, Панҷшанбе, 23-октябр

ХОКСОРИВУ ҲИММАТБАЛАНДӢ МАРОМИ ЗИНДАГИАШ БУД


ХОКСОРИВУ ҲИММАТБАЛАНДӢ МАРОМИ ЗИНДАГИАШ БУД

(Ёде аз устоди меҳнатқарину мушкилписанд Аҳмад Алиев)

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.
Мазҳаби зиндадилон хоби парешонӣ нест,
В-аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст.

Муҳаммад Иқбол

Воқеан, зиндагӣ арсаи нангу номус ва майдони мубориза шинохта шуда, барои дар ин пайроҳаи бас душворгузар ба мақсад расидану комёр шудан иродаи матин ва руҳияи қавӣ доштан ногузир аст. Ҳар инсоне, ки Худо ин неъматҳоро рӯзӣ кард, шаҳди зиндагӣ ба комаш хоҳад буд. Лекин дар назди хосу ом ва аҳли илму адаб бо номи неку кирдори шоиста маъруф шудан, дар баробари ин неъматҳо одамӣ бояд олами ботинии хеш ва қалби худро бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз қабили ростгӯйӣ, хоксорӣ, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ, одамгарӣ, саховатмандӣ зеб бахшад. Бинбар ин, аз чунин хислатҳои накӯи инсонӣ баҳра бурдан инсон ҳамчун шахси соҳибдил эътироф мегардад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ин маънӣ чунин фармудааст:

Сурати зоҳир фано гардад бидон,
Олами маънӣ бимонад ҷовидон.
Чанд бозӣ ишқ бо нақши сабӯ,
Бигзар аз нақши сабӯву об ҷӯ.
Сураташ дидӣ, зи маъно ғофилӣ,
Аз садаф дурре гузин, гар оқилӣ.

 Устоди соҳибдилу накӯном Аҳмад Алиев аз зумраи он одамони некбахту устодони муваффақе буданд, ки дар замони дар қайди ҳаёт будан бо фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ, дониши қавӣ, ҳалимиву меҳрубонӣ, хайрхоҳи халқ буданашон дар дили ҳамсоягон, хешу табор, ҳамкасбону шогирдон бо меҳру муҳаббати бо худ хос маскан гирифта буданд. Каминаи камтарин устоди иззатманду нусратшиор – Аҳмад Алиевро аз даврони мактабхониам мешиносам, зеро писари устод – Алиев Лутфулло ҳамсабақи ман буд. Гузашта аз ин як устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Давлатов Одина дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекард. Устод Аҳмад Алиев бо ин шахс ҳамкор, дӯст ва ҳамнишини доимӣ буданд. Азбаски хонаи мо бо хонаи устод Давлатов Одина дар як даромадгоҳи бинои истиқоматӣ воқеъ буд (мо дар ошёнаи якум, устод бошад, дар ошёнаи сеюм зиндагӣ мекарданд), устоди зиндаёд Аҳмад Алиевро дар меҳмонии хонадони устод Давлатов Одина медидам. Робитаи устод бо ин хонадон то ҳадде буд, ки онҳо рафтуомади оилавӣ доштанд.

Ин ҷо ёд кардани муносибати дӯстонаи устод Аҳмад Алиев бо ҳамкорон ба он хотир аст, ки устод дар ҳамсоядорӣ намакшиносу дар дӯстӣ устувор буданд ва ин хислатҳои наҷибро дар сиришти фарзандонашон низ бараъло мушоҳида кардан мумкин буд. Мисоли рӯшани гуфтаҳои мо ин аст, ки духтари устод Алиева Бахтиниссо ба мо ҳам дар мактаби миёна ва ҳам дар донишгоҳ дарс мегуфтанд. Муаллима хеле меҳрубон, чун падар оромтабиату хоксор ва қадшиноси пуру барно буданд. Мо шогирдонро низ дар ин рӯҳияи воло тарбия карда як байтро ҳамеша такрор мекарданд, ки ин аст:

Чу хӯрдаи барги пешинагон,
Дарахте пасаояндагонро нишон.

 Солҳо паси ҳам мегузаштанд, банда мактаби миёнаро соли 1999 бо баҳои хубу аъло хатм намудам. Ҳамон сол ҳуҷҷатҳоямро барои дохил шудан ба факултети таърих ва филологияи тоҷик (айни ҳол факултети филологияи тоҷик ва журналистика) ба шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик супурда, баъди гузаштан аз имтиҳонҳои дохилшавӣ сазовори номи пуршарафи донишҷӯ шудам.

