,
Якшанбе, 22-декабр
Терроризм ва мубориза бар зидди он яке аз масоили асосии факторҳои байналхалқӣ ба хотири таъмини амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Меарзад нисбат ба ду мафҳуми забонзадашудаи ҷаҳони имрӯз, ки терроризм чист ва террорист кист назаре андозем.
Терроризм ҳамчун навъи муносибати канора аз ҷониби субъектҳои он ба хотири бозсозии мақсадҳояшон дар фазои дохили давлат, минтақаҳо ва сатҳи чаҳонӣ амалӣ мегардад, раванди баамалбарории терроризм, ки асалан дар заминаи таъсиррасонии психологӣ нисбат ба ҷалби субъектҳои он ба амал бароварда мешавад, ҳамчун зуҳуроти иртиҷоӣ вобаста ба омилҳои сар задани он метавонад пайравони онро дар сафи ташкилотҳои террористӣ зиёд намояд. Терроризм як шакли экстермизм ба ҳисоб рафта, сабабҳои зуҳур ва таъсири он ба ҷаҳони муосир ақлу ҳуши оламиёнро ба худ кашидааст.
Яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаҳо фаҳми якхелаи муносибат дар доираи мушкилоти мавҷуда ба ҳисоб меравад. Терроризм калимаи лотинии «terror» буда, маънои тарсро ифода менамояд. Ё ин ки дар луғати С.И.Ожегов муайян гардидааст, ки терроризм аз калимаи фаронсавӣ «terrorizer» гирифта шуда, маънои зуроварӣ, даҳшат ва дар ҳолати тарсу ҳароси доимӣ нигоҳ доштанро ифода менамояд ва ё мувофиқ ба Конвесияи мубориза бар зидди терроризм қабулшудаи Иттиҳоди Аврупо. Терроризм ин ҳар гуна ҳодисаи зуроварӣ бар зидди озодӣ, ҳаёт ва тандурустии одамон мебошад. Вобаста ба рӯйоварии муносибати олимон ҳар яке нисбат ба терроризм амали иртиҷои террористиро рафт дода, оқибати ногувории онро ба ҷомеаи инсонӣ талқин менамояд. Аммо новобаста аз муносибатҳои мавҷуда, зарароварии терроризм ба ҳаёти инсон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт меафзояд ва таҳдид аст ба амнияти миллии давлатҳои ҷаҳонӣ.
Терроризм ҳамчун навъи муносибат дар ҷаҳони имрӯз, вобаста ба субъектҳо ҳар навъ ба амал бароварда мешавад. Махсусан, терроризми давлатӣ, муносибатҳои террористӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ, шахсони алоҳида, гурӯҳи давлатҳо сурат мегиранд. Омилҳои асосии зуҳури терроризм дар шароити имрӯза чӣ ба ҳисоб меравад? Амалҳои якҷояи давлатҳо бар зидди ин падидаи иртиҷоӣ ва самараи он ба сифати омилҳои асосии раванди ба вуҷудоии терроризм метавон як қатор мушкилотҳоро нишон дод. Сатҳи пасти маълумотнокии динию дунявӣ, иқтисодӣ, камбизоатӣ, сатҳи баланди ташаккули техникаю технологияи муосир ва раванди пахши иттилоот, нобоварӣ нисбат ба ҳукумати амалкунанда аз ҷониби шаҳрвандон ва раванди ташфиқи он аз ҷониби субъектҳои таъсиррасон, сармоягузории хоҷагиҳои берунӣ ба субъектҳои дохилии давлат, ки мехоҳанд фазои дохилиро халалдор созанд. Маълумотҳо оид ба зуҳури терроризм тавассути ВАУ (васоити ахбори умум) собит бар он аст, ки нобаста аз чораҳои роҳандозишуда, дар нисбат ба терроризм амалҳои террористӣ торафт меафзояд. Ҳолати мувозинатӣ ва осоиштагиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳам мезанад. Нисбат ба ҷавобгардони дар шакли зӯроварӣ роҳи ҳалли масъала нест ва баръакс вобаста ба макон, замон ва вақт хосияти муташаниҷро касб менамояд, ки рӯҳияи иғвогароёнаи иштирокдоронро баланд мебадорад.
