, Душанбе, 27-октябр

УСТОДЕСТ ҲАЛИМУ ДОНИШМАНД


УСТОДЕСТ ҲАЛИМУ ДОНИШМАНД

Вақте ки сухан дар бораи таълиму тарбияи наслҳои ҷавон (донишҷӯён) меравад, пеш аз ҳама, бояд хизматҳои шоёни шахсонеро пеши назар орем, ки дар тамоми умри бобаракати худ монда нашуда, қувваю ғайрат ва заҳмату ҷидду ҷаҳди беқиёси хешро сарфи таълиму тарбия намудаанд ва дар ин ҷода ба муваффақиятҳои назаррасу шоён ноил гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, маорифпарвари асил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати умумиҷумҳуриявии кормандони соҳаи маориф ҳанӯз 22-юми декабри соли 2005 ба мақоми омӯзгор баҳои баланд дода, чунин ибрози ақида намуда буданд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад».

Устоди соҳибназар, инсони одӣ, шахси хоксору фурӯтан, ҳалиму меҳрубон Бобохон Ҷӯраев бо кордонию ташкилотчигӣ ва забондонию лутфи хуш меҳру муҳаббати хешро дар дили мо, ҳамкорон ҷо кардааст.

Зиндагиномаи устод ибратомӯз мебошад. Вақте ки сухан аз устодони муссисаи олӣ меравад, пеши назарам симои ин донишманди пуркор ҷилвагар мегардад ва ҳеҷ ҷои пӯшида нест, ки кулли омӯзгорони Донишгоҳ аз ассистент то докторону профессорон устодро эҳтиром менамоянду ба қадраш мерасанд.

Устоди равшанзамир, шахсияти комил, донишманди шинохта, яке аз омӯзгорони ҳалиму закитабъ ва тарғибгари илми адаби тоҷик аз зумраи афроди варзидаи илму маорифи кишвари тозаистиқлоламон-Тоҷикистони ободу шукуфон мебошад, ки панҷоҳ соли умри бобаракату пурфайзи худро сарфи таълиму тарбияи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва таълифи мақолавудастурҳои илмию таълимӣ ва методӣ кардааст. Чуни хидматҳои ин омӯзгори хирадманд ва оқилу доно моро водор сохт, ки роҷеъ ба фаъолияти илмиву методӣ, мақоми волову боарзиш ва аз корномаи таълимию илмии ин устоди меҳнатқарин сухане чанд рӯи варақ орем.

 Бобохон Ҷӯраев баъди хатми мактаби миёнаи №10-и ба номи А. Лоҳутии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москв (алҳол Шамсиддини Шоҳин) ҳуҷҷатҳояшро ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (ҳозира Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) супорида, соҳиби номи пуршарафи донишҷӯ мегардад ва соли 1975 баъди хатми Донишкада ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз мебахшад.

 Устоди ҷавон тавассути мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, методӣ ва дастуру васоити таълимию тарбиявӣ дар рушду нумуи таълиму тарбия ва илми ҷумҳурӣ ҳиссагузор аст.

Баъдтар як зумра китобу дастурҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва тавсияҳои методиашон, аз ҷумла“Корҳои беруназсинфӣ аз фанни адабиёт”, “Хониши мустақилона”, “Аҳаммияти ташреҳи адибон дар таълими фанни адабиёти тоҷик”, “Мусоҳиба. Усули гузаронидани он”, “Дарси проблемавии адабиёт”, “Истифодаи бозиҳои адабӣ дар дарс”, “Эҷодиёти шифоҳии халқ яке аз сарчашмаҳои адабиёти бачагона”, “Илм дар хурдӣ”, “Аҳаммияти чистонҳо дар таълим”, “Тавсияҳои методӣ оид ба тарзи ташкилу гузаронидани таҷрибаи педагогии донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти тоҷик”,  “Дастури таълимии “Роҳнамои донишҷӯ” ва монанд ба инҳо дастраси донишҷӯёну омӯзгорон гардидааст.

Ҳамчунин, ҳаҷвияҳои “Ректор мешавам”, “Аз ҳамин ҷо сар мекунем”, “Ҷаласаи кафедра”,  “Мудир мегӯяд”, ҳикояҳои пандуахлоқии “Илм омӯз то некрӯз гардӣ”, “Илмат ба амал чу ёр гардад”, “Ҳурмати пирон бидон” ва монанд ба инҳо ба қалами устод мутааллиқанд.

Ҳамин тавр, дар хусуси фаъолияти педагогии устоди  сермаҳсул Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, иштирокчии конференсияҳои баналмилалӣ дар шаҳрҳои Москва, Киев, Минск ва амсоли инҳо ҳарчи қадар гӯему нависем кам аст. Ба вижа дар мақолаи хурдакаки камҳаҷм.

Дар бораи ҳар як инсони шарифу хирадманд ва соҳибфитрату хоксор каси қадршинос мехоҳад сухане чанд харҷ намояд ва чун арзи сипос ба қалам бидиҳад...

Воқеан ҳам, устод омӯзгори шинохтаву пурдон буда, умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбия ва пажӯҳишҳо карда омада истодаанд. Гузашта аз ин, устод басо боҳимату дарёдиланд, дар ростои ёрии амалӣ расонидан ба омӯзгорони ҷавон ва ҳамеша марбут ба масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ дасти мадад дароз мекунанд ва дар кушодани масъалаҳо (проблемаҳо) маслиҳатгару машваратчии беназири омӯзгорони ҷавонанд. Умуман, ҳар як дарси устод басо писандидаву шоистаи таҳсинанд. Ин аст, ки кулли муаллимони ҷавон шавқи мушоҳида намудани ҳар як дарси ӯро доранд.

