,
Панҷшанбе, 23-октябр
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз куҳантарин ва бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар тули ҳашт даҳсола садҳо ҳазор мутахассисони варзида ва аҳли илму фарҳангро ба ҷомеа тақдим намудааст.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб соли 1945, дар рӯзҳои душвори баъди ҷангии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун институти омӯзгорӣ бо мақсади тайёр намудани кадрҳои соҳаи маориф барои ҷануби Тоҷикистон таъсис дода шуд. Он солҳо муассиса бо имкониятҳои маҳдуд фаъолият мекард, аммо бо шарофати талошҳои устодони ватандӯст ва донишҷӯёни болаёқат ва боғайраташ ба як маркази пурқуввати илмӣ-таълимӣ табдил ёфт. Бо гузашти вақт, мақоми ин боргоҳи таълими баланд гардида ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва аз 24 апрели соли 2009 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ номгузорӣ шуд, ки ин рамзи пайванди илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон аст. Имрӯз роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар назди худ вазифаҳои муҳим - таҳсилоти босифат, тарбияи донишҷӯён, таҳқиқоти илмӣ ва рушди нерӯи инсонӣ дар минтақа ва кишварро гузоштааст. Донишгоҳ дорои ҳайати устодони варзида, номзадону докторони илм, донишҷӯёни фаъол ва факултетҳои гуногун мебошад, ки дар самтҳои педагогика, филология, илмҳои табиӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқ, информатика, рузноманигорӣ ва дигар бахшҳо таҳсил мекунанд. Хатмкунандагони донишгоҳ имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ ҳамчун муаллим, муҳандис, олим, ҳуқуқшинос, соҳибкор, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Роҳбарияти донишгоҳ имрӯз бо роҳнамоии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот, ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ талош меварзад.
Солҳои пеш, вақте ҷавон будам, орзуи онро доштам, ки донишомӯзу соҳибихтисос гардам. Барои ҳамин, баъди хатми техникуми Политехникӣ ба Донишгоҳи педагогии Кӯлоб дохил шудам. Он вақт донишгоҳ шояд мисли имрӯз бо имкониятҳои зиёдаш маъруф набуд, вале муҳити гарму самимӣ дошт. Муҳите, ки дар он устодон, ба мисли Тағай Раҳмонов, Саидхуҷа Азизов, Сайвалї Гадоев, Маҳмадулло Ибодов, Абдулло Маҳмудов, Нуралӣ Салихов, Нуралӣ Валиев, Хурсанд Аъзамов, Абдулҳамид Нозимов, Акбар Ниёзов, Мирзоев Салим, Александр Сергевич Вашенко, Марям Закировна, Югай Анатолы Иванович, Сон Лудмила Михайловна, Татяна Никалаевна, Шкирдова Валентина Ивановна, Юдиковна Юдмила Василовна ва даҳҳо нафар устодон бо дилу ҷон кор мекарданд ва донишҷӯён бо муҳаббат мехонданд.
Ман дар ин даргоҳ фақат фанн наомӯхтам. Дар ин кохи дурахшони илму маърифат зиндагиро ёд гирифтам. Омӯхтам, ки дониш фақат барои диплом нест, балки барои хидмат ба мардум аст. Баъди хатми донишгоҳ, тақдир маро ба дунёи сиёсат ва баъдан ҷониби дигар бурд, дунёи эҷод - дунёи телевизион. Дар он айём яъне то соли 1992 дар минтақаи Кӯлоб ягон шабакаи телевизионӣ вуҷуд надошт. Бо дӯстон ва ҳамфикрон тасмим гирифтем, ки аввалин телевизиони хусусиро таъсис диҳем. Ҳамин тавр, дар давраҳои душвори таърихи моҳи майи соли 1992 Телевизиони Кӯлобро таъсис додем. Ман онро танҳо як воситаи ахбор намедонистам. Барои ман ин мактаби нав буд, мактаби сухан, мактаби эҷод, мактаби фикр, мактаби хидмат ба халқу ватан.
Ҳангоми роҳбарӣ дар ин ниҳод, ман ҳамеша ба ҷавонон такя мекардам. Аз ҷумла, ба онҳое, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳсил мекарданд. Ман хуб медонистам, ки дар ин донишгоҳ ҷавонони боистеъдод таҳсил доранд ва онҳоро бояд ба саҳнаи амал даъват кард. Дар давоми фаъолияти роҳбарям давоми 33 сол дар Телевизиони Кӯлоб садҳо ҷавонро аз ҳамин донишгоҳ ба кор ҷалб намудем. Онҳо бо завқу нерӯи ҷавонӣ кор мекарданд ва аз рӯзҳои аввал нишон медоданд, ки волидон ва донишгоҳ онҳоро хуб тарбия кардаанд. Аз ҷумла, метавон ёдовар шуд: Анзурат Абдусаломзода, Сайҳомид Одинаев, Умархон Камолов, Холмурод Ниёзї, Беҳруз Одинаев, Худоёри Валӣ, Мутриба Қурбонова, Рамазон Насриддинзода, Хайриниссо Муродзода, Муҳаммадҷони Бозор, Наврӯзи Сафар, Наргис Шарифзода, Ҷобиров Ҷобиршоҳ, Шоҳрух Қайюмзода, Мавзуна Султонзода, Моҳитобон Зоњирзода, Фирӯз Талабзода, Фирӯз Ахунов, Абдулвосит Расулзода, Акрамзода Икром Акрам, Акрамзода Икром Абдулҳафиз, Қурбонов Илҳом, Худоёри Бозор ва даҳҳо нафар дигарон, ки имрӯз аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаи телевизион ва радио ва соҳаҳои гуногун мебошанд. Ин ҷавонон ҳама аз ҳамин боргоҳи маърифат Донишгоҳи давлатии Кӯлоб қадам ба зиндагии амал гузоштанд. Ва ман ифтихор мекунам, ки телевизион барои онҳо мактаби таҷриба шуд. Имрӯз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба синни пуршарафи 80 расидааст. 80 сол ин танҳо як рақам нест! Ин 80 соли заҳмати садҳо устод, 80 соли меҳнати ҳазорҳо донишҷӯ ва 80 соли хизмат ба илму фарҳанги миллат аст. Донишгоҳ дар ин муддат ба як маркази воқеии илму маърифат табдил ёфт. Дар ин ҷо ҳазорон омӯзгор, муҳандис, рӯзноманигор, фарҳангшинос ва мутахассиси соҳаҳои гуногун тарбия ёфтаанд. Имрӯз хатмкардагони он дар гӯшаву канори кишвар бо ифтихор мегӯянд, хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳастанд. 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб на танҳо як ҷашни санавӣ, балки таҷлили таърихи пуршарафи илму маърифат, хидмат ба миллат ва пайванди устувори наслҳост. Ин донишгоҳ бо такя ба таҷрибаи бойи таърихӣ ва бо нигариш ба ояндаи равшан, рисолати худро давоми 80 сол иҷро намудааст ва ин таҷрибаи худро дар оянда низ бо ифтихор идома медиҳад.
Сафаралӣ Бозорзода, Корманди шоистаи Тоҷикистон, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