,
Панҷшанбе, 30-октябр
Инсонҳои бузург ҳамеша бар дилҳо сурур меоранд. Аз худ шодиву нишот боқӣ мегузоранд. Бо рафтори некашон, бо гуфтори падаронаашон, бо насиҳату васиатҳояшон аз худ як чиз, як амалҳои хуб барои дӯстону шогирдон ёдошт мемонад.
Муҳити Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бароям як мактаби бузурги зиндагисоз ва камолоту маънавият гардид. Чун дар он ҷо бо устоди бузурги зиндаёд марҳум Талбаков Қурбон Чилаевич вохӯрдам, дар баробари на танҳо шогирду ҳамкор будан, ҳатто бо эшон ба мисли фарзанди падар бо ҳам меҳрубону азиз будем. Бассо рӯзгорони боибрат доштем. Устод олими пуркору серталаб буданд. Мехоҳам дар бораи устоди нуктасанҷ, донишманд, забондон, марди шариф, устоди ҳақбину дурандеш ҳарф занам. Дафтари хотиротамро кушода хотири некашро пос дорам.
Устод Талбаков Қурбон Чилаевич номзади илмҳои педагогика (1993), дотсент (1995), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999), хатмкардаи факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ), таҳсилдидаи мактаб-интернати “Камунизм”-и деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шурообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин) буда, ба ҳайси муаллими мактаби миёнаи № 14-и ноҳияи Кӯлоб (1979-1989), омӯзгор, муаллими калон, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982-1994), мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, (1994-1996), декани факултети забонҳои хориҷии ДДК (2001-2006) фаъолият намудааст. Ҳамчунин ҷиҳати баландбардории тахассус ва малакаҳои касбӣ берун аз кишвар дар Британияи Кабир (1996-1997) низ ба таҳсилу тадқиқ машғул гардидааст.
Дар мавзуи “Тарбияи хусусиятҳои ахлоқии донишҷӯён дар раванди таълими забони англисӣ (1993, Душанбе )” рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муалифи 3 монография ва зиёда аз 14 мақолаи илмӣ мебошад. Бо медалҳои “70- солагии Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ (1998)”, “Барои мардонагӣ ва адои хизмати ҳарбӣ дар иҷрои қарзи башардӯстона дар Ҷумҳурии Афғонистон” (1989) ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии СССР (1988) мукофотонида шудааст.
Рӯзҳои хотирмон аз устод бароям бисёре боқӣ мондааст. Соли 2001-ум ба донишгоҳ барои ба кор баромадан назди устод Қурбон Чилаевич рафтам. Дар назди факултети забонҳои русӣ интизораш будам, ногаҳон аз ҷаласа баромаду ман наздаш рафтан гирифтам. Ва суҳбат намуда гуфтам, ки барои кор кардан омадам, бисёр хурсанд шуду маро утоқи кориаш даъват намуд. Ман гуфтам, устод агар ҷои кор бошад насиб бошад пагоҳ меоям, ман фақат барои пурсидан омадам, чун бо либосҳои хонагӣ будам. Устод ҳарфҳои манро рад карду гуфтанд, ки не ҳозир аризаатро навис ва саҳар ба кор шуруъ мекунӣ.
Ҳаминтавр, аризаамро навистаму саҳар ба кор шуруъ намудам. Танзимгари факултет шуда корро оғоз намудам. Аз соли 2001 то соли 2006 бо устод фаъолияти корӣ доштам. Устод хушмуомилаю хушсухан буданд. Дар саҳни факултет ё дар роҳрави бино бо шогирдону донишҷӯён бо забони англисӣ ҳарф мезад. Аз рӯи забондонию малакаҳои баланди касбӣ доштанашон ва шавқовар гузаронидани дарсҳояш ҳама шогирдон интизори дарсҳои устод буданд, ки шогирдон аз дунёи омӯзгорияш баҳравар мешуданд, сабақ мегирифтанд, илм меомӯхтанд. Ғайр аз ин, ҳам шогирдон ва ҳам устодону кормандонро хуб дарк мекарданд.
Дар таълиму тарбияи шогирдон масъулияти баланд дошт. Хушбахт аз он ҳастам, ки шахсан ман дар фаъолияти кориам назари нав ва фаъолияти кориро аз устод омӯхтаам. То ҳол аз машваратҳою таҷрибаи кори устод истифода мебарам, насиҳату гуфтаҳояшро сармашқи кори худ медонам, хислатҳои хубашро дар худ гирифтам ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Аз хислатҳои накӯяш чӣ қадар сухан кунам, кам аст.
Номи устод дар сафҳаҳои таърих бо хатти заррин навишта мешавад. Хотираи устод Талбаков Қурбон Чилаевич доимо бо мост.
Ёдатон гиромӣ бод устоди гиромӣ.
Назарова Матлюба, собиқ ҷонишини декан оид ба корҳои тарбияи факултети филологияи хориҷҷии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