Айёми донишҷӯӣ Аҳмад Алиев ба мо аз фанҳои таърихи забони тоҷикӣ, назарияи луғатнигорӣ, услубшиносӣ, забони адабии ҳозираи тоҷик дарс додаанд. Банда акунан бо шахсияти устод ҳамчун омӯзгори асил дар аснои баргузории дарҳо оҳиста-оҳиста шинос шудам.

 Донишгоҳро соли 2004 бо баҳои аъло хатм намудам ва бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба сифати ассистент ба кор қабул шудам. Он замон шодиамро ҳадду канор набуд, ки бо устодони номвару иззатмандам, чун Шовалӣ Саидҷаъфаров, Соат Чалишев, Икромов Искандар, Қодиров Рустам, Раҳимов Саид, Иброҳимов Гурез, Тамлихоев Иззатулло, Сангов Қаюм, Мирзоев Ғоиб, Алиев Аҳмад, Аюбов Нуралӣ, Солиев Ҳабибулло, Шарифов Абдулмаҷид, Мирзоева Маҳтоббӣ, Ашӯрова Нодира, Бобохонова Раъно, Холиқова Зайналбӣ, Ибодов Маҳмадулло, Мустафоқулов Тошпулод, Абдулвоҳидов Абдусаттор, Амиршоев Расул, Шарифов Достӣ, Қодиров Назирмад фаъолият мекардам. Дар донишгоҳ тули 6 сол бо устодонам ба таълиму тадриси шогирдон машғул шудам. Дар зарфи 6 соли фаъолияти пурсамар бо шахсияти устод Аҳмад Алиев наздиктар шинос шудам.

Устод Аҳмад Алиев дар назди коллективи ҳамкорон, яъне устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соҳиби иззату эҳтиром ва эътибори хосса буданд. Шиори устод дар зиндагӣ, бинбар мушоҳидаи ман “Накӯкорӣ ба кас роҳатрасонӣ” буд. Устод бо тамоми ҳамкорон, дӯстон ва пайвандонашон як хел муносибати навозишкорона доштанд. Кибру ғурур, худписандиву хештанситоӣ ба табиати устод хос набуд. Ӯ бо тинати поку кору пайкори некашон пайваста дар хизмати халқу миллат қарор доштанд. Устод ҷавонмарде (ба маънои соҳиби дили бузург будан) буданд, ки ягон корафтода аз пешашон норозӣ намерафтанд. Ҳадди аққал як шарораи умед ба фардои дурахшон дар дили эшон барқ мезад.

Абдуллоҳи Ансорӣ дар мавриди ҷавонмардӣ чунин фармудааст: “Ҷавонмард чун дарёст, бахил чун ҷӯй, дур аз дарё ҷӯй, на аз ҷӯй”. Устоди номдору зиндаёди мо – Аҳмад Алиев аз ҷумлаи чунин мардони дарёдил буданд, ки ёрии амалии устод на ин ки ба ҳамкорону шогирдон, балки ба тамоми мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ мерасид. Банда низ аз меҳрубонӣ ва дилнавозии устод бебаҳра намондаам. Ёд дорам, соли 2004 донишҷӯи соли 5-ум будам. Тибқи талаботи барномаи таълимӣ мо – донишҷӯёни соли панҷум кори дипломӣ менавиштем. Камина низ дар қатори дигар ҳамсабақонам барои навиштани кори дипломӣ камари ҳиммат бастам. Он солҳо дар факултет се кафедра – кафедраи забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик ва методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик пайи фаъолият қарор дошт. Азбаски банда ба адабиёт шавқи беандоза доштам, бо ташвиқу ҳидояти декани факултетамон устоди зиндаёд Шовалӣ Саидҷаъфаров (ёдаш ба хайр) аз кафедраи адабиёти тоҷик мавзуеро таҳти унвони “Байтҳои пандуахлоқии ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ” барои навиштани кори курсӣ интихоб намуда, зери роҳбарии устоди закитабъ Шовалӣ Саидҷаъфаров навиштани кори дипломиро шуруъ намудам.

Чи тавре ки ба аҳли илму адаб маълум аст, доманаи фарогирии абёти пандуахлоқии ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ фарох буда, маънӣ кардани ҳар байт аз кас дониши мукаммал ва шиносоии наздик ба эҷодиёти шоирро талаб мекунад. Камина, ки муҳассили соли панҷум будам, бо эҷодиёти шоир дар доираи дарсҳои таълимиамон дар донишгоҳ огоҳӣ доштаму халос. Бинобар ин дар баъзе мавридҳо ба мушкилиҳо дармемондам, аммо аз сабаби он ки устоди роҳнамоям Шовалӣ Саидҷаъфаров декани факултет буданд, ҷуръат намекардам, ки ҳар вақт пеши устод рафта, машварат пурсам.

Падарам, ки бисёр марди фозилу доно буданд, авзои бади руҳии маро сари иншои корам дида аз асли воқеа воқиф шудан хостанд. Ман воқеиятро ба падари бузургворам гуфта додам. Падарам, ки солҳои тулонӣ дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ ва дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекарданд, бо аксарияти устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шиносоӣ доштанд. Устод Аҳмад Алиевро низ дер боз мешинохтанд. Як бегоҳ барои машварат намудан ба хонаи устод рафтанд. Баъди намози шом ба хона баргаштанду пешам якчанд саҳифаи пур аз абёти Ҳофизро гузоштанд. Дақиқтар назар афкандам, дидам, ки устод Аҳмад Алиев бо хатти зебояшон ҳар як байтро аз ҷиҳати дарбаргирии мазмуну муҳтаво мӯйшикофона таҳлилу баррасӣ намуда, баъзе калимоту ибороти душворфаҳмро низ шарҳ додааст. Ин равиши кори устод ва баъзе маслиҳатҳои муфидашон, ки дар ҳошияи саҳифаҳо зикр карда буданд, уқдаҳои сарбастаи мушкилоти дар рӯбарӯям пайдошударо кушод. Аз он рӯзи фархунда эътиборан уфуқҳои нави муваффақиятҳо пеши рӯям ҷилва намуд ва дар натиҷа кори курсиамро бо сари баланд ба анҷом расонида, аз ҷониби устоди роҳнамоям – дотсент Шовалӣ Саидҷаъфаров баҳои сазоворро соҳиб шудам. Маҳз ҳамин илтифот, дилнавозӣ ва ҳисси баланди инсондӯстии устоди азизам Аҳмад Алиев буд, ки банда он рӯзҳои бароям бас муҳимро бо ҳисси баланди қаноатмандӣ ёд мекунам.

Устод Аҳмад Алиев бо чунин амалҳои хайрхоҳонаву ниятҳои накӯяшон назди аҳли илму адаб соҳибиззат буданд. Шоир дар ҳаққи чунин ҳамдардии устод нисбат ба атрофиён барҳақ фармудааст.

Чунончи:

Изҳори ҳамдардиро зи дида бояд омӯхт,
Ки ҳар узве ба дард ояд, ба ҳолаш дида мегиряд.

Ба андешаи мо, устод дар роҳи расидан ба муроди дил ва шоиста зиндагӣ кардану намунаи ибрати дигарон буданро ба мазмуну муҳтавои байти зерини Тошхоҷаи Асирӣ алоқаманд медонистанд.

Чунончи:

Зиндагӣ чист? – Худро дур аз шар (р) доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Дар бораи хислатҳои неки устод Аҳмад Алиев боз метавонем чанд саҳифаи дигар иншо намоем, лек наметавонем, ки азамату бузургӣ ва инсонияти баланди устодро ба ҳадде, ки бояд зикр намоем, ифшо намоем. Фақат ин ҷо абёти зеринро ба сифатҳои неки устод муносиб дониста чунин гуфтанием:

Касе, к-ӯ шуд бо номи нек машҳур,
Пас аз маргаш бузургон зинда донанд.

Инак, мехоҳем доир ба фаъолияти илмӣ-педагогии Аҳмад Алиев чанд сухан гӯем. Устод дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 46 сол ба фаъолияти илмӣ педагогӣ машғул буданд. Тули 13 сол вазифаи пурмасъулияти мудири кафедраи забони тоҷикиро ба дӯш доштанд. Дар зарфи ин солҳо дар баргузории як қатор конференсияҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва мизҳои мадаввар саҳми фаъол доштанд. Дар баробари ин худи устод бо омӯзгорони кафедра ва шогирдонашон дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки дар дигар донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ баргузор карда мешуд, бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад мекарданд.

Устод Аҳмад Алиев дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи забоншиносӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Нақши ӯ дар рушду инкишофи илми забоншиносӣ низ назаррас аст. Ба қалами ӯ як монография ва дусад мақолаи илмиву методӣ тааллуқ дорад, ки умдатарин масъалаҳои илми забоншиносӣ дар онҳо масъалагузорӣ шуда, мавқеи муаллиф доир ба баъзе мушкилоти забон ва роҳу ҳаллу фасли он бо далелҳои муътамад муайян карда шудааст.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти устодро дар донишгоҳ касби омӯзгорӣ ташкил мекард. Устод ба касби худ содиқ буданд. Мафҳуми калимаи дарс барои ӯ муқаддас буд. Устод ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки муҳимтарин масъалаҳои илми забоншиносиро ба шогирдон фаҳмонданд. Барои ин аз усулу методҳои гуногуни самарабахши таълим мунтазам истифода мебурданд. Устод аз фанҳои таърихи забони тоҷикӣ, услубшиносӣ, назарияи луғатнигорӣ, хат ва имлои матни классикӣ, забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ва маданияти нутқ дарс мегуфтанд. Барои он ки таълими фанҳои номбаршуда самараи дилхоҳ бахшад, омӯзгорро мебояд, ки аз ҳамаи шохаҳои илми забоншиносӣ бархурдор бошад. Устод Аҳмад Алиев, ки мудом пӯё ва ҷӯёи илму дониш буданд, аз шохаҳои муҳимтарини илми забоншиносӣ дар сатҳи зарурӣ огоҳии комил доштанд. Ин буд, ки дар дарсҳои устод баҳсҳои илмӣ сурат мегирифт, устод ҳамчун раҳнамо пайваста кӯшиш мекарданд, ки дар ҳаллу фасл намудани моҳияти масъалаи баррасишаванда ҷавобҳои саҳеҳу раднопазирро ҷонибдор бошанд. Бе дудилагӣ метавонем ин ҷо арз намоем, ки устод дар ин ҷабҳа устоди моҳир ва барои шогирдон намунаи олии ибрату мояи ифтихор буданд. Охир, устод Аҳмад Алиев, чунонки аз муносибат ва самимияташ ба ин касб ошкор буд, касбашро дӯст медошт ва бори масулияти ин пешаи бас сангин ва дар айни замон пуршарафро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва бо камоли эҳтирому садоқат адо кардаанд.

Донишвари бузурги эронӣ – Муҳаммад Раҷоӣ фармудааст: “Муаллимӣ ишқ аст, агар ӯро воситаи рӯзгузаронӣ пиндоштаӣ раҳояш кун ва агар ишқи туст, муборак аст”.

Воқеан, касби муаллимӣ ишқи мондагори устоди фарҳехта Аҳмад Алиев буд. Ӯ на ин ки ишқи ин касби пурифтихорро раҳо накард, балки онро дар мағзи ҷонашон парварда бо муҳаббату иштиёқи том тухми ин касбро дар қалби шогирдон кошт. Устод то охири умрашон ба ин касб содиқ буданд. Яъне, то он лаҳзаҳое, ки устод ҷон дар рамақ доштанд, то он даме, ки дилашон дар тапишу хунашон дар гардиш буданд, руҳу равон ва ҳастиашонро пурра ба тарбияи насли ҷавон ва пешрафти соҳаи маориф бахшиданд. Садоқату вафодории устодро дида байти зерини Назмӣ ба хотир меояд, ки фармудааст:

Аз мурдан нест бокам, Назмӣ, з-ин фиғон дорам,
Ки ман чун рахт барбандам, муҳаббат дарбадар гардад.

Дар арафаи ҷашнгирии 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пос доштани хотираи неки устоди равоншод Аҳмад Алиев амри виҷдону имон ва эҳтирому садоқат ба ин шахсияти баруманди сарсупурдаи мактабу маориф аст.

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Зикри хайр, к-аз ақибаш зинда кунад номро.

Руҳатон шоду хонаи охирататон обоб бод, устоди ғамхору азизам!!!

Амлоев Аминҷон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!