«Устод адабиёти бачагонаро бо завқу шавқ ва бо забони фаҳмою равон ва содаю ба ҳамагон расо мефаҳмониданд ва ба ин васила ҳавасу шавқмандии моро ба ин фанн бедор мекарданд. Тавассути истифодаи роҳу усулҳои ниҳоят ҷолиб мавзуҳои таълимиро тарзе ҳал мекарданд, ки мо душворию мураккабии онҳоро хатто пайхас намекардем. Истифодаи усулҳои самарабахши устодро дида, ҳар яки мо мехостем, ки ба устод монанд бошем ва дар оянда омӯзгори донишманду адабиётдони хуб шавем»-ёдоварӣ мекунад даврони донишҷӯии хешро доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Хушвахт Бозоров.

Устод дар риояи одобу муошират низ намунаи дигарон аст, сухани ҳамсуҳбати худро то охир гӯш мекунанд, сухани мусоҳибро ҳеҷ вақт намебуранд ва худашон низ бисёр ботаҳаммул ва бомулоҳиза баёни афкор мекунанд. Санъати сухани устод барои мо, шогирдону ҳамкорон як мактаби адабист гӯем, хато намекунем ва ҷои хато кардан ҳам нест.

Ҳамчунин, устод доимо ба мо, омӯзгорон, хосатан, ба омӯзгорони ҷавон таъкид мекунанд, ки ба ҳар як дарс сараввал бо тайёрии хубу ҳаматарафа ва, баъдан, бо табъи хушу рӯҳи болида даромадан ба манфиати кори таълиму тарбия мебошад, зеро донишҷӯён устоди чеҳракушод, вале дар навбати худ донишманду ҷиддиро мепазиранд.

Устод низ ҳамеша бо чеҳраи кушод, табассуми малеҳ вориди дарсхона гардида, дар муносибат самимӣ ва дар ибрози ақида бисёр эҳтиёткоранду мухтасарбаён ва аз суханҳои умумӣ парҳезкор ва ба ҳамагон нарму ҳалимона сухан мегӯянд, кӯшиш мекунанд, ки дилеро наёзоранд ва зимни суҳбатҳояшон борҳо гаштаю баргашта бо мо, ҳамкорон ва шогирдонашон нек будану некӣ карданро тарғибу талқин ва аз забони Асадии Тӯсӣ таъкид менамоянд:

Пушаймон нагардад кас аз кори нек,

Накутар зи некӣ чӣ чиз аст нек?

Мо, дӯстону ҳамкорону шогирдон аз устоди хирадманду оқил бисёр чиз омӯхтем: донишу маърифат, одаму одамгарӣ, ҳам одоби муошират ва ҳам ҳикмати зиндагӣ. Фаъолияти устод ҳаргиз танҳо ба дарс маҳдуд намегардад. Дар баробари он ки ҳар як дарсашонро дар сатҳи баланд ва дар асоси талаботи метод ва методологияи навин баргузор менамоянд, шогирдонро бо забони фасеҳу пухта ва пуробурангашон мафтун мегардонанд, берун аз дарс ҳам фаъолияти густурда доранд. Устод дар саҳни донишгоҳ бо донишҷӯён суҳбати озоду берасмият оростан, ҳикояти мухтасар гуфтан, аз эҷодиёти шоирони классику муосир ашъори пандуахлоқӣ овардану шарҳ додани баъзе шоҳбайтҳои шоирони адабиёти классикиву муоссирро меписанданд. Шогирдон низ ҳар як вохӯрӣ бо устодро гарму ҷӯшон истиқбол менамоянд.

Дар ҳақиқат устод зимни суҳбатҳо бо ҳамкорону дӯстон, дар вохӯрию маъракаҳо бадоҳатан аз шоҳбайте ёдовар шуда, онро ташреҳ мебахшанд ва ба қавле суҳбатро гул мекунонанду муҳаббати сомеони худро ба адабиёти бадеӣ дучанд менамоянд.

Устоди бедорлилу донишманд ба мо доимо таъкид менамоянд: “Шогирдони азиз, аз душворӣ натарсед, ҳама гуна душвориҳо дар назди ҷидду ҷаҳд, саъю кӯшиш ва ақли солим ва донишу қудрати одамӣ оҷиз аст. Бисёр хонеду зиёд омӯзед…» ва ҳеҷ аз ёди банда намеравад, тахминан даҳ-дувоздаҳ сол пеш байте аз осори Абулмаҷди Саноӣ

 Ҳар куҷо роҳатест, сад ранҷ аст,
Зери ранҷ андарун дусад ганҷ аст.-ро қироат намуда, маънои онро ба мо, устодони ҷавон шарҳ дода буданд.

Солҳои тӯлонист, ки бо устод Бобохон Ҷӯраев шарафи ҳамкорӣ дорам ва аз ин ифтихор ҳам мекунам. Кас агар дар дарсҳояшон ширкат намояд, як навъ такмили ихтисос мекунад ва ба бисёр саволҳояш вобаста ба фанни адабиёти тоҷик, хосатан, ба адабиёти бачагона ва ба масоили педагогӣ аз устоди донишманд ҷавоби комилу пурдалел меёбад...

Ҳайати устодон, олимону профессорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устодро самимона эҳтиром мекунанд ва сари ҳар амале (ҳамоишу тасмимоту зарурате) бо муаллим маслиҳат меороянд, дастуру маслиҳати нек мегиранд.

Сафарализода Абдуҷаббор, саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ  ва методикаи таълими онҳои ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!