,
Панҷшанбе, 23-октябр
Гадомад Зулфиев, номзади илмҳои филолгӣ, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, дар фарҳанги миллии мо эҳтироми мардум ба пешаи омӯзгорӣ арзишманд маҳсуб меёбад. Ин ба он маъност, ки мардуми фарҳангдӯсту соҳибкитоби мо табиатан ба ҳар фарде, ки аз илму адаб, таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш бархӯрдор аст, эҳтиром мегузоранд.
Дарвоқеъ, пешаи омӯзгорӣ дар ҳама давру замон кори пурифтихору пуршараф буд. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст». Оре, омӯзгор дар баробари бардошти бори гарони масъулияти таълиму тарбияи насли инсон, боз ба омӯзишу пажӯҳиш ва кушоиши гиреҳҳои накшудаи илму хирад, ки пешрафти тамоми соҳҳоти хоҷагии халқ вобаста аст, машғул мебошад. Чунин аст, рисолати як омӯзгори воқеӣ дар замони имрӯза, ки тамоми ин сифатҳоро доктори илмҳои филологӣ, профессор Солеҳов Нуралӣ Назарович доро мебошанд. Мавсуф аз қабили омӯзгорони асил, олими сермаҳсул, инсони наҷиб, роҳбари серталабу поквиҷдон мебошанд, ки рафтору гуфтор ва пиндору кирдорашон намунаи ибрати шогирдон ва насли ҷавон мебошад.
Устод Солеҳов Нуралӣ Назарович аз зумраи шахсиятҳои нодир, аз он лиҳоз, мебошанд, ки бо вуҷуди ҳама муваффақияту пешравӣ, дастоварду мартаба, унвону дараҷаҳои илмӣ, шебу фарози рӯзгор ҳамоно ботамкин, босалобат, кушодарӯву кушодадил ва некандешу некназарона ба тамоми табақоти инсонҳо ҳамвора муносибати якхела доранд.
Дар зиндагӣ ҳар шахс ба ҳар тариқе рӯзгор сипарӣ мекунад, устоди иззатманд ҳамеша дар паи гирифтани дасти дармондае мекӯшад, мекӯшад то аз иҷрои амри хайру савоб дер намонад. Дар асл инсони хеле оромтабиату мулоҳизакоранд, аҷала аз эшон хеле ва хеле дур аст, лекин дар сомони кори хайре, куммаки ниёзманде ва иҷрои масъулияти давлативу ҷамъиятияшон ниҳоят чусту чолок ва серҳаракату қатъигуфторанд.
Бо устоди падарқаторам ҳанӯз аз тирамоҳи соли 2012 шинос ва ҳамнишинам. Дар ин сол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон устоди гиромӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъин гардиданд. Банда дар он замон донишҷӯи курси 5-ум будам ва вазифаи раиси Созмони ҷавонони донишгоҳро ба уҳда доштам. Аз ҳамон лаҳзаву рӯз то инҷониб аз роҳнамоии падаронаву дастгириҳои беминнаташон баҳра бурда истодаам. Чаро ки баъд аз хатми донишгоҳ роҳбарии илмиамро ба уҳда гирифтанд ва, хушбахтона, зери роҳбарии ин марди шариф ва инсони накӯхислат рисолаи илмӣ дифоъ намудам ва ба ҳар чизе ва ҳар ҷодае агар расида бошам, маҳз самараи дастгириву роҳнамоӣ ва ғамхориҳои падаронаи эшон аст, ки то охирин лаҳзаи зиндагӣ аз устоди азизам сипосгузорам.
Дар симати ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Солеҳов Нуралӣ Назарович дар як муддати кутоҳ дар дилу дидаи тамоми устодону омӯзгорон, кормандону донишҷӯён ҳамчун роҳбари ғамхору мушфиқ, кордону пухтакор, инсони наҷибу хушахлоқ, самимиву заминӣ то андозае ҷой гирифт, ки то ҳанӯз дар донишгоҳ аз фаъолияти пурсамару хислатҳои наҷибашон тамоми ҳамроҳону ҳамкорон бо муҳаббату эҳтироми хосса сухан меронанд.
Албата ҳар яке аз роҳбарони донишгоҳ дар мавқеъ ва замони худ барои рушди бомароми донишгоҳ хизматҳои шоиставу мондагорро анҷом додаанд. Бидуни тардид маҳз заҳмат ва талошҳои эшон дар масири солҳои мадид аст, ки донишгоҳи мо имрӯз аз зумраи муассисаҳои бонуфуз, муътабар ва гиромӣ натанҳо барои муҳассилин ва хатмкардаҳояш, балки барои кулли ҷомеаи илмиву мадании ҷумҳурӣ башумор меравад. Далели возеҳи ин гуфтаҳо нутқи пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошӣ дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар Рӯзи дониш ба ифтихори 70-солагии ин боргоҳи муқаддаси илм арза доштанд: «Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз марказҳои асосии тайёр намудани омӯзгорон ва рушди фарҳангу адаби кишвар ба ҳисоб рафта, ҳазорон нафар дастпарварони он имрӯз дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиамон дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон ва хориҷ аз он фаъолият доранд». Ҳамин заҳмат ва талошҳои пешиниёни фидокору ободкор буданд, ки мо насли ҷавони имрӯза бо ифтихор ва шодмонӣ ин лаҳзаҳо аз ҳаштодсолагии ин кохи маърифат ҷашн гирифта истодаем.
Хизматҳои шоёни Устод Солеҳов Н.Н., дар рушду нумӯи донишгоҳ хеле зиёданд, гарчанде ки фаъолияташон ба ҳайси роҳбари донишгоҳ наонқадар тӯлонист. Хуб дар ёд дорам, ки вақте устоди иззатманд ба ҳайси роҳбари донишгоҳ ба кор шуруъ мекарданд, вазъи моддӣ-техникӣ ва махсусан молиявӣ чандон созгор набуд. Мутмаинам, ки ин маъниро собиқадорони донишгоҳ тасдиқ менамоянд. Устоди ботадбир бо такя ба маҳорат ва малакаи баланди ташкилотчигиву роҳбариашон ин мушкилиҳоро бартараф намуда, вазъияти нохуби донишгоҳро тадриҷан беҳбуд бахшиданд. Аз ҳама муҳим ва хотирмон ин буд, ки якдилӣ, якмаромаӣ, суботкорӣ ва дастиҳамгирӣ дар муҳити донишгоҳ ривоҷ ёфт ва фазои кору зиндагӣ ниҳоят хушоянду мураттаб гардид. Аз хизматҳои дигари Эшон муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Аюбзода Сафархон дар матлабе ба ифтихори 80-солагии донишгоҳ бахшидаашон ба тафсил гуфтанд, ки мо аз такрори он ин ҷо худдорӣ менамоем.
Мавсуф баъд аз поён ёфтани масъулияти роҳбарияшон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин масъулиятро дар яке аз бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар - Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон муваффақона (давоми 8 сол) то синни нафақа идома дода, то ҳол баҳри рушду тараққиёти соҳаи илму маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як фарди втандӯсту меҳанпараст ва ободкору фидокор рисолати омӯзгориашнро идома бахшида, дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ - педагогӣ саҳми бориз гузошта истодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳафзои идона, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давалтии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 80-умин солгарди таъсиси он ҷашн гирифта истодаанд, мо шогирдон ба устоди азизу муҳтарам доктори илмҳои филологӣ, проффесор Солеҳов Нуралӣ Назарович саломатии бардавом, рӯзгори осуда, хонаи обод ва муваффақияту бурдбориҳоро дар фаъолияти илмию таълимиашон таманно менамоем.