,
Душанбе, 27-октябр
Дар умри камакаки худ бо одамони зиёде рӯ ба рӯ шудам ва ҳар кадоме хулқу атвори мухталиф доштанд. Гоҳе хислати хуб ва гоҳе хислати бади одамон маро ба андешае водор мекунад: Чаро муаллима Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна ҳамеша ба одамон некӣ кардан мехоҳанд? Ҳам ба донишҷӯён, ҳам ба коллективи омӯзгорон, ҳам ба ҳамсояҳову хешу таборон.
Солҳое, ки донишҷӯ будам, модарам пайваста таъкид мекарданд, ки бо ҳамкурсонам хушмуомила бошам, дарсҳоро хуб гӯш кунаму бо тайёрии пухта ба дарс биёям. Гоҳе ин панди модарро ҳалқаи гӯш мекардаму гоҳе фориғбол мешудам. Вақте ки худам касби омӯзгориро пеша намудам, баъд фаҳмидам, ки то чи андоза бомасъулият буданро тақозо менамудааст касби омӯзгорӣ.
Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна сӣ сол аст, ки омӯзгор ҳастанду солҳаст, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси муаллим, муаллими калон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент шуда кор карда омада истодаанд ва дар байни коллективи омӯзгорону донишҷӯён обрӯи зиёде ҳам доранд. Муаллима ҳамеша ҷиддӣ рафтор мекунанд ва бо тайёрии ҷиддӣ вориди аудитория мегарданд.
Муаллима қалами хуб доранд. Дар навиштани мақолаҳои ҳам илмию ҳам оммавӣ сабку услуби хоси хешро доранд. Агар дар чорабиниҳо муаллима баромад дошта бошанд, ҳама бетоқатона интизор мешаванд, чунки лаҳни зебои гуфтор ва қироати зебои порчаҳои шеърӣ ба муаллима имкон додааст, ки ҳаводорони хешро пайдо намоянд.
Хислати хуби муаллима Холиқова З. К. дар он аст, ки кинаро дар дилашон роҳ намедиҳанд. Агар байни ҳамкорон ва ё донишҷӯён ягон нофаҳмие шавад, муаллима дарҳол ба мусоллаҳа мехоҳанд он масъаларо ҳал намоянд.
Замоне, муаллима мудири кафедра (12 сол) ва декани факултет (2 сол) кор карданд, пайваста мехостанд коллективи омӯзгорон сарҷамъ бошанд, намегузоштанд, ки касе атрофи факултет ё кафедра гапи носазое занад.
Шогирдони муаллима доимо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд: Соли 2014 донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед (ҳоло н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик) дар олимпиадаи байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ» сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Соли 2015 Шаҳнозаи Азим - донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик (ҳоло омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТУ №71-и шаҳри Душанбе) дар ҳамин олимпиада сазовори ҷойи сеюм гардид.
Соли 2017 Гиёева Таҳмина Иброҳимовна (камина) дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» сазовори ҷойи дуюм ва дар ҳамин озмун Моҳшарифи Исмоил ва Шарифов Аюб низ (солҳои 2021-2022) сазовори ҷойи дуюм гардида буданд.
Соли 2018 Саидова Матлуба – донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар олимпиадаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни макотиби олии кишвар сазовори ҷойи аввал гардид буд.
Соли 2019 донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Раҳмонова Гулдона (ҳоло омӯзгори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) дар олимпиадаи байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ» сазовори ҷойи сеюм гардида буд, ки ҳамаи инҳо аз ҳисси баланди масъулиятшиносии муаллима Холиқова З.К. дарак медиҳанд. На ҳар омӯзгор аз уҳдаи тайёр кардани шогирдон, ки масъулияти хеле зиёдеро талаб менамояд, баромада метавонад.
Модарам дар хона низ бо аҳли хонавода муносибати хуб доранд. Ҳарчанд дар боби тозагию сарфаю сариштакорӣ сахтгиранд, аммо кӯшиш мекунанд, ки муҳити оила орому солим бошад. Ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоман ва шавҳарро маҳз ман аз модарам омӯхтам.
Модарам дар боби саховатмандӣ ҳамеша дасти хайр доранд. Ба камбағалону ятимон пайваста дасти кумак дароз мекунанд. Аз ҳолу аҳволашон хабар гирифта меистанд. Инчунин, доимо ба аёдати беморон мераванд, ки ин хислатҳои хуби очаҷонам намунаи ибрат барои мо фарзандон аст.
Ман пайваста кӯшиш мекунам, ки дар зиндагӣ мисли модарам хулқу атвори некӯ дошта бошам, ҳам сахтгир бошаму ҳам меҳрубон, вале намедонам, ин муяссар мешавад ё не? Чунки ҳар кас Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна шуда наметавонад. Вале аз он ифтихор дорам, ки фарзанди як зани фаъол, далер, шуҷоъ, хайрхоҳ, некпиндору накугуфтор, омӯзгори асил, сахтгир ва меҳрубон ҳастам.
Ман ҳамчун як муаллимаи ҷавон тамоми ҳастиамро ба он равона мекунам, ки мисли модарам дар хоксорию фурӯтанӣ, дар хайрхоҳӣ ва дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон саҳми худро дар ҷомеа гузошта бошам.
Гиёева Таҳмина Иброҳимовна – ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи А. Рӯдакӣ