсоли Гурез Иброҳимов, Маҳмуд Абдуллоев, Нуралӣ Расулов, Муҳаббат Иззатова, Ёралӣ Содиқов, Ҳотам Асозода, Додарбек Сайдалиев, Шарофат Худойдодова, Нодира Ашӯрова, Зайналбӣ Холиқова, Савронбӣ Раҳимова, Ниёзбӣ Давлатова, Боқиев Рузибек ва дигарон кору фаъолият менамоянд.

Ҳамчунин дар солҳои гуногун дастпарварони дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ Самариддин Каримов, Ислом Ғуломов, Маҳмадулло Ибодов, Саидхуҷа Азизов, Хушвахт Ғафуров, Тағай Раҳмонов, Маҳмуд Маликов, Ҳайдар Сафиев, Ҷумъахон Сафаров, Зариф Шарифов, Абдураҳим Расулов, Рустам Назаров, Абдураҳмон Қурбонов, Каримҷон Қодиров, Хайрулло Авзалов, Аламхон Кучаров, Ҷумъахон Алимӣ, Хаёл Бобоев ва дигарон бо роҳхат ва дастури Вазорати маориф ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба кор омада, маҳз дар ҳамин ҷо камол ёфта, ба дараҷаи доктори илм ва унвони профессорӣ ноил гардидаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ низ як қатор олимони ҷавони болаёқат рисолаҳои номзадӣ дифо намуданд, аз ҷумла: Холиқзода А., Аюбзода С., Назаров Ҳ., Мухторзода М., Шарипов А., Лоиқов П., Исоева Д., Шарипов Б., Комилов Н., Мирсаидов М., Фатҳуллозода А., Шарифзода О., Расулзода Л., Акбарова М., Ниёзов Ҷ., Исуфов Д., Гуламадшоев Ш. ва дигаронро номбар кардан мумкин аст.

Донишгоҳи давлати Кӯлоб на фақат ба донишгоҳҳо ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мактабҳои олӣ ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷи дуру наздик- Федератсияи Россия, Белорусия, Украина, Молдова, Озорбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Олмон, Англия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Италия, Испания, Шветсия, Узбекистон, Туркменистон, Франсия, Чехия ва ғайра равобити мустаҳками илмӣ дорад.

Ҳоли ҳозир Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чун дигар донишгоҳҳои кишвар дар марҳилаи низоми кредитии таҳсилот қарор дошта, бо дастгирӣ ва маблағгузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи навтарин ҷиҳозонида шуда, раванди муосиркунонии омӯзиш ва парвариш босуръат вусъат меёбад.

Имрӯзҳо дар фазои истиқлолият коллективи беш аз даҳҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб самимона ва дилпурона сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлатамонро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон нек пазируфта, амалӣ гардонида истодаанд.

Олимон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо устувориву масъулиятшиносӣ дар роҳи таъмини ҳадафҳои миллии соҳаи маориф ва татбиқи “Стратегияи рушди муассиса барои солҳои 2023-2028” бо рӯҳияи созандагиву худшиносии миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Ғамхориҳои доимӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати беҳбуд гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳли зиё, беш аз пеш рушду камол ёфтани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, бахусус, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамасола эҳсос менамоянд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!