,
Панҷшанбе, 30-октябр
Истиқлолият барои миллати тамаддунпарвари тоҷик чун шуълаи ҷовидони нурест, ки зулмоту торикиро аз майдони зиндагӣ ронда ва дар қалбҳои сарди миллат гармои маънавӣ ва рӯшангарии ақлонӣ афшонд. Ин неъмати муқаддас, ки аз умқи ормонҳои таърихӣ сарчашма мегирад, миллати моро аз гирдоби ҷаҳлу нодонӣ раҳо бахшида, ба сӯи уфуқҳои равшани тараққиёту худшиносӣ ҳидоят намуд.
Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун боргоҳи муаззами маърифат, чароғи равшангари фикрӣ ва ойинаи бедории миллӣ ҷилвагар гардид. Ин маскани илм, ки номи абармард ва қофиласолори сухан - Рӯдакии бузургро бо ифтихор бар номи худ дорад, дар саҳнаи маърифатпарварии кишвар чун ситораи равшан ба дурахшиш оғоз кард. Имрӯз ин боргоҳи илму фарҳанг ҳамчун рамзи виқор, ифтихор ва боландагии андешаи миллӣ дар синаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидона нур мепошад.
Дарвоқеъ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз зумраи муассисаҳои бонуфузи таълимии кишвар маҳсуб меёбад. Дар солҳои аввали истиқлолият аз набудани инфрасохтор, норасоии китобу дастурҳои таълимӣ ва кадрҳои илмӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва ғамхориҳои хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати бобарори иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳот, ки соҳаи маориф ба таври бесобиқа рушд кард, шароити таҳсил дар ҳама зиннаҳои таҳсилот ба таври шоиста беҳтар гаштааст. Аз самари ин сёсати хирадмандонаи Роҳбарияти Олии кишвар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар таҷлили ҷашни 70-солагӣ дар таърихи 1-уми сентябри соли 2015 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат соҳиби бинои нави 7 ошёнаи таълимии замонавӣ гардид, ки ин рӯйдоди фараҳбахш рӯҳияи омӯзгорону кормандони доишгоҳро ба маротиб баланд бардошта, бори дигар исботи он гашт, ки рӯз то рӯз мақому мартабаи илму маориф дар ҷомеа устувортар гардида, заҳмат ва саъю талоши омӯзгорон қадр карда мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии самимӣ бо омӯзорону донишандӯзони ин боргоҳи илму маърифат нақш ва ҷойгоҳи муассисаро дар омоданамоии ҳазорон нафар олимону донишмандон ва ходимону кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат муҳимму муассир арзёбӣ намуданд.
Имрӯз донишгоҳ аз самари сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар дорои биноҳои муосири таълимӣ, озмоишгоҳҳои таҷҳизонидашуда, марказҳои иттилоотӣ ва толорҳои барҳаво буда, ворид гардидани технологияи муосир ва шабакаҳои интернетӣ имконияти таҳсилоти баландсифат ва ҳамқадам бо меъёрҳои ҷаҳониро дар он фароҳам овардааст.
Лозим ба зикр аст, ки муассиса фаъолияти густурдаро дар асоси «Стратегияи рушди Донишгоҳ барои солои 2023-2028» пеша намуда, дар ин росто муҳаққиқон ва омӯзгорон сар аз чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ то конфронсҳои сатҳи байналмилалии ЮНЕСКО мушорикат меварзанд. Донишҷӯёни муассиса дар чорабиниҳо ва озмунҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, чумҳриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор мегарданд.
Боиси ифтихор ва сарафрозиҳост, ки ин боргоҳи илму маърифат, аз шарафи истиқлол ва сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази бонуфузи илму фарҳанг ва мактаби омоданамоии кадрҳои тахассусманд табдил ёфтааст. Пешравиҳои инфрасохторӣ, сатҳи баланди низоми идорӣ, муназзамии раванди таълиму масири пурифтихори омоданамоии кадрҳои илмӣ дар муассиса баёнгари он аст, ки ин маҳзани илму дониш барои тарбияи мутахассисони соҳибкасбу ҷавобгӯйи талаботи замон дорои имкони мусоид буда, дар ин роҳи пуршараф дасти боло низ дорад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин даргоҳ дар оянда низ пешсафию пешгомиро дар роҳи омоданамоии кадрҳои баландихтисосу соҳибкасб ба даст гирифта, бо дастовардҳои навтарину шоиста ба муваффақият ва музафарриятҳои нуфузафзо ноил гашта, дар рушду нумуи илму маърифат ва мустаҳкам гаштани пояҳои маорифи кишвар саҳми боризу мондагор мегузорад.
Бадалов Исфандиёр, ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