,
Панҷшанбе, 23-октябр
Устоди соҳибназар, инсони равшанзамир, шахси хоксору фурӯтан, ҳалиму меҳрубон номзади фанҳои филологӣ, дотсент, и.в. профессор Муродалӣ Набиев бо кордонию ташкилотчигӣ ва сухандонию лутфи хуш меҳру муҳаббати хешро дар дили мо, ҳамкорон ҷо карда буданд.
Соли 1969 устод баъди бо дипломи аъло хатм намудани Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳозира ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) ба ҳайси ассистент дар кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Устод тадриҷан ба пажуҳишу таҳқиқ бо шавқи баланд рӯ оварда, назарияву амалияи нозукиҳои илми забоншиносии тоҷикро амиқ омӯхтанд. Бо машварату маслиҳат ва дастгирии устодони донишманду варзида (Қодир Рустамов, Нозим Баротов, Соат Чалишев, Иззатулло Тамлихоев ва амсоли инҳо) ин пажуҳишгари ҷавон нозукиҳои касби худро меомӯхту дониш, маҳорат ва малакаи хешро сайқал медоду таҷрибаи омӯзгориашро баланд мебардошт.
Омӯзгор, олим, забоншиносии шинохтаи тоҷик, шоир, нависанда, драматург Муродалӣ Набиев зиёда аз 50 сол дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таълиму тарбия ва фаъолияти илмию педагогӣ машғул буданд.
Устод Муродалӣ Набиев, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар рушду нумӯи илми забоншиносии тоҷик нақши беандоза калон доранд. Он кас бо хизматҳои бузургашон маъруфу соҳибэҳтиром гашта буданд. Роҳи тайкардаи устод дар самти таълиму тарбия ва соҳаи илми забоншиносӣ барои имрӯзу оянда намунаи ибрат мебошанд. Устод, бахусус, дар таҳқиқу рушди бахши ҷумлаҳои сода ва мураккаб нақши бузург доштанд. Шогирдони зиёдеро дар соҳаи омӯзгорӣ тарбия намуда, самтҳои нодири таҳқиқнамудаи илми забоншиносиро ба шогирдонаш омӯзонидааст.
Муродалӣ Набиев тамоми ҳаёту фаъолияти пурбаракати хешро бо таҳқиқ, омӯзиш, таҳлил ва таълими илмҳои забоншиносии тоҷик сарф намуда, дар ин самт ба муваффақиятҳои калони назаррас ноил гаштаанд. Агар аз як тараф, дастоварду натиҷаҳои махсуси кори илмӣ ӯро дар байни олимони соҳа маълуму машҳур гардонида бошад, аз тарафи дигар, лексияҳо ва дарсҳои пурмазмун, муносибати самимию беғаразона, меҳрубонию ғамхории беназираш устодро дар байни коллективи муаллимон ва донишҷӯён азизу муътабар гардонида буданд.
Муродалӣ Набиев – забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1979), дотсент (1993), адиб, драматург, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2007) 1-уми сетябри соли 1944 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шурообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин)-и вилояти Хатлон дар хонадони деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, соли 1965 мактаб-интернати «Коммунизм»-и деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ)-ро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳозира Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) супорида, сазовори номи донишҷӯ гаштааст. Донишгоҳи мазкурро соли 1969 аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик бо дипломи аъло хатм намуда, барои кор ба Донишгоҳи азизамон роҳхат мегирад. Байни солҳои 1969-1970 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ қарзи фарзандии хеш – хизмати Модар-Ватанро адо мекунад.
Устод Муродалӣ Набиев ба ҳайси муаллими калон (1974-1983), дотсент, мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ (1983-1989, 2009-2011), муовини ректор оид ба таълими ғоибона (2006-2008), мудири кафедраи забони англисӣ (2009) фаъолият намудааст. Аз соли 2011 шодравон Муродалӣ Набиев ба ҳайси дотсенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ (ҳоло кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо) кору фаъолияти илмиву эҷодӣ намудааст.
