,
Душанбе, 27-октябр
(Қисми 2)
Нозимова Гулрухсор, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз мактаби адабпажӯҳии устод Шовалӣ Саидҷаъфаров
Нафаре, ки дар умқи дили мо адабиётро ҷо намуд, устоди зиндаёд Шовалӣ Саидҷаъфаров буд. Дар замони донишҷӯии мо декани факултет буданд ва аз ин рӯ, масруфияташон зиёд буд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ҳамеша ва дар чӣ ҳоле бошад, ба дарс сари вақт ҳозир мешуданд. Фақат гоҳе, ҳангоми дарс гузаштан низ серташвишиашон мушоҳида мешуд ва дар ҳоле, ки устод бо мароқ аз дарёи илму адаб гавҳари маънӣ берун меовард, котибаашон, ки Ризоева Раъно буд, кадом як ҳуҷҷатеро, ки ба қавли ӯ фаврист барои имзо меовард ё аз омадани кадом як меҳмоне ӯро хабардор мекард, ки якдафъа гӯиё ҳамон марвориди ба дастовардаи устод, ки дар чашми мо намудораш кардан мехост, мисле, ки аз дасташон ба замин пош мехӯрд ва ин барои мо лаҳзаи нохушояндеро эҷод мекард. Мо боз то дарси дигар мунтазир мешудем, то устод мавзуъро идома бидиҳад ва ин гавҳарро ба мо бознамояд.
Устод Саидҷаъфаров шахси донишманду суханшинос буданд. Метавонистанд ҳамон шуълаи илмро дар ниҳоди донишҷӯ барангезанд. Бисёр суханони муассир доштанд. Баъзан китобҳоеро, ки зарур мешумориданд, ки донишҷӯ донаду огоҳ бошад, ҳамроҳ бардошта меоварданд ва аксар китобҳои адабиётшиносиро бори аввал аз ҳамин тариқ дидаем. Устод бисёр ба маънӣ диққат медоданд ва шахсияти зебопарасту хушодобе буданд, ки одобро мазҳари дониш мешумориданд. Ҳар муносибатеро метавонистанд маънишиносона бо шеър зевар бахшанд ва аз ганҷи ҳофизаашон бо расонидани маъниҳои бикр ҳамеша моро баҳравар менамуданд. Дониши амиқи адабиётшиносӣ доштанд ва аз устодони бузурги худ – академик Абдулғанӣ Мирзоев ва Носирҷон Маъсумӣ дар қатори дигар саршиносони илми адабиёт ёд карда, ба донишу ҳунари онҳо арҷ мегузоштанд ва бо ин амалашон ҳисси садоқатмандии моро дар нисбати худашон бештар менамуданд. Дар ҷараёни дарс аз мо агар муаллифи китоби адабиётшиносии маъруферо мепурсиданд ва мабодо мо намедонистем, бисёр бо алам инро қабул мекарданд ва талқин мекарданд, ки ҳадди ақал барои филологи асил шудан ин китобҳоро рафта ба дастатон гирифта варақгардон кунеду аз онҳо баҳравар гардед. То ҳанӯз ҳар як дарсашон дар гӯшаи хаёлҳо садо медиҳад (ёдашон ба хайр).
Марҳилаи шинохти илм
Соли дуюми донишҷӯӣ ҳарчанд бо гирифтани мавзуи кори курсӣ мо расман ба илм машғул шавем ҳам, аммо таҷрибаҳои даврони донишҷӯӣ нишон медиҳад, ки вусъати биниши илмӣ дар ин марҳила то ба андозаест, ки тоза моро дар ташхиси роҳи интихобнамуда сафарбар мекунад. Маҳз дар ҳамин марҳила банда низ бо роҳбарии устоди зиндаёд Иззатулло Тамлихоев, ки аз таърихи забон моро дарс гуфта, бо ин роҳ, аз ганҷинаи донишҳои фаровони забониашон, бахусус, забони паҳлавӣ моро бархурдор менамуданд, кори илмиро шуруъ намудам. Устод аз майлу хоҳиши банда пурсон шуданд ва аз такрори зиёди номи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дарёфтанд, ки тамоюл ба ҷустуҷӯ ва таҳқиқи Ҳофизро дорам. Аввалин кори илмиамро аз назари худам бо сари баланд анҷом додам ва ҳангоми баромад дар конференсияи апрелӣ маълум гардид, ки аз таҳқиқи анҷомдодаи банда, ягон масъалаи мавриди пажӯҳиш татбиқ нашудааст. Танҳо баъд аз ин пай бурдам, ки дар таҳқиқи мавзуи мавриди назар, бояд бештар ба хусусияти забонии он таваҷҷуҳ мекардам ва устод Тамлихоев низ эрод гирифтанд, ки хусусиятҳои забонии мавзуъ ноомӯхта мондааст. Устод чун дарк карданд, ки дар самти интихоби илм саҳв намудаам, гуфтанд бисёр майлу хоҳишат ба адабиёт бошад, метавонӣ аз адабиёт мавзуъ гирӣ, ки гӯё бо ин суханашон маро ҷон бахшиданд ва пурсиданд киро мехоҳам роҳбар гирам, бедудилагӣ номи устод Саидҷаъфаровро гирифтам ва гуфтанд ман бо он кас суҳбат мекунам ва рафта мавзуъ мегирӣ. Акнун то курси панҷум Ҳофизро аз дунёи ҳофизонаи устоди адабиётшинос Шовалӣ Саидҷаъфаров таҳқиқ намудаму дар мавзуи “Мусаввараҳо дар ғазалиёти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ” рисолаи дипломӣ низ таълиф намудам. Ҳамин тавр рӯзгори банда бо илми адабиётшиносӣ пайванди ногусастанӣ хурд.
