,
Панҷшанбе, 23-октябр
Ба гуфтаи олими амрикоӣ Ҷонсон Браун «Агар зиндагӣ инсонро шахсият созад, пас шахсиятҳои алоҳида зиндагиро зинат мебахшанд ва маънову мазмуни онро рангин ва зебо мегардонанд». Яъне, ҳаёт ва шахсияти бузург баъзан ҳамчун ду мафҳуми гуногунтаъсир бо ҳам мутобиқ мешаванд: агар яке созанда бошад, дигаре ҳам созанда ва ҳам бахшанда мебошад.
Мақсади мо инъикоси паҳлӯҳои мухталифи зиндагиномаи шахсияти илмие мебошад, ки тавонистааст дар ҷодаи илму дониш устуворона қадам гузошта, дар ин роҳ комилан муваффақ гардад.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Маҳмуд Холович аз ҷумлаи он шахсиятҳоест, ки маҳз бо кӯлбори илмиаш ба эҳтиром ва арҷгузории дигарон ноил гардидааст.
Муваффақият дар расидан ба ин мақсад осон набуд ва устод онро бо меҳнати шадид ва садоқати беандоза ба илм ба даст овард. Ба гуфтаи худи устод «Барои он ки инсон ҳамчун олим ба воя расад, бояд дар роҳи илм ҷонфидо бошад, тавонад баъзан арзишҳои муҳими инсониву ҳаётро дар ҷои дуюм ё сеюм қарор диҳад». Ин суханон аз умқи дили як олими аслӣ бармеоянд ва барои шогирдон шиори ҳаёту зиндагӣ мебошанд.
Профессор Абдуллоев Маҳмуд Холович барои насли ҷавон ва ҳамкасбонаш на танҳо як узви фаъоли ҷомеаи илмӣ аст, балки намунаи комили меҳнатдӯстӣ, самимият ва садоқат ба касби худ мебошад. Ӯ насли наврасро ба роҳи илму дониш ҳидоят мекунад ва бо фаъолияти пурҷузъ тавсеа бахшидани соҳаи таърих ва маорифи Тоҷикистон шуғли аслӣ ва орзуи ҳаётиашро амалӣ месозад.
Дар канори дониш ва касбият устод Абдуллоев Маҳмуд Холович инсони боҳашамат, боэътимод ва масъулиятшинос аст. Мо ҳамеша эҳсос мекунем, ки ӯ дар бораи ҳар як шогирд ғамхорӣ дорад ва аз мо на танҳо дониш, балки ростқавлӣ, масъулият ва одоби муоширатро меомӯзонад. Ӯ моро водор месозад, ки на танҳо дарсҳоро бо ҷидду ҷаҳд омӯзем, балки дар зиндагӣ низ инсонҳои неку меҳрубон бошем.
Роҳнамоии устод Абдуллоев Маҳмуд Холович барои мо муҳаққиқон коркарди илмии мавзуъҳои таърихро осон ва ҷолиб гардонид. Таҳқиқот ва машваратҳои ӯ ҳамеша моро ба пайкори илмӣ ва такмили дониш водор месохтанд. Ба шарофати роҳнамоиҳои ӯ мо дар кори илмӣ пешравиҳо намудем ва имрӯзҳо бо ифтихор гуфта метавонем, ки дониш ва таҷрибаи худро дар хизмати илму маориф мегузорем.
Профессор Абдуллоев Маҳмуд Холович барои мо намунаи ҳақиқии устод ва инсони комил аст, ки бо меҳру муҳаббат ва талоши беандоза пайваста роҳи илмро барои насли нав равшан мекунад. Мо шогирдон арзи сипос мекунем ва умедворем, ки роҳи ӯро идома диҳем ва рисолати муаллимиро бо масъулият ва самимият иҷро намоем.
Абдуллоев Маҳмуд Холович 1 сентябри соли 1948 дар деҳаи Деҳдарозаки ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) дар оилаи деҳқон таваллуд ёфта, таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳ ва маълумоти миёнаи умумиро дар мактаб-интернати ба номи «Коммунизм»-и деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москва гирифт.
Чуноне ки ҳангоми суҳбат бо профессор М.Х. Абдуллоев маълум гардид, дар муҳити хонаводаие, ки устод дар он ба воя расидааст, ҳамеша ба илму дониш арҷ мегузоштанд. Падару бобои ӯ, ки шахсиятҳои софдил буданд, мунтазам барои ба даст овардани дониш ва маърифат талош мекарданд. Ин муҳити бофарҳанг устодро баъди хатми мактаб-интернат (соли 1966) ба факултаи забон ва адабиёти русии Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб овард, ки бо муҳаббати илму омӯзиш ва тайёрӣ барои касби муаян таълим мегирифт.
Устод Абдуллоев Маҳмуд Холович соли 1970 бо муваффақият Донишкадаро хатм кард ва солҳои 1970-1971 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат намуда, бо рутбаи лейтинанти калон бо ифтихор ба Ватан баргашт.
Баъди адои хизмат (моҳи декабри соли 1971) ӯ ҳамчун муаллими кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба кор оғоз намуд. Зери раҳбарии устодони варзида, ба мисли А. Сиддиқов, Ҳ. Боғиров, М. Назаршоев, Шарифов Д. ва дигарон, ӯ дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои касби омӯзгориро омӯхта, ба умқи фанни таърих ворид гардид.
