, Душанбе, 27-октябр

ОМӮЗГОРИ АСИЛ, ОЛИМИ ФАРҲЕХТА ВА ИНСОНИ КОМИЛ


ОМӮЗГОРИ АСИЛ, ОЛИМИ ФАРҲЕХТА ВА ИНСОНИ КОМИЛ

Баёни меҳр чӣ ҳоҷат,  ки хаёли оташи дил,
Тавон шинохт зи сӯзе,  ки дар сухан бошад.

Ҳисси қаблан ва таҷрибаи тули солиёни зиёд андӯхтааш ин дафъа ҳам ӯро ба андешаҳои мухталиф намудан водор сохт.

Охирин ҷумлаи лексияи имрӯзаашро расо панҷ дақиқа пеш аз анҷоми дарс ба забон овард.  Сипас,  чун одати ҳамешагӣ сӯи сомеонаш назар афканд ва чеҳраҳои қаноатманди онҳоро мушоҳида намуд,  бовар ҳосил кард,  ки мақсад ба даст омадааст,  мамнунона суоли ҳатмӣ ва анъанавии дар давоми солҳои зиёди фаъолияти омӯзгорӣ ҳамсафари ҳаёташ «Кӣ савол дорад?»-ро ба шунавандагон иброз намуд.  Лаҳзае хомӯшӣ аудиторияро фаро гирифт.  Наход ҳамааш фаҳмо бошад?  Охир,  мавзуи лексия,  ба назарам хело шавқовар-«Тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб» буд.

Дар шароити кунунӣ,  тарафҳои номукамал ва қисман норавшан маҳз ҳамин мавзуъ вақт аз вақт дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои матбуоти даврӣ ба назар мерасиданд.  Саволҳои зиёде ба миён меомад.  Ё шояд рағбати донишҷӯёнро бедор карда натавонистам бошам?

Он лаҳзаи хомӯшии донишҷӯён басанда буд,  ки устод хешро даҳҳо бор маҳкум кунад,  маломат намояд,  ситезаи сахтаринеро,  ки инсон ба худ раво мебинад вориди қалбаш созад.  Вале,  тарсу бими устод ин дафъа ҳам асосе надошт.  Як-як боло шудани дасти чанд тан донишҷӯён аз он гувоҳӣ медод,  ки лексияи имрӯза ба онҳо таъсири амиқе гузоштааст.

Ана ҳамин тавр,  тӯли тамоми солҳои омӯзгориаш барои ҳар як дарс тайёрии ҳамаҷониба медид, месӯхту месохт ӯ.  То он замоне,  ки қаноатмандии хешро ҳосил намекард,  хуфту хез,  қарору тамкинро фаромӯш мекард.  Худро ба чорсӯ мезад, обу адо месохт,  то мақсудро ба даст орад.  Мақсади ӯ дар назари аввал чизи хеле одӣ - қаноатмандии донишҷӯён аз дарсҳояш буд.  Вале дар пушти ин ибораи сода чӣ қадар шабҳои бехобӣ,  заҳматҳои беҳолкунанда,  ҷустуҷӯю такопӯҳои бефарҷом ниҳонанд.  Ҳамин заҳматҳо,  ҳамин шабзиндадориҳо ӯро хушҳолу хушбахт мекард.  Бе онҳо зиндагиашро,  рӯзгорашро тасаввур карда наметавонист.

   Барои мунаввар кардани кулбаи торики касе аз илму маърифат худ бояд сӯзӣ.

Ба симои устод назар андӯхта,  кас беихтиёр пай мебарад,  ки дар овони ҷавонии ӯ чашмони шоҳинвор тезбин,  китфу бозувони пурқувват,  панҷаҳои гиро доштааст.  Ба саҳифаҳои рӯзгораш назар андохта, бовар ҳосил мекунед, ки ҳануз аз овони ҷавонӣ ба корҳои ҷамъиятӣ шуғл варзида, дар як вақт барои бо нури маърифат пурҷило сохтани ҳаёташ саъю кӯшишҳои зиёд кардааст. Ва дар асл, ҳамин тавр ҳам ҳаст.

Барои тасдиқ ва исботи суханҳои дар боло нисбат ба устод нигоштаам хотиротеро манзури хонандагон менамоям: Аснои донишҷӯӣ баъди ба итмом расидани дарсҳо чашмам ба майдони волейбол афтод, ки дар он донишҷӯёни зиёде ҷамъ омада буданд ва либосҳои зебои варзишӣ дар тан аз тарафи чапу рости майдон саф ороста,  оғозёбии мусобиқаро бесаброна интизорӣ доштанд.

Дар гирду атрофи майдон дигар ҷойи сӯзанпартоӣ намонда буд. Баъди ба майдон ворид шудани довар  мусобиқаи ин ду даста оғоз ёфт. Ман ҳам мисли дигарон дар кунҷе истода, бозиро тамошо мекардам, аммо як мушоҳидаам маро дар ҳайрат гузошт. Аз оғози мусобиқа то анҷоми он устод Табаров Мирзоалӣ онҷо ҳузур доштанд ва ин мусобиқаро ғарқи андешаҳои зиёд чунон бо завқу шавқ тамошо мекарданд, ки тамошои ӯ аз дигар мухлисону тамошобинон фарқ мекард.