Аз ҳамсабақону аз курси таҳсилнамудаи мо
Самараи ранҷи устодони варзидаву ганҷи маонии афкору андешаи онҳо буд, ки курси мо аз беҳтарин курсҳои факултет ба шумор мерафт ва инро устодон низ эътироф мекарданд. Дар аёми донишҷӯӣ аз миёни ҳамсабақони мо Қуддусов Хӯҷамурод ҳамасола дар олимпиадаҳои фаннӣ ширкат карда соҳиби ҷо мешуд. Махсусан, соли панҷуми донишҷӯиямон зери роҳбарии муаллимаи ғамхору мушфиқ ва дар баробари ин сахтгир Муродова Гулчеҳра аз фанни сиёсатшиносӣ омода гардида, дар миёни донишҷӯёни тамоми муассисаҳои олии кишвар соҳиби ҷои аввал гардид. Имрӯз бо саъю талошҳои зиёд ба дараҷаи доктори илмҳои сиёсатшиносӣ расида, ба ҳайси декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад. Профессори кафедраи равандҳои сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Банда низ дар озмуни доимамалкунандаи “Набзи шеър”, ки муассисаш кумитаи ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, маҷмуи ашъорамро пешниҳод намуда ширкат варзидам ва ҷои аввалро сазовор гардидам. Соли панҷуми таҳсил ҳамчунин гирандаи стипендияи Президентӣ будам. Аз нахустин иштирокчиёни вохӯрии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар будам.
Дар курси мо ҷавонони болаёқат зиёд буданд ва баъди хатми донишгоҳ ба шаш нафари мо дипломи сурх доданд ва дар миён боз донишҷӯёне буданд, ки бо фаъолияти хуби донишҷӯии худ аз он бебаҳра монданд, чунки аз рӯйи қоида ҳар сол ҳамин миқдор ба ҳар курси хатмнамуда дипломи сурх дода мешудаст. Мехостам ин ҷо аз ҳамсабақи донишдӯстам Сафармоҳ Абдуллоева, ки бо дипломи сурх донишгоҳро хатм намуда буд ёдовар шавам. Сафармоҳ духтари соҳибистеъдод буд ва бо таронанависӣ ҷаҳони зебои худро оро медод ва аз рашҳаи қаламаш моро низ баҳравар менамуд. Чакидаҳои қаламаш дар рӯзномаи донишгоҳӣ -“Анвори дониш” ва маҷаллаи даврии “Фирӯза” ба табъ расида буд. Сафармоҳ баъд аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳаш, ноҳияи Балҷувон баргашта, ба ҳамсабақамон Ҳасанов Рустам, ки ҷавони кӯшову илмдӯст буд, ба шавҳар баромад ва ба зодгоҳи Рустам ба ноҳияи Ховалинг рафт. Рустам қудрати зеҳнии фавқулодае дошт, ки агар мехост, метавонист дилхоҳ китоберо дар як шаб хонад. Мо ҳамроҳи ҳамсабақон чанд маротиба ӯро дар ин роҳ озмудаем ва дарёфтем, ки ӯ китоби хондаашро дар ҳадди фаҳму дарки хотира мутолиа карда, ҳар нуктаи онро метавонист озодона шарҳ диҳад. Аз рӯйи иттилоам баъдҳо Сафармоҳ муддате дар кумитаи занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд. Рустам бошад, дар Коллеҷи тиббии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгори фанни забони тоҷикӣ фаъолияташро ба роҳ монда, ба кори илмӣ машғул аст. Соҳиби ду писарчаи зебо ҳастанд. Аз ҳамин гуна иттифоқ дар курси мо боз як оилаи саодатманди Тоҷикистонро метавон ном бурд. Ҳамсабақонам Ҳасанов Бахтиёр ва Мадбекова Дилором бо касби дониш дар миёни мо намуна буданд. Дар соли панҷуми таҳсиламон оила бунёд намуда, баъди хатми донишгоҳ ҳарду ҳам аз мактаби миёна фаъолияти омӯзгории худро шуруъ намуданд. Алъон Бахтиёр дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуда истодааст ва дар арафаи дифои рисолаи номзадӣ қарор дорад. Дилором бошад, дар мактаби таҳсилоти