, Панҷшанбе, 23-октябр

ОЛИМ ВА ШАХСИЯТИ НОТАКРОР


ОЛИМ ВА ШАХСИЯТИ НОТАКРОР

Таърихи инсоният шахсиятҳоеро дар ҷамъият ба вуҷуд овардааст, ки онҳо бо хизматҳои худ, миёни ҷомеа маълуму машҳур гаштаанд.

Устоди илм, олим ва адиби асри XV Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар асари безаволи худ «Футувватномаи султонӣ» ба ифтихори устод нигоштааст: «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад, бе бунёд бошад. Агар касе ба мартабаи кашфу каромат расад ва корҳои куллӣ аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоде набошад, аз ӯ ҳеҷ коре наояд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд».

Яздони пок баъзан кам андар кам инсонҳоеро меофарад, ки аз оғози умр бо хислатҳои некашон аз дигарон фарқ мекунанд. Бо гузашти айём ба фазилати доштаашон фазилатҳои нав зам мегардад ва ҳастии худро ба манфиати халқу Ватани азиз мебахшанд.

Некномӣ дар зиндагӣ ва дастовардҳои илмиву кору рӯзгорашон аз меҳнати пай дар пайи шабонарӯзии худи онҳост. Ин қабил шахсиятҳои наҷиб айбҷӯйи намекунанд ва ба ҷаҳон бо чашми хирад менигаранд.

Кашшофиву ҷонфидоиро дар кори халқу Ватан пешаи худ интихоб мекунанд. Профессор Хаёл Бобоев, ки дар соҳаҳои физика, астрономия ва таърихи илм ба фаъолияти илмӣ - педагогӣ оғоз машғул буд, аз ҳамин гуна шахсиятҳои наҷибу нотакрор маҳсуб меёбанд.

Профессор Хаёл Бобоев соли 1983 факултети физика ва астрономияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Москваро хатм карда, худи ҳамон сол дар кафедраи физикаи назариявии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ) ба фаъолияти омӯзгориаш оғоз бахшидааст.

Аз 1985 то 1987 ба сифати коромӯзи кафедраи методикаи таълимии физика ва астрономияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш.Москва ба номи В. И. Ленин (ДДОМ) фаъолияти илмӣ намуда, баъди хатми коромӯзӣ солҳои 1987-1990 дар аспирантураи рӯзонаи кафедраи методикаи таълимии физика ва астрономияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Москва ба номи В. И. Ленин таҳсили илм кардааст.

3-сентябри соли 1990 пеш аз муҳлати хатми аспирантура дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш.Москва ба номи В. И. Ленин дар мавзуи «Такмили тайёрии астрономии устодони ояндаи физика дар донишгоҳҳои педагогӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, аввалин номзади илми педагогӣ дар соҳаи таълими астрономия дар Тоҷикистон мебошад. Баъди хатми аспирантура дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб то соли 1993 фаъолияти педагогӣ мебарад.

Солҳои 1996-2009 дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло ВМИҶТ) ҳамчун мутахассис, сармутахассиси Раёсати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ ва таҳияи лоиҳаҳои рушди маориф, сардори Раёсати таҳияи сиёсат дар соҳаи маориф, сардори Раёсати илм ва инноватсия, мудири шуъбаи таҳлил ва рушди ислоҳоти соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 2006 дар мавзуи “Таърихи бунёд ва рушди илми астрономия (ситорашиносӣ) дар Тоҷикистон” рисолаи доктори дифоъ намуда, аз соли 2010 то ба нафақа баромадан (июли соли 2024) дар вазифаи муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ ва масоили иҷтимоӣ-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ муаллифи беш аз 110 мақола, рисолаҳои илмӣ, усулӣ, таълимӣ ва барномаҳои дарсӣ мебошад. Мақолаҳои илмии Хаёл Бобоев дар Эрон, Олмон, Латвия, Литва, Лаҳистон, Испания, Португалия, Ҳиндустон, Чин, Федератсияи Россия, Украина, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва ғайра ба нашр расида, илми ватаниро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд. Инчунин мавсуф муаллифи 9 монография ва 2 китоби дарсӣ мебошад.

Профессор Бобоев Хаёл академики Академияи илмҳои табиии Аврупо (2019), Аъзо-корреспонденти Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия (2017) ва профессори фахрии якчанд донишгоҳҳои хориҷӣ мебошад.

Ҳамчунин, Раиси Шурои диссертатсионӣ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини Раиси Шурои диссертатсионӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.

Зери роҳбарии мавсуф 5 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ карда, 10 нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор доранд.

Барои комёбӣ ва хидматҳои бисёрсолаи бенуқсону назаррас дар соҳаҳои илму маориф, тарбияи ҷавонон, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иҷрои сатҳи баланди вазифаҳои хидматӣ бо мукофот ва ифтихорномаҳои соҳавии муассисаю ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла: нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2001), «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ғайра қадр гардидааст.

Бобоев Хаёл имрӯз бо таҷрибаи ғанӣ, комёбиҳои пурсамари илмӣ ва масъулиятшиносии баланди касбӣ ҳамчун олими пурмаҳсул маъруф гаштааст. Мавсуф, ҳангоми фаъолияташ худро ҳамчун мутахассиси кордон ва масъулиятшинос, боғайрат, поквиҷдон, ташаббускор ва ташкилотчӣ нишон дода, дар беҳбуд бахшидан ба ҳамаи самтҳои кор ҳиссагузорӣ кардааст.

Бобоев Хаёл бевосита дар таҳияи лоиҳаҳои грантии байналмиллалии соҳаи илму маориф саҳми арзанда дошта, ҷиҳати татбиқи амалии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин соҳа ташаббускорӣ кардааст.

Барои камина боиси ифтихор аст, ки бо шахсияти нотакрор, инсони комил ва олими асил профессор Бобоев Хаёл робитаи ҳамкорӣ пайдо намуда, зери роҳбариаш соли 2020 рисолаи илмиамро бо муваффақият дифоъ кардам. Ҳоло бошад эшон ба ҳайси сарходими илмии АМИТ кору фаъолият дошта, дар рушд ва ташаккули илми ватанӣ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

Исозода Собир Қурбон, дотсент-сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_28p4dcui8q9vck8jdar43fn9ph): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_497g2n458b2mm05rgd5cgff94b in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_497g2n458b2mm05rgd5cgff94b): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_id9m00g8cc23iqude6ftqn4f1m in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_id9m00g8cc23iqude6ftqn4f1m): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274