, Якшанбе, 22-декабр

ОИЛА - ОМИЛИ АСОСИИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ

 27.02.2023 263

ОИЛА - ОМИЛИ АСОСИИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ

Ҳар  миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонаду қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому  манзалати шоён пайдо карда наметавонад.

Эмомалӣ Раҳмон    

Овардани нақлу ривоятҳои пандомез, насиҳат кардан, тарбия додан, ҳамфикрӣ, эҳтироми байни якдигар, ифтихори миллӣ, ки нишонаҳои худшиносию худогоҳии миллати кӯҳанбунёди  ниёконамон  мансуб меёфтанд, ҳанӯз дар замони ҳукмрон будани дини зардуштӣ  барои тарбияи насли наврас таҳрезӣ ва корбаст мешуданд.

Мардуми хирадманду тамаддунофар ҳанӯз дар он дуриҳои дур масъалаи худшиносию худогоҳӣ ва ташаккули шахсиятро тавассути нақлу ривоятҳо, панду андарзҳо, чистонҳо, зарбулмасалу афсонаҳо ва амсоли инҳо роҳандозӣ менамуданд. Ҳарчанд ки дар он давраҳо ин маҳфум  бо номи худшиносию худогоҳии миллӣ маъруфият надошт ва дӯст доштани марзу бум, обу хоки ватан, донистани таърихи ниёкони худ ва назари некбинона ба ояндаву тавассути ақлу хирад ва донишу ахлоқи ҳамида зистан рукнҳои худшиносию худогоҳии миллӣ мансуб меёбанд, ки ин ҳама гуфтаҳо дар осори шифоҳию хаттии хирадмандон, мутафаккирон, адибону шуарои барҷастаамонтаҳрезӣ ва корбаст гардидаанд. 

«Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон буда,таърихи ғанӣ ва маданияти бою рангин доранд. Таърих гувоҳ ва ҳаёт собит менамояд, ки мардуми тоҷику форс ҳанӯз дар садаҳои ду ва яки то милод соҳиби афкори баланд ва ниҳодҳои омӯзишӣ буданд».

Худшиносию худогоҳии миллӣ ва, махсусан, ташаккули шахсият рукнҳои зиёд дорад ва ростию ростгорӣ яке аз рукнҳои худшиносию худогоҳист ва он муқобил аст ба кибру ғурур, худбехабарӣ, ғаррашавӣ, азхудравӣ ва амсоли он унсурҳои инсонӣ бошад, ки маҷмӯи ӯ таҷассуми бараълои ҷаҳлу ҷоҳилӣ ва ҷаҳолатпарастӣ бувад. Бешубҳа, касе, ки ростгӯву росткор, ҳақиқатнигору ҳақиқатҷӯ нест ва ин хислати наҷиби инсонӣ дар замираш побарҷо набошад, чи гуна аз худ бохабару ба нафъи халқу миллати хеш  хизмат карда метавонад. Чун дар ниҳоди касоне, ки дурӯғ гуфтан, фиреб додану фитнаҳо ангехтан, хиёнат кардану ҷаҳлу ҷоҳилӣ  ва бухсу кинаю ҷаҳл маъво гирифта бошад, ҳеҷ гоҳ худшинос шуда наметавонад. Ҳар як инсони солимақл, хосатан, наслҳои наврасу ҷавон бояд  ростқавлу ростгӯю росткор, соҳибмаърифату соҳибилм, хушодобу фурӯтан ва хоксору дурандеш  бошанд, ҳастии худро баҳри аз беху бун баркандани буҳсу кина, адоват, бадкорию бахилӣ кибру ғурур ва рибохуриву ҳасудӣ равона карда, ба нафъи ҷомеа хизмат намоянд. Ростию расткориро  пешаи худ созанд, зеро дарахт аз обу замин ва одамӣ аз илму дониш,тамаддуни баланду фарҳанги воло, ростию росткорӣ баҳра мегираду камол меёбад.

Ростию  росткорӣ дар готҳо ва сурудҳои «Авасто» ҳамчун идеяҳои ахлоқӣ суруда мешуданд. Аз ҷумла Зардушт, мефармояд: «Роҳ дар ҷаҳон якест ва он роҳ ростист ва дигар роҳҳо ҳама бероҳаанд» 

Дар ҳақиқат фарде, ки ростгӯ, ростқавлу росткор аст ва ростию ҳақиқатро парастиш мекунад, дар зиндагии хеш ба манфиати худ ва дигарон корбаст менамояд, нафъи ӯ ба ҷомеа мерасад. Дар замири чунин  нафарон ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ маъво мегузорад ва худро узви пайвастаи ҷомеа дониста, баҳри он ҷадал мекунанд, ки манфиаташон ба мардум расад.