умумии ба номи Ушинский дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти омӯзгории худро идома дода истодааст. Омӯзгори ботаҷриба, сахтгиру серталаб буда, шогирдони зиёди ӯ бо иштирок дар озмунҳои фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва ғайра номбардори Ватану муаллими меҳрубони худ гардидаанд. Соҳиби чор фарзанд мебошанд. Самараи ранҷу талошҳои омӯзгории онҳо буд, ки соли гузашта ду фарзанди онҳо дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, фарзанди дуюмашон - Ҳасанова Малика, хонандаи синфи 11, соҳиби шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти кӯдакона ва Ҳасанова Шукрона, хонандаи синфи 4, соҳиби ҷойи дуюм аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон гашт.
Дар курси мо духтарони фаъол хеле зиёд буданд ва яке аз онҳо Амиршоева Соҳибҷамол буд. Ӯ сермутолиа буд ва махсусан, мутолиаи китобҳои ривоятиро хеле дӯст медошт ва ҷилд-ҷилд китобҳои “Самаки айёр”, “Ҳазору як шаб”, “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт” ва ғайраро мутолиа намуда буд. Бо ҳам дар курсҳои журналистӣ иштирок карда, соҳиби чаҳор шаҳодатномаи тахассусӣ низ гашта будем. Ошноӣ бо мутахассисони соҳа, ба монанди Ҷовид Муқим, Турко Дикаев, Сайёфи Мизроб, Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ ва боз чанди дигар, ки баъзе аз ин намояндагони барҷастаи васоити ахбори оммаи кишвар, махсусан, барои гузаштани курси журналистӣ ва дар доираи лоиҳаи хеш татбиқ намудани чунин курсҳои омӯзиши дар шаҳри Кӯлоб омада буданд, мояи ифтихору сарфарозии мо буд. Соҳибҷамол қалами хуби журналистӣ дошт. Ӯ ҳамчунин муддате моро, ки бо ҳамсабақон Қуддусов Хӯҷамурод ва Ёқубов Бахтиёрро пайваста дар маҳфили “Шоҳномахонӣ”-и шоҳномапажӯҳи тоҷик Зафар Мирзоён иштирок менамудем, ҳамроҳӣ низ намудааст. Соҳибҷамол аз духтарони шаҳри Кӯлоб буд ва фаъолияти омӯзгории худро аз шаҳри Кӯлоб оғоз намуд ва баъди шавҳар кардан, фаъолияташро дар мактаби таҳсилоти миёнаи деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо тадриси фанни забон ва адабиёт идома дода истодааст.
Дар роҳхат ба таҳсил дар аспирантура, моро Ёқубов Бахтиёр ҳам ҳамроҳӣ намуда буд ва ӯ ба самти педагогика рӯй овард. Баъди соле таҳсил дар аспирантура Бахтиёр фаъолияти худро дар Кумитаи амнияти миллӣ ба роҳ монда, муддате аз фаъолияти илмӣ дур монд. Аммо имрӯз дар қатори омӯзгорон боз ба идома додани пажӯҳиши илмӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ машғул гардидааст.
Чуноне ки гуфта шуд, дар миёни мо духтарони зиёде буданд, ки ба касби илм майл доштанд, ба монанди Додова Саида, Назарова Бунафша, Абдураҳимова Ситора, Ақдодова Ҳангома, Каҷкуллоева Тоҷиннисо Ҷабб
орова Анзурат, Шомадова Гулрухсор, Мазориева Мавзуна.
Ҳамин тавр, метавонам аз фаъолияти чанде дигар, ки огоҳ ҳастам ёдовар шавам. Шоинов Комрон, ки имрӯз ба ҳайси директори мактаби таҳсилоти миёнаи ноҳияи Восеъ фаъолият дорад. Пиров Муҳаммад, ки дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хидмат карда истодааст. Азимов Аваз, ки дар шабакаи барқдиҳӣ барқи тоҷик дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Назаров Ибодулло муовини директор мактаби таҳсилоти миёна дар шаҳри Кӯлоб мебошад.
