, Панҷшанбе, 23-октябр

МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ КАСБИЯТ ВА ДУРАХШИ Ӯ ДАР ИЛМ


МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ КАСБИЯТ ВА ДУРАХШИ Ӯ ДАР ИЛМ

Ба муносибати 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ифтихор метавон аз симои шахсиятҳои барҷастае ёдовар шуд, ки саҳми назаррас дар рушду нумӯи ин боргоҳи илму маърифат гузоштаанд. Яке аз ин чеҳраҳо Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат мебошад, ки фаъолияти кориаш намунаи ибрат барои наслҳои имрӯзу фардои кишвар аст.

Марҳилаи толиби илму маърифат

Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат пас аз хатми литсейи назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2004 ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 2009 бо дипломи аъло аз рӯйи ихтисоси менеҷмент хатм намудаст.

Мавсуф дар давраи донишҷӯияш иштирокчии семинар-машваратҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён аз фанни сиёсатшиносӣ, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-амалии бо номи «Технологияи иттилоотии коммуникатсиони муосир: воситаи баландбардории сифати таҳсилот» буда, ба ҳайси раиси Шурои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси Созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи интихоб гардида, илмомӯзию кору фаъолият кардааст. Даврони донишҷӯии худро ӯ самаранок истифода намуда, барои хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ соҳиби ифтихорнома, сипоснома ва сертифакатҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ шудааст, ки ин дастовардҳо оғози марҳилаи нав дар фаъолияти ӯ гардидааст.

Оғози қадамҳои устувор дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

Бояд ёдовар шуд, ки Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат баъди хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тибқи роҳхат дар асоси озмун соли 2010 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, нимсолаи дуюми соли 2012 дар муҳлати муайяншуда диссертатсияи номзадии худро дар мавзуи «Асосҳои назариявии таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ (дар маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)» аз рӯи ихтисоси 08.00.01-Назарияи иқтисодӣ ҳимоя намуда, бо муваффақият шуъбаи аспирантураро ҳамон сол хатм кардааст. Барои фаъолияти пурсамар дар корҳои илмӣ бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аспирантура қадрдонӣ шудааст.

Марҳилаи рушди фаъолияти касбӣ

Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат фаъолияти касбии омӯзгории худро бо масъулияти баланд аз санаи 2-юми январи соли 2013 то 28-уми августи соли 2013 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ оғоз карда, тавассути гузариш аз ДМТ ба ДДК ба номи А. Рӯдакӣ 30-юми августи соли 2013 ба ҳайси муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ корро идома додааст. Сипас, аз санаи 15-уми сентябри соли 2013 то 6-уми апрели соли 2014 дар вазифаи мудири кафедраи маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кор кардааст. Бо дарназардошти тағйироти сохторӣ дар Донишгоҳ аз таърихи 6-уми апрели соли 2014 то 9-уми ноябри соли 2018 ба ҳайси декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ масъулияти вазифавии худро ба симати роҳбарӣ пеш бурдааст.

Дар даврони роҳбарии худ ба ҳайси декани факултет қисмати зиёди донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз ҷумла: Ҳабибуллоев Умарҷон, Икромов Шодӣ, Шарипова Маҳина, Сатторов Ёваршоҳ, Одинев Изатулло ва Шарипов Бедил бевосита таҳти роҳбарии Устод Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат дар давраи ниҳоии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз фанни «Назарияи иқтисодӣ», Озмуни «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз фанни «Назарияи иқтисодӣ», Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» аз рӯйи равияи иқтисодӣ, Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» иштирок карда ҷойҳои намоёни 1-ум, 2-юм, 3-юм ва зинаҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Бо ташаббуси бевоситаи устод моҳи апрели соли 2014 дар заминаи факултети иқтисодӣ ниҳоди нав бо номи факултети молиявию иқтисодӣ таъсис ёфт, ки яке аз иқдомҳои муассир дар таърихи донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо доираи фанҳои таълимиро васеъ намуд, балки барои тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз ва андозбандӣ, иқтисодиёти ҷаҳон ва дигар бахшҳои иқтисодиёт заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Замони ба ҳайси декани факултети молиявию иқтисодӣ фаъолият карданаш дар рушди пояҳои таълимӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва ҷалби мутахассисони варзида саҳми арзанда гузоштааст. Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат дониши хуби сиёсӣ дошта, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои мансабии худро хуб дарк намуда, фаъолияти кориашро дуруст ба роҳ монда, нисбати худ ва кормандон ҳамеша серталаб буд. Мавсуф аз ташаббускорони ташкили ихтисосҳои муосири ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Роҳёбӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти корҳои илмӣ-таълимӣ Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат тӯли фаъолияти илмӣ-касбии худ пайваста дар масоили таҳқиқи арзишҳои фарҳангӣ, таҳқиқоти бунёдии марбут ба соҳаҳои таъмини амнияти иқтисодиёт, рушди иқтисодиёт, такмили иқтисодиёти минтақа ва соҳаи комплекси агросаноатӣ, соҳаи сайёҳӣ, сармоягузорию соҳибкорӣ ва муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошта, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ-таълимӣ бо роҳёбӣ ба ҳамкориҳои илмӣ-таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ шарафёб гардидааст. Дастовардҳои илмии Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат дар мавриди истифодаи васеи доираҳои илмӣ ва таҳсилотии ватаниву хориҷӣ қарор доранд.

Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат 18-уми ноябри соли 2018 тибқи озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ба докторантураи Академияи хоҷагии халқи Россия ва хадамоти давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дохил шуда, онро соли 2021 бо муваффақият хатм карда, рисолаи доктории худро дар мавзуи «Асосҳои институтсионалии таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ба анҷом расонида, дар арафи ҳимояи диссертатсияи докторӣ қарор дорад.

Инчунин номбурда сарбаландона аз курсҳои такмили ихтисос дар кишварҳои Ҳиндустон (2016-2017), Англия (2017), Федератсияи Россия (2023) Қазоқистон (2024) гузашта, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи онҳоро соҳиб мебошад. Аъзои доимии Китобхонаи илмии муқаррарӣ ва электронии Федератсияи Россия ва Ҳиндустон буда, маводҳои нашршудааст дар онҷо ҷойгир аст, ки пайваста олимон ва муҳаққиқони хориҷӣ аз он истифода мебаранд.

Мирсаидзода Муҳаммаднаим дар ташвиқу тарғиби сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъол ва саҳми беандоза дорад. Саҳми ӯ дар ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, илмии амалию назариявӣ, таълимю-методии сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ бориз аст. Дар баробари саҳмгузориаш дар гузаронидани чорабиниҳои гуногун боз ба эҷоди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимию методӣ машғул мебошад. Мавсуф муаллифи 5 монографияи илмӣ, 5 дастури таълимӣ-методӣ, васоити ёрирасони таълимӣ ва беш аз 80 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.

Маҳз барои меҳнати садоқатмандона ва саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи илму маориф, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ҳисси масъулиятшиносӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, иштирок ва саҳми фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби халқи демократии Тоҷикисон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Левакант, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардида, соли 2013 бо ҷоизаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоти Хатлон, соли 2018 бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 «Сарпарасти сол-2023»-и ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 2024 бо диплом ва нишони сарисинагии «Беҳтарин олими ҷавон дар ИДМ» ва дар ҳамон сол боз бо диплом ва нишони сарисинагии «Беҳтарин муҳаққиқи ИДМ-2024» ба номи Ал Форобӣ мукофотонида шудааст.

Саҳми Устод танҳо ба фаъолияти ташкиливу маъмурӣ ва эҷодӣ маҳдуд намегардад, балки ӯ мактаби илмии худро ташкил карда, ҳамчун роҳбари илмӣ низ шогирдони зиёдро ба камол расонидааст. Таҳти роҳбарии ӯ 4 нафар унвонҷӯ ва докторанти PhD рисолаҳои номзадии худро тайёр ва бомуваффақият ҳимоя намуданд, инчунин зиёда аз 10 нафари дигар унвонҷӯ ва докторанти PhD ба навиштани рисолаҳои илмӣ машғул мебошанд.

Банда, яке аз шогирдони устод мебошам, ки бо роҳнамоии илмии ӯ мавзуи илмӣ интихоб карда, диссертатсияи номзадии худро таълиф намуда, соли 2024 онро бомуваффақият ҳимоя намудам. Айни ҳол бошад, даҳҳо шогирдони дигар таҳти роҳбарии илмии устод дар арафаи ҷамъбасти корҳои илмии худ қарор дошта, барои ҳимояи рисолаи илмӣ омодагӣ мебинанд. Ин ҳама далели возеҳ аз он аст, ки устод ҳамчун омӯзгори касбӣ ва роҳбари илмӣ дар тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми бузург дорад.

Маҳз кордонию фаъолнокӣ, шавқу рағбати зиёд ба корҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, дақиқкорӣ, касбияти баланд ва соҳиби эҳтиром обурӯю нуфӯз доштанаш дар ҷомеа буд, ки Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат дере нагузашта бо даъвати махсус, аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар асоси розигии ректорони тарафайн гузариш карда, санаи 20-уми январи соли 2025 ба ҳайси муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ масъулияти навбатии вазифавии худро дар онҷо идома дода истодааст.

Дар ин вазифаи пурмасъул низ вай малакаю маҳорат, таҷриба ва касбияти идоракунии худро ба рушди сатҳи таълим ва мустаҳкам кардани пояҳои илмӣ-методии муассиса равона кардааст. Фаъолияти пурсамар, диди васеъ ва садоқати устод Мирсаидзода Муҳаммаднаим ба илму маориф боис гардидааст, ки номи ӯ дар қатори чеҳраҳои маъруфи илмӣ ва роҳбарони муваффақи соҳаи маориф ёдовар шавад. Ӯ имрӯз ҳам ҳамчун шахсияти илмӣ, омӯзгори асил ва роҳбари дурандеш ба донишҷӯён, шогирдон ва ҳамкорони худ илҳом мебахшад.

Ҳамин тавр, ба устод Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат тансиҳатӣ дар рӯзгору фаъолият, комёбӣ дар ҷодаи илму таҳқиқот ва дастовардҳои навтарин дар масъулияти вазифавӣ хоҳонам.

Вазирзода Дилором Раҷамат, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!