, Панҷшанбе, 23-октябр

РОҲБАРИ ИДЕАЛӢ


РОҲБАРИ ИДЕАЛӢ

Таърихи 24-уми октябри соли 2022 рӯзи ниҳоят офтобӣ ва ҳавои тирамоҳӣ бисёр фораму руҳнавоз буд. Дар ин рӯз як ҳолати ғайримуқаррарӣ водорам намуд, ки ҷои кори қаблиамро тарк кунам.

Баъди тарк кардани ҷойи кор ва раҳо намудани масъулият давоми зиёда аз як моҳ пайи истироҳат шудам, тақрибан ҳама рӯз  ба бозии футбол машғул мегардидам, бо рафиқонам вомехӯрдаму ҳамкорони собиқамро медидам. Манбаи даромад фаъолияти фрилансерӣ аз соҳаи барномасозӣ буд, ки ба он сохтани барномаҳо, сомона ва веб-платформаҳо...шомил мегардид.  Ҳарчанд бисёриҳо кӯшиш намуданд, ки барои бозгашт ба ҷои кори қаблӣ розиам кунанд, аммо ҳеҷ яке муваффақ нашуд, чунки муҳит ва идоракунии бароям идеалиро ҷустуҷӯ доштам. Мехостам дар ҷое фаъолият кунам, ки дар он ҷо шахси бароям идеалӣ роҳбар бошад.

Дар ҳамон замон аз тариқи дӯстону рафиқон дотсент Абдусамадзода Эраҷ, ки он вақт ба ҳайси декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  фаъолият мекарданд, хабардор мегарданд, ки муддатест бекорам. Эшон дархост намуданд, ки маълумотномаи фаъолият ва собиқаи корӣ(объективка)-амро барояшон фиристам то ба ректори онвақтаи донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек барои шиносоӣ пешниҳод намоянд. Баъдан санаи 02.12.2022 маро барои вохурӣ ва суҳбат бо ректор даъват намуданд. Ин вохӯрӣ ва суҳбат шахсиятеро бароям ошкор кард, ки ҳамеша орзӯ мекардам. Роҳбари идеалӣ аз ҳама ҷиҳат: малакаи суҳбатороӣ, муносибати самимӣ, дониши фавқуллода баланди идоракунӣ, бархурдорӣ аз адабиёт ва фарҳанги миллӣ, донишҳои муосири техникӣ ва ғайрҳо. Ҳангоми суҳбат пай бурдам, ки профессор Раҳмон Д.С. аллакай оид ба кору фаъолиятам маълумоти муфассал доранд ва пешниҳод намуданд, ки ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси маъмури сомонаи донишгоҳ ба кор биёям. Замони ин вохӯрӣ доир ба чанд мавзуи хоси технологияҳои барномасозӣ, веб-платформаҳо, сомонаҳо ва мавзӯъҳои ба ин монанд суҳбати тахассусӣ кардем ва маълумам гашт, ки новобаста ба мутахассиси варзидаи соҳаи ҳуқуқ будан профессор Раҳмон Д.С. донишҳои баланди технологии муосирро дороянд. Дар ин баробар малакаи баланди суҳбатороӣ ва одоби гуфтугӯ дар шахсияти профессор Раҳмон Д.С. бароям ошкор шуд. Инҷо хусусияти аввалини роҳбари бароям идеалиро дарёфтам: “Новобаста ба мақому мартаба  доштани малакаи суханварӣ, ҷазби ҳамсуҳбат ва қобилияти гуш додан ба суханҳои дигарон”. Дар анҷоми суҳбат пешниҳоди устодро ҷиҳати ба кор оғоз намудан қабул кардам ва ҳамин тавр фаъолияти кориям ба ҳайси мутахассиси сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз ёфт.

Баъдан бинобар уҳдадориҳои вазифавӣ борҳо дар ҷаласаю вохуриҳои корӣ бо устод вохурдам ва ҳар як вохурӣ бароям шиносии дақиқтар аз шахсияти устодро фароҳам мекард. Маҳз шахсияти воло, дониши фаррох, ҷаҳонбинии васеъ, худогоҳиву фарзонагӣ, кордониву масъулиятшиносии ин роҳбари ҷавону олими тавоно ангезаеро дар зеҳнам бедор намуд, ки тамоми суҳбату вохӯриҳоямро бо профессор Раҳмон Д.С. бо сана ва вақташ дақиқан дар хотир гирам. Ва бояд низ бигӯям, ки ҳар он чи мувофиқи мақсад ва писанди хотири камина аст, бечуну чаро дар саҳифаҳои дафтари хотиротам барои ҳамеша сабт мегардад.