Имрӯз аксар аз ҳамсабақони мо дар соҳаи илму маорифи кишвар фаъолият намуда истодаанд ва бо дарки масъулият вазифаи омӯзгории худро содиқона иҷро карда истодаанд.
Таъсири матақобилаи маҳфили “Шоҳномахонӣ” ба мактаби адабии Донишгоҳ
Вақте сухан аз маҳфили “Шоҳномахонӣ” рафт, дар омади гап мехостам ду нуктаи муҳимро аз фаъолияти маҳфили “Шоҳномахонӣ”-и шоҳномапажӯҳи тоҷик, устоди гаронмоя Зафар Мирзоён арза дорам. Аввал, агар роҳандозии ҳамчунин маҳфиле дар шаҳри Кӯлоб иқдоми бузурги устод Зафар Мирзоёнро дар зинда нигоҳ доштани ҳофизаи таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик дар бар гирад, аз ҷониби дигар, фаъол намудан ва пеш бурдани он нерӯи фавқулодае мехост, то ин иқдом амалӣ шавад. Муҳаббати бепоёни устод Зафар Мирзоён ба “Шоҳнома” тавонист тамоми маҳдудиятҳоро сарфи назар карда, ба муваффақияте даст ёбад, ки аз маҳфили “Шоҳномахонӣ”-аш то замоне ҳаёт дар замин боқист, ҳарфу сухани гуфтанӣ кам нагардад. Ин меҳру садоқат баъдҳо устодро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ пайваст, ки донишҷӯёни босаодати он аз файзи донишу фитрати зотӣ ва замири покманиши устоди зиндаёди мо ганҷи маънӣ касб кунанд. Устод Зафар Мирзоён ҳамонгунае, ки ҷавҳари инсонии воло доштанд, ба таъриху фарҳанги гузашта низ дилсӯз буданд ва ҳамеша моро дар нигоҳ доштани ганҷинаи бойи осори ниёконамон ташвиқ мекарданд. Устод ҳар як муваффвқияти моро мисли муваффақияти худ қадр мекарданд. Ёдам меояд, соли 2012 ҳангоми дифои рисолаи номзадиам - “Пайдоиш ва таҳаввули тамсил дар адабиёти форс-тоҷик (асрҳои X-XI)” дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи милии Тоҷикистон, устодро даъват кардам ва вақте дар қатори наздикону пайвандон устодро дидам, аз шодӣ пару бол баровардам. Ин бузургии устод буд, ки маҳз ба хотири дифои банда аз Кӯлоб омада буд. Маҳфили “Шоҳномахонӣ” аз ҳар ҷиҳат дар ҳосил шудани тафаккури адабии мо кумак мекард. Аз ҳамсабақону дӯстони фаъолам: Ҳамидов Орзу (Ҳамидиён Орзу), Шарифова Моҳлиқо, Саидова Шаҳноза, Назриева Фарангис, Сулаймони Султон, Қуддусов Хӯҷамурод (Сафарализода Хӯҷамурод), Шерхонов Абдулмумин, Ёқубов Бахтиёр ба шумор мерафтанд. Аз тариқи маҳфили “Шоҳномахонӣ”, ҳатто ба дарки масъалаҳое расидем, ки аз қабл ба онҳо ошно набудем. Маҳфили “Шоҳномахонӣ” ҳам дар замони донишҷӯии мо як ҷузъи дарсҳои адабии мо ҳамсабақон гашта буд. Устод Зафар Мирзоён бо пайвастанашон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ маҳфили “Шоҳномахонӣ”-ро ба донишгоҳ интиқол доданд, ки аз муҳимтарин дастовардҳои донишгоҳ дар замони истиқлолият ба шумор меравад ва ин шамъи афрӯхтаи устоди гаронмояву зиндаёд, Зафар Мирзоёнро аз бонувони шоҳномапажуҳи тоҷик Нодира Ашӯрова дар донишгоҳ равшан нигоҳ медоранд (ёди устод ба хайр).
