,
Душанбе, 27-октябр
Дар ҳама давру замон илму дониш барои рушди ҷомеа, пешрафти иқтисод ва таҳкими давлатдорӣ нақши муҳим бозидааст. Арҷгузорӣ ба илм ва олимон яке аз арзишҳои бузурги миллӣ буда, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, рушди илму маърифат ва таҳқиқоти илмӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Яке аз чеҳраҳои барҷастаи илми иқтисодиёти тоҷик, ки саҳми арзанда дар рушди ин соҳа дорад, Шарифов Зариф Раҳмонович мебошад. Ӯ иқтисодшиноси маъруф, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор буда, барои таҳким ва такомули илми иқтисод, тавзеҳу баррасии асосҳои назариявии он ва таҳлили муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷомеа хизмати арзанда кардааст.
Устод Шарифов Зариф Раҳмонович яке аз бунёдгузорони мактаби муҳосибони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ муаллифи як қатор китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва монографияҳои илмӣ мебошад, ки дар таҳкими заминаҳои назариявию амалии иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд.
Маҳз бо заҳмати содиқона, дониш ва таҷрибаи ғанӣ устод тавонистааст на танҳо дар арсаи илмӣ, балки ҳамчун инсони комил, омӯзгори меҳрубон ва роҳнамои насли ҷавон мавқеи шоиста пайдо намояд.
Ӯ ходими намоёни ҷамъиятӣ ва роҳбари соҳибистеъдод ба шумор рафта, дар вазифаҳои гуноногуни давлатӣ фаъолият кардааст. Шарифов Зариф Раҳмонович факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон баноми В,Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷӣкистон)-ро соли 1972 ба баҳои аъло хатм намуда, худи ҳамон сол бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти иқтисодии АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон бакор фиристода шудааст. Аз моҳи октиябри соли 1972 то сентиябри соли 1983 ҳамчун лабаранти калон, ходими хурд ва баъдтар ходими калони илмии сектори проблемаҳои аграрии Институти иқтисодии АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор ва фаъолият намудааст. Дар ин давра соли 1978 рисолаи номзади илмиро ҳимоя намуд. Аз сентиябри соли 1983 бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба сифати муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ ба кор фиристодашуд.
Вақте ки соли 1992 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб факултаи иқтисодӣ таъсис дода шуд, Шарифов Зариф Раҳмонович яке аз аввалин деканҳои факулта маҳсуб меёфт. Маҳз бо ташабус ва ибтикороти ӯ ба хотири таёр кардани кадрҳои соҳаи иқтисод факултет таъсиси дода шуда, олимони соҳибунвон аз марказ даъват карда мешуд, то ин ки ба донишҷӯён дарс гӯянд. Агар гӯем факултаи иқтисодиро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ин марди наҷиб асосгузор аст хато намекунем, чунки дар он замонҳо барои таъсис додани факулта чи қадар мушкилотҳои ҷой дошт. Дар ин донишгоҳ вазифаҳоии мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ (1983-1992), мудири кафедра ва вазифаи декани факултети иқтисодӣ (1992-1997- декани факулаи иқтисодӣ (1993-1996), муовини ректор оид баиқтисодӣ иҷтимоӣ ва робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1997-1999)-кор ва фаъолият намудааст.
Нақши устод Шарифов Зариф Раҳмонович дар тайёр кардани кадрҳои илмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ басо назаррас мебошад. Бо дасгириҳо ва маслиҳатҳои илмии ин марди шариф, омӯзгорони риштаи иқтисодии донишгоҳ Шарипова Файзигул, Комилов Низомуддин, Иброҳимзода Одилхон, Ҳасанова Фарзона, Саидов Пайрав рисолаҳои номзадии худро дар Шурои диссертатсионие, ки роҳбариашро ба уҳда дорад, ҳимоя намудаанд. Ҳамзамон унвонҷӯён Абдуллозода Хисрав, Сироҷова Тахмина, Доутова Адиба бо кумаку дасгириҳои устоди муътабар пайи тадқиқу пешбурди корҳои илмӣ мебошанд.
Шарифов Зариф Раҳмонович дар таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои маъёриву ҳуқуқии ислоҳоти соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009, Стандартҳои давлатии таҳсилоти мактабҳои олӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ бевосита иштирок намудааст.