Пас аз як моҳи корӣ, аниқтараш 30.12.2022 кормандони маркази матбуоти донишгоҳро барои ҷаласаи корӣ назди ректор даъват карданд. Устод Раҳмон Д.С. зимни ин ҷаласа оид ба пурра навсозӣ гаштани маълумоти сомона ва инъикоси фаъолияти донишгоҳ дар он давоми як моҳ бароям изҳори миннатдорӣ карданд ва ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки бинобар сабаби замонавӣ набудани дизайн, тарроҳӣ ва муҳити барномавии сомонаи донишгоҳ зарурати куллан аз нав сохтанро дорад. Ин ҷаласа хусусияти дуюми роҳбари идеалиро дар шахси Раҳмон Д.С. бароям ошкор намуд: “Дониши баланд оид ба технологияҳои муосири иттилоотӣ”.  Барои пурра ва бо тарҳи нав бозсозӣ кардани сомона 3 моҳ муҳлат муайян намуданд ва пайи кор шудем.

Санаи 10.04.2023 ва як рӯз қабл аз оғози «Ҳафтаи илм» ҷиҳати шиносоӣ бо тарҳи нави сомонаи донишгоҳ ба утоқи кории ректор даъват шудам. Ҳангоми ба қабулгоҳ ворид шуданамон, ректор ҷиҳати муаррифии декани нави факултети филология хориҷӣ аз утоқи корӣ баромада истода буданд ва дар ин ҳолат таъкид намуданд, ки каме интизор шавед, фавран бармегардам. Ин ҳолат хусусияти сеюми роҳбари идеалиро бароям намоиш дод: “Вақти қимати дигаронро қадр кардан”.

 Тахминан, пас аз 20 дақиқа ректор баргаштанд ва тарҳи нави сомонаро барояшон муаррифӣ намудам. Дар он вохурӣ ректор, профессор Раҳмон Д.С., муовини ректор оид ба таълим, дотсент Холиқзода Айниддин, декани факултети филология тоҷик, дотсент Абдусамадзода Эраҷ ва сардори маркази матбуот, дотсент Ҷаҳонгир Рустамшоҳро даъват карда буд ва барои хурдтарин ҷузъиёти сомона андеша ва пешниҳоди онҳоро гуш медод. Ҳолати мазкур бароям хусусияти чоруми роҳбари идеалиро дар симои устод Раҳмон Д.С. намоиш дод: “Новобаста ба мақому мансаб андешаи зердастонро шунидан ва тавсияҳои судмандро қабул кардан”.

Дар ҷараёни вохурӣ профессор Раҳмон Д.С. як қатор андешаҳои худро ҷиҳати боз ҳам такмил додани сомона баён карданд ва оид ба қатъиян риоя намудани “Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, № 344 қабул гардидааст, дастурҳо доданд. Ин роҳнамоиҳои устод бароям хусусияти панҷуми роҳбари идеалиро нишон дод: “Тамоми фаъолият бояд танҳо тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ сурат гирад”.

Пас аз анҷоми муаррифии тарҳи нави сомона профессор Раҳмон Д.С. ҷиҳати дар муҳлати муқаррагардида ва тибқи талабот сохта ба анҷом расонидани тарҳи нави сомона ба таври ниҳоят самимӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Устод ончунон миннатдории худро баён карданд, ки хусусияти шашуми роҳбари идеалиро дар амал ва гуфторашон дарк намудам: “Роҳбар бояд ҳамеша аз заҳмати зердастон бохабар бошад ва фаъолиятро қадр намояд”.

Санаи 29.08.2023 профессор Раҳмон Д.С. ки чанд рӯз пештар аз сафари корӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин баргашта буданд, зимни ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони ректор ва кормандони маркази матбуоти донишгоҳ, ки банда ҳам он ҷо ҳузур доштам, баъзе аз таассуроти худро доир ба истифодаи Интернет дар ин кишвар баён карданд. Устод гуфтанд, ки ҳангоми яке аз вохӯриҳо зарурати дастрасӣ оид ба кадом як маълумот доир ба донишгоҳ пайдо мешавад. Бо сабаби он ки дар Чин шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва месенҷерҳои хориҷӣ дастнорас аст,  профессор Раҳмон Д.С. маводи барояшон заруриро тариқи сомонаи расмии донишгоҳ дастрас мекунанд. Ҳангоми нақли ин ҳолат устод иброз доштанд, ки маҳз барои чӣ ба муҳимияти сомонаи расмӣ ҳамеша таъкид менамуданд. Дар ин вақт хусусияти ҳафтуми роҳбари идеалиро дар шахсияти устод дарёфтам: “Роҳбар бояд ниҳоят дурандеш бошад ва барои тамоми ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ роҳи ҳалли мушкилро қаблан ба инобат гирифта бошад”.

Рӯзи 24.10.2023 кормандони маркази матбуоти донишгоҳро бо сабаби иваз шудани роҳбари ин сохтор профессор Раҳмон Д.С. ба вохӯрӣ даъват карданд. Зимни ҷаласа ба кормандон роҳбари нави марказ муаррафӣ гардид. Дар идома устоди некандеш аз ҳар як корманд оид ба самти фаъолият, мушкилотҳо ва дигар хусусиятҳои корӣ пурсон шуда, андешаҳоро бо диққати тамом гуш мекарданд ва тавсияҳои судманд медоданд. Ҳолати мазкур бароям хусусияти ҳаштуми роҳбари идеалиро кушод: “Роҳбар бояд аз вазъи ҳар як зердаст дақиқан бохабар бошад”.

Профессор Раҳмон Д.С. оид ба вазъи таълиму тарбия, ҳолати иштирок ба дарсҳо, риояи тартибу қоидаҳои дохили муассиса аз ҷониби донишҷӯён ниҳоят сахтгир буданд. Новобаста ба он ки сохторҳои муассиса доир ба ин масъалаҳо ҳамеша корбарӣ менамуданд, вале устод шахсан ва бе огоҳии пешакӣ ба факултетҳо ташриф меоварданд ва бо вазъи иштирок дар дарсҳо, ҳолати омодагии донишҷӯён, таъминот бо ашёи хониш ва дигар масъалаҳои ҷараёни таълим санҷишҳо гузаронида, аз ҳолати донишҷӯён ва мушкилоти онҳо бохабар мешуданд. Борҳо шоҳид будем ва шунидем, ки ректор танҳо ба аудиторияҳо ворид шуда, ҳолати дарсҳоро баҳогузорӣ кардаанд. Чунин амалкарди устод хусусияти нуҳуми роҳбари идеалиро нишон медод: “Набояд танҳо ба маълумоти пешниҳодшуда оид ба фаъолият қаноатманд шуд. Бовар бояд кард, вале санҷидан ҳам лозим аст”.

Тавре ки ҳамагон огоҳанд профессор Раҳмон Д.С. зиёда аз 5 сол боз дар Парлумони кишвар фаъолият доранд. Солҳои 2020-2025 чун аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 11 апрели соли 2025 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Пас аз таъин шудан ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ устод бо аҳли раёсати донишгоҳ, садорати факултетҳо, роҳбарон ва кормандони сохтори донишгоҳ вохӯрии хайрбодӣ карданд. Ин вохӯрӣ ниҳоят ҷолибу хотирмон буд. Чанде аз пирони рӯзгордидаи донишгоҳ – устодоне, ки солҳои зиёд дар донишгоҳ фаъолият доранд, ба устоди соҳибмактаб Раҳмон Д.С. барои фаъолияти минбаъда таманнои хайр намуданд. Чандин нафар фаъолияти устодро дар симати ректори донишгоҳ таҳлилу баррасӣ карда, ниҳоят баҳои баланд доданд. Вале устод зимни суханронӣ сухани аҷоибе гуфтанд, ки дар маъно чунин буд: “Новобаста ба натиҷаҳои фаъолияти 2 солу 10-моҳа ман аз фаъолиятам пурра қаноатманд буда наметавонам, зеро на ҳамаи зарфиятҳои доштаамро барои донишгоҳ истифода намудам, яъне бо таваҷҷуҳ ба зарфияти зеҳнӣ ва имкони мавҷуда дар муассиса иҷрои корҳои боз ҳам чашмрастаре имконпазир буд”. Шояд хонандаи азиз изҳор намояд, ки бечуну чаро инсон на ҳама мехостаҳояшро иҷро карда метавонад, аммо хулосаи ин ҷумла хусусияти даҳуми роҳбари идеалиро нишон медиҳад: “Фурӯтанӣ ва эътирофи мардона”.

Агар кӯшиш карда боз дақиқтар ба хотир оварам, шояд даҳҳо хусусияти дигари роҳбари идеалиро дар шахсияти профессор Раҳмон Д.С. ба хонандаи нуктасанҷ расонам, аммо фикр мекунам ин даҳ хусусияти қайдшуда барои хулосабарорӣ нисбати шахсияти устоди азиз кифоят мекунад. Чунин хусусиятҳои наҷиби инсонӣ, донишу малакаи баланди сиёсию ҳуқуқӣ буданд, ки устоди азиз имрӯз дар Парлумони кишвар фаъолият доранд ва дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди парламентаризм, қонуният ва дигар самтҳои сиёсати давлатӣ саҳми арзанда доранд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 80-сола мешаванд ба устоди иззатманд доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ки ҷузъи таърихи дурахшони ин боргоҳи муқаддас мебошанд, саломатии бардавом, неруи баланди корӣ, хушбахтиҳои бепоён ва дар хизмати давлатӣ барору муваффақиятҳо орзу менамоям.

Иброҳими Юсуф, мутахассиси маркази матбуот, маъмури сомонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!