Ӯ дар давоми фаъолияти чандинсолаи худ дар Донишгоҳ аз ассистент то ба дараҷаи дотсентӣ расидааст. Баъди якчанд соли фаъолияти кориашон Муродалӣ Набиев зери роҳбарии забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори фанҳои филологӣ, профессор, Узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Рустамов дар мавзуи «Ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб дар забони адабии ҳозираи тоҷик» кори илмӣ-таҳқиқотӣ бурда, соли 1979 сарбаландона рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Устод Муродалӣ Набиев дар фаъолияти илмӣ,омӯзгорӣ ва эҷодиашон беш аз 85 мақолаи илмӣ-методӣ, оммавӣ, 11 асари илмӣ ва бадеӣ таълиф намудааст, ки бешубҳа дар шинохти бахшҳои гуногуни забони адабии ҳозираи тоҷик, бахусус риштаи наҳви он раҳнамои беназиранд.
Асарҳои илмии таълифнамудаи устод:
Устод Муродалӣ Набиев дар зиндагӣ, дар қатори олими серкор буданаш, боз шуғли дигаре низ доштанд. Ин шуғл эҷодкорӣ аст, ки ӯро баъдтар на танҳо ҳамчун омӯзгору забоншинос, балки чун шоир, нависанда ва драматург низ шинохтаанд. Асарҳои драмавии ӯ «Шикасти қомати зулмот (2004)», «Тори анкабуд (2004)», «Хиёнат (2006)», «Ранҷи пурганҷ (2008)», «Тороҷ (2010)», «Чанголи нафс (2012)», «Ишқи ноком (2013)», «Ин чи даҳшат (2017)» ва ғайра мебошанд. Ҳамаи асарҳои драмавии дар боло номбаршуда дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба театрҳои шаҳру ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Шамсиддин Шоҳин, Фархор, Ҳамадонӣ, Душанбе ва ғайра ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи тамошобинон баҳои сазоворро соҳиб шудаанд.
Муродалӣ Набиев аз давраи донишҷӯӣ то охири умр шеъру ҳикоя менавиштанд ва ҳамчун шоир ва нависанда низ маъруфият доштанд. Шеърҳои эҷодкардаи ӯ «Ватан», «Тоҷикистон», «Ҳайф аст», «Модар», «Омадем», «Тоҷикистон гул мекунад» ва ғайра мебошанд, ки аз тарафи сарояндагону ҳофизон онҳо ба оҳанг дароварда шуда, сароида мешаванд.
Очерку ҳикояҳо ва монологҳои устод «Як баҳор (1985)», «Панҷ дақиқа (1987)», «Ҳаштуми март буд (1991)», «Орзуҳои барбодрафта (2002)», «Дарди ишқ (2005)», «Ҷавониро азиз доред (2014)» ва монанд ба инҳо бо мазмун ва мундариҷаи баланди худ байни хонандагон мавқеи сазоворро пайдо намудаанд.
Саҳми устоди зиндаёд Муродалӣ Набиев дар таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва васоити таълимию методӣ низ оид ба фанҳои таълимии кафедра бо забони давлатӣ назаррас мебошад.
Зиндагиномаи устоди зиндаёд гуногунранг буда, корнамоию зиндагии ин олими серкор, шоир, нависанда ва драматург барои аҳли илму маърифат, бахусус омӯзгорони ҷавон намунаи олии ибрату пайравист.
Устод Муродалӣ Набиев омӯзгори худогоҳу худшинос, хоксору фурӯтан, хайрхоҳу росткор, саховатпешаву поксиришт, устоди маънавии ҷавонони бомаърифат ва машъалафрӯзи роҳи дурахшони шогирдон, яке аз барӯмандтарин омӯзгор ва аз беҳтарин донандагони илми забоншиносӣ маҳсуб меёфтанд. Баҳри рушду нумуи илму дониш монанди шамъ сӯхтану дар қалби шогирдон мисли хуршед нури маърифатро фурӯзон кардан шиори рӯзмарраи ин марди асил ва инсони наҷиб буд. Бошад, ки шумури чунин олимони равшанзамиру донишманд ва фидоии роҳи таълиму тарбияи наслҳои ҷавон-донишҷӯён дар Донишгоҳи азизамон бештару бештар гардад.
Имрӯзҳо устоди арҷманд дар байни ҳамкорон нестанд, вале хотираи неки он кас ҳамеша дар қалби мо, шогирдонаш побарҷову ҷовидонӣ ва чун оинаи мусаффо нурафшон аст ва ҳамеша устоди гиромиқадрро бо некӣ ёд мекунем.
Шералиева Садбарг., номзади илмҳои филологӣ,
Бегиев Шариф, саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва МТ онҳо, ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