,
Панҷшанбе, 23-октябр
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тӯли 80 соли фаъолияти пурифтихори худ на танҳо ҳамчун маркази маъмулии таҳсилоти олӣ, балки ҳамчун боргоҳи воқеии илму маърифат ва тарбияи шахсиятҳои бохирад шинохта шудааст. Ин муассисаи таълимӣ дар тайи даҳсолаҳо ҳазорон мутахассисро дар соҳаҳои гуногун омода кардааст, ки ҳар кадоме дар мавқеъҳои муҳими иҷтимоӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар саҳми назаррас гузоштаанд.
Ҷойгоҳи хоссаи донишгоҳ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки фарзандони маънавии он имрӯз дар арсаҳои мухталиф бо дониш, ахлоқ ва ҷаҳонбинии васеъ хидматгузори миллатанд.
Дар миёни фарзандони маънавии ин боргоҳи маърифат шахсияти Вализода Ҳокимхон Сафолиён низ чун намунаи содиқ ва арзандаи маънавии ҳамин даргоҳ ҷойгоҳи вижа дорад. Вай, ки соли 1985 факултаи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳро хатм намудааст, аз рӯзҳои аввал бо ихлос ба пешаи омӯзгорӣ, таҳқиқот ва хизмат ба маориф рӯ оварда, то ба зинаҳои баланди илмӣ ва роҳбарию давлатӣ расидааст.
Вализода Ҳокимхон бо такя ба дониши устувор ва ҷаҳонбинии илмии худ дар вазифаҳои гуногуни масъулиятнок, аз омӯзгори одии мактаб то роҳбари сохторҳои калидии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионӣ ифои вазифа намуда истодааст. Қадршиносӣ, арҷгузорӣ ба инсоният, масъулиятшиносӣ, садоқат ба илм ва муносибати самимона бо ҷомеа аз вижагиҳои фардии ӯст.
Масири пурифтихори тайнамудаи устод шаҳодат аз қобилияти баланди роҳбарӣ ва ҷаҳонбинии илмии ӯ медиҳад. Вализода Ҳокимхон на танҳо ҳамчун донишманд, балки ҳамчун омӯзгор ва муҳаққиқи асил, намунаи олии масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб мебошад.
Устод соли 2008 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Аъзои истисноии ҷумла дар забони адабии муосири тоҷикӣ» бо муваффақият дифоъ намуда, дар ин самт таҳқиқоти амиқ анҷом додааст. Ӯ дар шумори он муҳаққиқонест, ки дар бахши синтаксиси забоншиносии тоҷик бо диди тоза ва таҳлилҳои муосир муносибат кардааст.
Осори илмии Вализода Ҳ. «Аъзои истисноии ҷумла дар забони адабии муосири тоҷикӣ», «Афкори забоншиносии тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX», «Маъно ва муносибати синтаксисии аъзои истисноии ҷумла бо аъзои асосӣ дар забони тоҷикӣ» мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқону забоншиносӣ қарор гирифта, мақолаи таҳлилии ӯ оид ба истифодаи аъзои истисноӣ дар повести «Одина»-и устод Айнӣ, аз ҷанбаҳои муҳим ва навпардозона дар таҳқиқи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ маҳсуб меёбад. Ин таълифот барои донишҷӯён, устодон ва муҳаққиқон ҳамчун дастури омӯзишӣ ва таҳлилӣ хидмат мекунанд.
Дар баробари таҳқиқот, ӯ дар вазифаҳои давлатӣ низ бо ҳифзи меъёрҳои илмӣ фаъолият дорад. Ин мутобиқат байни вазифа ва рисолати илмӣ гувоҳи он аст, ки ӯ аз зумраи шахсиятҳои мутавозин ва масъулиятшинос мебошад, ки дониши худро дар амал татбиқ мекунад.
Нақши шахсиятҳои бофазлу маърифат дар рушду пешрафти ҷомеа ҳамеша мавриди қадршиносӣ ва манбаи илҳоми дигарон аст. Маҳз ҳамин гуна шахсон бо донишу таҷрибаи худ ба ҷомеа рӯшанӣ мебахшанд, наслҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунанд ва бо хирадмандӣ дар муқобили ҷаҳолат посдории маърифатро бар дӯш доранд.
Вализода Ҳокимхон яке аз намунаҳои барҷастаи чунин шахсиятҳост. Ӯ имрӯз низ дар мақоми мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионӣ фаъолият мекунад ва ҳамзамон пайваста бо ҷомеаи илмӣ пайванд дорад.
Имрӯз, дар остонаи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо ифтихор метавон гуфт, ки ин боргоҳи маърифат дар тӯли фаъолияташ рисолати таърихии худро дар тарбияи шахсиятҳои арзишманд ва ватандӯст ба таври комил иҷро намудаву намуда истодааст.
Вализода Ҳокимхон ва садҳо фарзандони дигари донишгоҳ намунаи равшани онанд, ки чӣ гуна муҳити илмиву ахлоқӣ метавонад шахсиятеро ба камол расонад, ки бо донишу фарҳанг ва масъулият ҷомеаро рӯ ба рушд барад.
Бо самимияти зиёд, ҷашни мубораки 80-солагиро ба устодон, хатмкунандагон, донишҷӯён ва тамоми алоқамандони донишгоҳ табрик гуфта, таманно дорем, ки парчами илму маърифат дар ин боргоҳи муқаддас ҳамеша баланду поянда боқӣ монад.
Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Анвори дониш”