Кӯдак низ мавҷудияти ҷомеа аст ва ӯ вобаста ба синну сол ва мавқеи худ дар ҷомеа фаъолият мекунад, бо одамон муносибат карда, ин ё он нақши иҷтимоиро ба ҷо меорад ва, албатта, дар ин гуна мавридҳо  мавқеи ӯ гуногун аст: дар корҳои дастҷамъона (коллективона) фаъолона ширкат меварзад ва ё баръакс худро канор мегирад, ба аксарият итоат мекунад ё саркашӣ менамояд, бо ҳамсинфону дӯстон ҳамраъю ҳамфикр мешавад  ё баръакс муқобил амал  менамояд. Вобаста ба мавқеи худ дар ҷомеа аз ҳар ҷиҳат ташаккул меёбад.

Чун  нек бингарем, оила низ коллектив аст, коллективи муштарак. Ана дар ҳамин коллективи муштарак фаъолияти фардии кӯдак дар муносибат бо аъзоёни оила ташаккул меёбад.    

Инкишофи тафаккур, ташаккули ҷаҳони маънавӣ, рушди шахсият, худшиносию худогоҳии миллӣ  ва дигар хислатҳою  ахлоқи ҳамидаи одамӣ аз оила манша мегирад, дар сурате ки бузургсолони оила худ соҳибмаърифату дар тарбияи фарзанд масъулиятнок бошанд. Оила зинаи аввал, вале асосиест дар тарбияи ҳаматарафаи кӯдак, аз ҷумла, дар ташаккули шахсият ва худшиносию худогоҳии миллӣ.  

«Ташаккули шахсияти кӯдак аз оила оғоз мегардад ва он ба дониш, маҳорат, ҷаҳонбинӣ ва ҳар як амалу рафтор ва муносибати бузургсолони оила, бахусус, ба падару модарон сахт марбут аст. Ҳар як аъзои баркамоли оила дар ташаккули шахсияти хурдсолон нақши муҳим бозида метавонанд.»         

Шахсияти кӯдак маҳз дар оила ташаккул ва рушд ёфта, то аз худ намудани нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ тадриҷан бе мушкилот вориди ҷомеа мегардад. Вобаста ба хулқу одоб, рафтору дониш, таҷрибаи рӯзгору ҳаётфаҳмӣ обрӯю эътибори падару модар дар байни мардум боло рафта,  таъсири онҳо дар оила зиёдтар гардида, дар симои онҳо сифатҳои шахсият дар кӯдакону наврасон ташаккул меёбад, яъне маҳз оила дар инкишофи ҷисмонию  маънавӣ ва худшиносии онҳо нақши тақдирсоз мебозад. Аз ин лиҳоз, оила яке аз сарчашмаҳои асосии дар рӯҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ тарбия намудан ва ҳамчун шахсият дар оянда ба камол расидани кӯдак мансуб меёбад.

Тадқиқоти олимони соҳаи педагогикаю равоншиносӣ (психология) ва таҷрибаи рӯзгор собит менамояд, ки кӯдак хислат, одоб, рафтор ва муносибату муоширати байниҳамиро сараввал аз оила мегирад. Дар ин росто таъсири аҳли оила дар мадди аввал меистад, биноан, падару модар ва дигар аъзоёни бузургсоли оила дар муоширату муносибат ва муомила бояд бо хурдсолон ниҳоят эҳтиёткор бошанд. Дар ҳузури хурдсолон дурӯғ нагӯянд, касеро туҳмат назананд, бо дигар аъзоёни оила ва одамони гирду атроф дағалу сардмуомила набошанд ва дар назди фарзандон донотарошӣ накунанду худро аз дигарон боло надонанд. Зеро бузургсолони оила чи гуна хислату рафтор ва муоширату муносибат дошта бошанд, хурдсолон низ ба онҳо пайравӣ намуда, тадриҷан рафтору муносибаташонро ба онҳо монанд мекунанд. Аъзоёни хурдсоли оила ҳар як амали аз тарафи онҳо  иҷрокардаро ба таври мусбат қабул мекунанд, хоҳ нек бошаду хоҳ бад.

