, Душанбе, 27-октябр

ОМӮЗГОР ВА ИНСОНИ КОМИЛ


ОМӮЗГОР ВА ИНСОНИ КОМИЛ

Омӯзгор  пешбарандаи ҷомеа аст. Ӯ машъали фурӯзонеро ба даст дорад, ки аз хирад, маърифат, садоқат ва муҳаббат равшан аст. Ин машъал мардумро ба роҳи нур, ба эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ба зиндагии пурнишот ҳидоят мекунад.

Доктори илмҳои таърих, профессор Каҳҳори Расулиён аз ҷумлаи ҳамон омӯзгорони фидокор ва равшанзамирест, ки бо заҳмати беандоза ва донишҳои фаррохаш дар рушди илму маърифат саҳми арзанда дорад.

Ватан. Ин калима дар забони баъзе инсонҳо садои махсуси пурэътимод дорад, зеро онҳо беҳтарин сифатҳои ватандӯстию хидматгузориро дар худ таҷассум мекунанд. Яке аз чунин шахсон Каҳҳори Расулиён, доктори илмҳои таърих, профессор ва муаррихи варзидаи тоҷик аст.

Кори омӯзгории пурсамару саршори ҷустуҷӯи паёпаи эҷодиаш ва иштироки бевоситааш дар такмили тамоми паҳлуҳои низоми маорифу тарбияи таърихшиносонӣ ҷавонон ба ҳадде намунаи бағояд дурахшону сабақомӯзи садоқати бепоён ба пешаи баргузида мебошанд, ки комилан ҳар кас метавонад, сарфи назар аз ҳадафи зиндагӣ, манфиати касбӣ, навъи машғулият ва мақоми ҷамъиятиаш аз Устод Қаҳҳори Расулиён дарси ибрат бигирад. Ба ҳангом аст таъкид бикунем, ки мардоне аз тоифаи Қаҳҳори Расулиён ғайр аз паёмади бевосита корашон ҳамчун шахсият низ аҳаммияти бузурги тарбиявӣ доранд.

Садоқаташ ба ормонҳои волои башарият, зебоии маънавӣ ва наҷобати фавқулодааш, ки бар асоси он ҷаҳоншиносии томи омӯзгорӣ (таърихшиносӣ) қарор дорад, меҳнатдӯстӣ, мардӣ ва пофишориаш барои расидан ба мақсад, барои рафъи ҳама чизе, ки ба пешрафт халал мерасонад, пеши назари мо чеҳраи эшон ҳамчун шахси фидокори асилеро падид меоваранд, ки шоёнтарин сифатҳои нерӯҳои моҳияткушоро ифода мекунад. Устод Қаҳҳори Расулиён ба мушкили давру замон нигоҳ накарда, соли навобаста аз он ки дар Тоҷикистон азизи мо баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баста шуда буд яъне мо ба ваҳдат расида будем ҳамоно мушкилиҳо вуҷуд дошт ҳимояи рисолаи номзади Устод Қаҳҳори Расулиён таҷассумгари фидоии роҳи маориф буданаш мебошад. Қаҳҳори Расулиён 7 марти соли 1953 дар деҳаи Офтобзамини ноҳияи Дашти Ҷам ба дунё омадааст. Солҳои 1959-1962 дар мактаби миёнаи ба номи Карл Маркси деҳаи Порвор, солҳои 1962-1967 дар мактаби миёнаи ба номи «Коминтерн»-и деҳаи Тагноби ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), солҳои 1967-1971 дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло Коллеҷи омӯзгории Кӯлоб), солҳои 1972-1977 дар факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст (ДМТ).

Баъди хатми донишгоҳ солҳои 1977-1978 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи ҲК ИҶШС-и Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ), солҳои 1978-1982 муаллими кафедраи таърихи ҲК ИҶШС-и филиали Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав), солҳои 1982-1986 муҳаррири сарредаксияи барномаҳои адабӣ-драмавии телевизиони Тоҷикистон, солҳои 1986-1992 муаллими кафедраи таърихи ҲК ИҶШС-и Институти политехникии Тоҷикистон, солҳои 1992-1993 муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ифои вазифа намудааст. Дар фосилаи ин муддат солҳои 1980-1981 дар шаҳри Ғазнии Афғонистон ба ҳайси тарҷумони низомӣ хидмат намуда, солҳои 1988-1989 дар Институти такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон такмили ихтисос намудааст.

Аз соли 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба вазифаҳои ассистенти кафедраи таърихи нав, навтарин ва методикаи таълими факултети таърих, муовини декан оид ба таълими ғоибона ва шабона (1996), докторанти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1996-2000), дотсенти кафедраи таърихи муосири кишварҳои хориҷӣ (2000-2009), мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ (2009-2011), декани факултети журналистика (2011-2013), мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик (2013-2017) фаъолият намуда, аз соли 2017 то ҳол профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик мебошад.

