, Душанбе, 27-октябр

ПОРСОИИ ӮРО ДӮСТ ДОРАМ


ПОРСОИИ ӮРО ДӮСТ ДОРАМ

Инсон ҳамеша меомӯзад. Аз гузашти рӯзгор, аз авқоти аввалин.  Басо шодмониву пирӯзист, ки агар ба рӯзгор бо инсонҳои наҷибу дилошно рӯ ба рӯ шавӣ, ба умр баракату садоқат, шодиву нишот ҳамрадиф мешавад. Дар назми халқӣ басо суфта гуфташудааст, ки “Аз некон боғ мемонад” дуруст аст. Устод боғбонеро мемонад, ки ҳамеша барои парваришу сабзидани ниҳол андармон аст. Устод волидайни меҳрубонест, ки бо накҳати ҳастияш ба ҳамагон таровату нур мебахшад.

Мо чанд омӯзгор дорем, аввалӣ рӯзгор, дуввумӣ мушоҳидаҳо, севвумин чашми хирад, солисану билохира устодону дӯстону ҳамнишинон. Устодон беназиру бамесланд. Агар ба онҳо санову дуруд хонӣ, ҳанӯз ҳам баҳрашон сухане ва каломе зам шуда метавонад. Пайраҳаи фаъолияти устодон фароху фаровон аст.

Ман Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро хатм намудаам ва фаъолият ҳам кардаам. Меҳру муҳаббат, сидқу сафову лутфу марҳамати ҳар як устодону омӯзгорони ин боргоҳи маърифат бароям ошност. Фикр мекунам, ин гуна устодони боразиш танҳо дар донишгоҳи ман чида шуда бо ҳам омадаанд. Ман дар донишгоҳ дар ду давр фаъолият кардаам. Вақте ки донишгоҳро хатм кардам ба кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ба кор даъват шудам. Дар кафедра таҳти роҳбарии устоди устодон, марҳум Сангов Қ. (равонаш шод) тӯли се сол кор карда, ҳам омӯхтам ва ҳам асситент шуда, фаъолият кардам.

Бо ҳаводиси рӯзгор дубора солҳои 2014-2018, тибқи мактуби расмӣ ба донишгоҳ ба кор омадам. Ин дафъа ба Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ.

Дар раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ бо Самаридинова Зайнаб, Раҳимова Қурбонбӣ, Холова Ғалатӣ ҳамкору ҳамкасб будем. Басо бахши серкору серфаъолияту доманадоре буд, ки ҳамеша дар пайи иҷрои супоришҳои маъмурият қарор доштем. Ҳамеша аз пайи иҷрои мактуб, аз пайи иҷрои кадом як конфронсу мизи мудаввару чорабиниҳои донишгоҳиву берун аз доншгоҳӣ. Мо дар раёсат модари ғамхор, сардори пуштибон, сухандону каломшинос - муаллимаи азиз Худойдодова Шарофат Зардовнаро доштем.

Дар симои Худойдодова Шарофат Зардовна инсони донишманд, соҳибмаърифат, хирадмандеро дарёфтам, ки ҳамеша дар фазои эҷоду омӯзишу парвариш қарор дошт.  Агар бо Шарофат Зардовна дар шароити корӣ ҳамкорӣ кунӣ, ӯро ончунон инсони ғамхору мушфиқ пайдо мекунӣ, ки бо оддитарин роҳу равишу усул иҷрои матлабро бароят пешниҳод мекунад. Чун агар ба тариқи як роҳбар наздаш маталаберо баён кунӣ, матлаб дар иҷрову меҳр дар дил боқӣ мемонад, чунки Худойдодова Шарофат роҳбарест пуштибону муаддабу муҳтараму арҷманд.

Дар донишгоҳи мо солҳое, ки ман кор мекардам (манзурам Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) тез-тез чорабиниҳо, вохӯриҳо, нишастҳо мешуданд. Муаллимаи азизи серкору пурфаъолияти мо ҳамеша омода буданд, ки дар ин чорабиниҳо иштирок кунанд, на танҳо иштирок кунанд, балки сухан ҳам гӯянд. Ӯ дар донишгоҳ бароям нигине буд, пурқиммат, ки ҳама дар ин рӯзҳо муаллимаро меҷустанд. Ин чорабинӣ чӣ хел гузаронида мешавад, кӣ сухангӯ мешавад, баъд чӣ мекунем ва ҳоказо. Муаллима дар ҳамаи ин чорабиниҳое, ки  хусусияти илмӣ доштанд, омада иштирок мекард, сухан мекард, ба забони тоҷикиву русӣ. Нутқаш зебову дилкаш буд, суханаш пурмаънову шево буд. Ҳаргиз боре надида будам, ки муаллима дар чорабиние, аз болои варақ нутқ кунаду сухан гӯяд. Нутқаш дар варақ  чун нақшаи иншое навишта ва гузошта мешуд. Шеърдону сухандон, дар каломаш ширу шакар пайдо буд.

Ёдам аст, вақте дар донишгоҳ нишасти матбуотӣ баргузор мешуд, муаллима дар садри ҷаласа қарор доштанд ва ба ҳама он журналистону саволдиҳандагоне, ки барои дарёфти ҳақиқат саволӣ “муҳим”-и худро мегуфтанд, мавриди баҳси доманадоре қарор мегирифт. Муаллима не ба асабоният, не ба нигоҳи ғаразӣ, он чунон бо ҷавоби малеҳонаву гуфтори бонамакаш посух медод, ки кас дар ҳайрат мемонд. Ин ҷо дарёфтам бузургии Шарофат Зардовнаро.

Вақте ки дар донишгоҳ ҷаласаи Шурои илмӣ ва ё ҷаласаи корӣ мешуд, муаллима сари ҳар як қарор шахси масъул буд, ҳамеша дар даст дафтари қайд доштанд, ки супоришҳоро онҷо менигоштанд, боре ҳам исрор намекарданд, ки ин вазифаи ман не. Ҳарчанд дар донишгоҳ он вақт вазифаи муовини илм ва инноватсияро бар дӯш доштанд, метавонистанд, ки корҳои дигари ба уҳдабудаашонро баҳона карда, аз як супориш даст кашанд, аммо не, даст намекашиданд ва ба истиқболи супориши нав бо ҷону дил даст иҷро мекарданд. Ин ҷо дарёфтам бузургии Шарофат Зардовнаро.

Ёдам аст, ба донишгоҳ модари ғамхору пуштибоне барои хориҷ шудани писараш аз донишгоҳ ба назди ректор омада буд. Ҳар устоде, ки меомад, мепурсиданд, писарат кӣ, модар номи писари хориҷшудаашро мегуфт. Буданд омӯзгорне, ки носазо гуфтанд модарро, писарат наомад, қарздор шуд ину он... Аммо муаллимаи азизу меҳрубону ширингуфтори мо Шарофат Худойдодова ин модарро бурд сари як пиёла чой аввал таъриф кард, ки басо писари ғамхору варзишгару тануманд тарбия кардӣ, аммо чӣ шуд, ки ба дарс наомаду кор ба ин ҷо расид, то ҳанӯз ин модар барои муаллима дуову санои раҳмат мефиристад. Ин ҷо дарёфтам бузургии Шарофат Зардовнаро.

Ҳаргиз фаромӯш намекунам, соле ки модарамро аз даст додам. Баъди он ки ҳамкоронам апаи Ғалатӣ ва апаи Қурбонбӣ барои иҷрои супорише ба факултаҳо мерафтанд, ман дари утоқро мепушидаму “диламро холӣ мекардам” мегиристам, ба ёди модари зери хокам. Муаллимаи азизам омада дарро мезаданд, мегуфтанд:- Мавзуна ман медонам, ки ту дар дохил ҳастӣ, биё аз модарат гап мезанем..... Ин ҷо дарёфтам бузургии Шарофат Зардовнаро.

Дар пасманзари фаъолияти корӣ муаллима як зани танҳо ҳастанд. Танҳоии муаллимаро боре ҳам ҳис намекардем. Чунки ӯ танҳоияшро ҳеҷ гоҳ нишон намедиҳад. Пеши касе шикваву шикояте намекунад, боре ҳам тақдирро бад намегӯяд, боре ҳам аз рӯзгораш гила намекунад, боре ҳам ғамашро чун кӯҳ намебинад ва шояд бинад, ҳам аммо дигарон намебинанд. Ин ҷо дарёфтам бузургии Шарофат Зардовнаро.

Ӯ зани қаҳрамон аст, рӯзгораш намунаи ибрат аст, феълу рафтораш пайравикунанда аст. Боре ба хонааш меҳмон шудам (ростӣ на якбору ду бор), бо тамоми хонаводаи шавҳараш дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд, анқариб беш аз бист сол аст, ки шавҳараш оғӯши хок гирифтаву муаллимаи азизи ман то ба ҳанӯз эҳтиромашро ба ҷо меорад... Ин ҷо дарёфтам бузургии Шарофат Зардовнаро.

Ман аз бузургдилии ӯ, поквиҷдонии ӯ, солории ӯ, дурандешиву некандешиаш вақте фаҳмидам, ки ӯ соҳиби келин ва набера шуд. Тавлиди ҳар як набераашро тӯҳфаи худованд қабул дорад. Ёдам аст, вақте ки наберааш Муҳаббат ба дунё омад, ӯ исми набераашро на ба хотири муҳаббат доштан ба келанш, ки ҳамчун духтар дӯсташ медорад, на ба хотири пайванди муҳаббати оилаашон Муҳаббат ном гузошт, танҳо ба хотири он ки ҳамкорам, муаллимаи азизи донишгоҳамон Муҳаббат Иззатоваро дӯст ва эҳтиром медошт, ба он хотир ин номи муборакро ба аввалин наберааш, ба духтари писариаш ном гузошт. Ин ҷо дарёфтам бузургии Шарофат Зардовнаро.

 Дар баробари дар бари муаллима будан он рӯзҳо мо низ шод будем. Иллоҳо муаллима ҳамеша дар пайи шодиву нишот бошанд. Рӯзгорашон пурфайзу пурбаракат бошанд. Ончунон ки имрӯз хандаву дилшодӣ дар ҷеҳраашон ҳамеша аст, доимо ҳувайдо бошад.

Давлатзода Мавзуна, котиби масъули Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, мудири редаксияи олимони СИЭМТ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!