Падару модарон муваззафанд, ки ба тарбияи фарзандон аҳамият диҳанд ва онҳоро ба ахлоқи ҳамида ва парҳез кардан аз рафторҳои бад ҳидоят намоянд. Зеро тарбияи оилавӣ нисбатан раванди пурқуввати даркшудае мебошад, ки бузургсолони оила, бахусус, падару модарон қарор мебароранд ва ин раванди муҳим ба самти аъзоёни хурди оила равона карда мешавад, ки онҳо ба калонсолони хона гӯш диҳанд, аз чаҳорчӯбаи меъёрҳои оилавӣ берун набароянд ва барои самти фаъолияти муташаккилона ва самараноки тарбияи оилавӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Барои расидан ба ин мақсад падару модарро зарур аст, ки ба кӯдак  меҳри махсус дошта бошанд, дар тарбияи дуруст дидани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд, ҷаҳд намоянд то ӯро фаҳманд ва дар навбати худ эҳтиром намоянд, ҳамчунин, барои рушду пешравии хислатҳои ҳамидаву хусусиятҳои неки кӯдак ва барои интихоб намудани роҳи дурусти ҳаёт ёрӣ намуда, шароити мусоид фароҳам оранд. Аз ин ё он амалу рафтори кӯдак зуд ба хашм наояд ва осемавор барои муҷозот кардани ӯ ҳукм набароранд. Дар иртибот бо ин масъала В.А. Сухомлинский овардааст:  «калонсолон бояд худро дар ҷои кӯдак эҳсос намуда, давраи кӯдакии худро маҳз дар зуҳуроти ба амаломада гузоранд, бовар кунанд, ки кӯдак иштибоҳ мекунад, аммо амалҳояш аз рӯи қасдкорӣ набуда, бояд дарк кунанд, ки кӯдак дар ҳолати худшиносӣ, худсобиткунӣ ва худтарбиякунӣ қарор дорад». 

Бешубҳа, оила воситаи аввалиндараҷа ва ниҳоят муасирест дар тарбияи ҳаматарафаи кӯдак. Оила асосҳои ташаккули ақлонӣ ва эҳсоси шахсият буда, ба кӯдак аввалин тасаввуротро дар бораи некӣ ва бадӣ, манфиати дониш, рафторҳои наҷиби инсонӣ, дурӣ ҷустан аз хислатҳои манфур, дӯст доштани меҳнат, ҳурмати бузургсолон  ва ҷорӣ намудани меъёрҳое, ки дар оила эътироф ва амалӣ мегарданд, дода метавонад. Дар ҷамъбаст оила ҳамчун дорои асоси тасаввуроти маънавӣ ва принсипҳои ахлоқӣ шинохта мешавад ва нақши он дар тарбияи ҳаматарафаи кӯдак хеле бузург аст.

Аз ин нуқтаи назар, барои ҳаматарафа ташаккул додани шахсият  ва дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия додани кӯдак дар оила бояд шароити мусоид ва фазои озод фароҳам оварда шавад, то ӯ имконият ёбад дар фазои мусоиди оилавӣ ҷой ва мавқеи муайяни хешро  ёфта тавонад. Барои ба ин мақсад ноил гардидан дар навбати аввал барои кӯдак меҳру муҳаббати махсуси падару модар лозим меояд, ки ин раванд эътимоднокӣ ва хурсандию муҳаббати кӯдакро нисбат ба падару модар зиёд мегардонад. Масъулияти дигаре, ки ба уҳдаи падару модар гузошта шудааст, назорати доимӣ аз болои амалу рафтори фарзанд мебошад. Аз мади назар дур намондани ҳар як рафтору кирдори  кӯдак ва зери назорат будани ҳар як амалиёти худро ҳис намудани кӯдак ӯро водор месозад, ки нисбат ба худ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намояд.  Хусусан, ростқавлу ростгӯ ба воя расидани кӯдак масъалаи ниҳоят муҳими давр аст. Рост гуфтану рост зистан яке аз рукнҳои асосии худшиносист. Он кӯдаконе, ки аз хурдӣ ростию ростгӯиро пешаи худ намедонанд, ростқавлу ростгӯ шуда наметавонанд ва ҳеҷ гоҳ аз чунин хурдсолон ватандӯсту ватанпарвар ба камол намерасад, чаро ки пешаи асосии онҳо дурӯғ гуфтану фиреб кардан аст, ки билохира ба дасисабозӣ ва  фитнаангезию хиёнаткорӣ бурда мерасонад. 