Соли 1992 дар Шурои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ, ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Равобити фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Закавказия» (Моварои Қавқоз) рисолаи номзадӣ ва соли 2010 дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Таърихи фарҳанги халқи тоҷик дар чаҳоряки аввали асри ХХ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Солҳои 2009-2011 узви Шурои илмии факултети таърих, солҳои 2011-2013 узви Шурои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шурои илмии факултети журналистика буда, аз соли 2013 то ҳол узви Шурои илмии факултети таърих, аз соли 2014 узви Шурои диссертатсионии тахассуси 07.00.02, аз соли 2014 узви Шурои диссертатсионии тахассуси 07.00.05 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. То ҳол таҳти роҳбарии вай 8 нафар (1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ироқ, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 5 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи илмӣ дифоъ намудаанд.

Муаллифи беш аз 30 китоб ва беш аз 500 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, таҳиякунандаи беш аз 10 китоб ва ҳудуди 100 мақолаи илмию оммавӣ мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Қаҳҳори Расулиён таҳқиқу баррасии тамаддуну фарҳанги халқи тоҷик ва дигар халқҳои ориёинажод, равобити фарҳангии тоҷикон бо дигар халқҳои ҷаҳон, минҷумла эрониён, таъсири тамаддуну фарҳанги ақвоми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба соири халқҳои ҷаҳон мебошад.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти илмию омӯзишии профессор Қаҳҳори Расулиён таълифи китобҳои дарсӣ барои макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо буда, ӯ муаллифи китобҳои дарсии «Дарси хештаншиносӣ» (барои синфи 5, ҳаммуаллиф), «Таърихи умумӣ» (барои синфи 10, ҳаммуаллиф), «Таърихи умумӣ» (барои синфи 11, ҳаммуаллиф), «Таърихи муосири кишварҳои Осиё ва Африқо» (2009), «Таърихи халқи тоҷик» (барои донишҷӯёни факултетҳои таърихи донишгоҳҳо, 2014, 2016) мебошад.

Аз миёни китобҳои чопшудаи ӯ метавон аз «Покистон» (1997), «Таърихи мухтасари Инқилоби исломии Эрон» (1998), «Эрон» (2002), «Аз «Бухорои шариф» то «Иди тоҷик» (2003), «Нигоҳе ба равобити фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» (2004) «Ду ҳазор соли таърихнигории тоҷикон» (2005), «Кишварҳои ҷаҳон» (2006, 2009, 2013,2016), "Тоҷикистон (2006, 2008, 2015), «Низоми маориф дар Ҷумҳурии Исломии Эрон» (2007), «Эрон-сарзамини фарҳанг ва ҳунар» (2007), «Осори таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон»(2008), «Дашти Ҷам» (2009), «Маориф ва матбуоти тоҷик дар ибтидои асри ХХ» (2011), «Тоҷик кист» (2015), «Таърихи халқи тоҷик» (2014 , 2016), "25 зинаи камолот " (2016, ҳаммуаллиф) «Аз остон то камолот» (2018, ҳаммуаллиф) «Пантуркизм: дирӯз ва имрӯз» (2019), "Зиндагӣ чист? " (2019, 2020), «Таърихнигории таърихи халқи тоҷик» (ҳаммуаллиф) ва ғайра ном бурд. Теъдоде аз осори Қаҳҳор Расулиён бо номи «Осори мунтахаб». Ҷ.1. Душанбе ,2014, «Осори мунтахаб» Ҷ. 2. Душанбе, 2017, «Осори мунтахаб» Ҷ.3. Душанбе, 2021 гирдоврӣ ва ба дасти чоп расидаанд.

Китобҳои таҳиянамудаи Қаҳҳори Расулиён «Ориёиҳо кистанд ва ватани онҳо куҷост?» (2004), «Чӣ гуна исломро нобуд кунем?» (хотироти ҷосуси англис, 2004), «Дилнома»-и Муҳаммад Иқбол (2007), «Ҷаҳоншиносӣ» (2007), «Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Шеърҳо» (2007), «Саъдии Шерозӣ. Саду як ғазал» (2008), «Ба ёди устод Абулҳусейни Зарринкӯб» (2010), «Чашмандозҳои Эрони фарҳангӣ» (Теҳрон, 2013, ҳаммуаллиф) дар шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон ба табъ расидаанд.

Қаҳҳори Расулиён дар ҳамоишҳои байналмилалии илмии Теҳрони ҶИЭ (1999, 2004), Вилнюси Литва (2002), Сории ҶИЭ (2006), Алма-атои Қазоқистон (2009. 2010) ва ғайра мушорикат ва суханрониҳо дошта, мақолаҳояш дар матбуоти чанд кишвари хориҷӣ табъу нашр шудаанд.

Қаҳҳор Расулиёнузви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ (1999), узви Бунёди байналмилалии эроншиносӣ (2007), барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2012) буда, бо медали «Хидмати шоиста» (2015), нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2011), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2012), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2014), ифтихорномаҳо, медалҳои ҷангию меҳнатӣ қадрдонӣ шудааст.

Саҳми Устод Қаҳҳори Расулиён дар илми кабири таърих беназир аст, Устод зери таҳқиқоти худ масъалаҳоеро баррасӣ мекунад, ки миллат ва Тоҷикистон азизи мо аз ҳамавақта ниёзи бештар дошт ва дорад. Дар осори ин муаррихи барҷаста ҳифозат аз манофеи миллӣ ба таври хеле барҷаста мушоҳида мешавад.

Иззатова Матлуба Қудратовна, дотсент мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултетети таърихи ДМТ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!