Хидмат ба донишгоҳ
Солҳои охири таҳсили донишҷӯӣ банда вазифаи раиси шурои духтарони донишгоҳро бар дӯш доштам. Аммо алоқаи зиёди банда ба шеъру сухан маро ба самти илм бурд. Ҳазорон дуруду дуо мефиристам ба устоди зиндаёд Шовалӣ Саидҷаъфаров, ки аз дарёи адабиёт моро шодоб карданд ва меҳру ихлосашро дар замири мо коштанд ва замоне дар қайди ҳаёт буданд ҳамеша таъкид менамуданд, ки аз суҳбати донишмандоне чун устоди зиндаёл Худоӣ Шарифзода бебаҳра намонем. Аллакай аз қабл нақшаи банда барои идомаи таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳрезӣ шуда буд. Бо даргузашти устод Шовалӣ Саидҷаъфаров (соли панҷуми таҳсили мо буд) ва хатми донишгоҳ аз пайи такмил додани донишҳои адабии хеш гаштам ва дар ҳар куҷое қадам гузоштам саъй намудам, ҳамонгунае, ки маро омӯхтанд ба халқу ватанам софдилона хидмат намоям.
Аз ногуфтаҳо
Матлабе, ки ин ҷо овардам, шояд аз забони ҳар як донишҷӯи даврони мо ҳамин гуна садо диҳад. Чунки мақому мартабаи устодон дар дили ҳар як донишҷӯи замони мо ба масобаи ихлосу эътиқоде, ки ба устод доштем, дар садоқат, дар муҳаббат, дар эҳтироми поси хотир зоҳир мешуд. Аз ректори донишгоҳ, академик Самариддин Каримов сар карда то устодони ботаҷрибаву соҳибтахассусе, ки моро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таълим додаанд, дар рушди маънавиву тарбияи шахсии ҳар яки мо саҳми беандоза бузург гузоштанд. Дар миёни ин устодони бузург, нафароне низ буданд, ки баъди таҳсил дар аспирантура бо сабабе рисолаҳои номзадии худро дифоъ накардаанд, ба монанди устод Иззатулло Тамлихоев, Шамси Хатлонӣ. Чунки он вақт аксаран барои таҳсил дар аспирантура ва анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотии худ ба Россия мерафтанд ва аз ҷумла Шовалӣ Саидҷаъфаров, Саид Раҳим, Соат Чалишев, Қаюм Сангов, Ғоиб Мирзоев, Давлатмурод Расулов, Расул Амиршоев, Абдусаттор Абдулвоҳидов, Достӣ Шарифов, Ҳабибулло Солиев, Гурез Иброҳимов ва ғ. аспирантураро дар донишгоҳҳои Россия гузашта, рисолаҳои номзадии худро дар ҳамон ҷо дифоъ намуданд ва он донишу малакае, ки ҳангоми таҳсил дар аспирантура ба даст оварда буданд, на камтар аз дараҷаи докторӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар шуълаи ҷаҳони андешаашон беҳтарин мутахасисони ояндаро зиё мебахшиданд ва барои хидмат ба халқу Ватан сафарбар мекарданд. Устод Иззатулло Тамлихоев ҳам ин мактаби илмиро дар шаҳри Санкт Петербург гузашта буд, аммо аз сабаби сахтии рӯзгор натавонистааст рисолаи худро то дифоъ расонад.
Мактаби бузурги адабии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз аз замонҳои нахустини фаъолияти донишгоҳ нуфӯз дошт. Аз ин рӯ, бахти донишҷӯи ин боргоҳи бузурги адабӣ шудан, на ба ҳама даст медод ва ҳар нафаре, ки ин мактаби адабиро мегузашт, бо касби илму дониш дар гӯшаю канори мамлакат арҷманд мегашт ва дар камол ёфтани садҳо шогирдони адабиётдӯст саҳм мегузошт. То замоне ин шарари бо меҳр афрӯхтаи устодон дар қалби ҳар як шогирд фурӯзон аст, ин чароғи маърифат сарчашмаи нуру зиёи аҳли дил хоҳад шуд.
ПАРВОЗИ ШОҲИН
Хаёли шеър парвози Ҳумои рози Шоҳин,
Ба маънӣ шоҳбайте зам кунад “Парвози шоҳин”
Киро шоҳини табъаш кард парвоз-ар ба боло,
Тавофи дидаи дил буд, дар оғози шоҳин.
Ба ҳар ҷо миҷмаре аз меҳр афрӯхтӣ дили гарм,
Табассум дар лаби хуршед савту сози шоҳин.
Ба нури ховарӣ пӯшида буд маҳтоби васлаш,
Чу дурри соф гашт оинаи пардози шоҳин.
Дар он хоне, ки ҳусни суҳбаташ боғи маонист,
Зи ҳар сӯе ба рӯйи бом дорад бози шоҳин.
Ту, эй бедордил, дар хирмани ҷон о, чу меҳроб
Ба арзи шукр бикшо партави “Парвози шоҳин”.