Устод М.Х. Абдуллоев чандин маротиба дар курсҳои такмили ихтисоси муаллимони ҷомеъшиносӣ дар марказҳои илмию тадқиқотии Иттиҳоди Шуравӣ таҳсил кардааст. Соли 1977 ба аспирантураи кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуд ва соли 1982 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Фаъолияти Партияи Коммунистии Тоҷикистон оид ба инкишофи минбаъдаи мактаби маълумоти умумӣ дар ҷумҳурӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Назаршоев М.Н. дифоъ намуд.
Соли 2012 бошад, дар мавзуи «Маорифи халқи Тоҷикистон дар солҳои 60-80-уми асри ХХ: таърих ва проблемаҳои рушд» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, унвони доктори илмҳои таърихро соҳиб гардид. Ҳамзамон соли 2025, бо қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири дастовардҳои назаррас дар соҳаи илм, устод ба унвони илмии профессор сарфароз гардид.
Устод Маҳмуд Абдуллоев дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вазифаҳои гуногунро адо намуда, аз ҷумла ҳамчун муаллим, муаллими калон, ҷонишини декани факултаи таърих ва филология, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик ва назарияи иқтисод, декани факултаи таърих ва ҳуқуқ, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих ва мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ фаъолият кардааст. Аз соли 2013 то кунун ҳамчун профессори кафедра фаъолият менамояд.
Устод Маҳмуд Абдуллоев солҳои зиёд мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ буд ва тавонист захираи кори кафедраро бо ҷавонони донишманду боистеъдод пурра намуда, иқтидори илмию таҳқиқотии онро ба сатҳи баланди илмӣ расонад.
Аз ҷумла: “Народное образование Республики Таджикистан в 60-е 80- годы ХХ века” (Душанбе,1912), Маорифи халқи тоҷикистон :таърих ва воқеият” (Душанбе, 1915), “Из истории советской школы в Таджикистане” (Душанбе, 2010), “Аз таърихи мактабҳои маълумоти умумии дар Тоҷикистони Шурави” (Душанбе, 2013), “Аз таърихи мактаб интернати ба номи “Коммунизми” ноҳияи Шӯрообод” (Душанбе, 2015), “Ислоҳот ва рушди маорифи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлати” (Душанбе, 2016) “Мақоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол” (Душанбе, 2011), “Аз таърихи мухтасари мактабҳои Шуравӣ дар Кӯлоб” (Душанбе, 2007), “Бозсози ва маориф” (Душанбе, 1992) ва ғайра. Дар маҷмуъ бо қалами устод зиёда аз 12 монография ва беш аз 210 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ нашр гардидааст.
Бо роҳбарии мавсуф 4 нафар унвонҷу рисолаи номзади дифо намуда ба дараҷаи илмии номзади илм сазовор шуданд. 2 нафар унвоҷӯ дар арафаи ҳимоя мебошанд.
Ба кори доктории 9-нафар докторант ва 24-нафар унвонҷӯи номзади илм ҳамчун муқарризи расмӣ тақриз нависта дар раванди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории соҳаи таърих фаъолона ширкат меварзад.
Ҳамзамон устод Абдуллоев М.Х. дар конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилояти ва донишгоҳи пайваста иштирок менамояд. Аз ҷумла соли 1973 дар (ш.Минск), бахшида ба 70- солагии сиезди дуюми РСДРП. Соли 1977 дар (ш.Масква ), бахшида ба 60-солагии Ревоутсияи Кабири сотсиалистии Октябр. Соли 1982 оиди методи таълими таърихи КПСС дар (ш.Душанбе), Соли 1910 конференсияи байналмилалии дар шаҳри Душанбе дар мавзуъи: Тоҷикистон – Хитой: заминаҳои маданӣ, таърихва дурнамои стратегӣ: Соли 2015 бахшида 70-солагии ғалаба бар фашизм дар Донишгоҳи РТСУ дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ. Дар 25 конференсияҳои Ҷумҳурияви ва вилояти иштирок ва бо маърузаҳои илми баромад намудааст.
Нақши профессор Абдуллоев М.Х. дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ бениҳоят калон аст. Айни ҳол Абдуллоев Маҳмуд Холович дар 3 Шурои диссертатсионӣ (6D.КОА-002, 6D.КОА-082, 6D.КОА-093) барои дифои рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ аъзо буда, ки ин эътирофи ҷомеаи илмӣ ва саҳми устодро дар таълифи рисолаҳои илмии соҳаи таърих нишон медиҳад. Фаъолияти пурсамару бисёрсолаи ӯ бо нишони «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2013) ва “Ифтихорнома”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра унвонҳо қадрдонӣ шудааст.
Ғайр аз ин устод иштирокчии гуфтушуниди ғайрирасмии тоҷикон оид ба созишномаи сулҳ дар ш. Душанбе (1994-1995) ва ш.Санкт-Петербург (1997) мебошад.
Профессор Абдуллоев М.Х. дар байни донишҷӯён, устодону кормандони донишгоҳ ва аҳли илми ҷумҳурӣ обрӯю эътибори намоён дорад.
Ҳамин тариқ, профессор Абдуллоев Маҳмуд Холович барои ҷомеаи илмӣ ва маорифи Тоҷикистон шахсияти беназир аст, ки бо меҳнати содиқона ва иродаи устувор роҳи рушди илму маърифатро барои наслҳои оянда ҳамвора рӯшан нигоҳ медорад.
Холмуродзода Меҳрафрӯз, дотсент, мудири кафедраи таърих ва МТТ
Ватанзода Шердил, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДК ба номи А.Рӯдакӣ