Аз соли 1999 то 2002 дар вазифаи сардори идораи барномарезӣ, иқтисоду молияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002 то 10 январи соли 2007 муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 10 январи соли 2007 то ноябри соли 2008 Сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, аз соли 2008 то январи соли 2012 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айни ва аз январи соли 2012 то 2024 вазифаи мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи аграрии Тоҷкистон баноми Ш.Шоҳтемурро ба уҳда дорад.
Устод Шарифов Зариф Раҳмонович дар фаъолияти кори ҷиҳати рушди маорифи тоҷик хизматҳои шоён карда, маҳз бо ташшабуси он кас Нимзомнома ва оинномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва Низомноимаи зерсохторҳои он, таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардашуд.
Айни ҳол раиси Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-016 дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ оид ба илмҳои иқтисодии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бар уҳда дошта, аъзои Шурои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии Донишгоҳи милии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии саёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Шарифов Зариф Раҳмонович дар давраи фаъолияти илмию педагогияш зиёда аз 15 монография, 20 китобҳои дарсӣ ва брошюраҳои илмӣ аз рӯи фанҳои таълими ва мавзуҳои илмӣ таҳқиқоти кафедра, дастурҳои таълимӣ- методӣ ва зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ-методӣ дар нашрётҳои хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ аз чоп бароварда пешниҳоди хонандагон гардонидааст. Номгӯйи мавриди назар: «Иқтисоди бозорӣ ва моделҳои он», 2003, дастурамал дар хусуси татбиқи кодекси андоз дар соҳаи маориф,2000, «Моликият ва шаклҳои он дар шароити иқтисодиёти гузариш», 2002, «Асосҳои иқтисоди бозоргонӣ ва ташаккули механизми хоҷагидорӣдар комплекси агросаноати», 2008 (монография), «Молия дар муассисаҳои буҷетӣ» (китоби дарсӣ), 2011, «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон» (китоби дарӣ ҷилдҳои 1 ва 2-ум), 2011, «Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар ташкилотҳои буҷетӣ», 2016, «Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар соҳаи кишоварзӣ» (китоби дарсӣ,қисми 1, ҳаммуаллиф), 2013, «Назарияи баҳисобгирии бухгалтерӣ»,2013, «Ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ», 2019, «Баҳисобгирии муҳосибӣдар соҳаи маориф» 2020, «Баҳисобгирии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ»-2023 бахше аз таълифоти устодро дар бар мегиранд. Устод Зариф Раҳмонович бо мақолаҳо ва маърӯзаҳои илмиаш дар конференссияҳои сатҳи байналлмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, симпозумҳо, форумҳои иқтисодӣ оид ба мушкилоти мубрами иқтисодиёт баромад намудааст.
Бешубҳа, метавон гуфт, ки устод Шарифов Зариф Раҳмоновичро ҳамчун омӯзгори асил ва устоди дӯстдорандаи касби худ буда, тамоми ҳастии худро ба касби дӯстдоштааш омӯзгорӣ бахшидааст. Устод Шарифов Зариф барои мо, ҷавонон намунаи замони Шуравӣ ва ҳам замони истиқлол ба шумор меравад. Устод дар замони пойдории Иттиҳоди Шӯравӣ дар тарбия ва камолоти шогирдони зиёде саҳмгузор буда, ин ташаббусро дар замони истиқлолияти давлатӣ низ идома дода истодаанд.
Хизматҳои шоистаи устод Шарифов Зариф Раҳмоновичро Ҳукумати кишвар ба назар гирифта бо як қатор ифтихорномаҳо ва мукофоту ҷоизаҳо Сарфароз гардонидааст. Ӯ соли 1997 бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 1999 бо ордени «Шараф» ва соли 2011 бо медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2019 бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон мукофонида шудааст.
Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, техналогия, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ, кашфиёт, навоварӣ ва эҷодкорӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи олимону омӯзгорон дар ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотии сатҳи баланд, тайёр кардани кадрҳои минбаъдаи илмӣ озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» гузаронида шуд, ки устод Шарифов Зариф Раҳмонович аз рӯи равияи иқтисодӣ ғолиб омада, сазовори «Олими сол-2025» гардид.
Пас, бо боварӣ метавон гуфт, устод Зариф Раҳмонович, ки натанҳо дар дохили Тоҷикистон, балкӣ дар хориҷи кишвар низ корҳояш арзиши баланди илмӣ доранд, аз ҷумлаи олимони тавоно ва омӯзгори асилу синасӯзи миллат аст.
Комилзода Низомуддин Бегаҳмад-мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