, Ҷумъа, 24-октябр

НАМУНАИ САДОҚАТ БА ИЛМУ ДОНИШ


НАМУНАИ САДОҚАТ БА ИЛМУ ДОНИШ

Зан-омӯзгор ҳамчун пайвандгари насли инсонӣ ва сарчашмаи ҳаёт, тарбиятгари аҳли башар буда, аз мақому мартабаи хос бархӯрдор аст. Дар рушду тараққиёти ҷомеа нақши зан бузург мебошад, зеро пешрафти давлату миллат, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва пойдории сулҳу субот натиҷаи тарбияи дурусти модар аст. Зан-модар, зан-роҳбар, зан-омӯзгор, зан-мураббӣ ин мафҳумҳо имрӯз дар зиндагии мо ҷойгоҳи арзанда доранд.

Яке аз чунин занони оқилу меҳрубон — муаллима Расулзода Лутфия Нуралӣ мебошад. Ӯ зани фозилест, ки бо қалби пурнур вориди синф мешавад. На танҳо китоб меомӯзонад, балки зиндагиро меомӯзонад. Бо овози оромаш оромӣ мебахшад, бо нигоҳаш умед, бо суханаш қаноат. Ҳар рӯз бо меҳр менависад сарнавишти нав. Меҳрубонии ӯ на барои музд, балки аз зоти поки занонагист. Ҳар як муваффақияти шогирд ғалабаи ӯст ва ҳар ашки ноумедӣ — сӯзиши дилаш. Ӯ омӯзгор аст ва пеш аз ҳама инсони комил.

Расулзода Лутфия Нуралӣ 22 ноябри соли 1988 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ омӯзгори асил ва роҳбари қадрдон мебошад. Ихтисосаш иқтисодчӣ буда, соли 2018 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Ӯ соли 2011 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро хатм намудааст. Аз соли 2011 то 2018 ҳамчун ассистент ва баъдан муаллими калони кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2014–2017 мудири ҳамин кафедра, аз моҳи апрели соли 2017 декани факултети иқтисод ва идора буд. Солҳои 2018–2020 дубора вазифаи мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкориро бар уҳда дошт. Аз августи соли 2020 то соли 2025 декани факултети иқтисод ва идора ва аз сентябри соли 2025 сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Расулзода Лутфия Нуралӣ инчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб (солҳои 2020–2025) мебошад. Вай рисолаи номзадии худро таҳти унвони «Такмили механизми идоракунии муноқишаҳои иҷтимоиву меҳнатӣ дар ташкилот (дар асоси маводи ширкатҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» дар шаҳри Душанбе соли 2018 дифоъ намудааст.

Самти асосии фаъолияти илмии ӯ ба омӯзиши масъалаҳои пайдошавии муноқишаҳои ташкилотӣ, таъсири онҳо ба муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ ва роҳу усулҳои коҳиши қобилияти муноқишавӣ дар коллективҳо бахшида шудааст. Ӯ муаллифи як монография, се дастури таълимӣ, се дастури методӣ ва зиёда аз бист мақолаи илмӣ мебошад.

Барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои илмӣ бо Ҷоизаи “Беҳтарин олими ҷавон”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (2020) ва нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (2020) қадр гардидааст.

Дар остонаи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ арҷгузорӣ ба чеҳраҳои намоён ва омӯзгорони асил қарзи виҷдонист. Зеро Донишгоҳ танҳо бино нест — он аз устодон, заҳмат, муҳаббат, дониш ва садоқати инсонҳое иборат аст, ки барои тарбияи наслҳои нав умри хешро бахшидаанд.

Яке аз чунин чеҳраҳои нодир муаллимаи муҳтарам Расулзода Лутфия Нуралӣ мебошад — зани донишманду меҳрубон, ки дар самти иқтисод бо тамоми масъулияту садоқат фаъолият намуда, шогирдони зиёдеро ба роҳи илму маърифат ҳидоят кардааст.

Меҳнати ӯ на танҳо касб, балки рисолат аст. Ҳар рӯз бо садоқат вориди синфхона мегардад ва фардои равшани ҷомеаро дар чеҳраи шогирдон меҷӯяд. Садоқати ӯ ба таълим ва муваффақияти насли нав аз ҳар унвону мақом болотар аст.

Аз чунин омӯзгорон бояд ёд гирифт, ки илм фақат дар китоб нест, он дар муносибат, дилсӯзӣ ва фидокорӣ зоҳир мегардад. Ва дар чеҳраи Лутфия Нуралӣ ҳамаи ин арзишҳо ҷамъ омадаанд.

Донишгоҳ бо чунин шахсиятҳо ифтихор мекунад. Ва наслҳои оянда низ номи ӯро бо эҳтиром ба забон хоҳанд овард. Чунон ки мақоли мардумӣ мегӯяд: «Мероси падар хоҳӣ-касби падар омӯз». Дар ҳамин ҷода муаллима Расулзода Лутфия Нуралӣ низ сазовори чунин мақом гардидааст.

Ҳақиқати меҳнату муҳаббат, сидқу фидокорӣ дер ё зуд метобад - мисли нуре, ки аз қалби устодон паҳн мегардад.

Расулзода Лутфия — ному рамзи вафо,
Дар илми иқтисод — ситорае бар само.
Бо заҳмати беандозаю нияти пок,
Парвардааст наслҳоро бо илму ирфон.

Ба муаллимаи азизу меҳрубонам дар роҳи илм ва тарбияи насли ҷавон комёбиҳои беназир таманно дорам. Ифтихор мекунам, ки бо чунин шахс ҳамкор, шогирд ва дӯсти наздик ҳастам.

Барору комёбӣ ҳамсафари Шумо бод, устоди азиз!

Ҳасанзода Фарзона-дотсент, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!