Махсусан, дар ташаккули ташкилотҳои террористие, ки таъсири муосирро дар нисбати таъсирасонӣ ба давлатҳои рӯ ба инкишоф соҳибанд, дар манотиқи Осиё аз ҷониби давлатҳои абарқудрат, ки даъвои ҷаҳони демократӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон менамоянд таъсир гузоранд. Сиёсати стратегияи давлат дар доираи манфиатҳои миллӣ таҳрезӣ мешавад ва асоси фаъолияти ҳар як ҳукумати амалкунанда новобаста аз сатҳи инкишофи давлат низ ҳамин доираи муносибатҳост. Махсусан, давлатҳои абарқудрат кӯшиш менамоянд, ки манфиатҳои миллиашонро асоси муносибат донанд ва онро новобаста аз вазъи ба амаломада ҳимоя намоянд. Таваҷҷӯҳ зоҳир менамоем, ки нисбати сиёсати стратегии ИМА рушди фазои дохилӣ аз берунсозии сиёсати хориҷӣ сарчашма мегирад. Афгонистон инчунин амалисозии терроризми давлатӣ аз ҷониби ИМА ва Англия бо баҳонаи соҳибикардан ба бомбаи «атомӣ» ба Ироқ, гунаҳгорнамоии Садам Ҳусейн ба ҳамкорӣ дар нисбат ба миллиардери араб У.Б. Лодан роҷиби ташкилоти террористии «Ал қоида», режими истибдои дар раванди идоракунии давлат амалӣ сохта буд, далели гуфтаҳои болост. Баъди хулосаи комиссияи ташкил шуда, нисбат ба ин масъала ин навъи пешниҳодҳо пурра инкор карда шудаанд. Мақсад ва ҳадафҳои геополитикӣ, дастрасии манфиатҳои миллӣ дар мантақаи Шарқу Осиё ва манфиатҳои геостратегиашон мебошад.
Терроризм дар шакл ва суратҳои гуногун ба амал меояд. Махсусан таҳдидҳои бевосита дар рафти муборизаҳои сиёсӣ, рабудани хизматчиёни сатҳи оллии давлатӣ, талаби пул ва озод намудани маҳбусони сиёсӣ. Бо чунин анҷом террористон умед мебанданд, зараррасонӣ дар нисбати молу амволи шаҳрвандон, амалҳои барои ҷомеа хатарзо ва таҳдид ба амниятӣ давлатӣ, ҳуҷум ба намояндогони ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳо ва инчунин амалҳое, ки бо мақсади барангехтани моҷароҳои сиёси ва муқовиматомез сохтани муносибатҳои байналхалқӣ равона шудаанд.
Метавон терроризмро дар шакли маҳдуд, ҳар гуна амале, ки умумиятҳоро таҳдид менамояд ва ба онҳо тарсу ҳарос ва даҳшатро ба бор меоварад фаҳмид. Омӯзиши терроризм дар ҷаҳони муосир ба он оварда мерасонад, ки зуҳури терроризм ба мамлалакатҳои алоҳида ва минтақаҳои муайян марбут нест. Ин ҷараёни иртиҷоӣ дар шароити муосири муносибатҳо аз доираи ҳудуди давлатҳои алоҳида берун баромада таъсир ба давлатҳои дигар мерасонад. Масалан зуҳури терроризм дар мамлакати Афғонистон, ки дар заминаи омили динӣ ташаккул ёфтааст метавон ба амнияти давлатии мамлакати мо ва дигар ҷумҳуриҳо, Қиргизистон ва Узбекистон таъсири манфӣ расонад. Дар маркази муносибати терроризм террорист қарор мегирад, зеро маҳз он ҳамчун субъекти амалҳои террористӣ шинохта шуда, террорро барои расидан ба объект ба амал мебарорад. Яке аз роҳҳои асосии мубориза бо терроризм ин роҳҳои зуроварӣ ба ташкилотҳои рӯирост амалкунандаи онҳо дар фазои дохили давлатҳо набуда, балки амали мусбат нисбат ба ин падидаи манфур мубориза бурдан бо сармоягузорони он ба ҳисоб меравад.
Яке аз шаклҳои асосии терроризм дар шароити муосир ва мавқеи муайянро дар раванди амалишавии муносибатҳои терроризмӣ соҳиб будан ин терроризми динӣ мебошад. Махсусан, ташаккули терроризми динӣ дар заминаи арзишҳои динӣ ва боварии пайравон, ки ба амал бароварда мешавад амалишавии муносибатҳои иртиҷоӣ зудтар сурат мегирад, зеро дар ин раванд мубориза дар фазои таъсирасони аҳкоми динӣ ба иштирокчиён сурат гирифта, ба он тарзе фаҳмонида мешавад, ки асоси мубориза на объекти терроризм балки бунёди ҳокимияти илоҳӣ ва адолати динӣ ба шумор меравад.
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити муосир ва раванди ташаккули таҳдидҳои нави замони махсусан терроризму экстермизм муносибати ҷиддӣ аз ҷониби ҳукумати амалкунанда ва шаҳрвандони кишаварамон ба роҳ монда шавад, зеро муносибат накардан ба хотири ҳалли ин масоил маънои таъсири он ба мамлакат ва роҳи ҳалли ин, мушкилоти замони муосир нест. Ҳукумат ва шаҳрвандонро лозим аст, ки муносибати объективона нисбат ба ин қазияро пиёда созанд ва таъминоти ҳуқуқӣ, ҳолати мавзунии муносибатҳо ва сулҳу осоиштагӣ дар ҷомеа боқӣ монад ва барои наслҳои оянда шароити мусоиди зиндагӣ ва барои рушду инкишофи давлат заминаҳо муайян карда шавад. Моро мебояд ғамхор дар нисбат ба замини аҷдодиямон бошем ва барои рушди инкишофи он шароит муҳайё сохта, ҳимояи манфиатҳои миллию давлатиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, аз насли имрӯз ба насли ояндаи миллат номи нек боқӣ гузорем.
Амирҷони Миралӣ, омӯзгор