«Ростӣ оташест, ки тамоми хасу хошоки зишткориро месӯзонад ва ба воситаи фурӯғи бепоёни худ гавҳари виҷдонро дурахшонтару зеботар месозад. Ростӣ фитнаю ихтилофро аз байн мебарад ва неруҳои аҳриманиро торумор месозад. Ростӣ давлати ҷовидонист ва дар партави хуршеди ҷаҳонафрӯзаш зулмати дурӯғ роҳи гурезро пеш мегирад.» 

Таҷрибаҳо собит менамояд, агар аҳли хонавода нармсухану хушгуфтор, ростгӯю  ростқавл ва хушмуомилаву ҳақиқатҷӯ бошанд, фарзанди онҳо дар ҳамон рӯҳия ба камол мерасад. Хурдсолон ҳар як амали бузургсолонро аз диди худ намунаи ибрат медонанд, зеро онҳо қобилияти пурра таҳлил кардани рафтору амали калонсолонро надоранд ва чи тавре ки мебинанду мешунаванд, ҳамон минвол қабул мекунанд. Чунин мепиндоранд, ки гӯё ҳар амалу гуфтори онҳо дуруст асту қобили қабул.   

Ба ҳар як аъзои оила, хосатан, ба падару модарон зарур аст, ки бо рафтору амалҳои неки худ, алалхусус, бо ростгӯию ростқавлӣ намуна бошанд. Гузашта аз ин, кӯшиш кунанд, ки тавассути суханони нарму гуворои худ ибрати оила бошанд ва ба боварии фарзандон сазовор гарданд,то кӯдак эҳсос намояд, ки ҳама аҳли оила ростгӯ, хушмуомилаву боодоб, ҳақбинанд ва дар хонаводаи онҳо муҳити солими ростию ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқати байниоилавӣ ҳукмфармо аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ гуфтаанд: «Ҳар  миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонаду қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому  манзалати шоён пайдо карда наметавонад».  

Кас агар хоҳад, ки фарзанди ӯ дар оянда сарбаланд ва ба эҳтироми дигарон ноил гардад, худи ӯ бояд дар зиндагӣ ва дар ҳама ҳолат ростқавл, ростгӯю росткор бошад, роҳи ростро интихоб намуда, ба манфиати халқу ватан хизмат намояд, то фарзанд амалҳои неки ӯро дида, дар замираш меҳру муҳаббат нисбат ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бедор гардидаду тадриҷан рушд ёбад.

Дар ташаккули шахсият ва дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намудани кӯдак нақши ҳаёти хонаводагӣ басо калон аст. Муҳити хонаводагӣ чи гунае бошад, кӯдак дар ҳамон рӯҳия тарбия ёфта ба камол мерасад. Падару модар дар ҷодаи бедор намудани хислатҳои ҳамида чун офтоб нурафшон бошад. Зеро чашм ба олами ҳастӣ кушодан замон кӯдак бо падару модар ва дигар бузургсолони оила рӯ ба рӯ меояд. Муҳити оилавӣ кӯдакро фарогир мегардад. Дар оила тадриҷан бо одитарин нишонаҳои тарбияи ахлоқӣ (хушгуфторӣ, нармсуханӣ, ҳурмат намудани аъзоёни оила, одобу ахлоқи ҳамида, дӯст доштани одамон, тоза нигоҳ доштани гирду атроф ва амсоли онҳо, албатта, дар шакли сода ва мувофиқ ба ҷаҳонбинию синну сол) шинос мегардад, дар сурате ки падару модарон ва дигар аъзоёни бузурги оила чунин хислатҳоро дошта бошанд.

Таҳкурсии ба таври сода таҳрезишударо оила мегузорад ва он минбаъд дар мактаб пурра гардида, дар муҳити солими ҷомеа ташаккул меёбад.

Ташаккул додани ҷаҳони маънавию шахсияти кӯдак ва дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намудани он доманадор ва кори басо душвор асту заҳматлаб ва аз падару модарон, устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аҳли ҷомеа дониши казоӣ, ҷидду ҷаҳд ва заҳмати зиёдро нигарон аст. Ба ҳар як падару модар ва омӯзгорону аҳли соҳибхиради ҷомеа зарур аст, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ахлоқҳои наҷиби инсонӣ ба воя расонанд. Зеро кишвари тозаистиқлоли мо ба наслҳои ҷавони ҳаматарафа инкишофёфта ва соҳибмаърифату ҳамқадами илму фарҳанги замон ниёзманд аст.

Шералиева Садбарг, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Абдуҷаббори Сафаралӣ, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат