,
Панҷшанбе, 23-октябр
«Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад».
Эмомали Раҳмон
Ба андешаи ман ҳамаи он таманиёти некеро, ки раҳбари муаззами миллатамон дар васфи зан-модар гуфтаанд, он дар симои як зани зебо, як олиҳаи ҳусн ва як бонуи донишманду шахсияти масъулиятшинос дида мешавад.
Суханро мехостам дар бораи муаллимаи азиз доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира оғоз намоям. Муаллимаи азиз як шахсияти бениҳоят бофазилат аст. Он кас дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мебошанд. Ин зани покизарӯзгор дар баробари солҳои тӯлонӣ таълиму тарбияи намудани насли ҷавону ояндадор ва масъулияти душвору мушкили пешаи омӯзгорӣ ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ машғул гашта, ба зинаҳои баланд расидааст. Чунин занҳои фаъолу донишманд ва масъулиятшинос ифтихори бузурги коллективӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошанд.
Мо бояд ба қадри чунин занҳо бирасему қадру манзалати онҳоро ба ҷо биёрем, аз ин лиҳоз ба хотири қадршиносии муаллиимаи азизу меҳрубон, ки дар таълими банда низ саҳми худро гузоштааст, мехостам ибрози андеша намоям.
Аввалан мехостам каме дар бораи шарҳи ҳоли муаллимаи азиз маълумот диҳам.
Ашурова Нодира 19-уми августи соли 1972 дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ӯ солҳои 1979 то 1982 муҳассили муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Кӯлоб, соли аз 1983 то 1989 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлобро бо муваффақият хатм намудааст. Солҳои 1990-1995 хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.
Фаъолияти пурсамари ин бонуи муваффақ аз муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №2-и шаҳри Кӯлоб (1995-1998) оғоз мегардад. Соли 1999 бошад ба ҳайси мутахассиси шуъбаи ҷавонони назди Ҳукумати шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Аз соли 2000 Ашурова Нодира ба фаъолияти омӯзгорӣ дар ДДК оғоз намуда, аввалан, ҳамчун ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии донишгоҳи мазкур баъдан, асистенти кафедраи адабиёти тоҷик, муаллими калон, солҳои 2012-2015 декани факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ҳамчунин 2017- 2019 дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика шуда кор кардааст.
Хизматҳои ин зани донишмандро дар таълиму тарбияи донишҷӯён ба инобат гирифта ӯро бо унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон аз (1-уми ноябри соли 2010) қадрдони намуданд.
Дар баробари ин ҳамчун як шахсияти дорои ҷаҳонбинӣ ва дониши васеъи сиёсӣ инчунин, зани фаъол ва ташкилотчӣ ба ҳайси номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқӣ шаҳри Кӯлоб пешбари карда мешавад ва соҳиби эҳтироми халқ гашта, аз якуми январи 2015 то якуми январи 2020 ҳамчун Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб шуда, ба мардум хизмат менамояд.
Фаъолияти илмии муаллима чунин зинаҳоро дар бар мегирад:Ҳамчун унвонҷӯ дар мавзӯи «Сохтор ва хусусиятҳои ғоявию бадеии достони «Зол ва Рудоба»-и Абулқосим Фирдавсӣ» таҳқиқоти илмии хешро оғоз намуда, соли 2012 дар Шӯрои аттестатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадии хешро бо сари баланд ҳимоя менамояд. Аммо муаллимаи азизи мо Ашурова Нодира Ҷумаевна бо ин вазифаи илмии худро баанҷомрасида намеҳисобад.
Аксаран чунин иттифоқ мешавад, ки баъзе аз шахсиятҳои рисолаи номзади дифоъ намуда вазифаи бардӯшдоштаи худро анҷомдода ҳисоб мекунанд, аммо ин зани дурандеш ва муҳаққиқи боирода беягон истиҳола ва тавақуф роҳи пешгирифтаи қуллаи баланди илмро бо сари баланд тай намуд, пайваста омӯхт, талош ва кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод ва билохира рисолатеро, ки дар ҷодаи илм бар душ гирифта буд ба анҷом расонид. Он кас 7-уми январи соли 2022 дар мавзуи «Таҳаввули диди бадеӣ бар образи занон дар адабиёти классикии форсу тоҷик (дар мисоли эҷодиёти Фирдавсӣ ва Низомӣ)» рисолаи докторӣ дифоъ мекунад.
Ашурова Нодира дар тӯли фаъолияти пурсобиқаи худ вобаста ба мавзуъҳои номзадӣ ва докториаш мақолаҳои зиёди илмиро таълиф намуда, маводи ҷолибу хоноро дар мавриди пажӯҳиши «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ рӯйи кор овардааст, ки дар илми адабиётшиносии тоҷик нақши мондагор дорад. «Муқаддимаи зуҳури Рустам» монографияи илмию тадқиқотии ӯ буда, дастоварди хубе дар илми тоҷик ба шумор меравад. Муаллима дар зиндагӣ оилавӣ низ як шахсияти мувафақ ҳастанд. Он кас оиладор, соҳиби чор фарзанд буда, зиндагии хубу гуворро доранд.
Нодира Ашурова ҳамчун як омӯзгори асил ва пуртаҷриба ва методистӣ хеле хуб намунаи ибрати мо ҷавонон ҳастанд.
Дарсҳои муаллима лаззати ба худ хос доранд, чунон ба шавқу завқ дарсҳояш гузаронида мешавад, ки гузаштани вақтро донишҷӯ эҳсос намекунад. Ҳамаи донишҷӯён дар дарсҳои муаллима фаъол ҳастанду ӯро эҳтироми зиёд мекунанд. Дар донишгоҳ нуфузи худро доранд ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Дар баробари ин Ашурова Нодира дарсҳои худро бо шароити замони нав мувофиқ мегузаронанд. Аксари дарсҳои муаллима ба тариқи презинтатсия бо тахтаи электронӣ гузаронида мешавад. Шогирдон низ мавзӯҳои корҳои мустақилонаи хешро ба тариқи презинтатсия пешниҳод менамоянд. Аммо дар баробари ин муаллимаи азизи мо истифодаи адабиёти илмӣ ва бадеиро аз ҳама боло медонад, дар дарсҳояшон худашон аз китобхонаи шахсияшон адабиётҳои лозимаро оварда, ба шогирдон барои тайёр намудани дарсҳои амалӣ кӯмак менамоянд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи зан- модар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва барои боз ҳам беҳтар намудани шароити бонувону занон талошҳои ҳамешагӣ намуда, онҳоро дар самтҳои мухталифи ҷомеа, дар баробари мардон ба вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунанда пешниҳод менамояд. Чуноне ки дар ин бора шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода барҳақ фармудааст:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Албатта, баракати зан-модар аст, ки мақоми зан дар оила ва ҷомеаи тоҷикон ҳамеша баланд буд ва баланд хоҳад монд, зеро иффату зебоӣ фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату тозагӣ мебахшад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифатии занон марбут аст».
Проффесор Нодира Ашурова ҳамаи ин имконияту шароитҳоро ба инобат гирифта, дар робита ба ин ҳамеша дар суханронӣ ва суҳбатҳояшон аз сиёсияти рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ва ғамхориҳояшон нисбати соҳаи маорифу омӯзгорон ёдрас мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин бонуи нексиришт зани сиёсатмадор буда, ҳамеша насли ҷавонро дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ раҳнамун месозанд.
«Мо бояд як нуқтаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».
Эмомалии Раҳмон.
Барои як зан доктор, проффесор шудан ин кори саҳл нест. Зеро зан садҳо масъулияти дигарро бар душ дорад. Дар баробари донишманд будан муаллима шахси хоксор, масъулиятшинос, покдоман нисбат ба худ сахтгиру ҷиддӣ мебошанд.
Ҳамин тариқ занони хирадманду нексириш ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густариши такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳу худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд, ки Ашурова Нодира яке аз онҳо мебошад.
Муаллима шоистаи таҳсину офарин ҳастанд. Ӯ ифтихори мо омузгорон мебошанд. Яке аз хушбахтиҳои Нодира Ашурова ин аст, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати саросарии кишвар ба тарбияи насли ояндасоз машғуланд. Дар ҳақиқат, бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модарон ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта, дар доираи имкониятҳои мавҷуда нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир мегардад.
Аз файзи дониш ва баракати меҳнати чунин занҳои хайрхоҳу бедордил ҷомеаи мо равшану қалбҳоямон нуронист. Мегӯянд, ки зани оқила аз мувафақияти худ фахр намекунад. Умед аст, Нодира Ашурова боз ҳазорҳо ҷавони ояндаро дар роҳи некию накукорӣ тарбият менамоянд.
Дар хотимаи сухан ба устоди иззатманд саломатӣ ва дар ҷодаи илм комёбиҳои нав ба навро таманно дорам.
Ситораи Абдурасул, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони ДДК ба номи А.Рӯдакӣ