Баъди сипарӣ гардидани солҳои зиёд ман натиҷаи ин мушоҳидаамро аз мақолаи  “Олиме аз хонаи бачаҳои Балҷувон”, ки ба қалами номзади илми таърих,  дотсент Достӣ Шарифов (рӯҳу равонашон шод бод!) мутааллиқ аст, дастрас намудам.  Ӯ дар мақолаи мазкур чунин менигорад: “Мирзоалӣ ҳар гоҳе,  ки ба майдони волейбол медаромад, аҳли мухлисону тамошобинон ба печу тобхӯрии ӯ зеҳн монда,  ба қади баланду ҷусаи вазнин аз ҳаво доштани тӯби волеболро аз ҷониби вай дида,  бо шавқ механдиданду ба вай офарин мегуфтанду қарсак мезаданд.  Дар мобайни бозингарони дастаи донишгоҳ он кас “Ситораи қутбнамо” буд.  Мирзоалӣ аз ҷониби кадом дастае ба бозӣ дохил мешуд, яқин буд, ки он даста дар бозии волейбол ғолиб меомад.

Бо ташаббус ва дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб солҳи 60-ум ин намуди бозӣ ниҳоят хуб инкишоф ёфта буд”.

Мирзоалӣ Табаров 15 марти соли 1938 дар собиқ ноҳияи баландкӯҳи зебоманзари Сари Хосор (ҳоло ноҳияи Балҷувон) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми тифлию бачагиаш бахт ба рӯи ӯ нахандид,  зеро падару модараш пайи ҳам дунёи фониро падруд гуфтанд. Ҳамсояҳо, хешу табори дураш, шахсони ғамхору дилсӯз ӯро ба хонаи бачагони ноҳияи Балҷувон супориданд. Даврае,  ки ӯ дар ятимхонаи ноҳияи Балҷувон ва Норак тарбия меёфт, солҳои бениҳоят вазнину сангин ба шумор мерафт. Гуруснагӣ ва қашшоқии он солҳо мардуми кӯҳистонро фаро гирифта буд. Писарони ятими куллро он солҳо давлат тарбия карда ба воя мерасонд.

Мирзоалӣ Табаров соли 1955 синфи ҳафтумро хатм карда,  ба Омӯзишгоҳи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе дохил мешавад ва онро соли 1958 бомуваффақият хатм мекунад. Худи ҳамон сол бо тавсияи садорати омӯзишгоҳи мазкур ва комиссияи имтиҳони давлатӣ ба факултети  тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории Душанбе дохил мешавад. Соли 1962 Донишкадаи омӯзгориро бо баҳои хубу аъло хатм намуда,  бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи омӯзгории давлатии Кӯлоб ба сифати муаллими кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ба кор меяд. Ӯ аз соли 1970 то соли 1977 ба ҳайси мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии донишкада фаъолият намудааст.

Аз соли 1977 бо сабаби ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуданаш ба кафедраи педагогикаи ҳамин донишкада ба кор мегузарад.

Соли 1987 рисолаи номзадиашро дар назди Донишгоҳи шаҳри Челябински Федератсияи Россия дар мавзуи «Ташаккул ва тайёр кардани синфҳои болоӣ ба касбҳои коргарӣ ҳимоя мекунад ва худи ҳамон сол ӯ ба вазифаи мудири кафедраи педагогика интихоб мегардад. Ӯ зиёда аз даҳ сол мудирии кафедраи мазкурро ба ӯҳда дошт.

 “Интихоби касби хонандагон”,  “Ҷавонӣ, мактаб ва меҳнат”,  “Тарбияи меҳнатӣ ва тайёр кардани хонандагон ба касбҳои коргарӣ”,  “Тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб” ва ғайраҳо номгӯи даҳҳо мақолаю дастурҳои илмӣ-оммавии устод Мирзоалӣ Табаров мебошанд, ки дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Асару мақолаҳои ӯ ба масоили тарбияи меҳнатӣ, интихоби касб ва педагогикаи муосир мутааллиқанд.

Мутафаккир ва олими барҷаста Абуали ибни Сино мефармояд, ки “Шахсеро устод гӯянд, ки он чӣ ба дигарон таълим диҳад, худ дар амал собит намояд. Ва шогирди хуб он аст, ки ҳар чӣ аз устод омӯхта бошад,  ба кор бурда тавонад”.

Оре,  устод-омӯзгор бо кор, рафтор, гуфтор ва ибрати шахсии худ обрӯю эътиборашро пайдо мекунад, зеро ки ба вай ҳазорон чашми шогирдон ва калонсолон нигарон аст, онҳо дар симои ӯ шахси ибратбахшро мебинанд, аз ӯ маслиҳатҳои ҳаётӣ мегиранд.

Устод Мирзоалӣ Табаров 57-соли умри азизашонро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ин даргоҳи муқаддас гузарониданд ва ҳама сифатҳои беҳтарини инсониро доштанд, шогирдони зиёдеро тарбия карда ба воя расониданд.

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,
Инчунин гуфт хирадманд, чу андеша гумошт.
Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Рӯҳу равони устод шод ва дунёи охираташон обод бошад.

Абдулмаҷидзода Манучеҳр Абдулмаҷид, унвонҷӯи  кафедраи  педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдак




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!